ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАЛИКАИ САҲНА БА САҲНА БАРМЕГАРДАД?

Маликаи Саидзод

Маликаи Саидзод

Солҳои зиёд, яъне аз ибтидои солҳои навадуми асри 20 Ҳоҷӣ-бибӣ Маликаи Саидзод бо маҳорати баланди сарояндагӣ ва як самимияти ба худ хосаш дар дилу дидаи мухлисон маъво гирифта буд.

Аммо ӯ имрӯзҳо ба якборагӣ худро аз саҳнаи ҳунар дар канор гирифтаву пешаи хешро иваз кардааст ва аз ин мухлисони бешумораш дар ҳайрат афтодаву бо дили озурдаву парешон ба мо занг мезананд. Ба хотири хонандаҳои ҳамешагии худ ва суолҳои онҳо ки мо дархости ҳар яки онҳоро қадрдонӣ мекунем, роҳ сӯи хонаи Ҳоҷӣ-бибӣ гирифтем.

— Ҳоҷиёни дигар баъди зиёрати Маккатулло боз ба саҳна баромаданду чаро ҳоҷӣ бибӣ-Малика намебароянд? Худованд ризқи ҳар нафарро ба таври гуногун медиҳад ва ба бонуи ҳунар низ Кирдигор ин касбро ато фармудааст. Бо иваз кардани пешаи худ ӯ ризқи бештареро пайдо карда истодааст?

— Ба номи Худои бахшандаву меҳрубон. Сипас гуфтаниам, ки ба тиҷорат машғул гаштани ман асосан аз барои ризқи бештаре пайдо кардан нест. Фикр мекунам, ки мухлисонам маро хуб мефаҳманд. Ризқ азалӣ аст ва онро Худованди бузург дар кадом ҷода бошиву дили пок дошта бошӣ, медиҳад. Ман дар рӯи саҳна низ на ба хотири ризқ, маблағ, мансаб ва шӯҳрат будам. Худоҷон бароям ҳунарро ато намуд ва бо ҳидояти ӯ тавонистам, ки садои дили мардумро сарояму ба дили онҳо наздику маҳбуб гардам.

Ба хотири дидори меҳрбор ва чеҳраҳои гарму ташнаи оҳанги мухлисон рӯи саҳна будам ва сарбаландам, ки то андозае тавонистам дар дилҳояшон ҷой бигирам. Аммо дар тиҷорат мушкилиҳо зиёданд ва танҳо сабру тоқат метавонад касро ба мақсуди дилаш бирасонад. Албатта, маблағи аз тиҷорат ба даст меомадаро ҳеҷ гоҳ наметавон бо маблағи тариқи ҳунар пайдошаванда муқоиса кард. Роҳи санъат низ осон нест, аммо дар он пайдо намудани маблағ осонтар аст.

Тиҷорат заҳмати бештарро талаб мекунад ва ман на ба хотири пайдо намудани сарвату дороии беш, балки барои зебову нозанин дидани намуди зоҳирии бонувони азиз ба чунин кор даст задам. Агар бинам, ки бонуи тоҷик пероставу шоиста аст, сарам ба осмон мерасад. Аз ин рӯ, дар нуқтаи савдои хеш, ки воқеъ дар фурӯшгоҳи «Саодат» аст, тавонистам либосҳои шинаму мувофиқи талаботи имрӯзро, ки ба чеҳраи бонувон ҳусни бештареро зам мекунад, аз давлатҳои Туркия ва дигар кишварҳои хориҷа, оварда пешкаш созам.

— Бо шумо вохӯрдан мумкин аст?

— Албатта, чаро не. Ман омодаам ҳамеша бо мухлисони азизи хеш вохӯрда ба саволҳояшон ҷавоб гӯям.

— Чӣ чиз сабаб шуд, ки шумо ин сафарро пеш гиред?

— Дар як мусоҳибаи худ гуфта будам, ки баъди ҷо ба ҷо кардани фарзандонам ба зиёрати Макка хоҳам рафт. Аммо як сухани бародарам, ки маро ба зиёрати Каъба ҳидоят намуд, сабаб шуд, ки ин амали савобро ба ҷо биёрам. Ман, ки ду бародари азизро аз даст додаам, акнун ин сухани бародарро ба замин нагузошта, азми сафар намудам. Ва ҳамроҳи бародарам хонаи Худоро зиёрат карда омадам.

— Мо дар муҳоҷират қарор дошта, ҳамеша сабти сурудҳои Маликаро гӯш мекунему худро тасалло медиҳем. Хеле ғамгинем, аз он ки ӯ муддати мадидест, ки суруди нав эҷод намекунад. Аммо хурсандем аз он ки ӯ бо ҳидоят аз ҷониби Парвардигор дар ин роҳ қадам ниҳодаву бархурдор аз Қуръони Карим аст. Мехостем донем, ки ӯ вақте озими Маккаи Мукаррама гардид, дар дил чӣ ниятҳо дошт?

— Нияти аз ҳама бузургам тинҷиву осудагии мардуми кишвару пойдории сулҳ дар Тоҷикистон буд, ки аз Худоҷон дархост кардам. Агар дар мамлакат тинҷию осудагӣ набошаду фарзандонамон обод набошанд, пас он чӣ гуна зиндагӣ аст? Инчунин барои шумоён ҳамватанони азизи бо амри тақдир мусофиргашта тансиҳатию кушоиши корро талабгорӣ намудам.

— Мо тоҷикони Қазоқистон мафтуни садои зебоятон ҳастем. Нияти сафари диёри моро надоред?

— Ҳар вақте ки фурсат даст диҳад, ҳатман сафар хоҳам кард.

— Бузургтарин бахт барои зан кадом аст?

— Албатта бузургтарин бахт барои зан ин оилаи солиму фарзандони солеҳу фарзона доштан аст. Оилаи тинҷу обод ва мавҷуд будани якдигарфаҳмӣ дар он ҳам барои зан ва ҳам мард бахти бузург аст. Агар давлати бисёр дошта бошиву ҳамдигарро нафаҳмӣ, ту хушбахт нестӣ, бинобар ин, муҳаббати ҳақиқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба қадри якдигар расидан оиларо мустаҳкам мекунад ва асоси пойдории зиндагӣ аст.

— Розӣ ҳастед, ки касби пурзаҳмати санъаткориро нафаре аз фарзандонатон интихоб намояд?

— Санъат покиро металабад, агар дар хуни инсон набошад ҳеҷ кас наметавонад ба чизе ноил гардад. Ман наметавонам фарзандамро маҷбур кунам, ки ӯ санъаткор шавад. Касби дилхоҳашонро бигзор фарзандонам бо ихтиёри худ интихоб намоянд.

Омодасоз Шаҳрбону Тошева, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Хонандаи Шумо:

    Салом апаи Малика… Хуб мебуд, ки дигар бар ин сахнаи мусики барнагардед. Худованд дар дили шумо ишку мухаббат нисбати дини Ислом атто кардааст. Нагузоред, ки аз ин ИШКИ ИЛОХИ махрум гардед. Тоату ибодат бех аз хазор сахнат мусики аст, Апаи Малика…
    Худованд шуморо дар ин рохи ХАК комёб гардонад.

  2. бозгашти шумо ба ислом яке аз кудратхои илохи мебошад ин осон кор набуд.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!