ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЧАРО БОҒИГУЛ БО ИШҚАШ ХАЙРБОД ГУФТ…

Богигул Саидова

Богигул Саидова

Боғигул Саидова, 24 марти соли 1979 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони тифлӣ меҳри суруд ва сурудхонӣ дар ниҳодаш туғён дошту орзуи ба саҳна баромадан мекард. Ҳамин орзуи ширину гуворо ӯро соли 2003-юм бо олами ҳунар пайваст.

Баъд аз ду соли фаъолият, яъне соли 2005 ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон супорида, ҳоло дар курси 5-ум таҳсил дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст. Орзуи ниҳоии Боғигул консерти худро пешниҳоди мухлисон сохтан аст. Дар ҳамин радиф «Маликаи ҳунар» гаштан низ барояш ифтихори бузург хоҳад гашт, агар мухлисон ӯро ҷонибдорӣ намоянд.

-Боғигул, шумо зодаи пойтахт ҳастед, вале чун тамос гирифтам аз ноҳияи Ҳисор пайдоятон сохтам, чаро?

-Ҳама хешовандони модарам ҳисорианд, аз ин рӯ ба Ҳисор бисёр сафар мекунам.

-Биёед аввал аз ҳунаратон ҳарф занем, баъдан ба ҳаёти оилавӣ бармегардем.

-Бошад.

-Боғигул, то муаррифӣ шудан ба мухлисон чӣ монеаҳоро паси сар кардед?

-Пайдо кардани матн, хуб онро ба оҳанг даровардан ва то ба саҳна баровардан, хело монеаҳоро паси сар кардан зарур меояд, ки суруд барои мухлис писанд афтад.

-Дар дастрас намудани матни сурудҳоятон кӣ кӯмак мерасонад?

-Матнҳоро бештар худам интихоб мекунам.

-Бо шоирон ҳамкорӣ надоред?

-Аксари вақт аз ашъори шоирони муосир истифода мекунам. Беҳтарин дӯстам шоираи хушқалам Махфират Юсуфӣ низ бароям кӯмак мерасонад.

-Бештар кадом лаҳзаҳо ба замзамаи суруд мепардозед?

-Лаҳзаҳое, ки танҳо мемонам.

Аз танҳоӣ ҳарф мезанед, сурудҳоятон низ дард доранд. Сабаб чист?

-Дарду ғам аз овони тифлӣ дар қалби ман лона гузоштааст. Ҳанӯз хурд будам, ки падарам тарки дунё кард. Зери дасти падарандар бузург шудам. Маҳз ҳамин чиз маро бештар водор месозад, ки аз дард бисароям ва дӯстдори танҳоӣ бошам.

-Заминаи пайдоиши суруди «Бахт, бахти аввал аст» чист?

-Ин суруд 4 сол қабл пешниҳоди мухлисон гашта буд. Он рӯзҳо бисёр мушоҳида мекардам занонеро, ки аз рӯзгори пур аз дарду ғам лаб ба шикоят мекушоданд. Мардон ба мардикорӣ рафта оилаҳои нав бунёд мекарданду аз занони аввалаашон фаромӯш месохтанд. Ҳамин чиз барои пайдоиши ин суруд замина гузошт.

-Агар ба шумо тақлид кунанд, чӣ гуна мепазиред?

-Ман мехоҳам ҷавонони нав ба саҳна баромада кӯшиш кунанд, заҳмат кашанд ва сурудҳои худро пешниҳод созанд. Азоберо, ки мо барои омода кардани суруд мекашем, онҳо ҳам бояд эҳсос кунанд то ба қадри ҳунар бирасанд. Ҷавононе, ки суруди тайёршударо дубора рӯи саҳна баровардан мехоҳанд, ҳатто вақти аз муаллиф ё соҳиби аслии он иҷозат гирифтанро надоранд. Чунин тақлидро ҳаргиз пазируфта наметавонам.

 

Богигул Саидова

Богигул Саидова

-Боғигул дар зиндагӣ кӣ ва ё чиро мояи хушбахтӣ меҳисобад?

-Хушбахтиро дар будани модарам мебинам. Доштани ҳамсари хубу фарзандони солиму солеҳ ва хонаи обод беҳтарин неъмати Офаридгор аст.

-Дили ҳассоси Боғигул ишқро мепазирад?

-Аллакай ишқро пазируфтаму пас аз лаҳзаи кӯтоҳе бо он хайрбод кардам.

-Чаро?

-Муваффақ нагаштам. Намехоҳам дар бораи ишқ дигар ҳарф занам.

-Лаҳзае, ки тантанаи ишқро дар қалбатон дарк намудед, чӣ эҳсос доштед?

-Ишқ ҳадяи Худованд аст ва эҳсоси он ширину гуворост.

-Аз номуваффақӣ дар ишқ ҳарф задеду боҷуръатона «ишқ ширину гуворост» мегӯед…?

-Ишқ дар ҳақиқат эҳсоси ширину гуворост, вале онро кам касоне ёфт мешаванд, ки қадр намоянд. Ишқи ман имрӯз ҳамсарам аст, ки ба дӯстдорӣ ва муҳаббати поки ӯ боварии комил дорам.

-Лаҳзае, ки фаромӯш карда наметавонед?

-Тавлиди нахустфарзандам, зеро ба фарзанддор шудан умед надоштам.

-Сабаби ноумедиятон чӣ буд?

-Бемориҳои зиёдеро паси сар карда ва пас аз муолиҷаҳои зиёд табибон тавлиди фарзандро бароям ғайриимкон дониста буданд.

-Имрӯз саҳнаро ихтиёр намуда тарбияи фарзандонро бар души кӣ гузоштаед?

-Ҳангоми хурд буданашон онҳоро ба боғча гузошта будам. Ҳоло бошад, бачаҳоям мактабхонанду аз ӯҳдаи ҳама кор мебароянд. Модарам ҳамроҳияшон мекунанд.

-Ҳамеша барои талаботҳои фарзандонатонро қонеъ намудан, вақт ҷудо карда метавонед?

-Кӯшиш мекунам. Ҳар хӯрокеро, ки мехоҳанд худам барояшон омода месозам.

-Худатон чӣ гуна хӯрокҳоро меписандед?

-Бештар хӯрокҳои хамириро дӯст медорам.

-Омода кардани чунин хӯрокҳо вақти зиёдро мегирад, барои тайёр намуданашон имкон меёбед?

-Аз як тараф маҳдудии вақт бошад, аз тарафи дигар тарси сарзаниши шавҳарам аст. (механдад). Аксаран пухтани ин гуна хӯрокҳоро марди хонадон бароям иҷозат намедиҳад.

-Шавҳаратон санъати шуморо чӣ гуна қабул мекунад?

-Вақте ман ба тӯю маърака ва консертҳо меравам, шавҳарам ҳамеша ҳамроҳиям мекунад. Аз ин бармеояд, ки санъатамро дӯст медорад ва пайваста дастгириям менамояд.

-Чун ҳамеша бо шавҳаратон бошед, касе дар назди ӯ ба шумо изҳори муҳаббат накардааст?

-Не, чунин ҳолат нашудааст. Аммо баъзан ба воситаи телефон тамос гирифтани ҷавонон, миёни ману шавҳарам низоъ бармехезонад. Сабаби занги онҳо ҳатман тӯй ва ё ягон маърака аст.

-Шуморо дар танҳоӣ дарёфта, фурсатро қулай шумурда изҳори муҳаббат мекардагиҳо ҳатман ҳастанд?

-Оре, бисёр вомехӯранд чунин дилсӯхтаҳо.

ӣ посух медиҳед?

-Агар телефонӣ бошад, гӯширо хомӯш мекунам ва агар аз наздик бошад, посухе надода роҳамро идома медиҳам.

-Аксари ситораҳо «Мухлисонамро дӯст медорам» мегӯянд, вале дар муносибат ҳавобаландӣ мекунанд?

-Ман мухлисонамро ҳамеша қадр мекунам. Ҳатто ба хонаҳояшон меҳмонӣ меравам. Мухлисоне дорам, ки беморанду ҳатман барои аёдати онҳо вақт ҷудо мекунам.

-Боғигул ғурури зиёд дорад! Ин танҳо овоза аст ва ё ҳақиқат дорад?

-Ростӣ хеле серкораму вақтам бениҳоят маҳдуд аст. Аз ин рӯ баъзан ҳангоми асабонӣ будан хуб сӯҳбат карда наметавонам. Онҳое, ки маҳз дар чунин лаҳзаҳо бо ман тамос мегиранд, барои пайдоиши ин гуна овозаҳо замина мегузоранд. Дар асл хоксориро меписандам.

-Ба «Маликаи ҳунар» шуданатон бовар доред?

-Комёбиам ба дастгирии мухлисон вобаста аст.

-Ба онҳо чӣ таманно доред?

-Хушбахтӣ.

-Ташаккур барои сӯҳбат

Фарзона Маҳмадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Одамча:

    Салом апаи Богигул. Худованд шуморо мисли ГУЛ офаридааст. Худо кунад, ки аз рахмати Худованд бехаар намонеду баъдан бо либосхои милли бештару бештар (то лахзаи марг) баромад мекардед, дар чодаи санъат муваффак хам мешавед…Бошенда кРасавица))))

  2. Sayo:

    mexoxam surudi zindagi ki bo duxtari digar xonded memonded dar in sait xelo xub meshud

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!