ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА РАУФОВА, САРОЯНДАИ «АСКАРБАЧА» ДАРГУЗАШТ

Нигина Рауфова

Нигина Рауфова

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр Нигина Рауфова, овозхони машҳури тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар синни 65-солагӣ даргузашт. Тибқи иттилоъи расида аз афроди наздик ба вай, хонум Рауфова дар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр соъати дуи пас аз зӯҳр дар манзили Нигина Рауфова маросими видоъ бо ӯ сурат мегирад ва соъати сеи пас аз зӯҳр ҷанозаи ин ҳунарманди шуҳратёр дар қабристони маҳаллаи Лучоб ба хок супорида хоҳад шуд.

Нигина Рауфова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон умдатан дар жонри мусиқии мардумӣ ва шашмақом овозхонӣ карда ва дар солҳои 1970 ва 1980 ба авҷи шӯҳраташ расида буд.

Хонум Рауфова тахассуси вижаи мусиқӣ надошт, вале замоне, ки дар дастаи мусиқии корхонаи бофандагӣ дар соли 1969 ҳунарнамоӣ кард, ӯро ба хотири истеъдоди ҳунарӣ ва овози дилнишинаш ба гурӯҳи мусиқии касбии «Рубобнавозон» ба кор гирифтанд.

Дертар ӯ бо ҳунари овозхониаш дар саросари Тоҷикистон шӯҳратёр шуд ва ӯро барои кор ба Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишвар барои кор даъват карданд. Овозхон Саидқул Билолов, ҳамкасб ва ҳамкори чандинсолаи Нигина Рауфова марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузург барои ҳунари тоҷик хонд.

Вай гуфт: “Нигина барои ҳамеша дар дилҳои мо ҳамчун овозхоне, ки истеъдоди худодод дошт боқӣ мемонад. Овози ӯ, симои ӯ, либоси ӯ, рафтори ӯ хеле тоҷикона буд ва беҳтарин сурудҳои мардумӣро низ Нигина иҷро кардааст.”

Нуқра Раҳматова, овозхони дигари маъруфи тоҷик ва дӯсти деринаи Нигина Рауфова мегӯяд, ки имрӯз қабл аз ҳама бо дӯсташ видоъ мекунад, то бо ситораи мардумӣ. Вай гуфт, бовараш намеояд, ки “дигар ҳеҷ гоҳ дар маҳфилҳои дӯстона, латифаҳои Нигина, саргузаштҳои хандадор ва хандаи ӯро” нахоҳад шунид.

Хонум Раҳматова афзуд: “Ҳама медонад, ки ҳарчанд Нигина тахассуси мусиқии касбӣ надошт, аммо садҳо маротиба беҳтар ва касбитар аз бештари овозхонҳои касбӣ буд. Нигина ҳеҷ оҳанге нахондааст, ки маъруф нашуда бошад ва дар дили мардум барои ҳамеша ҷоқ пайдо накарда бошад.”

Ҳарчанд Нигина Рауфова дар соли 1989 бознишаста шуд, вале то поёни умри худ дар гурӯҳи мусиқии «Дарё» дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон фаъолияти ҳунарии худро идома дод. Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ба дунё омада дар авоили даҳаи 1970 вориди арсаи ҳунар шуд.

Оҳангҳои «Аскарбача», «Қадат баланд аст», «Ман садқаи ту», «Духтари каҷтоқӣ» аз миёни таронаҳои машҳури Нигина Рауфова маҳсуб мешаванд. Вай дар соли 1977 унвони Артисти халқии Тоҷикистон ва дар соли 1996 ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, аз муҳимтарин ҷавоизи ҳунариро ба худ ихтисос дод.

Би-Би-Си

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Мухлис:

    Нигини хунари санъати точик чон ба ХАК супорид. Дуо кунем, ки Худованд чояшро чаннат ва хонаи охираташро обод гардонад. Бехтарин шахсияти санъати волои точик буд. Он хизматхое, ки мархума ба ин миллату ватан кардааст, дар ёдхо боки мемонад. Сад афсус, ки чунин шахсону хунарро хору зор мекунем. Дар зиндаги касе ба сурогаш намерафт, ки каме хам бошад, аз дарди дил фаромуш кунад. Гамаш гами мо буду аммо мо гами уро нафахмидем. Худованд мехрабон аст. Умед аз он дорем, ки Яздони пок хамаи моро аз гунохоямон бигзарад. Омин!!!

  2. vova:

    Чоят чанат бод аппаи Нигина !!!!!!!!

  3. manan:

    аппаи нигина, овозхони бисёр маъруфи тоҷик буд, худованд ҷояшро ҷаннат носиб гарданад !

  4. mo yake az muhlisoni apai nigina khudojon josha janat kna charogi ohiratashro ravshan gardonad mohi nayabri soli 2010 dar tuyi amaam da iskich nohiyai varzob hunarmandi sanati vollo apai nigina bud onruz ki fahmidam az dar guzashti onkas bisyor gamangez shudam bahairz duo mo chize kada nametonem

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!