ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО: «МАН ХУДО ДОРАМ, ХУДО ДОРАМ БАС АСТ…»

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Ин ҳафта ба меҳмонии барнома Нозияиро барои он даъват кардем, ки чанде қабл баъди фориғуттаҳсил шудан аз ҳунаристони шаҳри Деҳлии Ҳинд ба Душанбе баргашта.

Вай ҳоло ба нахустин барномаи кунсертии худ, ки қарор аст дар таърихи 29 ноябр дар толори Кохи Борбад баргузор шавад, омодагӣ мегирад. Ҳамчунин, Нозия худро барои супурдани имтиҳонот аз иқтисодиёти ҷаҳон дар донишкадаи соҳибкории Тоҷикистон омода мекунад. Алқисса, хеле ва хеле, ба қавли эрониҳо, сараш шулуғ аст, аммо боз ҳам вақт ёфта ва барои посух гуфтан ба суолҳои мо ба дафтари бахши форсии Би-би-сӣ дар Душанбе омадааст.

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Нахуст аз Нозия пурсидам, ки дар чи риштае дар ҳунаристони Деҳлӣ таҳсил кардааст. Вай гуфт: «Дар консерватория ё ҳунаристони Деҳлӣ се соли аввал ман рақси клосикии “Катак”-ро омӯхтам ва баъдан ду соли дигар овозхонии клосикии ҳиндиро.»

«Ҳоло ман худамро хушбахт меҳисобам, ки дар қатори чанд нафар шогирдоне, ки мушарраф шуданд, то гувоҳиномаи дараҷаи аввалро бигиранд, ман низ будам. Барои тоҷикдухтаре, ки ҳам забонро он ҷо меомӯзад ва ҳам фарҳангу ҳунар ва ҳам рақсу суруди клосикиро, фикр мекунам чандон осон нест.”

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Аммо дар баробари таҳсил дар ҳунаристони Деҳлӣ Нозия дар донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар шаҳри Душанбе дар риштаи иқтисоди ҷаҳон низ таҳсил мекард ва аз Нозия пурсидам, ки оё таҳсил дар ин риштаро тарк кардааст?

Нозия гуфт: «На, ҳаргиз, дар ин чанд сол, ки ман дар кишвари Ҳиндустон будам, таҳсиламро дар донишкадаи соҳибкорӣ низ идома медодам, чун таҳсилам дар риштаи иқтисоди ҷаҳон дар Душанбе ғоибона буд ва ҳамасола омада, санҷишу имтиҳонотамро мегирифтам. Алъон ман донишҷӯйи соли чаҳорум ҳастам ва ҳамин шабу рӯз дар баробари омодагӣ ба баргузории барномаи кунсертӣ боз омодагӣ мегирам ба санҷишу имтиҳоноти риштаи иқтисод.»

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Ба суоли ман муҳаббати кадоме аз ин ду, иқтисод ё мусиқӣ, дар дилат бештар ҷо дорад, Нозия гуфт, ки албатта мусиқӣ.

«Таҳсил дар риштаи иқтисодиёт бештар орзӯи модарам буд, ки ман нахостам модарамро ноумед созам ва албатта як тахассуси эҳтиётӣ барои ман низ ҳеҷ бадие надорад ва шояд як замон тавонам, ки дар ин тахассус кор кунам.»

Аз ӯ пурсидам, ки дар ин синну соли ҷавон бори гаронеро бар дӯш гирифтан бароят душвор нест, ки дар ду донишгоҳ таҳсил мекунӣ ва бар замми ин, баргузории барномаҳои кунсертӣ ва сабти суруду оҳангҳоро бояд анҷом диҳӣ?

Вай гуфт: “Ман ҳамеша дар зиндаги як шиъор дорам. Ман худо дорам, худо дорам бас аст, қиблаву дасти дуъо дорам, бас аст. Эҳсос мекунам худованд бароям нерӯ мебахшад, то ман ба ҳамаи корҳое, ки ба онҳо даст мезанам, расида тавонам. Ҳамчунин, арвоҳи падари бузургворам ба ман кумак мекунад ва модари меҳрубонам ҳамеша ва дар ҳар лаҳзаи умрам ёру ёвари ман ҳастанд. Ҳамчунин, бародаронам Муҳаммадрофеъҷон ва Муҳаммадсахиҷон қуввати дили ман ҳастанд.»

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

29 ноябр нахустин барномаи кунсертии худро Нозияи Кароматулло дар толори Кохи Борбад баргузор мекунад. Албатта соли 2008 барномаеро низ бо бародараш Муҳаммадрофеъ дар кохи “Ваҳдат” дар шаҳри Душанбе иҷро карда буд, аммо дар ин барнома тозатарин оҳангҳои Нозия аз дувумин олбумаш бо номи “Гиряи ҷон” пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш хоҳад шуд.

Нахустин олбуми Нозия соли 2008 бо номи “Парвонаи хаёл” ба дасти алоқамандони ҳунараш расида буд. Дар олбуми ҷадиди Нозия бо номи “Гиряи ҷон” оҳанге ҳаст бо номи “Андӯҳи танҳоӣ”, ки мусиқии ин оҳангро Нозия навиштааст ва ба гуфтаи вай, дар навиштани шеъри ин тарона низ Нозия як андоза ҳаққи муаллифӣ дорад, албатта андаке аз дасти таҳрири шоъирон гузаштааст.

Би-Би-Си

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. jon:

    ягон арвох ёрдам карда наметавонад дар хаки падарат дуо кун аз ту умедвораст

  2. ссссв:

    2сол пеш дар тилфонхо як беодобиро дидем росташро гуед шумо будед

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!