ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СУБҲОНИ САИД: «МАН ЧӢ ШУДАМ, КИ ТУ ШАВӢ?»

Субхони Саид Cайёди Субхон

Субхони Саид Cайёди Субхон

Бо шунидани номи Сайёди Субҳон беихтиёр санъаткори варзида, овозхони писандидаи мардум Субҳони Саид ба ёд меояд. Оре, Сайёди Субҳон ҷигаргӯшаи Субҳони Саид аст ва пайроҳаи падар ӯро низ ҷониби худ кашид.

Субҳони Саид дерест, ки аз мадди назари дастандаркорони телевизиону журналистони оташнинсухан дур афтодааст. Мо ҳам бори охирин дар арафаи иди модарон бо ӯ чанд сухане радду бадал карда будему халос, ҳарчанд ба алоқа мебароем, сӯҳбатро ба вақти дигар мемонад.

Чаро? Магар дилаш аз санъат мондааст! Ҳадафи ба сӯҳбат даъват намудан Сайёди Субҳон пеш аз ҳама ба мухлисон хабар додан аз аҳволи Субҳони Саид аст. Мутаваҷҷеҳ бошед!

-Сайёд! Саломатии ситораи эстрадаи тоҷик, ҳунарманди маъруф Субҳони Саид чӣ гуна аст?

-Як сол буд, ки саломатиаш он қадар хуб набуд. Баъди он воқеаи ногуворе, ки ҷарроҳони тоҷик бо падарам карданд (пораи докаро дар ҷои ҷарроҳӣ «фаромӯш карда» дӯхтаанд) дигар саломатиашонро барқарор карда натавонистанд. Акнун аз духтурҳо ҳарос доранд. Ҷарроҳони шаҳри Свердловск падарамро дубора ҷарроҳӣ карда, он пораи докаи фаромӯшшударо аз ҷисмашон гирифтанд, вале…

-Овоза шуда буд, ки пояш ё дасташро буридаанд?

-Не, ангушти пояшро буриданд. Ҳоло саломатии падарам беҳтар аст, аммо дар хунукиҳо дардашон боз хурӯҷ мекунад.

-Бо санъат муносибаташ чӣ хел?

-Дар саҳнаҳо баромад карда гаштаанд.

— Дар кадом саҳна? Охир мо он касро намебинем-ку?!

-Дар саҳнаи мардум! Падарамро ба тӯйҳо даъват мекунанд, рафта хизмат мекунад.

-Дар замонҳои пеш минбари ҳунарманд маъракаҳои халқ буд.

-Барои ҳамин ҳам падарам ба минбари халқ рафтанд.

-Ҳамкоронаш ва дигар санъаткорон ӯро хабаргирӣ мераванд?

-Аз ансамбли «Гулшан» ду нафар ба хабаргириаш омада буданд, дигар тамом. Вақти дар беморхонаҳо табобат гирифтанашон аз ягон ҷо ягон хел ёрдам нашуд. Ҳамаи хароҷоти беморхонаҳоро худамон пардохт кардем.

-Баъзан мо байни худ баҳс мекунем, ки Субҳони Саид чӣ унвон дошта бошад: Ҳунарманди шоиста? ё Ҳофизи халқии Тоҷикистон? ё…?

-Падарам ягон хел унвон надоранд! Меҳру муҳаббати мардум унвони он кас аст. 32 сол дар ансамблҳои давлатӣ кор карданд, аммо қадрдониро фақат аз халқ диданд.

Падарат туро Сайёд ном гузошта чӣ мехост: писараш Сайёди санъат шавад ё Сайёди дили духтарҳо?

-Ман намедонам падарам бо кадом мақсад ба ман Сайёд ном ниҳодаанд, лекин ман нияту нақшаи худро дорам. Ман бояд дар шикори зиндагӣ сайди худро ёбам.

-Аввалин шикори кардаат дар ҷодаи санъат?

-Аз вақти дар синфи 3 хонданам орзу мекардам, ки монанди падарам номдор гардаму муроди худро аз санъат ёбам. Афсӯс, ки дастгирӣ надорем, вагарна метавонем дар арсаи олам санъати тоҷикро муаррифӣ намоем. Шукр, овози худодод дорем.

-Гурӯҳе дорӣ ё шомили ансамбле ҳастӣ?

-Гурӯҳе дорам бо номи «Бозгашт». Нӯҳ нафар аъзо дорем.

-Як тими футбол?

-Ҳа, як тими футбол!

-Чанд вақт аст, ки ситораҳо бо командаашон футбол бозӣ мекунанд. Бо онҳо ҳамроҳ нестӣ?

-Ман аз ҷангу ҷанҷоле, ки аз паси футбол мехезад, безор ҳастам. Худованд бароям санъатро додааст, ҳамин машғулият бароям басанда аст.

-Суруде, ки бо он Сайёди Субҳонро шинохтанд?

-Ба фикрам ин суруди «Фарзанди падар» аст. Ман 25 –сола шудаам ва дар ҳамин умри кӯтоҳам шоҳиди он ҳастам, ки дар оилаҳо миёни фарзандони падар меҳру муҳаббат намондааст. Қариб дар ҳар оила миёни акаю додару хоҳарон чи қадар ҷангу ҷидолу нофаҳмиҳост. То дараҷае, ки ҳамдигарро чашми дидан надоранду дар баъзе ҷойҳо ба рӯи ҳамдигар корд мекашанд. Оҳанги сурудро амакам Сӯҳроби Саид сохтааст.

Ӯ ҳам санъаткор аст?

-Санъаткор буд, аммо чун дастгирӣ наёфт қатори садҳо фарзандони болаёқати Ватан ба қатори муҳоҷирони меҳнатӣ дохил гардид. Вай ҳоло дар шаҳри Маскав аст. Онҳое, ки роҳи Сӯҳробро баста буданд, имрӯз пушаймонанд. Чанд маротиба шуд, ки занг зада хоҳиш мекунанд то ӯ баргардад, аммо…

-Як пора аз суруди «Фарзанди падар» бихон…

-Борони баҳор мекунад сабзара тар,

Дар ҳаққи ту сӯхтам фарзанди падар.

Фарзанди падар эй риштаҳои ҷонам,

Номакта гирум бишканад армонам…

-Матни шеър аз кист?

-Матн аз як ҷавонмарди кушкакист.

-Сайёд, оиладор ҳастӣ?

-Бале, соҳиби як фарзандам.

Мо бо бисёр санъаткорон сӯҳбат мекунем, аксари онҳо ба саволи «Мехоҳед, ки фарзандатон санъаткор шавадҷавоб медиханд, ки «Намехоҳем он азоберо, ки мо кашидем фарзандамон кашад». Субҳони Саидро низ роҳаш дар санъат ҳамвор набуд. Натиҷаи кори 32 солааш он шуд, ки бе унвон, бо тани ранҷур барои дарёфти рӯзӣ дар маъракаҳо мегардад. Чи хел дидаю дониста Сайёдашро ба ҷодаи санъат раҳнамоӣ кард?

-Соли 2001 вақте аз падарам хоҳиш намудам, ки маро дар санъат роҳнамоӣ кунанд, гуфтанд: «Ман чӣ шудам, ки ту шавӣ?» Ростӣ, аз ин гап ҳайрон шудам, зеро аз азобҳои кашидаи падар бехабар будам. Акнун фаҳмидам, ки санъаткор шудан бисёр мушкил будааст.

-Шунидем, ки дар Афғонистон барои як диски Субҳони Саид се диски Аҳмад Зоҳирро медодаанд?

-Ин гап рост аст. Худи ман шоҳиди он будам, ки афғоне 10-то диски Аҳмади Зоҳирро овард, то барояш як диски падарамро диҳем.

-Субҳони Саид ба нафақа баромадааст ё на?

-Субҳони Саид то рӯзе, ки ҳаст аз дастархони халқ нон мехӯрад. Нафақа ба вай чӣ лозим?!

-Субҳони Саид чанд зан гирифтааст?

-Субҳони Саид сето зан гирифтааст. Якумаш модари ман. Имрӯз падарам ба 50 даромадаасту модарам ба 45. Сабаби ҷудошавии онҳоро ба ҷуз Худованду худашон касе намедонад. Сабаби аз зани дуюм ҷудо шуданашонро аз падарам пурсед.

-Сеюмаш?

-Сеюмаш Шаҳнозаи Шуғнонӣ. Падарам ӯро ба занӣ гирифтанду… лекин ҳоло нест. Инашро ҳам беҳтараш аз падарам пурсед.

-Чаро вақтҳои охир Субҳони Саид аз сӯбат бо журналистон дурӣ меҷӯяд?

-Бисёр дилмонда шудаанд, аз санъат! Як суруд тайёр кардаанд, ки шарҳи ҳоли худашон аст.

Саропо оҳи сӯзонам, Худоё!

Парешонам, парешонам, Худоё!

Дар ин меҳнат саропо ғуссаю ғам,

Ба даргоҳи ту нолонам, Худоё!

-Дар бораи худат ҳам овозаҳо паҳн мекунанд?

-Ҳа, боз чи хел овозаҳо: «Сайёди Субҳон суруд надорад», «Сайёди Субҳон майзада шудааст!» ва ғайра. Аввал рӯҳафтода шудам, аммо баъд фикр кардам, ки рӯҳафтодагӣ шикасти ман мешавад. Бинобар ин бар алайҳи иғвогарон ба кор часпидам. Насиб бошад, то моҳҳои январ албоми худро мебарорам.

-Орзуи Сайёди Субҳон ба мухлисон?

-Мухлисони ману падарам дар куҷое бошанд, сарбаланд бошанд!

-Муваффақ бошед!

У.Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. шухрат ))))):

    язначонумда гап нест кати тагоям бисйр хуб мехонанд !!!

  2. Сайф:

    Офарин ба Шумо! Ман хеле мухлиси ашадии Огои Субхон хстам. Худам Узбекистониям. Аммо рузхои охир аз холашон бехабар будам. Ируз хабар ёфтам. Хеле шод шудам, ки холо низ дар эчод хастанд. Оё шумо метавонед гуед, ки кулли сурудхои Субхони Саидро ман аз кучо дарёбам.

    • Jonon:

      Бародар, кулли сурудхои устод ситораи эстрадаи тоҷик, ҳунарманди маъруф, Субхони Саидро, танхо аз худи худашон гирифтан мумкин. Якчанд сурудхояшонро мо мухлисон дар сахифаи vk.com ворид намудем, аз он чой хам гуш кардан мумкин. Мархамат!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!