ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЛИМИ МАҲМУД: «ДУХТАРЕРО ДӮСТ МЕДОРАМ, КИ…»

Олими Махмуд

Олими Махмуд

Чанд вақт боз мухлисони бешумори Олими Маҳмуд занг зада, хоҳиш менамоянд, ки дар бораи ҳунарманди дӯстдоштаашон ба эшон маълумот диҳем. Азбаски хоҳиши хонандагонамон барои мо дар ҷойи аввал меистад, кӯшиш намуда, бо ин ҳунарманд сӯҳбати кӯтоҳе дошта бошем.

— Чанд вақт боз дар бораи кору фаъолият ва зиндагиатон маълумоте нест…

— Зиндагиам тинҷу осуда ҷараён дорад. Шукри Худо мекунам, ки бароям ҳамсари меҳрубон ҳадя кардааст, ҳурмату эҳтироми ману аҳли оилаамонро ба ҷо меорад, аз гуфтаам берун намебарояд, барои чор фарзанди дӯстрӯям модари ғамхор аст, боз чӣ гӯям? Хайр, ҳамааш ҳамин.

— Хеле хуб, бигӯед, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила нақши зан бештар аст ё аз мард?

— Аз ҳарду, зан бе марду мард бе зан ҳеҷ аст. Фикр мекунам, ки марду зан дар ҳама ҳолат ба кӯмаку дастгирии якдигар ниёз доранд ва албатта дар мустаҳкамии оила низ. Масалан, банда барои хуб нигоҳ доштани оилаам кӯшиш мекунаму ҳамсарам не, пас дар ин ҳолат он оила наметавонад мустаҳкам гардад. Тавре мегӯянд: Қарсак аз ду тараф, зиндагӣ низ кӯшиши ҳам зану ҳам мардро талаб мекунад.

— Вақте ки санъатро ихтиёр кардед, чиро аз он интизор будед: сарват, шӯҳрат ва ё …?

— Санъатро ман на ба хотири сарвату шӯҳрат, балки барои он интихоб кардам, ки аз айёми хурдсолӣ ба ин пеша шавқу рағбат ва меҳр доштам. Маҳз ҳамин меҳру муҳбббати зиёд нисбат ба овозхонӣ маро ба саҳнаи ҳунар пайваст. Баъдан ҳар як ҳунарманд бояд баҳри ҳунару истеъдоди хешро ба мардум пешкаш намудан ба саҳа по гузорад, на барои шӯҳрат.

— Шумо ҳамчун ҳунарманд чӣ гуна мухлисро меписандед, духтаронро дар назар дорам?

— Онеро, ки на ман, балки ҳунарамро эътироф кунад.

— Бо кадом ҳунармандон дӯстӣ ва ё ҳамкорӣ доред?

— Азбаски банда ғайр аз овозхонӣ боз оҳанг низ эҷод мекунам, бинобар ҳамин ҳам, бо бештари ҳунармандон дӯстию ҳамкорӣ дорам, аз ҷумла бо бародари худ Сӯҳроби Маҳмуд, Малика Саидова, Баҳодури Ғафурзод…

— Аз ӯҳдаи сурудани сурудҳои ҳиндуёна низ ба хубӣ мебароед…

— Ҳунарманд бояд бо ҳама сабку услуб суруд хонда тавонад. Баъдан суруд ва филмҳои ҳиндиро бисёр дӯст медорам ва мехоҳам дар баробари сурудҳои тоҷикӣ таронаҳои ҳиндӣ ва эронӣ низ хонам.

— Дар ҳоле ки сурудҳои ҳиндию эрониро дӯст доред, пас ҳунармандони ин ду кишвар низ бароятон писанд будагист…

— Рости гап, аз ҳунармандони ҳинд Муҳаммадрофеъ, Аша Босли, аз санъаткорони Эрон Муин, Мансур, Гугӯш, инчунин сарояндаи зиндаёди афғон Аҳмад Зоир, ки эшон ҳунару истеъдод ва садои ширину форам доранд, бароям писанданд.

— Орзуе доред, ки то ҳол амалӣ нагашта бошад ва амалӣ гаштани онро интизор бошед?

— Агар аз орзуҳо гап занем, онҳо охир надоранд, зери ҳар орзу орзучаҳо ҷо доранд. Яъне:

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд.

— Дар поёи сӯҳбат чӣ гуфтаниҳои дигар доред?

— Пеш аз ҳама ба шумо ба тамоми мухлисонам хушбахтӣ, сарбаландӣ, умри дароз ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор ҳар орзуе дар қалб доред, ҷомаи амал бипушанд.

— Барои сӯҳбат ташаккур.

Сӯҳбаторо Сайёҳат Раҳмонова, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!