ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ГУЛРӮ: «СУРУДИ «ВАТАН»-РО АЗ МАНИЖА ГИРИФТА ХОНДАМ»

Гулру Табарова

Гулру Табарова

Гулрӯ Табарова сарояндаи ҷавону ҷӯяндаест. Зиндагии рангину ғулғулаангезе дорад. Вақтҳои охир баҳси Гулрӯ Табарова бо ситораи санъат Манижа Давлатова ба мавзӯи марказии матбуот мубаддал гаштааст.

Тарафдорони Манижа Давлатова ба баҳс ҳамроҳ шуда Гулрӯро ноҳақ мехонданду вай бо исрор ҳақ будани худро исбот намудан мехост. Нафароне ҳам ёфт шуданд, ки ба ҷонибдории Гулрӯ садо баланд карданд. Аммо худи сароянда аз ин сару садоҳо дилгир шуда буду имрӯз аз он шукрона дорад, ки баҳс ба поён расид. Гулрӯ Табарова иштирокчии озмуни «Маликаи ҳунар» аст ва инак, сӯҳбати мо дар доираи ин озмун ба шумо пешкаш мешавад.

-Гулрӯбону! Ҳар ҷинси латиф малика аст, аммо на ҳар маликаро ҳунарманд гуфта метавонем. Аз ин рӯ, аз нигоҳи Гулрӯи нозукандом чӣ гуна хонумро Маликаи ҳунар номидан мумкин аст? Ва худи шумо аз ӯҳдаи кадом ҳунарҳо баромада метавонед?


-Ҳамаи занҳоро Маликаи ҳунар номидан мумкин, чунки зане нест, ки аз дасташ ягон ҳунар наояд. Яке чевар бошад, дигарӣ кадбонуи хуб аст. Дар дили аксари занҳо ҳамчунин шавқи ҳунари овозхонию нақшофарӣ нуҳуфтааст, вале на ҳар кас ҷуръати ба саҳна баромаданро мекунад.

-Мана Гулрӯбону дар паси фармон нишаста мошин меронад?!

-Ин ҳам ҳунар аст!-гӯён Гулрӯ бозавқ механдад.

Имрӯзҳо чандин ҷавонон чунин духтари зеборо паси фармони «Лексус» дида худро гум мекунанд. Агар кадоме аз ин ошиқон дар паси фармон бошад, ҳолати садамавиро ба вуҷуд меоварад?

-Дилрабоӣ ҳам ҳунар аст!

-Боз кадом ҳунарҳоро балад ҳастед?

-Мантуро хуб пухта метавонам. Бо ёрии модарам аз ӯҳдаи пухтани дигар хӯрокҳо низ мебароям (механдад).

-Ман ҳамеша дар тани шумо либосҳои аз рӯи мӯд навтаринро мебинам. Дӯзанда доред?

-Бале, дӯзандаи хуб дорам. Газворҳоро худам интихоб карда наздаш мебараму чи тавр дӯхтанашро маслиҳат медиҳам.

-Ҳунармандони синну соли шумо аксаран кӯшиш мекунанд, ки бо аввалин қадам ба саҳна нимурён бароянд?

-Ман пӯшида баромад карданро авло медонам. Ҷисми худро ба намоиш намегузорам!

-Суруде, ки дар атрофаш ин қадар баҳс буд, чи сурудест?

-Барои ман мушкил аст он баҳсҳоро ба хотир овардан. Шукрона мекунам, ки ниҳоят маро ба ҳолам гузоштанд.

Дар доираи он баҳс хонандае, худро мутахассиси санъат муаррифӣ карда, он сурудро беҳтарин суруди Гулрӯ номидааст?

-Ташаккур ба он мутахассис!

-Муаллифи суруд кист?

-Шоири афғон Абдуманнони Ҳамдил.

ӣ гуна ба дасти шумо расид?

-Як дӯстам онро овард. Шоир гуфтааст, ки ман онро хонда боз ба вай фиристам, то гӯш карда, сипас иҷозат бидиҳад. Он дӯстам ин суханони шоирро расонида шеърро ба Манижа мебарад, ки барои ман тайёр намояд. Ман суруди тайёрро аз Манижа гирифта хондам.

-Номи суруд чист?

-«Ватан»

-Бо ин суруд дар куҷоҳо баромад кардаед?

-Бо ин суруд 9-уми сентябри соли гузашта дар майдони Исмоили Сомонӣ баромад кардам. Баъд хостам онро клип кунам, аммо корам зиёд шуду клип карда натавонистам. Насиб бошад рӯзҳои наздик онро клип мекунам.

Чанд рӯз паиҳам барои сӯҳбат занг задам, аммо модаратон ҳар дафъа мегуфт, ки Гулрӯ дар беморхона аст. Гулрӯи наҳифу нозук ба чӣ беморӣ гирифтор шудааст?

-Зуком маро ба домаш афтонд. Сабабаш он аст, ки либосам тунук асту вақти мошинронӣ тирезаро кушода мемонам.

-Чанд вақт пеш мақолае чоп шуда дар бораи мошинатон баҳс мерафт?

-Касе нофаҳмида маро дурӯғгӯй мекард, ки гӯё гоҳе мошинро модарам харидааст ва гоҳи дигар «тӯҳфа карданд»-гуфта бошам. Ба диққати ҳама мерасонам, ки ин чорумин мошини ман аст. Мошини аввалинамро, ки тамғаи «Сааб» буд, худам ба шаш ҳазор харида будам. Он мошин барои омӯхтани қоидаҳои ҳаракат буд.

Чанд ҷояшро зада мошинрониро ёд гирифтаму сипас онро фурӯхта, боз пул илова карда «Кембри-1» харидам. Онро низ фурӯхта «Кембри-2» харидам. Барои ана ин «Лексус»-ро харидан пули фурӯши «Кембри-2» камӣ карду дӯстони вафодорам илова карданд ва «Лексус»-ро харидам.

Ин гуна ҳангомаҳо санъаткорро машҳуртар мекунанд. Онҳое, ки бо мақсади танқид қалам ба даст мегиранд, ба шӯҳратёбии шумо бештар роҳ мекушоянд.

-Ман аз хурдиам ғайбату шикоят карданро дӯст намедорам.

-Шунидем, ки албоми нави Гулрӯ баромадааст?

-Бале, ба наздикӣ албомам бо номи «Лаҳзаҳо» омода гашт, вале аллакай онро дар фурӯшгоҳҳо ёфтан мушкил аст.

-Беҳтарин суруд дар «Лаҳзаҳо» кадом аст?

-Як сурудро махсус номбар карда наметавонам. Мухлисон аксари сурудҳоро хуш қабул кардаанд. Дар он суруди «Ватан» ҳам ҳаст.

-«Лаҳзаҳо» чӣ гуна суруд аст?

-Шеър аз шоири афғон Усмони Мубтало аст. Оҳанг ҳам аз ӯст.

-Модоме шоирони афғон махсус барои шумо шеъру суруд нависанд, пас дар он ҷо мухлисони зиёд доред?

-Бале, мухлисонам зиёданд.

-Дар Афғонистон будед?

-Ҳа, ба наздикӣ дар Афғонистон будам.

-Консерт доштед?

-Не, шабакаи телевизиони «Тулӯъ» маро барои мусоҳиба даъват карда буд. Гуфтанд, ки мухлисон дар бораи зиндагии ман маълумот гирифтан мехоҳанд. Дар ду барномаи «Тулӯъ» баромад карда, баргашта омадам.

-Бе консерт додан?

-Бе консерт. Фақат сӯҳбат кардему ҳамон рӯз баргаштам.

-Хароҷоти роҳро «Тулӯъ» пардохт?

-Не, хароҷоти роҳ аз ҳисоби худам буд.

Аҷиб, барои мусоҳиба кардан аз ҳисоби худ ба Кобул рафта омадед. Ба фикрам то ҳол ягон сарояндаи тоҷик барои як мусоҳиба ба ҷое чун Афғонистон аз ҳисоби худ нарафтааст. Шумо аввалинед?

-Ташаккур! Вақте мухлис хоҳиш мекунад, куҷое бошад, меравам.

Ба Гулрӯи зебо имрӯзҳо чанд нафар паҳлавон дасту дилашонро пешкаш мекунанд?

-Ҳастанд, аммо…

-Дили Гулрӯ чӣ мегӯяд?

-Дар тақдиру насибам Худованд номи касеро навишта бошад…

-Ба касе дил надодаед?

-Не! (механдад)

-«Телехатон» иҷозат додаанд-ку!

-Ҳа, ман иҷозат додаам, — ба гап ҳамроҳ мешавад модари Гулрӯ.

-Ба ҳар ҳол чи гуна ҷавонро меписандед?

-Ҷавоне, ки зиндагиашро бо ман пайвастан мехоҳад, пеш аз ҳама бояд бо ман ҷӯра бошад.

-Муваффақ бошед.

У.Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Мухлис:

    Салом! Аввало ташаккурии хешро бар ташкилкунандагони чунин як торномаи хонданиву шунидани иброз медорам. Сипас дар мавзуи Гулру Табарова хаминро гуфтани хастам, ки чони ширин ин фанду фиребе, ки аз дустонат бо паст задани Манижа Давлат хурди, Худо кунад, ки дарси ибрат барои туву модари азизат ва дигар бадбинони Манижаи Давлат шуда бошад.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!