ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БУНАФША МУҚИМОВА: «МУҲАББАТ МОРО БА ҲАМ ОВАРД»

Бунафша Мукимова

Бунафша Мукимова

Бунафша Муқимоваро ҳамаи мухлисони санъати сарояндагӣ мешиносанд. Вай тӯли фаъолияти чандинсолааш дар ансанбли «Дарё» — и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бо сурудҳои дилнишин ва сабки ба худ хосаш мақбули дӯстдорони савту навост.

Ӯ самимӣ месарояд, дар интихоби матни суруд ҳеҷ гоҳ саҳлангорӣ намекунад, мавзӯи сурудҳояш маъмулианд, аммо ҳангоми иҷрои он ба тамошобин ва шунавандааш рӯҳ мебахшад. Ин аст, ки мухлисони зиёде пайдо намудаву дар роҳи интихобкардааш бо дили пур қадам мегузорад. Сӯҳбате, ки ба қарибӣ бо ин бонуи ҳунар доир намудем, аз зиндагӣ, интихоби касб, андешаҳояш дар бораи ҳаёти рӯзмарра ва монанди инро дар бар гирифт. Инак мову Бунафша Муқимова.

— Бунафшабону, чаро вақтҳои охир кам суруд мехонед?

— Шумо дуруст мегӯед, чанд вақт боз бо сабабҳои маълум дар ансанбл фаъолият накарда истодаам, ба рӯзгори муқаррарӣ ҳамроҳ шудаам, аммо ин маънои онро надорад, ки банда аз санъат тамоман ҷудо шудаам, ин алабтта, муваққатист. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кори рӯзгор ба интихоби мант машғул мешавам, ашъори гузаштаю имрӯзаро мутолиа мекунам, то ягон матни хуб ёбам ва фурсат, ки шуд, онро ба оҳанг дароварда мехонам. Хулоса, ҳоло аз паси зиндагиям.

— Чун аз зиндагӣ ҳарф задед, бигӯед, ки зиндагӣ чист?

— Зиндагӣ мисли дарёи пурталотумест, ки дар он ҳар кас бо заҳмат, меҳнат ва кӯшишҳояш роҳу равиши худро меёбад. Албатта, камбудӣ, пастию баландӣ ва мушкилиҳои зиёд дорад, аммо бо вуҷуди ҳамин қадар ташвишҳояш зиндагӣ зебост. Бунёд намудани оилаи солим, ба дунё овардани фарзандон ва ба камол расондани онҳо, доштани дӯстони самимӣ ва муваффақ шудан дар пешаи интихобнамудаи худ зиндагии касро гуворо менамояд.

— Оила аз нигоҳи Бунафша Муқимова?

— Оила рукни асосии ҷамъият аст. Ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд дер ё зуд оиладор шуда, аз худ насл гузорад, яъне фарзандон ба дунё биёрад.

— Пас шумо ин вазифаи худро иҷро кардаед?

— Албатта, ҳар як зан орзуи модар шуданро дорад, зеро рисолати азалии зан ҳамин аст, аммо банда ҳоло фарзанддор нашудаам.

— Чанд фарзанд доштан мехоҳед?

— Шумора муҳим нест, сифат муҳим аст. Онҳоро тарбия кардан даркор, хонондаю соҳиби касбу кор кардан лозим, бинобар ҳамин ҳам, ҳар як инсон пеш аз фарзанд ба дунё овардан бояд ояндаашро андеша кунад. Кам бошаду бе ғам бошад.

— Бунафшабону, мехоҳед, ки фарзандони ояндаатон касби шуморо интихоб намоянд?

— Бача дар сафару номаш Музаффар. Саросема нашавед, монед аввал ба дунё биёянд…

— Умуман чаро аксари санъаткорон намехоҳанд, ки фарзандонашон касби эшонро интихоб намоянд?

Бунафша Мукимова

Бунафша Мукимова

— Касби санъаткорӣ мушкилиҳои зиёд дорад, барои омода намудани як тарона санъаткор чӣ қадар азоб мекашад, меҳнат мекунад, хуни дил мехӯрад, ки баъд он суруд хуб барояд, аз ин рӯ, аксари санъаткорон, ки худ азоб кашидаанд, намехоҳанд фарзандонашон ранҷ бинанд, аммо бояд гуфт, ки агар инсон дар дилаш нисбат ба касбе меҳру муҳаббат дошта бошад, касе наметавонад садди роҳи вай шавад.

— Бо шавҳаратон аз рӯи муҳаббат хонадор шудед ва ё…?

— Бале, муҳаббат моро ба ҳам овард. Фикр мекунам, ки зиндагии бе муҳаббат, зиндагие, ки дар он лутфу меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн пойдор нест, он бемаъност.

— Пас барои ин ҳамаро ба даст овардан ва ё сазовор гаштан чӣ бояд кард?

— Якдигарро санҷида баъд оила барпо кардан даркор.

— Шавҳаратон барои идомаи касбатон зиддият нишон намедиҳад?

— Баръакс, дастгириам мекунад.

— Метавон гуфт, ки сарпарасти Бунафша шавҳараш аст?

— Албатта.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!