ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ОЁ САНЪАТКОРОН САРВАТМАНДАНД?

Ситорахо

Ситорахо

Вақте санъатро интихоб кардед, чиро аз он интизор будед: шӯҳрат, сарват ва ё …? Барои ҷавоб гирифтан ба ин савол ба якчанд ҳунармандони шинохта муроҷиат намудем, инак посухи эшон.

Ширинмоҳ Ниҳолова:

НА ШӮҲРАТУ НА САРВАТ, БАЛКИ…

— На шӯҳрату на сарват, балки меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба санъат бандаро водор сохт, ки рӯ биёрам ба саҳнаи ҳунар. Бароям аз ҳама муҳим ба боварии халқ сазовор гаштан буд, ки ман бо як орзуву умед ба рӯйи саҳна қадам гузоштам. Баъдан пеши Худои меҳрубон шукргузорам, ки бароям истеъдоди хуби овозхониро ҳадя намуду ман маҳз бо он миёни мардум муаррифӣ шудам.

Имрӯз ифтихор аз он мекунам, ки мардум маро ҳамчун ҳунарманд эътироф намуда, ҳунарамро қадр мекунанд. Ба фикри шахсии ман, иззату икроми шахс дар ҷамъият ва қадр кардани ҳунари ӯ беҳ аз ҳама ганҷинаву сарвати ҷаҳон мебошад. Санъаткори асил бояд барои фардои дурахшон ва аз худ номи нек боқӣ гузоштан заҳмат кашад, на ин ки барои сарвату шӯҳрат.

Парвина Юсуфӣ:

МЕҲР МАРО БА САҲНА ОВАРД

– Овозхонӣ шуғли дӯстдошта ва орзуи деринаи ман буд, ки аз хурдӣ то ба имрӯз маро думболагирӣ намуда, ба қуллаҳои мурод расонид. Мақсади ман аз интихоби ин касб рози қалби дигарон шунида тавонистан, бо онҳо ҳамроз будан, аз дили мухлис огоҳ шудан ва дар замири онҳо ҷой гирифтан, яъне шунавандаи хешро пайдо кардан буд. Ман ба хотири пулу сарват ба саҳна наомадаам, бандаро истеъдоди Худододиям ба рӯйи саҳнаи муқаддас овард ва аз интихоби ин касб пушаймон нестам, баръакс, аз овозхон буданам ифтихор мекунам.

Шаҳроми Абӯбакр:

САНЪАТКОРОН БОЙ НЕСТАНД

– Пеш аз ҳама мехоҳам ба диққати мухлисонам, умуман, ба самъи онҳое, ки санъатдӯстанду суруду мусиқиро мепарастанд, расонам, ки ягон ҳунарманди тоҷик, бахусус дар Тоҷикистон аз даромади тӯй, суруд ва фурӯши албомҳои худ, хонае насохтааст ва ё мошине нахаридааст, ки аз сарвату шӯҳрати санъат бинозад. Мақсади ҳамаи мо, ҳунармандон аз сидқи дил ба халқу миллат хизмат кардан аст, на барои пулу молу шӯҳрат.

Баҳодури Ғаффурзод:

БЕПУЛӢ БАДБАХТИСТ

— Меҳри овозхонӣ аз давраҳои наврасӣ дар қалбам ҷо гирифта буд. Сурудхониро аз чорабиниҳои боғчаю мактаб оғоз кардам. Ана, ҳамон меҳре, ки ҳанӯз аз наврасӣ дар қалбам лона гузоштаю мисли дарахт реша мекард, бандаро рӯи саҳнаи ҳунар овард. Овозхонӣ ҳарчанд касби серталабу пурзаҳмат аст, лекин боре ҳам аз интихоби он пушаймон нашудаам. Агар аз нав ба дунё биёям боз роҳ пеш мегирам сӯи санъат ва интихоб мекунам пешаи овозхониро. Албатта, сарвату пул ҳам лозим, чунки пул доштан дар ҷамъияти имрӯза хушбахтӣ нест, вале бепулӣ аниқ бадбахтист.

Гулрӯ Табарова:

ТАВАҶҶӮҲИ МУХЛИСОН БАРОЯМ САРВАТ АСТ

— Фикр мекунам, ки ҳар як инсон касбро на ба хотири пулу мол, шӯҳрату муҳаббат, балки барои он интихоб мекунад, ки аз айёми наврасӣ орзу мекард, дӯст медошт он касбро. Аслан ман санъатро ба хотири сарват ва ё шӯҳрат интихоб накардаам, меҳр, муҳаббат, шавқ, ҳавас, орзу ин ҳама дар дил буданд, ки маро яку якбора рӯи саҳна оварданд. Аз кӯдакӣ ният мекардам, ки оянда санъаткор шавам ва оқибат орзуям амалӣ гашт. Баростӣ, на фикри шӯҳратро мекунаму на аз чизи дигарро, таваҷҷӯҳи мухлисон бароям ҳам шӯҳрат асту ҳам сарват ва ҳам меҳру ҳам муҳаббат.

Мусоҳиб Наврӯзи Хуррамзод, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!