ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГОРА ХОЛОВА: «ЗИ ИШҚИ МАН МАКУН ЁДЕ…»

Нигора Холова

Нигора Холова

Чаро ӯ аз ишқ менолад? Магар дар роҳи ишқу муҳаббат ноком гаштааст? Агар не, пас сарчашмаи ин таронаҳои ғамангезаш чист? Биёед, беҳтараш инро аз худи Нигора мепурсем.

— Нигора, таронаи «Зи ишқи ман макун ёде»-ро барои кӣ сурудаед? Ба кӣ муроҷиат кардаед, ки аз ишқатон ёд накунад?

— Аз ишқ, муҳаббат, хиёнату бевафоӣ сурудани банда маънои онро надорад, ки ба касе дил додааму девонавор дӯсташ медорам, ё аз нафаре хиёнату бевафоӣ дидаам, на! Ҳаргиз ин тавр нест. Ин шеър аст, шеъре, ки ба Нигора писанд афтод, шеъре, ки Нигора ӯро қабул кард ва суруд. Ин таронаро барои онҳое сурудаам, ки дар ишқ нокоманд ва намехоҳанд азизи хиёнаткардаи худро бубахшанд. Воқеан ҳам, агар азизи дилат, оне, ки ту ӯро дар қалбат ҷой додаӣ, таркат намояд, беҳтараш дигар аз ишқат, аз муҳаббатат ва аз дӯстдориат ёд накунад…

— Сарчашмаи тарона ва суханони пурмуҳаббат чист, Нигора? Агар ошиқ набошед, пас чӣ тавр метавон аз ишқ ҳарф зад?

— Кӣ мегӯяд, ки ман ошиқ нестам? Ошиқ будан магар танҳо дар он аст, ки нафареро дӯст дорӣ? На! Ман ошиқ будам, ҳастам ва мемонам, ошиқи суруду тарона, ошиқи мусиқии форам, ошиқи таронаҳои дилчасп… Зиндагӣ худ саропо ишқ аст, пас чӣ тавр метавон гуфт, ки мо ошиқ нестем?

— Хеле хуб, оё дар бораи хонадор шудан ё интихоби ҳамсар фикр кардаед?

— Ҳоло на.

— Чаро?

— Чунки тамоми меҳру муҳаббатамро имрӯз ба суруду мусиқӣ бахшидаам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки беҳтарин сурудҳоро барои ҳаводоронам бисароям ва лаҳзае ҳам бошад, онҳоро шод гардонам.

— Агар ҷавони хориҷие таклифи хонадоршавӣ кунад, розӣ мешавед?

— На! Ҳам худам ба ин зиддам ва ҳам аҳли оилаамон ҳаргиз розӣ намешаванд, ки банда бо хориҷие хонадор шавам, зеро ҳар як миллат расму русуми худро дорад ва издивоҷ низ бо ҳаммиллати худ хуб аст, на бо ғайр. Ҷавонони хуб дар Тоҷикистон каманд магар, ки мо, духтарони тоҷик меҳру муҳаббатамонро ба хориҷиён бахшем?

— Нигора, оё боварӣ доштед, ки баробари ба саҳна баромадан ба меҳру муҳаббати зиёди мардум сазовор мегардед?

— Албатта, ҳар як инсон бояд бо боварии комил дар ҷодае қадам гузорад, зеро нобоварӣ одамро ба муваффақият сазовор намегардонад. Баъдан, вақте сароянда ба мазмуну мӯҳтавои суруд диққати махсус медиҳад, вақте оҳангҳои форамро интихоб мекунад, вақте аз самими қалб мехонад, албатта ӯ ба муҳаббати мардум сазовор мегардад.

— Воқеан ҳам, шумо бо тамоми ҳастиатон суруд мехонед, нола мекунед, бо алам, бо дард месароед…

— Медонед, вақте суруд мехонам ба он сахт дода мешавам, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки сурудҳоям дарднок мебароянд.

— Ба андешаи шумо беҳтарин зиннат барои духтари тоҷик чист?

— Рафтору гуфтори хуб ва аз ҳама муҳимаш шарму ҳаё доштан.

— Фикр мекунам, ҳар як инсон дар зиндагӣ ҳамрози худро дорад. Яке ба дугонааш дарди дил кунад, дигарӣ модари худро беҳтарин розшунав мешуморад ва саввумӣ бошад, шояд ба хоҳараш ҳама сирру асрорашро гӯяд…

— Дар ҳақиқат ҳам, гуфтаи шумо дуруст аст. Ман, ки хоҳар надорам ва дугонабоз ҳам нестам, беҳтарин розшунав модарҷонамро медонам. Ҳарчанд, ки ягон сирри пинҳонӣ надорам, вале ба ҳар ҳол модарам аз ҳама асрори дилам бохабаранд, он кас бароям беҳтарин дӯст, беҳтарин дугона, беҳтарин маслиҳатгар, беҳтарин насиҳатгар ва беҳтарин модаранд. Дар ҳама давру замон маро мефаҳманд ва дастгириам мекунанд. Ҳатто дар интихоби суруду оҳанг ва сару либос низ.

— Чӣ ва ё кӣ метавонад Нигораро хурсанд созад?

— Агар хабари хуше шунавам ва ё агар мусиқии фораме ба гӯшам расад, шод мегардам.

— Шунидани чиро дӯст намедоред?

— Овозаю ҳангомаро.

— Чаро вирди номи санъаткорон овозаву ҳангома паҳн мекунанд?

— Ба фикри ман агар худи санъаткор ба ана ҳамин овозаю ҳангомаҳо замима нагузорад, ҳеҷ кас ӯро гапу хабар намекунад.

— Агар вирди номи Нигора овозаи бардурӯғе паҳн кунанд, хушҳол мегардад ё баръакс?

— Вақте санъаткор мешавӣ, албатта, ҳамеша зери таваҷҷӯҳи мардум қарор дорӣ, хоҳ нохоҳ дар бораат чизе мегӯянд ва овозхон бояд ба ҳама овозаҳо тоқат кунад, аммо аз чӣ бошад, ки ман наметавонам овозаи бардурӯғеро, ки вирди номам паҳн кардаанд, қабул кунам, ин чиз маро ғамгин месозад.

— Вақте ғамгин ё вақте асабӣ мешавед, худро чӣ гуна аз ҳолати ғамгинию асабоният берун месозед?

— Бо сурудан ё гӯш кардани суруд метавонам худро аз ҳолати асабоният, рӯҳафтодагӣ ва ғамгинӣ берун созам. Суруду тарона ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад, ба дардҳо даво мебахшад.

— Сӯҳбатро ман оғоз кардам, шумо анҷом бахшед…

— Аввалан ба шумо ва аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Зан ва мард» ташаккур мегӯям ва таманно мекунам, ки ҳамеша илҳоми эҷодиатон дар парвоз бошад, ҳар орзуе дар қалб доред, ҷомаи амал бипӯшад. Ба мухлисонам бошад, беҳтарин хушиҳои ҳаётро орзумандам. Бигзор ҳамеша дар хонадони ҳар як фарди тоҷик суруду тарона танинандоз бошад.

— Ташаккур.

Сӯҳбаторо Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

8 комментариев

  1. НИГОРАЧОН КАНТА БЗАН МАН АЗ ХОФИЗХОИ ТОЧИК ФАКАТ ШУМОРО ДУСТ МЕДОРАМ ВА МАНИЖАРО ШУМО ЛИБОСХОИ МИЛЛИ ДАР ТАН МЕКУНЕД БЕНИХОЯТ МЕЗЕБАТОН……БАЛЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕ

  2. АГАР ХАМИ ЧАВОБОЕ КИ ДОДАЕД АГАР БО ФИКРИ ХУДАТОН БОШАНД ХЕЛЕ БОСАВОД БУДАЕЕД,,,, МАН МЕХОСТАМ КИ ШУМОРО БА ОИЛАДОРИ ДАВЬАТ КУНЕМ НЕКИ ЧАВОБИ ХУДРО ГИРИФТА МАН ГРАЖДАНИНИ РУСИЯ ВА ДАР МОСКОВ ЗИНДАГИ МЕКУНАМ НЕКИ МАН МУХЛИСИ ШУМО МЕМОНАМ..

    • Чуянда:

      МЕГУМ ОШНО БА ОИЛАДОРИ ГУФТА ЯЪНЕ БА ЗАНИ ГИРИФТАНИШИ Ё ИН КИ БА ЯГОН ТУЙИ АРУСИ ДАЪВАТ КАРДАНИШИ? БА И ГРАЖДАНИИ ТУ ДАР ИЧА ЧИ РОЛ МЕБОЗАД КИ БА ЯК ОВОЗИ БАЛАНД ДОДУ ФИГОН КАРДЕСТИ. ХАЙ БАРОРИ КОРУ ХУДАКТА НИГОХ КУН………..

  3. Мухлис:

    Сарбаландиву комёбихои зиндагиро ба шумову бародаратон ва падари бузургворатон таманно мекунам.
    Бо арзи эхтироми Мухлиси Санъати Точик…

  4. Аслон:

    САЛОМ НИГОРА
    АГАР АЗ МАН МЕПУРСАД,КИ ДУХТАРИ ТОЧИК ЧИ ХИЛ МЕШАВАНД? МАН НА ТАРСИДА НИГОРАРО НИШОН МЕДИХАМ

  5. Аъзам:

    АЛБАТТАРА НИГОРА ХАМА ВАКТ ЛИБОСИ ЗЕБО МЕПУШАНД. НИГОРА ХУДАШОНРО МЕШИНОХТИГИ САНЪАТКОРАНД. ДУХТАРИ БО АКЛ БО ХАЁ МАН БИСЁР СУРУДХОЯШРО ГУШ МЕКУНАМ БИСЁРТАР ЗИК ШУДАГИ ВАКТОМДА ОВОЗАШРО ФАХМИДАМ ХУРСАНД МЕШАМ БАРОИ МАН ОВОЗУ СУРУДХОЯШ ХАЁТ АСТ ХУДАТОНА ШИНОХТА ХУДАТОНА ХУРМАТ КУНЕД АЛБАТАРА МУХЛИСХОЯТОН АНА ХАМИНХЕЛ ХУРМАТ МЕКУНАНД ДАСГИРИ МЕКУНАНД ДАР ЯК ЧАВОБИ ШУМО МАН КУШ НАМЕШАМ МЕГУЕД КИ БА ЧАВОНИ ХОРИЖИ ОИЛАДОР НАМЕШАМ АГАР ДУСТАШ ДОШТА МОНЕД Ё КИ ОН ЧАВОН ШУМОРО ДУСТ МЕДОРАД ОЛЛОХ БА ХАР ЯК ИНСОН ДИЛ ДОДАГИ ХАР ЯК ИНСОН ХАРАКАТ МЕКУНАД БАРОИ ИШКУ МУХАББАТИ АВВАЛИНАШ БО ИШК БОЗИ КАРДАН КОРИ ОСОН НЕСТ БИСЁР МАСЪАЛАИ НОЗУК АСТ ШУМО ХАМ ДИЛ ДОРЕД ДИЛИ НОЗУК ИНХЕЛ НАГУЕД МЕБАХШЕД ИЛТИМОС ИН ФИКРИ МАН МУМКИН НОТУГРИАЙ БА ШУМО ОМАД АЪЗАМ САНКТ ПЕТЕРБУРГ

  6. Bahrulloh:

    салом Нигорабону Шумо бехтарин ва дурдонаи ятои Ситораи Санъти Точик хастед ва аз Шумо хохиш менамоям ки барои ман сурогаи электронии худро бо сурогаи Bahrullo55@gmail.com бифиристед ва мехохам дар оянда барои Шумо сомонае бунёд кунам ва дар он танхо суруду ва ахбороти кору фаъолиятатонро ифшо намоям Бо эхтиром Бахри Хидоят. яке аз мухлисонатон

  7. Мирзоали Кодиров:

    Салому алайкум духтари зебои точик Нигора нигори дили халк бале дар хакикат рост гуфтед ки гапхои ношоям мезананд ва ман аз шунидани ин зик мешавам аз ин хисоб дар ягон вакт фикр хам накунед ягона хар сахар барвакт дар руи чойнамоз аз даргохи иллохи дуъои нек кунед иншоолох забони душман аз дахонаш афтида сухта хокистар мегардад факат шумо ба худои бузург такя кунед ва дар охир ба шумо умри дароз хушихои зиндагиро тамано дорам як нафар мухлис ва ошики шумо зодаи Точикистон н Варзоб ва холо дар шахри маскав Мирзоали

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!