ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАҲРОМИ АБУБАКР: «МАКТУБ ҚАБУЛ НАМУДАНРО ДӮСТ ДОРАМ, АММО…»

Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Чунин мактубҳо қариб ҳар лаҳза ба телефони дастиам меоянд, аммо наметавонам муҳаббати эшонро қабул кунам, зеро ман як дил дорам ва онро ҳам бошад ба оне мебахшам, ки ҳамсар ва ҳамрози якумрии ман мешавад.

— Шаҳром, дар ин рӯзҳои заррини тирамоҳ ба чӣ корҳо машғулед? Фаъолияти эҷодиатон чӣ гуна ҷараён дорад?

— Фикр мекунам, ки илҳоми шахси эҷодкор ҳамеша дар парвоз аст ва ӯ мекӯшад, ки як чизи нав офарад. Банда низ чун як фарди эҷодкор кӯшиш дорам, ки баҳри мухлисонам таронаҳои тозаэҷоди худро дар шакли ҷамъ, яъне албом дастраси эшон гардонам. Ҳама ҳаракатҳои мо, ҳунармандон баҳри ҳаводоронамон мебошад, агар тавонем бо таронае онҳоро шод намоем ва ҳангоми гӯш кардани сурудҳои мо ғаму дардро фаромӯш карда, ба зиндагӣ бо нигоҳи нав назар кунанд, пас мо низ шодем.

— Хеле хуб, бигӯед, ки албоми навбатиатон бо кадом ном пешкаши мухлисонатон мегардад?

— Рости гап, ҳоло ягон номи ба дилам мувофиқро пайдо накардаам, бинобар ҳамин, дар мавриди номи албомам чизе гуфта наметавонам. Шояд баъди пурра омода шудани ҳама сурудҳоям ном низ пайдо шавад?

— Он чанд сурудро дар бар мегирад ва кадом мавзӯҳоро фарогир аст?

— Албом аз 11 суруд иборат буда, мавзӯҳояш гуногунанд.

— Фикр мекунам, ки барои омода ва клип кардани як тарона маблағи зиёд лозим аст. Албоми шумо, ки 11 сурудро дар бар мегирад, барои омода намудани он кӣ дастгириатон мекунад?

— Падарам.

— Чанде пеш овоза буд, ки Шаҳроми Абӯбакр барномаи консертӣ дорад…


— Воқеан ҳам, ният доштам, ҳатто эълони барномаамонро омода намуда, дар назди Кохи Ҷомӣ овезон карда будем, аммо рӯзи дигар бо амри тақдир амакам Зулфиқори Азиз аз олам гузаштанду барномаро ба рӯзҳои дигар мондем. Аз рӯи нақша бояд барномаамон моҳи сентябр баргузор мегашт, вале бо баъзе сабабҳо ин дафъа низ натавонистем онро баргузор намоем. Худо хоҳад ва тинҷӣ бошад дар арафаи Иди Наврӯз, ки ҷашни милли мо, тоҷикон аст, як барномаи хубе баҳри дӯстдорони савту наво пешкаш мегардонам.

— Шаҳром, биёед мавӯи сӯҳбатро дигар мекунем, чунки ҳафтавори мо «Зан ва мард» унвон дорад ва мо каме аз мавзӯъ берун баромадем.

— Бошад.

— Зан аз нигоҳи Шаҳром?

— Зан шахсиятест, ки бо ҳастии худ зиндагиро ранги дигар бахшида, ба додани тарбияи хуб саҳми муборизе дар рафти ҷомеа мегузорад. Бузургии зан пеш аз ҳама дар модар будани ӯ эҳсос мегардад.

— Ба мард чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Акнун, ки худ мард ҳастам, бигзор занҳо ба мардҳо баҳо диҳанд. Агар ман мардҳоро таърифу тавсиф кунам, шояд ба ақидаи банда занҳо розӣ нашаванд, барои ҳамин, бигзор ба ин савол занҳо ҷавоб диҳанд.

Чанд маротиба ҳангоми сӯҳбат гуфтед, ки духтари орзуҳоятонро ҷустуҷӯ доред, ӯро пайдо кардед?

— Ҳоло не. Ба хулосае омадам, ки волидонам келинро интихоб кунанд. Ҳеҷ падару модар бадбахтии фарзандашро намехоҳад, боварӣ дорам, ки волидони ман низ бароям арӯси хубе пайдо хоҳанд кард.

— Ҳамсари Шаҳром бояд чӣ гуна бошад? Умаман бароятон чӣ гуна духтар писанд аст?

— Пеш аз ҳама намозхон бошад, Худою Расулро ёд кунад, қадри ману падару модар ва наздиконамро донад. Хушгуфтор, меҳрубон ва сабур бошад, ба пастию баландиҳои рӯзгор тоб орад, мани санъаткорро фаҳмад. Беҳудаю баҳуда рашк накунад, занг ва мактубҳои мухлисонамро дида, асабӣ нашавад, хулоса, намехоҳам ҳамсари ояндаам ҷанҷолию бадқаҳр бошад.

— Агар ӯ коргар бошад, барои идомаи фаъолияташ зид намебароед?

— Албатта зид мебароям, дар сӯҳбатҳои пештараам низ гуфта будам ва боз такрор мекунам, ки намехоҳам ҳамсари ман коргар бошад.

— Назари шумо ба зан – роҳбар чӣ гуна аст? Дар корхона зан роҳбар бошад хуб аст ё мард?

— Ин ба худи инсон вобаста аст. Занҳое ҳастанд, ки аз ӯҳдаи кору вазифаи худ ба осонӣ мебароянд, барои пешрафти корхона саҳми арзанда мегузоранд, нисбат ба коргарони худ ғамхору меҳрубонанд, аммо боз зан – роҳбарҳое ҳастанд, ки бо онҳо кор кардан душвор аст. Беҳтараш мардҳо роҳбат бошанд.

Ҳамарӯза духтарҳо ба идораи мо ба унвони шумо мактубҳои ошиқона мефиристанд

— Чӣ мехоҳанд онҳо?

— Бо шумо «дӯст» шудан мехоҳанд…

— Чунин мактубҳо қариб ҳар лаҳза ба телефони дастиам меоянд, аммо наметавонам муҳаббати эшонро қабул кунам, зеро ман як дил дорам ва онро ҳам бошад ба оне мебахшам, ки ҳамсар ва ҳамрози якумрии ман мешавад.

— Пас ба онҳо чӣ ҷавоб мегардонед?

— То имрӯз ба ягон мактуб ҷавоб нагардондаам ва намегардонам.

— Чаро?

— Намехоҳам касеро ба умед ё хафа созам. Мактуб қабул намуданро дӯст медорам, равон карданро не.

— Барои сӯҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!