ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНИ САНЪАТИ ТОҶИК АЗ МО РАФТ (+ВИДЕО)

Нигина Рауфова

Нигина Рауфова

Он субҳ барои мусоҳиба бо машҳуртарин бонуи ҳунари санъати овозхонии тоҷик омодагӣ мегирифтам. То субҳ нахуфтам, ба апаи Нигина суолҳои зиёде доштам. Дар андешаам феҳрасти суолҳоро тартиб медодам, ки аз кадомаш бояд оғоз кард.

Тибқи як мувофиқаи қаблӣ мебоист рӯзи чоршанбе, 22-юми декабр ҳамроҳ бо Субҳон Ҷалилов, корманди радиои “Ватан” ва Сафарбек Кабиров, хабарнигори ҳафтаномаи “Наҷот” бо қасди анҷоми як мусоҳибаи комили навориву садоиву нашрӣ меҳмони Нигина Рауфова мешудем. Аммо афсус… Субҳдам хабар оварданд, ки тоҷиктарин бону ва мардумитарин овозхон моро тарк гуфтааст. Боварамон намеомад. Ҳаво абрӣ буд. Ҳатто осмон гиристан мехост…

Дар маросими видоъ бо Нигина Рауфова дар манзилаш ба қавле «ҷойи сӯзанпартоӣ набуд». Ҳар нафаре, ки хабари маргашро шунид, роҳ сӯйи манзили ӯ гирифта буд. Чеҳраҳои саршиноси тоҷик ҳамагӣ онҷо буданд. Аз вазиру кабир то фақиру сағир.  Ҳар нафар талош мекард, пояи тобути апаи нозанинашро ба даст бигирад ва бо ӯ то охират видоъ кунад. Ҳама бо дард «Алвидоъ апаи ширин» мегуфтанд. Худро маломат мекардем, ки чаро як рӯз қабл барои мусоҳиба наомадем. Қисматро меандешидем, ки чаро як рӯзи дигар интизор нашуд…

Нигина Рауфова дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт. ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб дафн карданд. Нигина акнун, паҳлӯи бузургмандони мардонаи тоҷик, Лоиқ Шералӣ, Абдулло Назрӣ, Убайди Раҷаб рафт. Рафту санъати тоҷикро камбағалтар кард. Рафтани Нигина ба миёни шикастаи фарҳангу ҳунари тоҷик лагади даҳшатборе зад.

Он рӯзу баъди он ҳар ҷо ки сухан аз апаи Нигина меравад, ҳама аввалан тоҷикияти ӯро ба мисол мезананд. Нигина чеҳраи тоҷики асил буд. Нигина аз шумули охирин ситораҳои асри гузаштаву имрӯз аст, ки бо тамом тоҷикӣ буд, симояш, рафтораш, гуфтораш, либосаш, ҳазлҳояш, хандоҳояш, нозу карашмааш…

Нигина апаи ҳамаи мо буд

Нигина овозхоне аз миёни мардум буд, оҳангҳои сурудааш ҳамеша аз дилҳои мардум бармехостанд. Ҳамин вижагӣ буд, ки таронаҳои сурудааш ба зудӣ ба дили хурду ҷавон, ошнову ноошно, худиву бегона камин мегирифтанду ҳеч гоҳ майли тарк ба сар надоштанд. Мардум низ ӯро ҳамеша мисли хоҳари бузургашон ва ё касе ки барояшон хеле азиз аст «Апаи Нигина» мегуфтанд. Нигина Рауфова аъзои хонаводаи ҳар тоҷик буд ва мемонад. Нигина ҳар куҷо гули сари сабади ҳамагон буд.

Нигина шахсе буд, ки мартабаву унвон ва мақом ӯро натавонист иваз кунад. Бо вуҷуди расидан ба мартабаҳои баланд ҳеч гоҳ хислату хӯ, рафтору гуфтор, лаҳҷаи сӯҳбаташ тағир нахӯрданд (одатан дар мо вақте нафаре миёни мардум шӯҳратёр мешавад, ба зудӣ аз мардум фаромӯш мекунад). То охирин лаҳза ҳамон Нигинаи хоксоре боқӣ монд. Бо хурду бузург баробар.

Нигина Рауфоваро аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик ном мебаранд, ки шогирдони зиёдеро ба воя расондааст. ӯро дар баробари устодони санъат Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошимов ва Зафар Нозимов мақом медиҳанд.  Аксари ҳунармандоне, ки дар маросими видоъ гирди ҳам омада буданд, худро шогирди Апаи Нигина мегуфтанд.

Маҳфилу шабнишиниҳо, маъракаҳои хурсандӣ, ки Нигина даъватӣ буд, ранги тозае мегирифтанд. Дар баробари овозхонӣ ҳазлу шухиҳои намакин мекард. Аз қиссаҳои шавқовар, ки бевосита бо худи ӯ рух додаанд, нақл мекарду ҳозиринро механдонд. Худаш ҳам завқ бурдаву механдид, хандаҳояш зебову тоҷикона буданд.

Шӯхдухтари кӯҳистон

Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Ришгирак (дар Энсиклопедия Шерамон навишта шудааст, аммо хонаводаи Нигина баъди муҳоҷир кардани мардуми қуҳистонишин ба Шерамон кӯч бастанд)-и ноҳияи Файзобод зода шудааст. Нақл мешавад, ки Нигина ҳар рӯз ҳудуди бештар аз 5 километр роҳро тай карда аз Ришгирак, деҳае дар миёни кӯҳсор ба Кабкрез (зодгоҳи Дӯстмуроди Алӣ) барои дарсхонӣ омада мерафтааст. Дар хӯрдӣ аз модар ҷудо мешавад ва зиндагии сахтеро пушти сар кардааст.

Замони дар  корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе кор карданаш, ҳунари овозхонияш ошкор мешавад ва ӯро ба дастаи ҳаваскорони санъати корхона шомил мекунанд. Ҳамин гуна, аз оғози солҳои 60-уми қарни пор номи Нигина ба шӯҳрат печид ва то охирин лаҳза бари домонашро сар надод. ӯ таҳсилкардаи мактаби махсуси мусиқӣ набуд, аммо ҳунараш ба авҷи аъло расид. Соли 1971 дар ансанбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 то рӯзи марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио буд.

Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ таъриф мешавад. Аммо сурдҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, узбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ҳам ба дили мухлисон жарф нишаста буд.

Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи асили тоҷик буданаш шомили барномаҳои ҳунарие мекуарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Авррупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Белорусу Молдов буд. Дар соли 1978 бошад ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ кард.

Барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик соли 1977 ба Нигина Рауфова унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” дода шуд. Апаи Нигина барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд. Ба нақли наздиконаш як рӯз қабл аз марг дар телевизиони «Сафина» суруди навашро сабт кардаву зимнан, мардуми кишварро бо соли нав табрик гуфтааст.

Нигинаи «як рӯза меҳмон» бо «ормонҳои садсола»

Апаи Нигина аз «шаб хам-хами пур сояву пурмаҳтоби Файзобод», қад-қади «санговаи Элок», ки ҳар каси қадамгузошта хокаш «ба мижа мебарад» нафас гирифтаву «Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқ» шуд. Ошиқи содиқ ба ватан, миллат ва ҳаводоронаш, з-ин сабаб дар ҳоле, ки «Асрори ҳама даруни дил меғунҷид» ӯ хомӯш нишастан натавонисту «Дарди дилашро қиссаи мардум кард».

Он рӯз, ки хаткашон пушти дараш омад, садо сар дод, ки «Офтоб задаст дар таҳаки оличаме, Хат омадайе имрӯз зи аскарбачаме». Мактуб дар даст, ашки шодӣ рӯйи рухсораҳо мегуфт, ки «Шодам, ки ба аскаро калонай бачаме». Баъдан, бо нозу карашмаи тоҷиконае, ки дошт, «Нозам ба чашмонат» гуфту тоқӣ пушид, то ба «Духтари каҷтоқӣ» монанд бошаду аз «Буи гул» маст шуда, «Кокулони борон»-ро майдабофӣ созад.

Бо ҳавои таронаи «Сарзамини мо» паҳлуи «Мазори Сурхпӯш»-и Ришгирак гузаштаву аз оби «Чашмаи Лесак» нушида мастона қаҳ-қаҳа бизанад, ки «Қадат баланд аст ёр». Баъдан, «Ишқи хубон» дар сар ҳамнишини дилписандеро бо нидои «Биё ёр, биё ёр, биё ёри сазовор» ба сӯяш хондаву бигуяд: «Ман садқаи ту»! Ва дигар «Асли гап чи мепурсӣ», ки акнун «Дар таҳаки долони ту айвон дорум, Як лаҳза ба шиштани ту ормон дорум, Як лаҳза бишин, бишканад армонум, Сар дар бағалат монум шавад ормонум» гуфтаву сарашро дар бағали хок гузошту барои абад сӯйи У рафт.

Чун «Як рӯза меҳмон» буду «Садсола армон» дошт, ормонӣ рафт. Ормонӣ аз он, ки мегуфт: «Ҳайф аз гули ночидаам, Аз ишқи новарзидаам». Садояшро ҳаводоронаш ҳамоно мешунаванд. Ин садоҳо гӯйё ҳамеша мегӯянд, ки барои фотеҳа даст бар дуо бардоранд, сари қабраш барои қироати ояҳои муқаддас биёянд. Апаи мо бо ҳамон садои марғуладоре, ки дошт, ҳанузам садо мекунад, ки: «Гул чида биё, хандида биё»…

Гулҳои чидаи ман ҳам, ки ба вақти дидор бояд тақдими Нигина мекардам, рӯйи дастонам хушкиданд. Ман акнун дастагуле аз апаи Нигинаам қарздор мондам…

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ, «Озодагон»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. MAHBUB-TJ:

    Дуруд! Хуб аст, ки ин матлабро дар блогатон чой додаед, аммо мутаасифам, ки чаро кисмати охираш, ки «Нигинаи «як руза мехмон» бо «ормонхои садсола» унвон дошт, ворид накардед?

    • Салом! Рости ин кисмати матлабро бо кадом як сабаби техники чой надода будем. Ташаккур мекунем, ки моро сари вакт огох кардед. Аз тамоми хонандаи ин торнома пузиш мехохем…Бо умеди хамкорихои минбаъда ахли эчоди торномаи TajMusic…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!