ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: «ДАР ҚАЛБАМ ҶОЙИ Ӯ ХОЛИСТ…»

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

-Соли гузаштаро бо хушҳолӣ пешвоз гирифта будам ва шукри Худо, ки то охир он бароям пур аз шодию фараҳ, пешравию муваффақият буд, аз ин рӯ, бо умеди боз ҳам дар пешаи интихобнамудаам муваффақ шудану ба дигар орзуҳои дилам расидан.

Соли Харгӯшро низ хуб пешвоз гирифтам.

— Метавонед, ҳамон муваффақиятҳоеро, ки дар соли гузашта сазовор гаштед, баҳри хонандагони ҳафтавори мо нақл кунед. Яъне соли 2010 дар ҳаёту зиндагӣ ва фаъолияти як бонуи эҷодкор чӣ нақше гузошт?

— Беҳтарин сол буд, зеро ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз Соли нав албоми навбатиамро дастраси ҳаводоронам намудам, соҳиби хонаи сеошёнаву мошини замонавӣ гаштам, ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, онҷо сурудҳоямро пурра аз нав банду баст ва сабт намудам. Ғайр аз ин, ман имиҷ ва тарзи сурудхонию ҳаракатҳоямро тағйир додам…

— Воқеан ҳам, дар як барномаи телевизионӣ шуморо дидаму қариб, ки нашинохтам, ороиши мӯю рӯятонро тамоман иваз кардаед…


— Бовар кунед, шунидани он ки «Фирӯза худро ба Шабнами Сурайё монанд мекунад» ба дилам зад, аз ин рӯ, ба хулосае омадам, ки тарзи сурудхонӣ, ҳаракат намудан ва ороиши мӯю рӯйямро дигар намоям. Ҳоло Фирӯза сабку услуби худро дорад, ӯ ба касе тақлид намекунад ва ба касе ҳам монанд шудан намехоҳад.

— Болотар гуфтед, ки соли гузашта соҳиби мошини наву замонавӣ гаштед. Мошинро ягон «дӯстатон» тӯҳфа намуд ва ё худатон харидед?

— Боварӣ дорам, ки бисёриҳо чунин андеша доранд, яъне фикр мекунанд, ки гӯё касе ба ман мошин тӯҳфа намудааст, аммо ҳақиқат чунин нест. Онро худам бо меҳнати ҳалол ба даст овардаам. Рости гап, ҳамеша барои муваффақ шудан дар пешаи интихобнамудаам заҳмат мекашам, баъзан ҳафтаҳо хоб намеравам, шабу рӯз фикр карда, суруди нав эҷод мекунам, то ки лаҳзае ҳам бошад, мардумро шод намоям, фикрашонро аз мушкилиҳои рӯзгор канда намуда, ба дунёи орзуҳои нек, дунёи хушбахтӣ ворид созам, дилашонро ба зиндагӣ гарм намоям, вале аз чӣ бошад, ки баъзеҳо ба қадри ин меҳнати шабонарӯзии мо намерасанд. Ҷойи кӯмаку дастгирӣ, кӯшиш мекунанд, ки дилшикастаамон созанд…

— Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам, равшантар гап занед.

— Барои омода намудани як тарона зиёд заҳмат мекашам, меҳнат мекунам, хуни дил мехӯрам, шабу рӯз машқ мекунам, даҳ бор роҳ сӯи хонаи шоиру оҳангсоз мегираму баъдан суруд омода мешавад. Албатта, барои банду баст ва сабти он маблағи калон сарф мекунам, аммо муҳим маблағ нест, асос он ки таронаи сурудаам тез ба дили мардум роҳ ёбаду шунавандаи худро пайдо созад.

Бисёр кӯшиш мекунам, волотарин суханро тариқи суруд ба мардум гӯям, аз дарди дили онҳо қисса кунам, вале баъзан мешунавам, ки сурудҳоямро дар рӯзномаю маҷалла ва радиоҳо танқид мекунанд, ғамгин мешавам. Чаро меҳнати моро ба назар намегиранд? Чаро фикр намекунанд, ки ман барои тайёр кардани ҳамон як суруде, ки онро зери танқид мегиранд, чӣ қадар меҳнат кардаам?

— Дар кадом рӯзнома шуморо танқид карданд?

— Ростӣ, вақтҳои охир фурсат намеёбам, ки рӯзномаю маҷалла хонам, аммо боре дар як маърака сарояндае писханд зада ба ман расонд, ки суруди «Қатаған» — атро дар ҳафтаномае танқид карданд. Охир ҳамон нафароне, ки маро танқид мекунанд, ҳама гуфтаниҳояшонро омада дар рӯям гӯянд, саволҳояшонро ба худам диҳанд. Ман санъаткорам, бароям фарқ надорад, ки суруд тоҷикӣ аст ё на, муҳим он ки аз ӯҳдаи хонданаш бароям ва он ба халқ писанд афтад.

Баъдан, агар нафаре барои пешрафти санъатам маро сарпарастӣ кунаду гӯяд, ки суруди амрикоӣ хон, ман тайёрам, ки хонам. Шакира ба Африка ягон алоқамандӣ надорад, аммо вақтҳои охир ҳама сурудҳояш африқоианд, Юлдуз Усмонова ӯзбек аст, аммо албоми навбатиаш пурра ба забони тоҷикӣ дастраси мардум гашт. Санъат забон надорад, сароянда бо кадом забоне бошад, бояд тавонад сурудхонӣ бикунад.

— Дар вақтҳои фориғ аз кор чиро бештар фикр мекунед?

— Фикр мекунам, ки вақт барои шахси эҷодкор ҳамеша қиммат аст, вале бо вуҷуди серташвиш буданам ҳамеша ҳис мекунам, ки ман танҳоям ва ҳамин фикр оромам намегузорад.

— Нафаҳмидам,чӣ хел танҳо?

— Дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз кам нестам. Шукри Худо, ки модарам болои сари мо, фарзандонашон ҳастанду дар ҳама ҳолат моро ҳамроҳ ва дастгиранд. Соҳиби як духтарчаи нозанинам, хонаю дари обод, дӯстони беҳтарин дорам, ҳама шароити зисту зиндагӣ бароям муҳайёст, аммо дар паҳлӯям набудани мард, маро ҳамеша озурдахотир мегардонад.

Худованд зану мардро барои ҳамдигар офаридааст, онҳо пуркунандаи ҳамдигаранд ва фикр мекунам, ки зиндагии ин ду ҷинс бе яке маъно надорад. Худро мисли як парандаи паршикста ва танҳо ҳис мекунам. Охир дар зиндагӣ ва дар қалбам ҳамеша ҷойи оне, ки бояд паҳлӯи ман, ҳамдарду ҳамроз, ҳамқисмат, ҳамсафар ва ҳамболинам бошад, холист.

— Шояд таронаи «Ҷигарам месӯзад» — ро ба ҳамин хотир суруда бошед?

— Аслан кӯшиш намекунам, ки тариқи тарона аз зиндагӣ шикоят кунам, зеро хушбахт ё бадбахт шудан, ҳамааш аз тақдири кас вобаста аст, дар сарнавиштат чизе навишта шуда бошад, хоҳ нохоҳ онро мебинию мечашӣ, аз қисмат ҷойи гурез нест.

— Гуфтед, ки дар зиндагӣ ҳамеша худро танҳо ҳис мекунед, агар чунин аст, пас чаро хонадор намешавед?

— Он мардеро, ки ман мехоҳам ва хаёлан тасаввураш мекунам, то ҳол пайдо накардаам, ҷустуҷӯяш дорам.

— Бояд чӣ гуна бошад шавҳари ояндаи шумо, хушсурату қоматбаланд, пулдор, соҳибвазифа ва ё …?

— Касбу кор ва пулу молаш бароям муҳим нест, бигзор ӯ як марди оддӣ бошад, аммо носу сигор накашад, май нанӯшад, бо маърифат бошад ва тавонад духтарчаамро чун фарзанди худ дӯст дораду ба ӯ меҳри падарӣ бахшад. Баъдан дар зиндагӣ ҷиддӣ бошад, ҳама муҳаббати доштаашро танҳо ба ман ҳадя кунад, эҳтиромам намояд, ба қадри ҳунарам расад, дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ, дар пастию баландиҳо, дар ғаму шодӣ, хулоса, ҳамеша дар барам бошад.

— Таманно мекунем, ки марди орзуҳоятонро пайдо намуда, хушбахт шавед.

— Ташаккур.

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Daler:

    Surudi «Katagan» hele ablahona surud !

  2. Фируза ман шуморо дуст медорам мехохам ки хушбахтарин зан бошед чи орзуи доштбошед дар соли 2011 амали гардад сахнаи точик азони шумо аст.

  3. салом Фирузахон ман зангирм агар ман тура гирам ту мара мегири хамон чавоне, ки ту мехохи ман хамон хастам бо эхтироо шавхаршавандаи Фирузачон ман чавоби ту интизмрам сурогаятро нависта мон токи ман бо ту аз наздик сухбат кунам…!

  4. Firuza raqsoda gap nestay mada bisyor mahkul shudas rapsoi shumo hay doimo bo rapsoi indiskit dar sahna boshi хахахаха…!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!