ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

АНА АНА МАН, ФИРӮЗА МАН!!!

ФИРУЗА ХАФИЗОВА

ФИРУЗА ХАФИЗОВА

Фитаи сурудаҳои ҳофизаи ҷавону сермухлис, Фирӯза Ҳафизоваро дар даст дорам… Навори аввалине, ки аз равзанаи телевизион намудор шуд, тасвири ҳофиза буд, ки эзорчаи почакандаи ҷинсе дар бар дошту болои сар чатр, бинанда ҳеҷ гумон намекунад, ки ин бонуи тоҷик асту дар кишваре зиндагӣ мекунад соҳиби тамаддуни бузург ва фарҳанги воло.

Сар то пои фитта ё бо истилоҳи худи «ситора»-ҳо албоми ҳофиза тақлид ва ҳунармандони ғарб буд. Як чиз дар ҳунармандони ҷавон маро ҳайрон меунад. Чаро онҳо намехоҳанд, «ман»-и худро дошта бошанд? Ба шумо расида бод, ки дар паноҳи сояҳо будан ҳунар нест ва кӯшиш кунед, ки сояи ҳеҷ кас набошед! Узр, мехоҳам аз мухлисони ин ҳофиза, вале ман ягон суруди табъи дил пайдо накардам!

АЗ «КАҶАКАБРӮ» АЛЛЕРГИЯ ШУДЕМ…

Чанд сол пеш байни бонувони ҷавони сурудхон «чашмони хумор» муд шуда буд. Аз ҳар гӯшаю канор таърифи хуморибачаю, эй бачаи хумориро мешунидем. Имрӯзҳо бошад «каҷакабрӯ» Неъмат Асрорӣ «каҷакабрӯ» мегӯянду, Гулрӯ каҷакабрӯ мехонад, Фирӯза бошад клипи аҷибе таҳия намудааст, ки тамоман мантиқ надорад.

Каҷакабрӯи сигории вай, ки дуди сигораш фағона мезанад, майхора ҳам будааст. Ё он шишаи дасташ аз шир бошад? Беҳтарин сарояндаи ин суруд бошад, ҳофизи афғонест, ки бо духтар онро зам – зама мекунад. Мутаасифона номашро намедонам. Ҳофизони мо бошанд, мо бошанд, онро аз ҳамдигар гирифта мехонанд. Ин ҳоли зори онҳоро дида мақоли «Дуздро қарақчӣ зад» ба хотирам меояд.

КАДОМ ҚАТАҒАНҶОН?

Як суруде, ки тамоман ба ман маъқул намеояд. Оне буд Фирӯз бо ҷавони афғоне мехонад:

Қатағанӣ сози мо

Бишнавед овози мо

Бо нағмаҳои Қатағанҷон

Пайдо шуда рози мо.

Ё

Ҳастаи булбули чаман,

Хушам ояд қатаған…

Намедонам он ду нафар кадом қатағанро васф мекунанд, аммо то ҷое иттилоъ дорам қатағанҳо қавми ғоратгари туркнажод буд, ки садҳо сол пеш хуни ниёгони моро рехта буданд. Гузаштагони мо бошанд дар васфи қатағанҷони мегуфтагии Фирӯза чунин байт гуфтаанд:

Ҳар ҷо, ки расад пои аспи қатаған

Не зинда ватан ёбаду не мурда кафан.

Намедонам ин сурудро, ки ба Фирӯза пешниҳод намудааст, аммо хеле бамаврид. Имрӯзҳо ҳамсояи мо узбекистон кишвари моро дар бунбасти иқтисодӣ қарор доданист, ба ҳар восита мехоҳад зарарашро ба мо расонад. Боз ҳунармандони мо дар васфи қатағанҷон суруд мехонанд. Аҷиб…

БАС БУДАГИСТ АЙ – АЙ – АЙ…

Пӯшида нест, ки санъаткорони бузург низ дар оғоз ба касе тақлид мекарданд. Шояд давраи навоғозию навроҳии Фирӯза низ пушти сар шудаю вақти он расидааст, ки рӯ ба абёти класикон ва шуарои муосир биёрад. Шояд бас будагист аз тулӯъ то – шомҳо «ай-я-яй» сурудан?

Маҳваши Баҳодур, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

3 комментария

  1. Daler:

    Respekt ! Sad dar sad tarafdoram .

  2. точики хакики.:

    ин таклиди кур курона ба гур мебарад тамом.
    на обру монда на шарму хаё.ин чи беномуси аст дар байни хунармандони точик

  3. ЧАВОД:

    dusad dar dusad bo in nigorandai in noma muvofiqam

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!