ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

CУРУШ ХОЛОВ: «БАЙНИ МО ҲЕҶ ГОҲ РАҚОБАТ НАХОҲАД ШУД»

Суруш Холов

Суруш Холов

Номи ин се нафар ҳунармандони як оила, яъне Исматулло, Суруш ва Нигора кайҳост, ки дар байни хурду калон ошносту маҳбубияти зиёде дорад. Воқeан ҳам, Худованд ба Cуруш лутфро арзонӣ доштаву ҳанӯз аз овони кӯдакӣ овози фораму лаҳни ширине ато намудааст.

Ӯ ба ҷавониаш нигоҳ накарда, сабку услуби ба худ хосе дорад ва дар олами ҳунар мавқеи худро ёфтааст ва бе санъат зиндагии худро тасаввур карда наметавонад. Суруд маънои зиндагиаш аст. Вай ханӯз ҳам худро дар олами афсонаҳои зебои кӯдакӣ тасаввур мекунад. Зеро хеле ҷавон аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин Суруш як нафар ҷавони хоксору меҳрубонест. Ботамкинона сухан мегӯяд. Кибру ғурур барояш бегона аст.

Ӯ хатмкардаи мактаб-интернати мусиқии ба номи Малика Собирова буда, айни замон донишҷӯи Консерваторияи миллӣ аст. Бо дархости хонандагони азизи ҳафтаномаамон лозим донистем, ки бо ин ҳунарманди ҷавону хушсалиқа ҳамсӯҳбат гардида, пешкаши ҳаводоронаш гардонем.

— Сурушҷон, дар зиндагӣ ба кӣ эътиқод доред?

— Аввал ба Худованд, сипас ба падари азизам эътиқод дорам.

— Шинохта будани номи падар шуморо мададгор аст?

— Албатта, ҳам номи падар ва ҳам худашон дар ҷодаи ҳунар моро хеле зиёд мададгору маслиҳатгаранд. Дар ин ҷода моро бо заҳмати беандоза роҳгардон намуданд гӯем, хато нахоҳад буд. Акнун мо якҷоя суруду мусиқиро коркард мекунем ва пешкаши мухлисони азиз хоҳем гардонд.

— Шояд албоми нави якҷояро низ бароварданӣ ҳастед?

— Иншоолоҳ, айни замон барои таҳияи албоми нав, ки иборат аз сурудҳои муосир ва аз ашъори бузургон аст, оғоз намудаем ва дар муддати кӯтоҳтарин онро ба мухлисони азизи худ пешкаш месозем.

-Сурудҳои муосир гуфтед?

-Бале, имрӯзҳо бо шоирони давр Муҳаммад Ғоиб, Ҳабибулло Нозирӣ ва Нуруллои Ориф ҳамкории эҷодӣ дорем ва онҳо дар интихоби шеърҳои олӣ ба мо кӯмак мерасонанд.

– Сурушҷон, шумо боре ошиқ шудаед? Умуман бо ишқ хонадор шуданро меписандед?

— Албатта, ишқ ҳиссиёти ҷигарсӯзест. Инсонро зебо мегардонад ва зиндагиро ширину гуворо месозад. Аммо то ҳол ман ба ишқи ҳақиқӣ дучор нагаштаам. Дар мавриди хонадоршавӣ бошад, албатта, падару модарам, ки таҷрибаи бои ҳаётӣ доранд, бигзор ин проблемаи онҳо бошад. Ман боварӣ дорам, ки онҳо дар интихоби арӯси ояндаи ман хато нахоҳанд кард. Одами ҷавон аз бетаҷрибагӣ шояд ба хатогӣ роҳ диҳад.

— Умуман, чӣ гуна духтарро бонуи хонадони худ дидан мехоҳед?

— Ҳар як ҷавон орзу дорад, ки ҳамсари ояндааш духтари бомаърифату боодоб ва соҳиби тамоми фазилатҳои неки инсонӣ бошад. Ман ҳам инсони заминиам ва чунин хоҳишро дорам.

-Шумо бо Нигора зиёд баҳс мекунед, ё ки байни шумоён рақобате вуҷуд дорад?

— Не, ҳаргиз Худо нишон надиҳад рақобати акаву хоҳарро. Мо умуман баҳс намекунем. Дар бораи суруду оҳанг аҳли оила ба якдигар маслиҳат медиҳем, ҳамдигарро пурра мекунем, ҳатто модарам маслиҳатгари моанд.

— Модар дар зиндагии шумо чӣ нақше доранд?

— Модарҷони меҳрубонам, ягона мунису ғамхорам. Чӣ қадар меҳри беандоза дорам нисбати ин шахси соҳиби дили бузург. Барои мо ҷонашонро дареғ намедоранду заҳмати беандоза мекашанд. Агар дер оем, дилхун мешаванд, аз муваффақияту барори кори мо мисли кӯдак шод мешаванд. Илоҳо модари ман ва тамоми модарони дунё ҳамеша саломат бошанду моро парасторӣ кунанд.

— Кадом чизро дар худ меписандед?

— Магар кас метавонад худаш дар бораи худ баҳо диҳад. Дар ин бора чизе наметавонам бигӯям.

— Агар коратон омад накунад, алами онро аз дигарон мегиред?

— Ҳеҷ гоҳ наметавонам «алами Исоро аз Мусо гирам». Зеро чунин рафтор аз рӯи одоб нест. Ман ботамкиниро риоя мекунам.

— Агар дар ҳаққатон бадиеро раво бинанд-чӣ?

— Ҳаволаи бадкоронро ба Худованд месупорам.

— Боре аз ягон рафтори хеш эҳсоси пушаймонӣ кардаед? Аз интихоби касбатон чӣ?

— Албатта, инсон дар бисёр маврид аз ҳарфи ноҷогуфтааш изҳори пушаймонӣ мекунад. Аммо ман он қадар беандеша нестам, ки касеро сахт ранҷонам. Аз ин хотир чунин эҳсос бароям бегона аст. Аз пешаи худ қаноатмандам ва аз Кирдигор барои атои ҳунар шукргузорам.

— Шумо бевафоӣ дидаед?

— Не, барои чӣ?

— Охир баъзан дар сурудҳоятон оҳанги шиква аз бевафоии ёре ба гӯш мерасад….

— Ман асосан дарди дили ҷавонҳои ошиқро месароям. Дарди дили дигаронро аз ҷавшани ҷони хеш мегузаронам.

— Кадом ҷашн дар оилаи шумо мисли анъана қайд карда мешавад?

— Соли нав ва тамоми ҷашнҳои миллӣ дар хонаи мо қайд карда мешавад. Ҳамаи аҳли оила гирди дастурхони идона нишаста хурсандӣ мекунем.

— Таманиёти шумо ба мухлисонатон?

— Ба мухлисони азизам ва ҳамаи хонандагони ҳафтаномаи «Дилкушо» таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар хонадонашон тинҷиву оромӣ ва ҷашну хурсандиҳо шавад ва мо ҳозирем, ки шарики шодию фараҳи мардуми азизамон бошем. Сиҳатмандиву ободии тамоми мардуми рӯи олам орзуи ҳамешагии мо санъаткорон аст.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ! Ҳеҷ гоҳ овозатон хаста нагардад!

— Саломат бошед.

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. СУРУШ= НИГОРА ХАМЕША ДАР БАХТИ МУХЛИСОНАТОН СИХАТ САЛОМАТ БОШЕТОН ДАР ХОНАДОНАТОН ХАМЕША ХУШБАХТИВУ ХУРСАНДИ ХЕЧ ВАКТ КАНДА НАШАВАД.ОМАД ХАМЕША ХАМРОХОЯТОН БОШАД

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!