ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА: АСРОРИ ҲАЁТИ ОИЛАВИАМРО ПИНҲОН НАМЕДОРАМ, ВАЛЕ…

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Нигина Амонқулова 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 1-и Панҷакентро бо баҳои хубу аъло хатм карда, Нигина ба шоҳроҳи орзуҳо қадам ниҳод.

Меҳру муҳаббати гармаш ба суруду мусиқӣ билохира ӯро рӯи саҳна овард ва дар як вақти кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод. Нигина бо як суруд шӯҳратёр гашт. Ин бонуи ҳунарманд то имрӯз зиёда аз 20 суруди дилошӯбро пешниҳоди ҳаводорону мухлисонаш гардонида, дар ҷустуҷӯи таронаҳои наву тоза аст. Оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

-Нигинаҷон, тирамоҳ фасли эҷодкорон аст, дар ин зарринайём чӣ эҷод намудед?

-Се чор суруди нав омода кардам ва боз нияти таёр кардани чанд суруди дигарро дорам.

-Таронаҳоятон ниҳоят дилошӯбанд. Матни сурудҳои Нигинаро кӣ интихоб мекунад?

-Бештар худам интихоб мекунам.

-Магар бо шоирон ҳамкорӣ надоред?

-Бе робитаи эҷодӣ кори санъаткор пеш намеравад ва рушд намекунад. Агар суруди хондаат дорои маънии баланд бошад, ҳам дилнишин садо медиҳад ва ҳам зуд ба дили мардум роҳ меёбад. Ман бо шоира Меҳринисо ва устод Назрӣ Яздон ҳамкорӣ дорам.

-Аз сарояндагон бо киҳо бештар ҳамкорӣ менамоед?

-Дӯстӣ дорам, вале ҳамкорӣ намекунам. Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрофеи Кароматулло, Дилноза Каримова аз ҷумлаи дӯстони беҳтарини ман ҳастанд.

ӯи саҳна омадан орзуятон буд ё тасодуф шуд?

-Мусиқиро аз хурдӣ дӯст медоштам ва ҳамеша орзуи пайвастан бо олами ҳунарро доштам. Аммо дар баробари ин, соҳаи тиб низ ба ман писанд буд. Аз ин рӯ, пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Колеҷи тиббӣ супорида, дар баробари таҳсил ҳунари тарроҳиро низ омӯхтам. Алъон ин ду касбро ҳам хуб балад ҳастам.

-Барои санъаткор шуданатон касе зид набуд?

-Аввал монеаҳо зиёд буданд. Намедонам меҳри самимӣ нисбат ба саҳна ғалаба кард ва ё розигии Худованд буд, ки дар ин ҷодда мувафақ шудам.

-Нигина Амонқуловаро бо таронаи «Шаби маҳтоб» шинохтанд. Кадом сурудатон ба худи Шумо бештар писанд аст?

-Сурудҳои лирикиро дӯст медорам, аз ин рӯ сурудҳои «Танҳоӣ» ва «Азизам»-ро бештар меписандам.

-Аз рӯи иттилои мо вақтҳои охир сафарҳоятон ба хориҷа зиёд шудааст?

-Бале.

Аз давлатҳое, ки сафар кардед, кадомаш ба Нигина бештар писанд омад?

-Париж, пойтахти давлати Фаронса. Париж ҳар сайёҳро мафтун месозад. Ҷойҳои таърихии зиёде дорад. Умуман, сайру гашт кардан дар ин шаҳр роҳатбахш ва хотирмон аст.

-Манзараи зебое дар Париж Нигинаро ба сабти клип дар ин шаҳри афсонавӣ шавқманд насохт?

-Дар хориҷа «клип» кардан танҳо ба хотири реклама дар байни санъаткорон мӯд шудааст. Табиати ватани худамон барои сабти клип беҳтарин аст. Боду ҳавои тоза ва форами Тоҷикистони моро ҳеҷ давлати дунё надорад. Вақте сафар мекунем, хориҷиён ҳатто ба либоси миллии мо ҳасад мебаранд. Мо бояд ба воситаи «клип» ватани худро муаррифӣ намоем, манзараҳои зебои Тоҷикистонро нишон диҳем, то хориҷиён шавқманди дидани Тоҷикистон гарданд.

-Ҳангоми сафарҳои хориҷӣ фарзандатонро кӣ нигоҳубин мекунад?

-Натанҳо дар вақти сафар, балки ҳангоми дар кор буданам низ модарам фарзанди маро парасторӣ мекунанд.

Овозае паҳн шуда буд, ки гӯё Нигина дар тарбияи холааш бузург шудаасту модар надорад…? Мумкин аст ман низ суоле кунам?

-Марҳамат.

Чаро хабарнигорон чунин овозаҳои бардурӯғро пайгирӣ мекунанд ва ҳатто дар асоси як овоза бо ҳунарманд суӯҳбат меороянд?

-Ҳадафашон расонидани ҳақиқат ба мардум аст, то тавонанд хонандаро аз бӯҳтон ва бардурӯғ будани ин овоза воқиф созанд. Акнун мегӯям, ки овозаи атрофи номи ман паҳн шуда, дурӯғе беш нест. Дар ҳар мусоҳибае, ки доштам, оид ба ҳаёти оилавиам ҳарф задам. Ман то имрӯз сиреро пинҳон накардам. Ҳар чи буд, гуфтам, вале намедонам боз аз куҷо чунин овозаҳоро мебофанд.

-Ба андешаи Шумо киҳо дар бораи Нигина овоза мебофанд ва чӣ мехоҳанд?

-Фикр мекунам, ки танҳо касони бемаърифату беандеша ба ин гуна овозаҳо замина мегузоранд.

-Волидонатон чикораанд?

-Модарам муҳосибанд, падарам алъон ба нафақа баромадаанд.

— Бармегардем ба ҷоддаи ҳунар. Зани санъаткор барои анҷом додани корҳои хона низ вақт меёбад?

-Ин вобаста аст аз худи зан, агар хоҳад, албатта вақт меёбад. Ба андешаи ман ба сомон расонидани кори хона ва тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараҷаи зан аст.

-Шунидем нияти сафар ба Туркманистон доред?

-Бале, ба наздикӣ «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон» доир мегардад ва ман ҳам номнавис шудаам.

ӣ нақшаҳо доред?

-Мекӯшам дар баробари дигар ҳамкасбон, бо таронаҳои арзанда санъати тоҷикро муаррифӣ намоям.

-Нияти дар Ватан консерт доданро надоред?

-Чанд суруди дигари нотамом дорам, ки бояд вақт ёфта сабт намоям. Баъд аз пурра омода шудани ин таронаҳо консертам баргузор мегардад.

-Тахминан гуфта метавонед кай?

-Шояд пас аз ҷашни Соли нав.

-Ба мухлисон чӣ таманно доред?

-Солимию хирадмандӣ ва саодату хушбахтӣ беҳтарин ганҷи ҳар инсон мегардад. Ин ганҷҳоро аз Худованд барои ҳаводорони таронаҳоям хоҳонам.

-Муваффақ бошед.

Фарзона Муҳаммадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!