ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ СӮҲРОБИ САФАРЗОД (ВИДЕО)

Cӯҳроби Сафарзод

Cӯҳроби Сафарзод

Дирӯз, 11-уми декабр, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Ҳаёти нави наҳри Душанбе, дар он маҳаллае, ки Сӯҳроби Сафарзод ба дунё омадааст, маросими намози ҷанозаи ӯ баргузор гардид.

Дар ин маросим ба ҷуз аз пайвандону хешон боз алоқамандон ва мухлисони ҳунари волои ин овозхони шинохтаи кишвар ҷамъ омада буданд. Дар байни издиҳом чеҳраҳои маъруф ва машҳури санъати тоҷик, алалхусус, мусиқии попи Тоҷикистонро дидан мумкин буд. Хабарнигорони сомонаи «Рӯзгор» дар маросими намози ҷаноза ва бахоксупории ин овозхони соҳибистеъдод ширкат варзида аз ин маросим гузориши видеоиеро таҳия кардаанд, ки ҳамакнун пешкаши шумо муштариёни гиромӣ мегардонем.

ҲОҶӢ ИСМОИЛ: «ИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ МУХАДДИР ХУДКУШИСТ»

Қабл аз гузоштани намози ҷаноза Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода як тан аз уламои маъруфи дини мубини ислом дар Тоҷикистон, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Ҳисор дар мавъизаи худ асосан дар бораи падидаи номатлубе, ки миёни иддае аз овозхонҳои ҷавони тоҷик паҳн шудааст, яъне истеъмоли маводи мухаддир ҳарф зад. Ӯ дар суханронии худ азҷумла чунин гуфт:

«Ҷавонони азиз, аз фурсат истифода бурда ман ба шумо мегуфтам:

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,

Фасли гул мегузарад лаззати бӯ мемонад.

Ин ҷаҳон косаи даврест барои ҳама кас,

Ҳама чиз мегузарад дидаву рӯ мемонад.

Ҷавонони азиз, ин умре, ки Худованд ба мову шумо додааст, ин умр барои имтиҳон аст. Мо ҳамчун имтиҳонсупоранда дар назди Худованд ин зиндагиро сипарӣ мекунем. Мо ин дунёамонро чӣ гуна месозем? Ин дунёамонро «аддунё ҷиффатун ва толибуҳо каллоби» месозем. Дунё ҳаромист ва толиби дунё сагонанд.

Дунёталабон зи ҳирс мастанду ҳама,

Мӯсокушу фиръавнпарастанд ҳама.

Он аҳд ки бо Худо бастанд ҳама,

Аз баҳри дирам ҷумла шикастанд ҳама.

Ё ин дунёямонро «Аддунёу мазраатул охирати» мекунем. «Дунёамонро киштгоҳи охират» мекунем. Ба дунё тавон охират ёфтан. Ҷавонони азиз, як балое имрӯз байни ҷавонони мо сайр мекунад, ки маводи мухаддира мегӯянд. Аксарияти ҷавонони боистеъдоди мо қурбони ана ҳамин фасод гаштаанд. Мавлонои бузург дар «Маснавии маънавӣ» дар боби ахлоқу одоб як гап мегӯяд:

Аз Худо ҷӯем тавфиқу адаб,

Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Ҷавонони азиз, истеъмоли маводи мухаддира инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад. Вақте, ки инсон аз истеъмоли маводи мухаддира мемирад, ӯ гӯё, ки ба худкушӣ даст задааст. Барои ҳамин ҷавононе, ки инҷо истодаед, мо аз Шумо як талаб дорем, чаро ҷанозаҳоро шиор мекунанд? Чаро ҷанозаҳоро бардошта болои ӯ ҷома мепӯшонанд ва меоранд? Маънояш ин аст, ки он ба мову шумо ҳушдор медиҳад, ки

Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,

Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.

Имрӯз гӯшаки телефонро мебардорӣ, мегӯянд, ки Сӯҳроби Сафарзод мурд. Фардо навбати ману шумо ҳаст. Фардо мову шуморо болои ҳамин чаҳорчӯба бардошта меоранд. Худой накарда агар ҷавоне ба истеъмоли маводи мухаддира машғул бошад, гӯшатонро бигиред ва тавба кунед дар назди Худо. Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ. Ту агар бар болои нафси худ амирӣ, ана мард шумо ҳастед! Одам бояд худро идора карда битавонад. На ин ки ин умри азизе, ки Худованд ба ӯ додааст, ӯро бо истеъмоли маводи мухаддира ройгон худро ҷавонмарг бисозад. Даст гӯё ба худкушӣ бизанад».

ОРТИҚИ ҚОДИР: «ХАЗОНИ ҒУНЧАИ НАВШУКУФТА ДАР ФАСЛИ ХАЗОН»

Ортиқи Қодир, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки дар байни ҷавонни эҷодкор обрӯву манзалати калон дорад, баъди адои намози ҷаноза дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар бораи сабабҳои марги нобаҳангоми ин овозхони ҷавон, вале хеле маъруфи кишвар, инчунин дар бораи зарари истеъмоли маводи мухаддир дар ҷомеъа бо дарду андӯҳи зиёде чунин гуфт:

«Имрӯз сад афсӯс, ки бо ҳамин иллати бисёр баду пур аз зиллати давр, вабои аср, боз як ҷавони соҳибистеъдоди хушзавқ, ҷавони ҳам хушсурату ҳам хушсадо, хушлаҳн, ки як сабки бисёр аҷибе дошт. Хоса бо лаҳни овозхони бисёр маъруфи форсзабонон – Муин бисёр зебо месароид, аз байни мо рафт. Ин албатта барои ҳунари тоҷик як талафоти бисёр гароне ҳаст, ки чунин як ғунчаи навшукуфтаи боғи ҳунари тоҷикро дар ин фасли хазон мо хазон дидем. Қаблан барои аҳли байташ, барои тамоми пайвандону мухлисонаш ман арзи тасаллият мекунам.

Ман бисёр дар маҳфилҳо мушоҳида мекардам, ки одамон, ё ошиқон, дилдодагон бисёр мехостанд чунин як ҳунарманде ҳам хушсадо ва ҳам хушсимо дар маҳфили издивоҷи эшон, арӯсии эшон ширкат дошта бошад ва он маҳфилро оро диҳад. Сад афсӯс, ки ҳамин гуна ормонҳо, ҳамин гуна орзуҳо ба хок рафт. Ман фикр мекунам, ки барои насли имрӯз ҳамчунин як реҳлати бемаҳал, ҷигарсӯз, албатта ин сабақ аст, ин дарс аст. Бояд аз ин вабои аср, аз маводи мухаддир, ки ҳамарӯза мо аз шабакаҳои телевизион, аз ҳамаи он расонаҳои ахбори умум дар бораи зарари он мефаҳмем, мешунавем, вале муассиртарин сабақ ҳамин аст, ки мо ҳамчунин як ҷавони зебову хушистеъдодро аз даст додем, талаф додем.

Бояд онҳое, ки ҳамшарику дӯсту ҳампешаи Сӯҳроб буданд ва агар дар ҳамин роҳ ҳастанд, бояд аз ин роҳи бад, аз ин роҳи марговар, аз ин роҳе, ки оқибаташ фано ҳаст, нестӣ ҳаст, аз ҳамин роҳ бигарданд. Дигар ин ки ягон нафар аз фарди ҷомеа ба ин иллат, ба ин бадбахтӣ бетараф набошад. Зеро бетарафӣ худ хиёнат аст. Ҳар гоҳе, ки агар мо дидем дар ҳамин ҳолат ҷавононро, ҳамон лаҳза бояд мо аз худ ягон таъсири расонем, як вокуниши бисёр қавие дошта бошем.

Бо ҳамин роҳ ҳам дар сатҳи ҳукумат, ҳам дар сатҳи фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа, мо бояд кӯшиш кунем, ки умуман ҳамин иллати ахлоқи бад, рафтори бад, имрӯз на ин ки истифодаи маводи мухаддир, балки умуман рафтору кирдори ҷавононро бояд мо таъсир расонем. То ин ки ҳамон хислатҳои ҳамидаву суннатҳои накӯи ахлоқиву фарҳангии аҷдодонамонро боз аз нав эҳё карда бошем.

Дар ин ҳолат албатта бисёр душвор аст чизе гуфтан. Ҳамагӣ як ҳафта нашудааст, ки ман дар як маҳфил Сӯҳроби Сафарзодро дида будам ва ман аз тариқи овозрабо ӯро рӯи саҳна даъват кардам. Ва аҳли он маҳфил аз сурудаҳои ӯ чӣ қадар баҳра бурданд, як ғановати маънавӣ, бигӯем, ки як ҳолати болидагӣ ҳосил гашт. Вале имрӯз, сад афсӯс, ӯ дар байни мо нест. Худо биёмурзад ва Худо кунад, ки ба тамоми ҷавонони мо, ки имрӯз ҳазрати махсуми Ҳоҷӣ Исмоил ин қадар маъвизаи бисёр ба мавриде карданд ва ҷойгоҳаш, мақомаш ҳамин ҷо буд.

Худо кунад, ки ба ҷавонои мо як тавфиқ ато кунад, як таъсире расонад. Мо оянда эътимод дошта бошем, ки миллати мо ба ҷое мерасад. Дар шахси ин ҷавонҳо мо эътимод пайдо кунем, эътимоди қавӣ пайдо кунем, ки мо оянда боз ҳамчун миллат боз мақому ҷойгоҳи худро, курсии ифтихори худро соҳиб мешавем».

Ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод дар қабристони маҳаллаи Калинин ба хок супурда шуд.

«Рӯзгор»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

5 комментариев

  1. Да сурогат Сухроби чон ба мазор омадаам.
    Дида гирену дил аз гуса фигор омадаам.
    Нав бахор асту бутаи навраста зи хок.
    Ташна лаб ташна чигар зору низор омадаам.

  2. ШУХРАТ:

    худо рахмат кунад !!! чояш чаннат шавад )))))))))) як мухлиси шумо )))😦😦😦😦😦

  3. Рухат шоду чояд чаннат бод Сухробчони амаш

  4. farangez:

    ruhat shod boshad Suhrobjon, 4to bez tebya delat?

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!