ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

«АСРОРИ ИШҚ»-И САИДҚУЛИ БИЛОЛ КУҶОСТ?

Саидкули Билол

Саидкули Билол

Тайи се даҳсола аст, ки ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Саидқул Билолов рӯйи саҳнаи касбӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Тӯли ин муддат сурудҳои зиёде офаридаву мухлисони бештаре пайдо намудааст. Ҳаводорони ҳунараш медонанд, ки ӯ на ҳама гуна матнро интихоб карда, ба он оҳанг мебандад.

Яке аз махсусиятҳои ҳунарии ӯ ҳам дар ҳамин аст. С. Билолов дар қисми зиёди мамолики Аврупову Осиё бо ҳунари сарояндагиаш дили дӯстдорони мусиқиро ба ваҷд овард. Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо буд, ки ба баландтарин унвони соҳаи санъат – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ба Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сазовор гардид.

-Мукофоти аз ҳама баланди санъаткор, ин пеш аз ҳама, маҳбубияти тамошобин ба ҳунари мо, сарояндагон аст, — мегӯяд худи ӯ, — зеро санъат аз они халқ аст ва мо, санъаткорон, ҳамеша дар хизмати халқем.

Ин марди ҳунар алҳол дар баробари сайқали маҳорат ба ҳайси директор ба ансамблҳо ва дастаҳои ҳунарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Шашмақом», «Фалак», «Дарё», «Гулрез» ва «Ориё» роҳбарӣ менамояд…

— Аз рӯйи шуниди мо шумо ба санъат ҳанӯз аз овони наврасӣ дил бастаед ва ҳамин аст, ки маҳсули эҷодиётатон низ хеле гуногунпаҳлӯю пурмӯҳтавост.

— Воқеан ҳам, банда аз синни нӯҳсолагиам ба ҳамин касб шуғл пайдо намудаам. Дар ҳамин синну сол ба мактаб – интернати махсуси мусиқӣ – хореографии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова (ҳоло ба номи Миратулло Атоев) дохил шудам. Ба ноҳияи мо ду нафар намояндагони ин мактаб рафтанд ва эълон шуд, ки ҳар кӣ мехоҳад ба мактаби деҳа омада, аз назари мутахассисон гузарад, онҳо барои интихоби истеъдодҳо омада будаанд. Ин матлабро ба падарам гуфтам ва он кас ҳам розӣ шуданд, ки худамро санҷам. Хушбахтона, аз озмун гузаштам ва омадем ба Душанбе. Баъдтар фаҳмидам, ки аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон ман баринҳоро яккачин карда оварда будаанд.

— Пайраҳа аз ҳамин ҷо оғоз шуд, гӯед?

— Оре, мактаб – интернатро хатм карда , чанд сол дар он ҷо омӯзгорӣ ҳам кардам. Минбаъд бо сабаби заҳматҳои шабонарӯзӣ дари маҳорату истеъдод ба рӯям боз шудан гирифт, ки аз Худои меҳрубон сипосгузорам.

— Баъдтарҳо як ансамбл ҳам созмон додед, бо номи «Дарё». Мақсад чӣ буд?

— Озмун эълон кардем ва ҳунармандони хоҳишмандро ба кор қабул кардем. Як қисми онҳо аз ансамбли «Шашмақом» бо хоҳиши худашон ба мо пайвастанд. Ин соли 1989 –ум буд. Дидед, аллакай зиёда аз бист сол гузаштааст. Имрӯз ҳунармандони он аксарият соҳибунвону дар дили мардум ҷой гирифтаанд.

— Воқеан, ба наздикӣ боз ду нафар овозхони навро ба кор қабул намудед, ҳамин тавр?

— Дуруст мегӯед. Онҳо Зайнура Саидова ва Насиба Зайниддинова ҳастанд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш барои Зайнура суруди «Ҷон модарам» ва барои Насиба суруди «Дилошнои ғам» — ро навиштам, ки ҳарду ба қалами шоири шинохта Низом Қосим тааллуқ доранд. Ҳарду ҳам хуб хондаанд. Иншооллоҳ, ояндаашон дурахшон аст.

— Шумо аҷаб коре кардед, ки аккордеонро (дар ансамблатон) аз истифода берун баровардед. Ин ба чӣ хотир буд? Охир, онро аксар ҳунармандони шинохтаамон то ин вақт истифода мекарданд – ку?

— Ҳар як халқ дар баробари анъана ва урфу одатҳои худ асбобҳои миллии худро низ дорад. Масалан, туркману қирғизу қазоқ бо думбраи худ фахр мекунанд. Мо дар ин раванд асбобҳои мусиқии зиёде дорем, аз қабили уд, руд, най, дойра, чанг, барбат, конун … пас чаро онҳоро тарғибу истифода набарем? Аккордеон моли фаронсавист, шарт нест, ки онро ба таври фаровон истифода барем. Мо дар вақташ бе дудилагӣ аз он даст кашидем ва то имрӯз ҳам аз ин корамон пушаймон нестем.

— Баъзе аз сарояндаҳо теъдоди сурудҳояшонро мешуморанд, шумо чӣ ?

— Дар хазинаи Радиои Тоҷикистон бештар аз сад сурудам сабт шудааст. Дар баробари ин, сурудҳоямро дигарон низ хондаанд.

— Кас ба муаллифони матни сурудҳоятон агар аҳамият диҳад, зуд маълум мегардад, ки бештар аз классикон ба Мавлавӣ, аз муосирон бар матни ашъори шоирон Лоиқ, Бозор Собир ва Низом Қосим оҳанг баста сароидаед, чаро ин тавр?

— Ин мушоҳида дуруст аст. Мавлои Рум бо ҳама ҳунармандиаш шӯҳраи олам гардид. Хусусияти ашъораш он аст, ки қариб ҳамаи ашъораш дар худ оҳанг дорад, ҳангоми офариниши оҳанг илҳоми оҳангсозро меорад ва кор осон мегардад. Устодон Лоиқу Бозор ва Низом Қосим дар шеъру ғазалҳои хеш маъниофарӣ мекунанд ва тахайюли шеърашон баланд аст. Бинобар он, чӣ тавр ба ин гуна ашъор оҳанг баста нашавад?

Дар баробари ин, агар завқи шеърфаҳмӣ набошад, оҳанг баста намешавад.Танҳо аз ашъори Бозор Собир 33 ва аз устод Лоиқ ба 26 шеърашон оҳанг бастаам. Шафеии Кадканӣ гуфтааст, ки «Шеър чизе нест ҷуз ба мусиқӣ расидани калом». Ё файласуфи олмонӣ Артур Шопенгауер гуфтааст, ки «Мусиқӣ зебои зебоиҳост ва ҳунари хунарҳост, онро бояд шунид». Маликушшуарои Баҳор гуфтааст, ки:

Шеър он бошад, ки хезад аз дилу ҷӯшад зи лаб,

Боз дар дилҳо нишинад, ҳар куҷо гӯше шунуфт.

— Барномаи ҳунариатонро шумо тез — тез нав карда меистед. Ин чӣ тавр ба шумо даст медиҳад?

— Фикр мекунам, ки эҷодкор бояд ҳамеша дар пайи эҷоди хеш бошад. Санъаткор дар ҳеҷ кадом як кори дигар банд кардан нашояд. Банда аз он мефахрам, ки дар баробари дигар корҳо метавонам, ки вақт ёфта сурудҳои тоза эҷод намоям. Охир, эҷодкор бояд ҳам қадами замон бошад ва васфи диёри хешро намояд. Аз хоксорӣ берун наравад, танҳо то поёни ҳамин сол бештар аз бист суруд эҷод кардаю ба риштаи адвор кашидаам.

Мақсади суруд зебоиофарӣ ва тарғиби зебоист. Он инсонро тарбия мекунад. Суруди охирини ба қарибӣ эҷодкардаам – «Асрори ишқ», сюитаи овозию рақсии чорқисма (бар матни Мавлавӣ) аст, даҳ дақиқа давом мекунад. Он ҳам аллакай рӯйи адвор омадааст ва барои мухлисон пешкаш мегардад.

— Шумо роҳбарии ансамблҳоро дар ӯҳда доред ва ҳам сароянда ҳастед. Байни роҳбарӣ ва сарояндагӣ чӣ тафовутеро мебинед?

— Ҳарду ҳам масъулият доранд, намешавад, ки якеро аз дигаре ҷудо кард.

— Ҳоло фазои саҳнаро ҳофизони ҷавони зиёде фаро гирифтаанд. Ба назари шумо ин хуб аст ё бад?

-Албатта, ин хуб аст. Банда маслиҳат доданиам, ки танҳо шеър ва мусиқии асилро бояд мухлисӣ ва муаррифӣ кард.

— Фарзандонатон ҳам ба роҳи падарашон рафтаанд?

— Ҳамаашон аз мусиқӣ бохабаранд, бо асбобҳои гуногуни мусиқӣ менавозанд, аммо дар фазои хонаи мо интихоби касб ихтиёрист. Онҳо касбҳои дигарро интихоб кардаанд…

— Таманно дорем, ки ҳамеша эҷодиётатон дар ҳоли шукуфтан бошад. Барои сӯҳбати ҷолибатон ташаккур.

Мусоҳиб Ҳотами Ҳомид, «Чархи гардун»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!