ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САРВИНОЗ ЮСУФӢ: «ОЗОДИАМРО АЗ ҲАМА ЧИЗ БОЛО МЕДОНАМ»

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфӣ сарояндаи шириншамоилу ширинадою ширинсадо дар миёни мухлисон маҳбубияти хоса дорад. Ман аслан аз хонумҳо синну сол намепурсам, зеро ин ба одоби ҷавонмардӣ намезебад.

Aммо Сарвинози сарвқомат хоҳиш намуд, ки саннаи таваллудашро аниқ нависам, то мардҳои гирифтораш ба андешаи хато нараванд.  Инак, Сарвиноз 25-уми октябри соли 1982 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Сурудаш, ки ҳамаро мафтуни худ гардонидааст, «Ошиқбача» ном дорад.

-Сарвиноз! Ҳар ҷавонмарде, ки ин сурудро мешунавад, эҳсосе вуҷудашро ба шӯр меоварад. Ҳиҷрони ошиқон, дурӣ аз Ватан, дарду алами мусофирӣ ин ҳамаро дар як тарона тараннум намудаед. Боварӣ дорам, ки ошиқбачаҳои дар ҳиҷрат буда ба шумо рӯи ниёз овардаанд?

-Бале, ошиқбачаҳои муҳоҷири тоҷик қариб аз тамоми гӯшаю канори Русия ба ман занг мезананд. Намедонам бо чи роҳҳо рақами телефони маро ёфтаанд.

ӣ мегӯянд он хунҷигарон?

-Миннатдорӣ мекунанд барои суруд. Баъзан гап назада «Ошиқбача»-ро мешунавонанд. Ман ҳам сурудро то охир гӯш мекунам, баъд барои тасаллои дилашон чизе мегӯям. Аксаран хоҳиш мекунанд, ки ба Маскаву дигар шаҳрҳои Русия рафта барои ошиқбачаҳои ғариби тоҷик консерт нишон диҳам.

-Изҳори ишқ мекардагиҳо ҳам ҳастанд?

-Ҳастанд. Мегӯянд, ки ҳамин сурудро шунида ошиқ шудем. «Хайр, чӣ кор кунам?»-ҷавоб медиҳам ба онҳо. «Дигар чора надорам, ман як нафар!»

-Ором мешаванд?

-Аз куҷо?! Пештар фикр мекардам, ки зан дар хона шинаду касе ӯро нашиносад, тез шавҳар мекунад. Баъди «ошиқбача» фаҳмидам, ки ин андеша нодуруст будааст. Чи қадаре, ки зан номдор шавад, ҳамон қадар харидораш зиёд мегардидааст.

-Марди олиҳиммате, ки албоми Сарвинозро барорад, пайдо шуд?

-Не, пайдо нашудааст, вале худам ҳам намехоҳам, албомамро бо миннати касе барорам. Ба маъракаҳо рафта кам-кам маблағ захира мекунаму бо меҳнати худам албомамро мебарорам.

-Ба касе вобаста шудан намехоҳед?

-Озодиамро аз ҳама чиз боло медонам.

-Ҳолатҳое мешаванд, ки мардҳои зандор, оилаашонро партофта аз паи сарояндазане меравад. Зани шавҳаргумкарда «Фалонча шавҳари маро соҳиб шуд»-гуфта доду фарёд мебардорад. Чунин ҳолат алҳол бо шумо рӯй надодааст?

-Шукри Худо ҳоло шавҳари ягон занро надуздидаам. Аммо ба фикри ман шавҳар мол нест, ки аз гӯшаш гирифта ба бозор дарорӣ. Дар масъалаи он ки баъзе мардҳо занҳояшонро партофта аз паи занҳои дигар мераванд, ман худи занҳои онҳоро гунаҳкор мекунам. Агар дар дили мард ҷой надошта бошӣ, ӯро ҳеҷ қонеъ карда натавонӣ, сад сол хизмати падару модарашро кунӣ ҳам, барояш қадре надорӣ.

Шавҳарҳои чунин занонро касе зора накардааст, ки ба хонааш раваду ӯро зани дуюм гирад. Худи мардҳои аз занҳояшон қонеъ набуда думболаи занҳои дигарро мегиранд. Ҳастанд мардоне, ки ба куҷо сарф кардани пулашонро надониста, зани дуюм мегиранд ё назди занҳои дигар мераванд, мастӣ мекунанд, аммо чунин мардон хеле каманд.

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Аммо дар ҳолатҳои дигар худи занҳо шавҳарро бо ноӯҳдабароии худ ҳамчун зан дилхунук месозанд. Паиҳам фарзанд таваллуд мекунанд, ки мардака бо фарзанд қапанд, бехабар аз он, ки ягон мардро, агар дилаш ба зан набошад, бо фарзанд дошта намешавад.

-Мардҳое ҳастанд, ки 10 фарзандро партофта мераванд?

-Занҳои мо зебоӣ нишон дода наметавонанд. Тамоми рӯз як либос доранд, бо он либос ҳавлӣ мерӯбанд, ба оғил мераванд ва ба ҳамон либос ба ҷогаҳи мард медароянд. Мард ба кӯча баромада духтарҳои зебою орою торо кардаро мебинад ё ба назди зане рафта аз вай меҳрубониҳои зиёде мебинаду дигар ба назди занаш рафтан намехоҳад.

Ба мард муҳим нест, ки дар хона ту кӯдак нигоҳ мекунӣ, гову молро аз пасаш медавӣ, хӯрок мепазӣ ё сад гуна кори дигарро иҷро мекунӣ. Бояд пеш аз ҳама ӯро аз ҳама ҷиҳат қонеъ гардонида тавонӣ.

-Мегӯянд, ки дили мардро бо хӯроки бомазза метавон ёфт. Хӯрок як калид аст. Калидҳои дигари дили мардро зан чӣ хел ёбад?

-Намедонам.

-Занҳое ҳастанд, ки ҳамон хӯрокро ҳам пухта наметавонанд. Эрка калон шудаанд. Сухани хуб, муомилаи хуш калиди ҳамаи қулфҳои дили мард аст. Мегӯянд, ки бо сухани хуб мор аз лонааш баромадааст. Мард чӣ магар аз мор бадтар аст?

-Ходоё, мор ҳам шудем! Агар зан гӯяд: «Ҷонаки ман, ширинаки ман, асалаки ман, бароят чӣ тайёр кунам?» Мард ҳатман мегӯяд: «Э мон, хӯроката, рафтем ба тарабхона!»

-Рост!

Албатта на ҳамеша чунин мешавад. Хӯроки бомазза пухтанро ёд гирифтан даркор.

-Ин суханҳои шуморо хонда шояд баъзе занҳо гӯянд, ки «Мардак чи шудааст, ки ӯро «ҷони ману асалаки ман» гӯям?»

-Ҳукми шавҳар аз ҳама чиз болост. Марди боимону боинсофро бо забон, бо меҳрубонӣ лесӣ ҳам кам аст.

-Бояд дар ҳар кор зан аз мард иҷозат пурсад?

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

-Занҳои либоси аврупоӣ мепӯшидаро баъзеҳо ганда мекунанд, лекин маданияти чунин бонувон баланд аст. Онҳо ҳурмати шавҳарро нигоҳ медоранд. Вақте гап дар бораи сатр меравад, ман зидди он ҳастам. Сатр напӯш, намозатро хону дар хона шин. Ба кӯча баромада худатро намоиш надеҳ. Муҳимаш ҳукми шавҳарро баҷо биёр!

-Бале!

-Бисёр занҳоеро мебинам, ки духтари муллоюм, эшонум гуфта ба сатр печида мегарданд, вале шавҳарро илму ҷоду мекунанд. Бо гарму хунук бахти худро нигоҳ доштан мехоҳанд. Ба Худо боварӣ дошта бошанд, чаро ба хонаи мулло ҷодукунӣ мераванд?! Занҳое ҳам ҳастанд, ки бо гапгардонӣ мардро дилхунук мекунанду баъд дум-думи шавҳар поида мегарданд, ки ба куҷо меравад. Ҳукми шавҳарро баҷо биёр. Вақте, ки аз чизе кам набошию шавҳар боз занбозиашро давом диҳад, се маротиба аз пешаш гузар. Агар зан бегуноҳ бошад, Худованд ҷазои шавҳарро медиҳад.

-Ризои шавҳар-биҳишти зан аст.

-Бале. Ман ба занҳои шикамсер, занҳои мансабдор, сарватмандон ҳайронам, ки ба ҷуз таъназании занҳои барои таъмини оилаашон дар такудавбуда коре надоранд. Мехостам, ки онҳо худро боре ба ҷои он занҳои дар чорроҳаи зиндагӣ монда гузоранду андеша кунанд. Он занҳо худ меҳнат карда фарзандонашонро мехӯронанд. Шукрона кунед, ки дар сояи шавҳарҳоятон ҳузур доред. Занҳои коргар ба ғайбат вақт надоранд.

-Сарвиноз! Бармегардем ба мавзӯи «Маликаи ҳунар». Ҳар як зан хоҳ амале дошта бошаду хоҳ не, худро малика медонад. Афсонае ҳаст, ки зани худро аз ҳама зебою доною пурҳунар медониста ҳар гоҳ аз оинаи сеҳрнокаш мепурсад: «Оина, оина! Аз ман дида зеботар, донотар, пурҳунартар зане ҳаст?» Аз нигоҳи шумо чӣ гуна занро «Маликаи ҳунар» гуфтан мумкин?

-Фақат Худованд медонад, ки кӣ Маликаи ҳунар аст. Ҳастанд занҳое, ки ботинан Маликаи ҳунаранд. Зан бояд ҳам ботинан ва ҳам зоҳиран маликаи ҳунар бошад. Имрӯз як кас маликаи ҳунар шавад, фардо каси дигар мешавад. Аз ин нуқтаи назар мо ҳамаамон Маликаем. Зинда бошанд Маликаҳои Тоҷикистон!

-Муваффақ бошед!

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. аziz:

    худочон бахти сафеду бе минат тия шумора ман аз шахри россия як мухлиси шумо афсуз ки ман маайда аз шумо

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!