ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ЁДИ КАРОМАТУЛЛОҲИ ҚУРБОН МОРО ДИЛХУН МЕКУНАД

Мухаммадрафи, Нозия, Кароматулло

Мухаммадрафи, Нозия, Кароматулло

Сарнавишт ба Кароматулло бераҳмӣ кард. Кароматулло, он ҳунарманди беҳамтои давр дар айни авҷи ҳунари хеш аз дасти нотавонбине бераҳмона ба қатл расиду дилҳои мардуми ҳунардӯст хунчакон гашт.

Ҳарчанд марг анҷоми зиндагии шахсиятҳо нест, вале мебояд дар фироқи чунин як ҳунарманди асил талх гиря кард. Замони тавлид ва фарҷоми зиндагиии Кароматулло як фосилаи хеле кӯтоҳ аст, аммо умри пурбаракат ва нақши созгори ӯ монданист. Даргузашти ӯ фоҷиае барои мусиқии тоҷик аст, вале таронаҳову оҳангҳое, ки Кароматулло ба мардум ҳадя кард, дар хазинаи тиллоии қалби мо боқӣ мемонад.

Ӯ дар дилу дидаи мардум ҳамеша зинда асту номашро бо некӣ ёд мекунанд. Мардуми ҳунардӯст ҳамеша ба як саволи хеш ҷавоб намеёбад, ки агар ӯ имрӯз дар рӯйи замин мегашту ғазалхонӣ мекард, ба кадом инсон зарар мерасонд ва ҷойи киро дар ин даҳри пурғавғо мегирифт? Мо, мухлисон, ҳар дафъаи дар оинаи нилгун дидани он ситораи нотакрори тоҷик ашки ҳасрат мерезем. Ба гуфти Иқболи Лоҳурӣ:

Саҳар мегуфт булбул боғбонро:

«Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд.

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад».

Оре, ӯ умри гулро дид, аммо умри дигаре ҳунарманди хунёгарро оғоз шуд. Зеро имрӯзҳо номи ду нафар ҳунармандони ҷавону умедбахш, фарзандони он ҳофизи нотакрори давр — Нозияву Муҳаммадрафӣ байни мардум вирди забонҳост. Онҳоро мардум дар даричаи дили худ ҷой додаву азизу гиромӣ медоранд, зеро дар симои ин ду нафар Кароматуллои гумкардаи хешро пайдо намудаанд.

Инак, мо боз зодрӯзи ин ҳунарманди беназирро бо дили садпораву қалби хунчакон ҷашн мегирем ва дили худро андаке таскин медиҳем, ки ду нафар ҷигарбандони ӯ барои тасаллии дили ҳаводорони бешумору пур кардани ҷойи холигаштаи ӯ рӯйи саҳнаи ҳунар номи падарро зинда медоранд. Онҳо мисли малҳаме ҳастанд ба қалбҳои гумҷӯи мо, ки ба ибораи мардумӣ барояш «диламон гум мезанад».

Имрӯз мактабу сабки ҳунари ӯ байни сарояндагон то ҳанӯз побарҷост ва давомдиҳандагони ҳунараш рӯз аз рӯз афзунтар мегарданд. Шунидем, ки ҳамсари шодравон Зулфия китоби хотираҳои худро навишта истодааст, ниҳоят масрур гаштем, зеро ин китоб дар арафаи 50-солагии Кароматулло ба табъ расида, барои ҳаводорони ӯ чун ҳадяи гаронбаҳо дастрас хоҳад шуд.

Кароматулло орзу дошт, ки ба Деҳлӣ сафар намуда, дар Консерваторияи он ҷо таҳсил намояд ва консертҳои худро байни мардуми ҳинд баргузор кунад, аммо афсӯс, ки ҳамаи он орзуҳоро бо худ зери хок бурд. Имрӯз фарзандони ӯ мекӯшанд, ки орзуҳои бахокбурдаи падарро амалӣ созанд. Нозия аз пайи орзуҳои неки падар гашта, Донишкадаи ҳунарии Деҳлиро хатм намуд. Муҳаммадрафӣ низ зимни сафари ҳунариаш ба Ҳиндустон ҳамноми хеш, устоди ғоибонаи падар — Муҳаммадрафиро суроғ кардааст.

— Муҳаммадрафиро падарам устоди ғоибонаи хеш пиндошта, сабки ӯро хеле зиёд эътироф менамудаанд. Он замонаҳо шояд имконияти дидори одамони хориҷӣ маҳдудтар будааст. Гарчи насиби дидори он марди бузург муяссарашон нагашт, маро чунин номгузорӣ намуда, ормони хешро шикастанд.

Ман ба хотири шод кардани рӯҳи бузурги падар ҳангоми сафари хеш ба Ҳиндустон Муҳаммадрафиро пурсон шудам. Он мард чандин сол пештар, ба синни пирӣ норасида вафот намуда будааст. Ҳаммаслакону ҳамкорони ӯ номи маро шунида, аз эътиқоди зиёди доштаи падарам огоҳӣ ёфтанду ниҳоят шодмон гаштанд. Сурудхонии маро хеле хуш қабул намуданд.

Имрӯз танҳо зикри хайраш Кароматуллоро дар қалби ҳазорон мухлис зинда медорад. Мо, мухлисони ҳунараш дар ин сатрҳои пургудоз эҳсоси пурсӯзтарини хешро наметавонем аз давраи ҷавониву авҷи ҳунари ӯ ифода кунем, зеро хеле гарон аст. Вале худро таскин медиҳем, ки номи ӯ, ҳунари нотакрораш дар лавҳи дили ҳаводоронаш ҷовидонӣ хоҳад монд. Зеро:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.

Шаҳрбону Тошева, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!