ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МИҶГОНА ҲАКИМОВА: «БО СЮРПРИЗ БА НАЗДИ МУХЛИСОНАМ БАРМЕГАРДАМ»

Мичгона Хакимова

Мичгона Хакимова

Миҷгона ҳанӯз аз синни сесолагӣ ба дунёи бепаҳнои санъату ҳунар ворид гардид. Бо саъю талош ва кӯшишҳои пайваста аз баҳри пурталотум қатрае нӯши ҷон кард ва аз шохоб ба маҷро даромехт. 

Баробари ҷон хонд ин касбро ва меҳри санъату ҳунар дар мағз андар мағзи ниҳодаш маъво гирифт. Аз ҳавои санъату мусиқӣ ба қавле нафас мегирифт ва чун мурғи хушилҳом дар фазои бекаронаи он пар-пар мезад. Ва хушбахтона, бо рақсу тарона ва чангу чағона ба дили мухлисонаш раҳ ёфт ва чун падидаи нек пазируфта шуд. Айни замон Миҷгона Ҳакимова дар Лондон таҳсили илм карда истодааст.

Ба гуфтаи Миҷгона ӯ он ҷо тӯли шаш моҳ забони англисӣ меомӯзад. Ва дар ояндаи наздик ба Тоҷикистони азиз бармегардад. Чуноне, ки ӯ мегӯяд, «Лондон шаҳри хуб аст, аммо мисли Тоҷикистон кишваре зеботаре нест». Инак фишурдаи мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» Ҷаҳонгири Султон бо Миҷгона Ҳакимоваро пешкаши шумо хонандагон мегардонем.

-Чи тавре, ки маълум аст, вақтҳои охир Миҷгона аз саҳнаи ҳунари тоҷик дур уфтодааст. Ҳоло шумо хориҷ аз Тоҷикистон ҳастед, яъне дар Лондон таҳсили илм карда истодаед. Баробари таҳсил оё ба санъату ҳунар  вақт пайдо карда машғул мешавед?

— Чаро ман вақтҳои охир аз санъат дур шудам? Дур нашудаам. Балки хориҷ аз кишвар таҳсили илм карда истодаам, ба ҳамин хотир рӯи саҳна нестам. Дарвоқеъ ман ду донишгоҳи кишварро хатм кардаам. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳунарҳои зеборо. Ман кӯшиш карда истодаам, ки каме ҳам бошад, боз нозукиҳои санъату ҳунарро биёмӯзам ва маълумоти бештаре гирам. Ҳар чанде, ки дур аз Ватани азизам ҳастам, ҳар лаҳза ба ёди Ватан нафас мекашам. Вақто ки ба Ватан баргаштам, ҳатман боз  ба кори эҷодӣ бо як кӯшишу ғайрати тоза машғул мешавам.

— Барои идомаи таҳсил чаро маҳз Лондонро интихоб намудед? Ва дар онҷо дар кадом риштаи илм ё ҳунар таҳсил доред?

— Ҳоло дар ягон ришта таҳсил намекунам. Асосан бо хубтар омӯхтани забони англисӣ машғул ҳастам. Дар аввал бояд забони англисиро хуб омӯзам. Баъдан бо зиндагиву фаъолияти эҷодии чеҳраҳои ҳунари мусиқӣ ва умуман санъати ин кишвари хеле пешрафтаи ҷаҳон мехоҳам аз наздик шинос шавам. Дар ин ҷо нафарҳои зиёде ҳастанд, ки марҳум Майкл Ҷексон, овозхонеро, ки ман хеле дӯст медорам, хуб мешиносанд. Ман аз онҳо низ мехоҳам чизеро барои ҳунари худ бигирам.

— Оё қаблан Шумо сафарҳои ҳунарии хориҷ аз кишвар доштед?

— Бале доштам. Порсол моҳи май дар Ҷопон будам. Се консерт баргузор намудам. Ҳам рақс кардаму ҳам суруд хондам. Бо забони ҷопони низ суруд сароидам. Ин ҳамаш бо кӯмаки устод Ҷӯрабек Муродов баргузор гардид. Ба ғайр аз ин дар Молдова будам. Дар як озмун рақсидам, медали тилло гирифтам. Боз дар Сочӣ дар озмуне иштирок кардам, дар онҷо низ рақс кардаму хушбахтона ҷойи аввалро сазовор гаштам. Ин чунин дар кишвари Туркия низ ду маротиба сафари ҳунарӣ доштам. Боз ба кишварҳои Англия, Туркманистон, Русия Ӯзбекистон низ бо барномаҳои ҳунарӣ сафарҳо карда будам.

Это слайд-шоу требует JavaScript.

— Шуморо тамошобинон чӣ гуна қабул мекарданд?

— Бовар кунед, аз шодиву хурсандии мухлисонам, худамро гум мекардам. Хело хурсанд мешуданд, ҳатто мегуфтанд, ки ин аз ватани мо ҳаст. Бо қарсақҳои хуб, бо чеҳраҳои пуртабассум талаб мекарданд, ки боз рӯи саҳна бирақсаму бисароям.

— Таронаҳоятон ниҳоят дилошӯбанд. Матни сурудҳои Миҷгонаро кӣ интихоб мекунад?

— Модари меҳрабонам бениҳоят заҳмату машаққатҳое кашиданд, ки ман ба чунин қуллоҳо бирасам. Худовандо ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд. Баъдан ҳастанд устодоне, ки ман аз онҳо маслиҳат мегираму ба ман дар интихоби матни сурудҳоям кӯмак мекунанд. Аз ҳамаи ишон миннатдорам.

— Бо кадом шоирону сарояндагон ҳамкории эчодӣ доред?

— Қариб, ки бо ҳама шоирон ҳамкорӣ дорам. Аз сарояндаҳо бошад, бо Баҳром Ғафурӣ, Садриддин Наҷмиддин, бо шодравон Сӯҳроби Сафарзод, Валодя Юматов, Парвиз Пулодӣ ҳамкориҳои эҷодӣ доштаму дорам. Боз ҳастанд оҳангсозоне, ки худашон оҳангҳои эҷодкардаашонро барои банда тӯҳфа мекунанд. Хушбахт ҳастам, ки чунин дӯстони ҳунарманд дорам.

— Чӣ чиз хотири шуморо хуш мегардонад?

— Қарсакҳои мухлисонам, табассумҳои онҳо. Ҳамаи он хотираҳои неке ки бо мухлисону пайвандонам дорам, хушам меояд.

— Чӣ орзуест, ки Шуморо сӯи худ мехонад?

— Ҳар як инсон дар дил як орзуе дорад. Ман ҳам мисли дигар одамон дар кунҷи қалбам орзуи худро дорам, ки дар ҷодаи санъату ҳунар ба қуллаҳои баланди ҳунари волои ин касби интихобкардаам муваффақ гардам. Ва баҳри кишвари азизам ва мухлисони меҳрабонам хидматҳо кунам.

— Дар ишқ чӣ чизро хато мепиндоред?

— Ишқ — ин калимаи Илоҳист. Агар ки ишқ — ишқи Илоҳӣ бошад, фикр намекунам, ки хато ҷой дошта метавонад. Аммо агар ишқи дурӯғ бошад, ҳама чизро хато мепиндорам. Ҳатто зиндагиву зинда буданро.

— Хиёнатро бахшидан мумкин аст?

— Албатта не. Шахсан ман ҳаргиз хиёнатро бахшида наметонам. Фикр мекунам, ки хиёнатро бахшем, метавон мунтазири хиёнати навбатӣ буд. Барои ҳамин ман ҳаргиз хиёнату хиёнаткорро нахоҳам бахшид.

— Мусиқии ба дил наздики шумо?

— Аслан барои санъаткорон мусиқии ба дил наздик, таронаҳои эҷодшуда дар васфи Ватан, Модар, Ишқ, Муҳаббат ва ғайраҳо мебошанд. Шахсан ман он таронаҳоеро ба дил наздик мехонам, ки дар васфи Ватан сароида шуда бошанд.

— Манбаи илҳоми ҳунарманди маҳбуб чист?

— Ҳунарманд бояд пеш аз ҳама ошиқ бошад, ошиқи ватани азизу зебогиҳои табиати диёр ва инсонҳои наҷибу яздони пок. Баъдан дастгирии мухлисонам. Ва бояд ранҷи бисёр кашид, то дурри мақсуд ба даст ояд. Баъдан мо бояд дар консертҳои худ танҳо ва танҳо сурудҳои нав ба нав хонем. Он гоҳ мухлисонамон моро хуш мепазирад.

— Рӯи саҳна омадан орзӯятон буд ё тасодуф шуд?

— Дар аввал вақте ба саҳна омаданам, ман 3 — сола будам. Он вақт дар бораи орзу тассавуроте надоштам ва баъдан орзӯи ман гашт. Маҳз бо ҳидояти модарам ва устоди рақсам Мирзо Сатторов ман аз нозукиҳои ин пешаи заҳматталаб ва дар навбати худ нишотангез хеле бархӯрдор гардидаму саҳнаро ҷавлонгари орзуҳоям ҳисобидам. Ва аз соли 1992 сар карда, то ба имрӯз ман дар бисёр консерту чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзидам.

— Миҷгона ҳатман бо тӯҳфаҳои хотирмон ба Ватан, ба назди мухлисонаш бармегардад?

— Албата. Чаро не? Дар нақша дорам, ки баъди бозгашт як консерти худамро барпо кунам, ки танҳо аз сурудҳои тару тоза иборат бошад. Баъдан боз ягон сюрпризи хотирмонро низ пешкаши мухлисонам хоҳам кард.

-Як ҷаҳон ташаккур барои сӯҳбат!

— Зинда бошед. Раҳмат бар шумо низ.

Мусоҳиб Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

10 комментариев

  1. Мебахши Мичгона бар нагарди ба сахна хубтарай и рангу намуде ки ту дори барои сахна намешава овозт даже бо фанаграма набромадестай бо чи коре ки машгул буди аму корта кардангир )))))))))))))))))))))))))))

    • Мухлис:

      Мебахши МОСКВА бехтар мебуд, ту дигар ин хел гапро ба касе дигар нагуйи. Шояд аз бахелита ин тавр фикру акида дори, вагар на хеч гох ба ин гунчаи сахнаи точик ин тавр намегуфти. Фикр мекунам, ки бояд ин хел шахсонро дастгири кард, на ин ки санги маломат ба суяшон занем. Мичгона…Ту бехтарин хасти. Харчи метавони боз кушишу гайрат кун, ки ба сахнахои баланди санъати точик бираси….

      • гуш кн мухлис ранги АМи мичгона як галла шидан дар сахна некин ягон касшон як шеьри халол намехонан АГАР ин мичгонат ика зур боша ку як кансерерти живой тияд ман аз гапи гуфтагим пушаймон мешам рахмат барои бахс

  2. Тима:

    Хо гапат ростай….Зеби сахнаям надорад…Ай афти вай одамо мегурезан

  3. Мухлис:

    Бори дигар салом! Дуруст аст, ки имруз хунармандон зиёд шудаанд, аммо хунармандро аз руи хунараш бояд бахо дод. Дар асл ман мухлиси хунари волои санъати точикам… Мо уедворем, ки дар ояндаи наздик на танхо Мичгона, балки дигар хунармандон низ консертхояшонро бе фонограмма барпо мекунанд. Дар айни замон бисёр проблемахое хастанд, ки фикр мекунам ба мову шумо маълум, хамин аст, ки консертхову шабнишинихояшонро бо фонограмма ичро мекунанд. Мисол. Садриддин Начмиддин бехтарин сарояндае, ки дар консерте, ки бо Фарходи Дарё барпо карда буданд, бо як махорати баланд таронахояшро сароид, ки касро хушаш меомад. Барои хамин ин пролемаи давр аст ва хох зуд бошад ё дер гузаранда аст.
    Бо умеди хамдигарфахми Мухлиси Санъати Точик…

    • Бародар ай гопот бисёр одами босавод метови. некин ман чан сол шид ки мебинам ва мешунавам ки саньати точик на боло балки паст рафтаистодааст . мо то хол хеле саройандахои бузург доштем ва дорем. БАРОИ ХАМИН МАН АР ТОЧИКИСТОН НЕСТАМ ВА САДРИДДИНРО ХАМ НАШУНИДАМ. ЛЕКИН БИСЁРИ САРОЯНДАХОИ МО НАШЬМАНД ХАСТАНД. БО НАЗДИКИ СУХРОБИ САФАРЗОД ДАРГУЗААТ))))))))))))))

  4. Мухлис:

    Ташаккур! Кобили кайд аст, ки дусти азиз, чи тавре ки худ гуфти, мо сарояндахои бузург доштем ва дорем. Инро бе чуну чаро кабул мекунам. Аммо чаро ин чавонони ба кавли хозира ситорахора дастгири накунем. Магар он сарояндахои бузурге ки гуфтед, аз аввал хамин тавр сарояндахои бузург буданд. На бародари гироми. Ман чунин намепиндорам. Онхо хам шоигрд буданду устодони худро ва мухлисоне доштанд, ки дастгирияшон мекарданд. Ба хамин хотир то абадул_абад санъати мо бе хунарманд нахохад монд. Зиндаву човид монд харки накуном зист. Зафар Нозим, Акашариф Чураев, Чурабек Муродов, Чурабек Назриев, Кароматуллохи Курбон, Мукаддас Набиева, Точиддин Мухиддинов, Курбонали Рахмон, Курбонали Абдуллоев, Мухаммадалии Аюби, Дона Бахром ва хоказо…Инхо хамон чавонмардону дилбохтагони санъату хунари кишвар хастанд, ки хамеша дар калбхо бо суруду таронахояш човидона хоханд монд.
    Дар мавриде, ки баъзе сарояндахои мо нашъаманд хастанд, инро аз Худованд барои бокимондагонашон тавфику рохи ростро хохонем. Окибати ин рох хама орзуву хаваси ишонро — ба хоки хунук мебарад.
    Бо арзи як чахон умеду орзухои нек Мухлис Санъати Точик….

  5. Сароянда:

    Ассалому алайкум. Хайр фикр мекунам, ки хами нашъа ситорашон кардаст, агане на овози гуш мекардаги дорану на рангу рахмати сарояндаги…

  6. Мухлис:

    Чавонони азиз ва хунармандони чавон. Одам ба маънои як дам аст. Барои як сархуши шуда, чони худро курбон накунед. Бовар кунед, Худованд он касеро намебахшад, ки он чизеро ки харом гуфтааст, аз он истеъмол кард. Барои хамин аз хама касофатихои ин дунёи ду руза дурри чуед. Ва шукронаи он зоти покеро кунед, ки дар корхои эчодиву зиндагиатон ба шумо файзу баракат ва бурдборихои пай дар пайро арзони дорад. Худованд мехрабон аст.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!