ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАНИЖАРО ТӮҲМАТ НАКУНЕД, ХОНУМ ГУЛРӮ ТАБАРОВА!

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Дар ҳафтавори «Зан ва Мард» номаи Гулрӯ Табароваро зери унвони «Манижа, дигар дурӯғ нагӯй!» хондаму озурдахотир гардидам. Ростӣ, то ҳол ба худ наомадаам. Хонум, Гулрӯ! Фаромӯш насозед, ки намояндаи фарҳангед ва бояд маърифати баланд дошта бошед!

Ман чунин мешуморам, ки ҳар як санъаткори навроҳу навкори рӯи саҳнаи тоҷик омада, бояд ҳатман аз мактаби Манижа гузарад, зеро он беҳтарин мактаб барои ҳунармандон аст. Гулрӯбонуи азиз! Истеъдод доди худост ва нафароне ҳастанд, ки аз ин насибаи илоҳӣ бархурдоранд. Ин худододагон миёни «ситораҳо» дурахшу чилои хоса ва хомӯшнашаванда доранд.

Дар ин радиф пеш аз ҳама Манижа Давлатова қарор дорад. Ин бонуи саропо ҳунар бо истеъдоди нотакрор ва симою сирати тоҷиконаю орифонааш дилҳои моро тасхир намуда, ҳамчун нури илоҳӣ хонадонамонро мунаввар гардонидааст. Манижа бо сабку услуби хоса вориди дунёи ҳунар гардид ва се сол паи ҳам сазовор донистани ӯ ба ҷоизаи мусиқавии «Суруди сол» тасдиқи гуфтаҳои болост.

Ман пеш аз ҳама ҳамчун мухлис, сониян чун бародархонди Манижа ба самъи Шумо як чизи дигарро расониданиам: Шумо ҳатман ва бе чуну чаро бояд икрор шавед, ки Манижа пеш аз ҳама сарояндаи маънист ва ҳамин сифат дар дигар сарояндагони мо камтар риоя мешавад. Бархе аз сарояндагони ҷавони мо аз пайи оҳангҳои сабук рафта, ба мазмуни матн камтар эътибор медиҳанд. Икрор шудед?! Манижа ифтихори миллии мо ва беҳтарин намунаи духтари тоҷик мебошад. Доиман пеш аз ба ягон коре даст задан вай обрӯи миллат ва халқи азизамонро андеша менамояд.

Хонум Гулрӯ! Манижа дар кадом сатҳ будан, дар куҷо сароидан, чӣ гуна рафтор намудан ва чӣ гуна либос пӯшиданро дар ҳар маврид хеле хуб медонад, зеро маърифати баланди зотӣ дорад.  Манижа дар ин давраи хомӯшиҳояш низ мекӯшад бекор нанишинад, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯст, яъне кашшоф аст. Манижа аз сифати пасти сурудхо, ки шунавандагони мо ба он одат кардаанд, аз сабуксайриҳо дар ҷодаи санъат, ки маданияту маърифати моро нобуд мегардонад, ғамгин асту азоби рӯҳӣ мекашад.

Гулрӯ Табарова! Шумо хеле хуб медонед, ки Манижа аз рӯзҳои аввалини рӯи саҳна омаданаш зиндагии афсонавие дораду рӯзе нест, ки дар атрофи номи вай афсона ва ё тӯҳмату дурӯғе набофанд. Ман фикр мекунам, ки ин муроҷиат ва нигоштаҳои Шумо ба Манижаи саропо ҳунар тавассути ҳафтавор боис мегардад, ки як зумра инсонҳои бевиҷдон, ки Манижаро бо овозаҳои бофтаю сохтаи худ ранҷур гардонида буданд, боз гирди номи мубораки Манижа афсонаву тӯҳматҳои наве мебофанд. Чуноне, ки байни ду ситораи санъати эстрадаи точик-Манижа ва Шабнами Сурайё бо овозаҳои беасос низоъ андохта буданд, боз моҷарои наве месозанд. Магар ҳамон афсонаву тӯҳмату бӯҳтонҳои бофтаи як зумра бевиҷдонҳо Шуморо сабак нагашт?

Гулрӯбонуи азиз! Гарчанде, ки Шумо Манижабонуи бофарҳангу соҳибистеъдод ва фариштахую бомаърифатро бо далелҳои аз рӯзномаву ҳафтаворҳо хондаатон айбдор мекунед, лекин мебоист қаблан маънии гуфтаҳои Манижаро дар тарозуи ақл бармекашидед ва ба моҳияташон сарфаҳм мерафтед. Манижа ҳунарро барои мусобиқа ё барои рақобат интихоб накардааст. Барои Манижа ҳунар ишқ аст. Вай ба касе кордор нест, зеро ба кори эҷодии худ машгул асту барои дар бораи дигарон гап задану андеша рондан вақт надорад.

Манижабону ҳеҷ гоҳ аз паи шӯҳрат намеравад, балки шӯҳрат ӯро думболагир аст. Шӯҳратхоҳиву шӯҳратбеморӣ аслан хоси мардумони камҳунару нотавонбин аст. Шиори Манижаи шӯҳратёр бошад, чунин аст: «Агар шӯҳрат тамаъ дорӣ, рафиқи беди маҷнун шав!». Шӯҳрат аз диди Манижа меваи ҳунару истеъдоди баланд, донишу маърифати воло, фаъолияти пурбору созандаи шахс дар ҳама бахшҳои зиндагист, ки ба халқу ҷомеа судманд бошад. Гулрӯбонуи азиз, ҳамаи пурсишу посух ва мусоҳибаҳои Манижаи маънисароро хондаед, лекин он чи Манижа гуфтан хостааст, маъниашро дарк накардаед.

Манижа одати касеро паст заданро надорад. Вай наметавонад инсонеро беобрӯ намояд ва ё ба иззати нафсаш расад. Агар маънии гуфтаҳои Манижаро дарк мекардед, мақсади ӯро мефаҳмидед. Беҳтар мебуд, агар бо Манижа аз наздик ҳамсӯҳбат шуда, ба ин нофаҳмиҳо рӯшноӣ меандохтед, шояд он гоҳ ба ин ҳунарманди асил ва нотакрор, ки тавонистааст марҳилаи 20-30 соларо дар тӯли 5-6 сол тай намояд, аҳсан мехондед! Мутаасифона Шумо-Гулрубонуи азиз, асли гапро нафаҳмида, аз Манижа хоҳиш ба амал овардаед, ки хори сари роҳатон нагардаду мухлисонро гул назанад, ки ин хандаовар аст.

Гулрӯ! Бори дигар дар тарозуи ақли солим гуфтаатонро баркашед, ки ба хотири чи Манижа хори сари роҳатон мегаштааст ва ё мухлисонро гул мезадааст?! Магар Манижа ҳунар надорад?! Мухлис надорад?! Ҳардуро ҳам дорад!!! Ҳунари нотакрор, воло ва асил дорад, Манижа! Мухлисони беандоза, бешумор, бовафо ва ашаддӣ дорад, Манижа! Пас ку мантики сухан, ки ӯ хори сари роҳатон гаштаасту мухлисонро гул мезанад?!

Ман ҳамчун мухлис аз рӯзҳои аввали рӯи саҳна омадани Манижа овозхони соҳибфикру соҳибирода ва нотакрор будани ӯро дарк кардам. Аз соли 2003-юм инҷониб бо Манижа аз наздик шиносоӣ дорам. Аз сӯҳбату вохӯриҳо бо ӯ як ҷаҳон маънӣ бардоштаам. Манижаро ҳамчун бонуи хоксору сабур дарёфтам. Худхоҳиву худнамоӣ барои Манижа бегонаанд, зеро мурғи шӯҳрат барвақт сари китфаш нишаставу ҷоми зиндагиаш ҳеҷ гоҳ холӣ аз шаҳди муҳаббат набуд. Зери қадамҳои поку муборакаш борхо аз гул пойандоз густурдаву гармтарин эҳсосҳоро нисораш кардаанд ва мекунанд.

Ҷавонони навроҳ думболаи ҳунараш рафтаву дар пайравии Манижаи Давлат тарона месароянд. Бо ин ҳама Манижабону ҳеҷ гоҳ бо ҳунари худ фахр накардаву аз пайи сарвату давлату унвон нарафтааст ва намеравад. Худи хонум Манижа дар як сӯҳбаташ гуфта буд: «Унвони ман, давлату сарвати бебаҳои ман ин ихлосу муҳаббати мардум аст!» Душманиву кинаварзӣ аз нигоҳи Манижа нишонаи беҳунарист. Рашки эҷодӣ бояд илҳомбахши ҳар як ҳунарманду эҷодкор бошад.

Гулрӯбонуи ҳунарманд! Шуморо лозим аст, ки сари он суханони кинаомезатон нисбати Манижа бори дигар андеша намуда, аз ин бонуи ҳунарманд узр пурсед! Бузургонамон фармудаанд: «Ҷомаро об мешӯяд, гуноҳро узр.» Танҳо бо ҳамин амал метавонед кинаю адоватро аз байн бардошта ба рақобати солим гузаред. Шумо низ метавонед мисли Манижаи поксиришт дар чунин синну соли чавонӣ ба фатҳи қуллаҳои баланд ва обрӯю эътибори хоса ноил гардед. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед!

Асроров Содиқҷон, ҷонишини директори М.Т.У. №18, шаҳри Истаравшан, «Оила»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

9 комментариев

  1. фарзона:

    гулру ту худат ки хасти, ки Манижабонура тухмат мекуни ту холо хичкас нашудаи ту дар чомеаха мавкехам надори дар байни сарояндагони точик аз хама фач тарину бесавод ту хасти гулру, ту хайёл мекуни, ки ту ситора хасти? ту хичкаси ту холо ягон суруди худата баровардаги нести, доим сурудхои дуздии дигар халкиятро мехони, ту як бор як шер ё ин ки суруди шахсии худата барор, доим аз дигархоя мехони, дар консертхо пул дода худата чой мекуни тура хар гуш намекуна, ту рав зеби пахта чини дори. Сахнаи точик зеби Манижабону дорад.

  2. джамик:

    Манижа супераееее бовар кун хар руз дар чойхо диск фуруши Манижара мепурсанд сурудхои вай доим барои мухлисонаш нав хастанд, агар раваду боз Манижачон ягон шери нав брора эххх напурс анук пачакхои шабнаму фирузаю, гулручаю дигару диргарашро мебарора баъд мара мефадееее

  3. Гулру кофияаш рахру бехтараш аз сахна раваду якта хасчорубро гираду рохравхои пойтахтро рубад

  4. Saidjon:

    Манижа, ин ситораи дурахшонест, ки медурахшахшад ва хохад дурахшид!

  5. Али:

    манижа рохи бехтаринро интихоб кардагихаст баваркунед вакте ки манижа хофизира бас кард ура Аллох обруяш додааст ва ин гулру як … ва кори бадеро пешаи худ кардааст манижа хозирашда хофизи бехтарин аст хофизи Куръон Худо баракаташ дияд Гулру ту дар он дунё … ба монанди … ва кабр шумохоро кабул намекунад чихеле ки …. кабул накард шумо хуроки … пишаке дар лаънати Аллох чалла чаллолуху гирифтор хастен ….

  6. хуршед:

    хар кас худаша хурмат кунад ту гулру 5%-и манижая мухлис надори хафа нашаву бра ай манижа дарс гир бехтарай

  7. соба:

    Гулру неву Бояд Хунукруш номш мекадан мешидак дар мордаи мардакмонандут керм Манижа тра задагиа охи Манижачон ба пеш яктаи чигарчаи мо

  8. гулру чон ак таи зинда боши ман туро дусть медорам

  9. Саид:

    Гулручони асалчаи ман

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!