ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН: ФАРҚАШ ЧӢ ШАҲРИЮ ДЕҲОТӢ…?

Мухаммадрафеъ, Садриддин, Суруш

Мухаммадрафеъ, Садриддин, Суруш

Оё зани шаҳрӣ хуб аст ё деҳотӣ? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол ба якчанд ҳунармандони шинохта муроҷиат намудем. — Шахсан барои ман фарқ надорад, ки зан аз шаҳр аст ё аз деҳот, муҳим он ки қадру қимати худу дигаронро донад …

Шабнами Собирӣ:

ЗАНИ ШАҲРӢ БЕҲТАР АСТ, ЗЕРО…

— Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад, танҳо зани сабур метавонад ин ҳамаро бо пуртоқат будани хеш паси сар намояд. Аз мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз аксар ҷавонон кӯшиш мекунанд, бо духтари шаҳрӣ, бо оне, ки соҳибмаълумот асту зиндагиро бо тамоми маънояш дарк мекунад, хонадор шаванд, то дар ҳаёт азоб накашанд.

Воқеан, зане, ки соҳибилм аст, метавонад тамоми мушкилиҳои рӯзгорро бо хубӣ паси сар кунад. Баъдан гуфтан ба маврид аст, ки духтари шаҳрӣ аз деҳотӣ ба куллӣ фарқ мекунад, ҳам дар рафтору гуфтор, ҳам дар муносибату муошират бо шавҳар ва дигар аҳли оилаи онҳо ва ҳам дар кору бори рӯзгордорӣ, аз ҷумла дар пухту паз. Шояд ба ҳамин хотир ҷавонон рӯ овардаанд ба духтарони шаҳрӣ? Охир кадом мардро зани чақон намефорад?

Суруш Холов:

БА ГУФТАҲОИ БОЛО РОЗӢ НЕСТАМ!

– Банда ба гуфтаҳои боло розӣ шуда наметавонам, зеро зан — модар, умуман ҷинси латиф ҳамаашон зебо, меҳрубон ва дилсӯзанд. Бинобар ҳамин ҳам, байни зани деҳот ё шаҳр фарқ намегузорам. Дар деҳот ҳам духтарҳои хубу бомаърифат, дӯзандаю пазандаи хубу моҳир, олуфта ва чақон зиёданд. Баъдан гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз бештари духтарони деҳот низ ба касбу ҳунар омӯхтан рӯ овардаанд, ки ин пешравӣ аст. Шахсан ман ҳамон бонуеро дӯст медорам ва эҳтиром мекунам, ки дониши кофӣ, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии васеъ, лафзи ширин, гуфтори хуб… дошта бошад, муҳим шаҳрӣ ё деҳотӣ будан нест.

Ҷавонон ҳангоми хонадоршавӣ набояд ба шаҳру маҳали арӯсшавандаашон нигоҳ кунанд, зеро шаҳрӣ ё деҳотӣ будани ӯ нақш намебозад, асос он ки одобу интизоми хуб дошта бошаду қадри шавҳару аҳли хонаводаашро донад.

Зайдуллои Шамсулло:

ЗАНИ ХУБ ОНЕСТ, КИ…

— Оне, ки ба тамоми мушкилиҳои рӯзгор тоқат мекунад, оне, ки тамоми рафтору гуфтори хубу бади ҳамсар ва хонаводаи ӯро таҳаммул менамояд, оне, ки гапи хонаи шавҳарро ба касе намегӯяд, оне, ки шавҳараш ва волидони ӯро дӯст медораду барои пойдории оилаааш ҳамеша кӯшиш менамояд, беҳтарин зан аст. Агар мард ҳамсари хуб дошта бошад, ӯ хушбахттарин инсони рӯи олам аст, агар не…

Садриддини Наҷмиддин:

ФАРҚАШ ЧӢ ШАҲРИЮ ДЕҲОТӢ…?

— Шахсан барои ман фарқ надорад, ки зан аз шаҳр аст ё аз деҳот, муҳим он ки қадру қимати худу дигаронро донад, фарзандонро тарбияи дуруст диҳад, бо рафтору гуфтори ҳамидаи инсониаш намуна бошад, шавҳарашро фаҳмад… Агар дар зиндагӣ зану мард якдигарро фаҳманд, пас он оила пойдор монда, ду ҷуфт хушбахт мешаванд. Таманно мекунам, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон занҳо мардҳоро фаҳманд, эҳтиром кунанд ва барои мустаҳкамии оилаашон ҳаракат намоянд, боқӣ тансиҳат бошед.

Саидаи Сироҷиддин:

АЗ КУҶО БУДАНИ Ӯ МУҲИМ НЕСТ

— Фарқаш чӣ, ки зан шаҳрӣ аст ё деҳотӣ? Дар рафти зиндагӣ ягон рафтори ноҷо накунад, шавҳарашро содиқона дӯст дораду тамоми меҳру муҳаббаташро ба ӯ бахшад, хоҳишҳои ӯро сари вақт иҷро кунад, беҳтарин таомҳоро барояш тайёр намояд, сару либосашро доимо озода нигоҳ дорад, шуд. Боварӣ дорам, ки мард низ дар навбати худ чунин занро эҳтиром намуда, дӯст медорад, ба ӯ хиёнат намекунад.

Муҳаммадрафии Кароматулло:

МЕҲРУ МУҲАББАТ БОШАД…

– Як чӣ гӯям? Ҳоли ҳозир аксар волидон фарзандонашон, бахусус ҷавононро намефаҳманд, ҳаминро мушоҳида кардаед? Масалан, як ҷавони деҳотӣ духтари шаҳриро дӯст медораду мехоҳад ӯро ба занӣ гирад, аммо волидон хоҳиши ӯро рад карда, мегӯянд, ки вай духтари шаҳрӣ асту аз ӯҳдаи корҳои деҳот намебарояду ба проблемаҳои зиндагӣ тоқат намекунад ва монанди инҳо.

Ё баръакс, як ҷавони шаҳрӣ духтари деҳотиеро дӯст медорад, аммо падару модараш вай деҳотӣ асту ба муҳити шаҳр ошно нест, то одат мекунад, ки азоб мекашӣ гӯён розигӣ намедиҳанд. Аммо ба андешаи ман, дар зиндагӣ муҳим меҳру муҳаббат аст, боқӣ ҳамааш мешавад. Ҷавонон якдигарро дӯст доранд, боварӣ дорам, ки ба тамоми пастию баландиҳои рӯзгор тоқат мекунанд, аниқтараш ҳамон меҳри нисбат ба ҳамдигардошта онҳоро водор месозад, ки ба мушкилиҳо тобовар шуда, рӯзи некро интизор шаванд.

Сӯҳбаторо Наврӯз, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

6 комментариев

  1. фарзона:

    бехтараш зан нагире хубтараст…..

  2. ЗАНГИР:

    Салом ба хамаи хонандаву шунавандаи ин сайт. Бовар кунен ё накунен, хами ки зан_зани хуб бошад, хатман гирифтануш даркор. Хох шахрий, хох кишлоки. Хамикаш зарурай ки аз кучаи одамгари гузашта бошаду хурмату эхтироми шахсро донад. Боки дар панохи Худо бошед!!!
    Ташаккур зиёд барои чунин як сомонаи хонданиву дидани…МиНаТдОр!!!

  3. Одамча:

    Салом. Хами зане бошад. ки заниш намурд баъд ба тавар заниш…вахахаха…шухи мекунум. Зане мехохам, ки аввало хурмати падару модари худ ва баъдан хурмати дигархоро кунад… Занеро дуст медорам, ки зару зеварро дуст надорад…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!