ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИН: «БА ДАСТИ РОСТАТ ХАЙР КУН, КИ ДАСТИ ЧАПАТ НАФАҲМАД»

САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН

САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН

Садои ширину таронаҳои пурмазмун Садриддинро миёни мардум шӯҳратёр намуд. Ҳунару истеъдоди ӯро ҳамагон қадр мекунанд, дӯсташ медоранд, эҳтиромаш менамоянд. Воқеан ҳам, ин марди ҳунар истеъдоди хуби сарояндагӣ дорад…

Cадояш гӯшнавозу илҳомбахш аст, касро аз дарду ғам дур сохта, ба дунёи дигар мебарад, дунёи ишқу муҳаббат, дӯстдорию вафодорӣ, дунёи орзуҳои ширин… Бале, ӯ аз ишқ месарояд, зеро худ ошиқ аст, ошиқ ба ин зиндагии зебо, ошиқ ба суруду мусиқӣ, ошиқ ба зебогиҳои олам…

Аз хонадони ҳар як тоҷикистонӣ садои ӯ ба гӯш мерасад, ҳамагон сурудҳои ӯро мешунаванду ҳунарманди асил буданашро ёдовар мегарданд. Садои ӯ Худододист, оре, Худо ба ӯ чунин овози форамро ато намуда. Сӯҳбате доштем бо Садриддини Наҷмиддин, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони гиромӣ менамоем.

— Чун ба наздикӣ соли нави мелодӣ фаро мерасад, оё Садриддини Наҷмиддин барои мухлисонаш ягон таронаи наве омада карда бошад?

— Чаро не? Кӯшиш дорам, ки то фарорасии соли нав як тарона не, балки якчанд сурудҳои навамро ба мухлисони азизам пешкаш созам.

— Яъне албоми нав?

— Бале.

— Пас мухлисонатон метавонанд дар арафаи соли нав албоми навбатии шуморо ҳамчун тӯҳфаи идона интизор бошанд?

— Албатта.

— Хеле хуб, агар нафаре аз онҳо маросими арӯсӣ дошта бошаду шуморо ба он даъват кунад, меравед?

— То имрӯз хоҳиши ягон мухлисамро рад накардаам, зеро онҳоро эҳтиром мекунам, чун модар, падар ва бародару хоҳар дӯсташон медорам ва тайёрам (албатта агар имкон дошта бошам) хизматашонро бикунам.

— Оё боре ба маъракаи ягон ҳаводоратон бе пул рафта хизмат кардаед?

— Борҳо. Ба наздикӣ духтаре бо падараш ба хонаам омада, гиря карда гуфт, ки шароити хуби зиндагӣ надоранд, аммо мехоҳад дар тӯяш ман ҳофизӣ кунам. «Агар қабул кунед, охирин чизе, ки дорам ҳалқаҳоям ҳастанд ва онҳоро ба шумо медиҳаму илтимос хоҳишамро рад накунед, ба тӯям ташриф оред, агар шумо, бародар ба тӯи арӯсиам наравед, ман аз баҳри шавҳар мегузарам, тамоман хонадор намешаваму тӯй ҳам намекунам» — гирякунон мегуфт духтар.

Магар пас аз шунидани чунин суханон метавон хоҳиши он духтарро рад кард? Агар дил дошта бошӣ, ҳаргиз наметавонӣ бигӯӣ, ки не, ман ба тӯи ту намеравам. Албатта, рафта хизмат кардем, маъракаи он хоҳарро обод намудем ва аз мо миннатдор шуданд. Миннат нашавад, боз маъракаи чандин нафарони дигарро низ ҳамин гуна гузарондем.

-Ғайр аз ин боз чӣ корҳои хайрро анҷом додаед?

— Мегӯянд, ки ба дасти ростат хайр кун, ки дасти чапат нафаҳмад. Барои ҳамин, намехоҳам, корҳои неке, ки банда анҷом додаам, бигӯям, бигзор онҳоро худам донаму Худо.

— Фикр мекунам, ба тӯйҳо хеле зиёд меравед…

— Қариб, ки ягон рӯз бекор нестам, баъзан рафиқонам ҳазл карда мегӯянд: «Аз кадом мулло тумор гирифтаӣ, ки ҳар рӯз дар маъракаӣ…»

— Мегӯянд, ки зери ҳар шӯхӣ ҳақиқате ниҳон аст…

— Бовар кунед, то имрӯз барои пеш рафтани корҳоям назди ягон фолбине нарафтаам ва боре ҳам тумор нагирифтаам. Охир ризқу рӯзии инсон дар дасти Худованд аст, на фолбинҳо, ояндаи ҳар яки моро танҳо Парвардигор медонаду халос.

— Умуман, ба фолбинҳо боварӣ доред?

— Не, ҳатто ба ҳамин чизҳо сарфаҳм намеравам.

— Нигоҳи Садриддин ба зан – ронанда чӣ гуна аст?

— Албатта хуб аст, пештар ман дар давлатҳои хориҷа сари чамбари мошин нишастани занҳоро медидам, аммо имрӯз, хушбахтона, дар Тоҷикистони мо низ бисёр ба чашм мерасад, ки занҳо ронандагӣ мекунанд, яъне сари чамбари мошин менишинанд, ки ин пешравист, фақат тез наронанд, шуд. (механдад)

— Чӣ хислатро дар симои зани тоҷик намеписандед?

— Ғарбгароиро. Солҳои охир шумораи занҳое, ки ҳам дар сару либос ва ҳам дар рафтору гуфтор ба ғарбиён тақлид мекунанд, зиёд шудааст. Охир ҳар як миллат расму ойин ва либоси ба худ хосро дорост, ҳамин тавр не?

— Бале.

— Занҳо бояд либоси миллии худамонро ба бар намоянд, атласи зебо, чаканҳои гулдӯзии бисёр ҳам зебанда…

— Яъне шумо зидди либоси аврупоӣ пушидани занҳо ҳастед?

— Акнун ман наметавонам бигӯям, ки занҳо бояд тамоман либоси аврупоӣ напушанд, зеро ҳуқуқ надорам, баъдан ҳар як инсон дар интихоби сару либос озод аст, аммо баъзан духтарони бисёр ҳам зебои тоҷикро дар як либосе мебинем, ки… Шояд гуфтан айб бошад, аммо наметавонам ин масъаларо нагӯям. Онҳо доману нимтана (кофтаюбка) – ҳое мепушанд, ки тамоми аъзои баданашон менамояд. Гӯё эшон баъзе узвҳои баданашонро, ки дидани онҳо мумкин нест, ба намоиш гузоштаанд. Магар ин аз рӯи одоб аст?

— Ба занҳои нос ва сигоркаш чӣ баҳо медиҳед?

— Ин масъаларо дарди ҷомеа гӯем, шояд хато нашавад, зеро пештар мо медидем, ки мардҳо нос ва сигор мекашиданд, бадбахтона, имрӯз баъзе занҳо низ ба ин чиз рӯ овардаанд, ки ин хеле аламовар аст. Аслан кашидани носу сигор хоси зан нест, зан бояд як латофату нафосату назокати занона дошта бошад.

— Пушида нест, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо бисёрзанӣ авҷ гирифта истодааст…

— Фикр мекунам, ки ин як худнамоӣ аст, як гулу як баҳору як навбат барои инсон бас аст. Масалан, вақте мо ҷевонро мекушоем, албатта дохили он пур аз либос аст, аммо аз миёни онҳо мо танҳо ҳамонеро интихоб мекунем ва мепушем, ки бароямон писанд аст, дӯсташ медорем. Либосе, ки ба соҳибаш маъқул бошад, вай кӯҳнанашаванда аст, зиндагӣ ва оиладорӣ низ монанди ҳамин аст. Инсон бояд кӯшиш намояд, ки бо як бахту бо як тахт бимонад, бо ду – се зан зистан ба андешаи ман зиндагӣ бе маъно мешавад.

— Аз рӯи шунидам, санъаткорон байни худ рақобати сахт доранд…

— Дар ҳама касбу кор рақобат ҳаст, бе ин намешавад. Рақобат хуб аст, ба он шарте ки он солим бошад.

— Ратфу рақобати рақибатон ба зиндагии шахсии шумо халал расонад…

— Ӯро ба Худо месупорам.

— Аксари санъаткорон барои интихоби сару либос ва ороиши мӯю рӯй маслиҳатгари махсус доранд. Шумо чӣ? Дар ин масъала шояд янга маслиҳатгари шумо бошад?

— Рости гап, ман ба либос он қадар таваҷҷӯҳ надорам, чунки хоксор гаштанро дӯст медорам.

— Барои сӯҳбат ташаккур.

Сӯҳбаторо Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. садриддин дай номер телфон

  2. ман туро дар одноклоссники мондаги

  3. Komron:

    Salom barodar ! man mekhoham az shumu yak chiz pursam oyo shumu ya gon shurudi rusi yo angilisi namekhoned va shak nadorad tojikihamboshad meshavadu ohangash bassi bisyor doshtaboshad agar iloj boshad , ba man hammai surudhoi Shumo magul neki inash meshid boz peshravi ! Komron az nomi dunishjuvoni Tojik da Malaysia Dar panohi Khudo!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!