ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САБАБИ МАРГИ СӮҲРОБИ САФАРЗОД ЧИСТ?

Сухроби Сафарзод

Сухроби Сафарзод

Зиндагӣ аз мо ҳамдами деринаамонро бурд. Сӯҳроби Сафарзод, бешубҳа, ҳамдами деринаи як гурӯҳи дӯстдорони мусиқии тоҷик буд. Вай бо аввалин таронаҳояш дар қалбҳои мо маскан гузошт.

Сӯҳроб бо ҳама маҳорати доштааш тавонист дар андак муддат дили дӯстдорони шеъру оҳангро ба даст орад, Сӯҳробе, ки ҳамагӣ сӣ сол дошт ин мӯҳлат дар пеши таърих муддати дарозе нест, аммо чӣ метавон кард, тақдир аз рӯзи азал дар қисмати ӯ ин гуна рӯзгорро навишта. Аз ҳар кӯю барзан, макони дурдасттарини Тоҷикистон садои ӯ ба гӯшҳо танинандоз мегашт, мисли он ки садои булбул дар шохсорони баланди долу дарахтон чаҳчаҳа мезад.

Оре, булбулосо буд садояш. Дар байни зумрае аз дӯстони ҳамкасбаш бо маҳорат ва иҷроиши нотакрори сурудҳояш намуна гашт. Ӯ месароид, балки менолид, баъзан мавзӯи сурудҳояш аз фалаки каҷрафтор қисса мекард. Дилаш ҳанӯз хеле барвақт аз фишори рӯзгор тазйиқ ёфтаву лаб фуру мебаст. Ниҳоят андӯҳ ба вуҷуди ӯ кора кард, натавонист таскин ёбад, балки хеле сабук, ором ин дунёро падруд гуфт. Во ҳасрато, дар айни авҷи камолоти эҷодӣ аз мо рафт, аммо осори боқимондаи ҳунариаш номи ӯро зинда хоҳад дошт.

Суруди Сӯҳроб дар қалби ошиқон, маъвои дилдодагон ва лафзи кӯдакон танинандоз аст. Дӯстонаш аз марги ҷонкоҳи ӯ лаб фурӯ баставу ғаму андӯҳро тааммул менамоянд. Танҳо хотироти худро аз дуриҳои дур ба ёд овардаву арзи матлаб мекунанд.

Сурайё Қосимова – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

АЗ МАРГИ Ӯ ДИЛАМ РЕШ ГАШТ

Аз марги нобаҳангоми Сӯҳроб дар ғаму андӯҳ афтодаам. Дилам реш – реш гашт, дунё дар сарам чарх зад, охир ин гуна ҳунарманд бо тамоми назокат ва фасоҳати сухан якбора аз дунё рафт. Ӯ ҷавон буд. Ҳоло ба хотир меорам, ки чӣ тавр дар рӯзҳои душвори ба сари мо омада дар паҳлӯи мо буд. Ӯ аз ҷумлаи дӯстони беҳтарини аҳли хонаводаи мо маҳсуб меёфт. Мисли бародари ҷонӣ, гӯё ҳамеша бо ҳам будем, ин қадар дидадаро ва ба дидаҳо ҷо буд.

Аслан, Сӯҳроб ҳеҷ гоҳ намехост, аз ғурбат ва ноҷӯрии ҳаёт гилла дошта бошад, аммо ҳодисаҳои атроф ӯро бетараф намегузошт, аз ин рӯ, қисме аз мавзӯи сурудҳояш аз ҳамин хусус қисса мекард. Дардошно буд, худро ҳамеша хушҳол вонамуд мекард, вале ботинаш аз рӯзгори нобасомони ба сари дӯстонаш омада дарак медод. Самимӣ месароид, ҳеҷ гоҳ касеро бад намегуфт, ғайбатро дӯст намедошт. Ин аз ҷавонмардии ӯ дарак медод…

Афсӯс, ки бо ҷурми бемориам натавонистам дар маросими ҷанозааш иштирок намоям. Аз дур ҳам бошад, марги ҷонсӯзаш маро ба ғаму адӯҳ печонд, ӯ тақдирашро бо ҳафтҳазорсолагон пайваст. Илоҳо, хонаи охираташ обод бошад, ба модари ҷигарбирёну ҷигарсӯхтааш сабри ҷамил мехоҳам.

Баҳодур Ғафурзод – овозхон:

БОВАРИАМ НАМЕОЯД, КИ…

— Сӯҳроб сарояндае буд, ки ҳамеша барои сайқал додани ҳунараш кӯшиш мекард, мехост санъаташро боз ҳам пеш барад, беҳтарин ва шевотарин сурудҳоро барои мухлисонаш эҳдо намояд. Ӯ ҷавони шӯхтабиат буд, ҳамеша хандида мегашт, ба касе кор надошту касеро ғайбату бадгӯӣ намекард, аз чунин хислатҳо парҳез менамуд.

Ёд дорам, вақте бо ӯ ба Ҳиндустон сафар намудем, чӣ гуна ба он кишвари афсонавӣ рафта расиданамонро надонистем, охир тамоми роҳ Сӯҳроб шӯхӣ мекарду моро механдонд. Ҳаргиз худу дигарон, аз ҷумла дӯстонро дар ҳолати ғамгинию рӯҳафтодагӣ дидан намехост. Ӯ як хислат дошт, ки ҳангоми аҳволпурсӣ ҳамеша ангушташро бардошта, ишора мекард, ки: “Аҳволот чӣ хел, хубӣ?”.

Вақте мо ӯро ба хок супурда, баргаштем, тариқи радио фавти ӯро эълон мекарданд, ҳарчанд ки ин ҳақиқат буд ва бо гӯшам мешунидам, аммо бовариам намеомад, ки ӯ мурда бошад. Сӯҳроб орзуҳои зиёд дошт, вале афсӯс, ки умр барояш вафо накард. Рӯҳаш шоду охираташ обод бошад.

Шаҳроми Абӯбакр– сароянда:

АЗ РАФТАНАШ ДИЛХУНЕМ

— Марги Сӯҳроб мо, дӯстону ҳамкасбонашро дилхун кард, аммо чӣ чора, магар аз тақдир ҷойи гурез аст? Ӯ ҳам намехост, ки орзуҳояшро ба хок бубарад, тифлаконашро аз меҳру муҳаббат ва навозиши падар бенасиб гардонад, бо аҳли хонавода, бо дӯстону наздиконаш хайрбод бигӯяд, вале… Афcӯc, ки боли парвозаш дар роҳи камолоти эҷодиаш шикаст. Дар сарнавишташ Худованд 30 соли зиндагӣ навишта будааст, Худо раҳматаш кунад.

Остони Азиз – сароянда, дӯсти Сӯҳроб:

ЗИНДАГИРО ДӮСТ МЕДОШТ

— Сӯҳроб дӯсти беҳтаринам буд, дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ, дар пастию баландӣ ва дар мушкилиҳо ҳамеша маро ҳамроҳӣ мекард. Доимо якҷо будем, якҷо дар чойхона ё тарабхона наҳҳорӣ менамудем, якҷо ба толори варзишӣ мерафтему машқ мекардем ва якҷо хӯроки шом мехӯрдем. Ҳатто, вақте моро ба чорабиние даъват мекарданд, бо маслиҳати ҳам ба онҷо мерафтем. Ӯ як ҳамсӯҳбати хубе буд, бо ширинсуханию шӯхиҳояш метавонист касро аз банди хаёлот, аз андешаи мушкилоти рӯзгор, аз ҳолати ғамгинӣ берун барорад.

Дӯст медошт хушҳол буданро ва рафиқонашро низ ҳамеша бо лаби пуртабассум дидан мехост. Ҳаргиз аз зиндагӣ шикоят намекард, зеро зиндагиро дӯст медошт, бале, бо ҳама мушкилиҳояш мепарастид зиндагиро. Ҳеҷ гоҳ лаҳзаҳои бо Сӯҳроб бударо фаромӯш намекунам. Аз дунё гузаштани беҳтарин дӯстам бароям фоҷиа буд, то ҳол ба худ омада наметавонам. Худо ҷояшро ҷаннат кунад.

ОВОЗА ВА ҲАҚИҚАТ

Марги Сӯҳроби Сафарзод (рӯзи ҷумъа, 10 – уми декабр) сару садоҳоро ба вуҷуд овард. Агар яке сабаби марги ӯро сактаи дил шуморад, дигарӣ инро рад мекунад. Алиҷон як хешованди Сӯҳроб ба хабарнигори «Имрӯз – Нюс» гуфтааст:

«Сӯҳроб 10 – уми декабр соати чори саҳар бо як рафиқаш аз тарабхона бармегарданд. Дар хонаи як рафиқаш миёни соатҳои 7-7. 30 аз дунё чашм мепӯшад. Хабаргузориҳо аз қавли шоҳидони худ навиштаанд, субҳи рӯзи ҷумъаи 10 – уми декарб дар маҳаллаи Испечак, хиёбони Испечак, аз манзили М16 ҷасадеро бароварданд ва бисёриҳо дар симои ин ҷавон Сӯҳроби Сафарзодро шинохтаанд. Ҳамзамон як сокини ҳамин маҳалла гуфтааст: «Ҳарчанд Сӯҳроб дар ин минтақа зиндагӣ намекард, вале ба аёдати яке аз дӯстонаш, ки дар онҷо зиндагӣ мекард, рафта будааст».

Ёрии таъҷилӣ омада, вафот кардани ӯро тасдиқ кард. Хешовандон бо сабаби нобоварӣ ҷасадро ба Қаряи Боло бурданд. Онҷо вафот карданаш тасдиқ шуд, бо ҷурми аз кор мондани дил. Аммо зимни сӯҳбат яке аз духтурони беморхонаи марказии Қаряи Боло, ки Сӯҳроби Сафарзодро ба он беморхона бурда буданд ва аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт:

«Вақте ӯро ба беморхонаи мо оварданд, вай аллакай беҷон буд. Ва баъдан ӯро ҳамин рӯз ба беморхонаи Шаҳраки Табибон (Медгородог) барои ташхис намудани сабаби маргаш бурданд».

Ба пурсиши мо, ки: то ин дам Сӯҳроб аз дарди дил шикоят дошт ё на? – Алиҷон гуфт: «Ҳеҷ дард надошт, сиҳат буд, балки вақту соаташ буд шуд».

Аммо Олим Ширинов, коргардони овоз, такмилгар ва оҳангсоз, ки як рӯз пеш аз марги Сӯҳроб охирин таронаи ӯро сабт кардааст, мегӯяд: «Ба ман Сӯҳроб рӯзи 9 – декабр занг зада гуфт:

Олим, таронаро сабт кардан лозим аст. Ман гуфтам: Шояд сабтро ба рӯзи дигар монем. Аммо ӯ пофишорӣ карда гуфт: Не, Олимҷон, ман бояд ҳамин рӯз бихонам, дигар хонда наметавонам. Маро банд мекунанд. Аввал ин таронаро бихонам, дигар бо ман ҳарчи кунанд, бикунанд.

Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки касе ба ӯ занг зада гуфтааст, ки ӯро аз мақомот касе пурсидааст»

«Омад, каме сархуш буд. Ростӣ, ин вазъаш ба ман хуш наомад, рӯи рост фикрамро гуфтам, илова кард Олим Ширинов. Мо машғули кор шудем. Дар рафти кор тез – тез бо телефон бо касе гап мезад. Тахмин задам, ки ба ошноҳояш занг мезад, то проблемаашро ҳал намоянд.

Баъдан касе ба ӯ занг зада гуфт, ки Сӯҳроб ташвиш накашад, проблемааш ҳал шуд. Олим ин қадар безобита шудани Сӯҳробро ба хислати ӯ марбут донист. Чун шахси эҳсосӣ буд, хеле вазъияти баде дошт. Умуман, бояд гуфт, ки Сӯҳроб ҷавони эҳсосӣ буду ҳама чизро ба дил наздик мегирифт. Ман таскинаш додам, ки ӯ ташвиш накашад, ин як ҳодисаи маъмулист.

Баъди занги телефонии ошнояш вазъаш хуб шуд ва мо таронаро навиштем. Хеле зебо суруд. Ин охирин тарона аст, дуэт. 09.12.2010 соати 18.40 аз студияи Олим Ширинов берун мешавад. Олим гуфт, ки вазъаш хубтар буд. Соати 19.00 ба тарабхонаи «9 Вал» меояд. Коргузорони тарабхонаи мазкур дар хусуси табъи сароянда хушгӯ буданд.

Модари Сӯҳроб бошад, ба хабарнигорон гуфтааст, ки: «Соати ҳафти бегоҳ буд, дар хона шиштагӣ будем, бачам омад. Дар бораи ҳар чиз гап задем, ӯ гуфт: «оча, ду – се рӯз шудаст касе аз қафоям шудааст — чӣ?» . Баъд ман гуфтам ту чикораӣ як «артист» — и оддиро чӣ кор мекунанд? «Намедонам касе маро қасд кардаст – чӣ»? Баъд ӯ гапро дигар тараф бурд.

То соати 10 – и шаб бачам дар хона буд, баъди соати 10 телефон мешавад, онҳо дар ресторанҳо ҷамъ мешуданд ва агар ягон табрикот мешуд, писарамро мегуфтанд, ки биё. Ман намедонам, ки ӯро куҷо фарёд карданд. Ман намоз хондаистода будам, тарафи келинам гуфтаст, ки «ман меравам, лекин тез гашта меоям. Вале баъди рафтанаш пагоҳаш ана ҳамин кор шуду ӯро оварданд. Кам – кам вақтҳои охир дилаш мезад ва мегуфт, ки «оча, шумо барои касалии дил чӣ дору мехӯред»?

Мувофиқи фарзияи дигар Сӯҳроб чуноне ки гуфтем, соати 19 ба тарабхонаи «9 Вал» омада, бахши баромади худро ба поён расонда, соати 21.00 онҷоро тарк мегӯяд. Инҷо силсилаи ҳодисаҳо канда мешавад ва мо натавонистем бифаҳмем, ки то соати 2 – и шаб сароянда дар куҷо буду чӣ мекард?

Мақомот то ҳол сабаби марги ӯро сактаи қалб унвон мекунанд. Ва чуноне аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба мо гуфтанд: «Дар мавриди марги Сӯҳроби Сафарзод ба сабабҳои дигар дар мо ҳеҷ хабаре ба қайд гирифта нашудааст».

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зар ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. Мухлис:

    Марги ман рузе фаро хохад расид….Сад афсус, ки чунин як чавони бо истеъдодро аз даст додем. Дарду гами Зафар Нозиму Зулфикори Азиз кам нагашта, боз даруни калбам пур аз гам гашт. Намедонам аз ин гамхо чи гуна худро канор гирам. Дуо кунем, дуо ки хонаи охирати ин мардони хунар ободу осуда бошад. Омин!!!

  2. Nasib:

    oxi kori hami jurnalisto chi bosha ??????? ma namefaxmum !!!! chixele tonistesten tuxmatush kadesten ! i tojikistonda moda shuday kase ki maqul nabosha davlatda yo bechorara doru doda mekushan badd rostu durug ovozash meknan ki peredazirovka shud, yoki medroyan mekshan bad megan xudkushi kad ! Ajab dunyovu ajab davra!!!!!

  3. сабина:

    почему без вскрытия тела человека объявили наркоманом, то что было сделано на похоронах это нечто вместо того,чтобы помолится за упокой его души мулла читает натацию о наркомании, нельзя ли эту натацию прочитать после похорон почему не подумали о боли родных которые потеряли близкого человека он никаким наркоманом то и не был, взяли моду кто умирает сразу на наркоманию списывать где результаты вскрытие кому были показаны эти сведения никому это останется тайной навсегда но клеймо наркомана это удар особенно для его родителей которым и без этого очень тяжело сейчас сведения разные мать и друзья говорят что его напугали а журналисты и мулла говорят что он наркоман одумайтесь что вы говорите проверьте сведения

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!