ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

АЗ САҲНА БА МАСҶИД: ОЁ МУСИҚӢ БО ИСЛОМ ТАНОҚУЗ ДОРАД?

Мехрубони Равшан

Мехрубони Равшан

Меҳрубони Равшан, овозхони тоҷик, ба далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш тасмим гирифтааст саҳнаро тарк кунад. Вай мегӯяд, ки қасд дорад дар оянда машғули тиҷорат шуда ва танҳо оҳангҳои мазҳабӣ иҷро кунад.

Оқои Равшан мӯътақид аст, ки иҷрои оҳангҳои мудерн тибқи арзишҳои исломӣ гуноҳ маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки ахиран чанде аз овозхонони саршиноси дигар низ ба далоили мушобеҳ саҳнаро тарк кардаанд. Гуфта мешавад Маликаи Сайидзод, овозхони маъруф, низ, ки дар гузашта аз маҳбубияти зиёде дар миёни алоқамандони таронаҳояш бархурдор буд, баъд аз сафари ҳаҷ ҳиҷоб пӯшида, саҳнаро тарк карда ва ҳоло машғули тиҷорати либоси исломӣ барои бонувон аст.

Гузашта аз ин, бархе аз овозхонҳо баъд аз сафари ҳаҷ ба номҳои худ тахаллуси “Ҳоҷӣ” гирифтаанд. Вале бо ин вуҷуд, тарки касби худ накарданд. Ба унвони мисол, Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ ва ё Ҳоҷӣ Ҷӯрабеки Мурод ҳамчунон машғули овозхонӣ ҳастанд. Меҳрубони Равшан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки беш аз чаҳор сол аст, ки ба ислом рӯй оварда ва дарк кардааст, ки шуғли овозхонӣ «кори дурусте набудааст.»

Вай афзуд: «Ҳама шаб дар маросими мухталиф овозхонӣ мекунем, ки он ҷо бонувони зиёде рақсу майнӯшӣ мекунанд. Ин ҳама гуноҳ аст ва мо беихтиёр дар он мушорикат мекунем. Тасмим гирифтам, ки овозхониро батадриҷ қатъ кунам ва ба тиҷорат машғул шавам.»

Бо ин вуҷуд, оқои Равшан мехоҳад, ки дар оянда таронаҳои мазҳабӣ иҷро кунад ва ҳоло машғули таҳияи як барномаи вижаи мазҳабӣ будааст. Вай ҳамчунин хабар дод, ки тайи чаҳор соли ахир аз фарорасии соли нави мелодӣ таҷлил намекунад, зеро «ин амр дар ислом мамнӯъ аст.»

Фурқати Саид, овозхони тоҷик ва раҳбари гурӯҳи “Шашмақом” дар кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло миёни ҷавонони мазҳабӣ ва овозхонон дар мавриди мамнӯъ будан ё набудани мусиқӣ дар ислом баҳсҳои тунде сурат мегирад.

Вай афзуд: “Мутмаинам ислом наметавонад ҷудо аз мусиқӣ бошад. Зеро оятҳои Қуръон низ дар қолаби арӯз иҷро мешаванд. Мушкил ин аст, ки бисёре аз овозхонони ҷавон таронаҳоеро иҷро мекунанд, ки аз завқи пойини онҳо гувоҳӣ медиҳад.»

Оқои Саид гуфт, ки худ низ дар ҷавонӣ таронаҳоеро иҷро кардааст, ки аз иҷрои онҳо акнун «шарм медорам» ва онҳоро аз барномаҳояш лағв кардааст. Вай афзуд: «Ба ин далел, ба “Шашмақом” рӯй овардам, зеро дар ин қолаб таронаҳое иҷро мешаванд, ки мухолифи одоб ё ахлоқи исломӣ нестанд.»

Акбари Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, ки шунидани ҳар гуна оҳанг ва ё таронае, ки «барангезандаи фаҳш» набошад, дар ислом мамнӯъ нест. Оқои Тӯраҷонзода низ бар ин назар аст, ки ислом наметавонад аз таронаҳои суннатӣ, ки бар осори шоъирони клосик иҷро мешаванд, сарфи назар кунад: «Шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ ва Камолу Бедил инсонро тарбият ва ба андеша даъват мекунанд ва таронаҳое, ки бар пояи осори ин адибон иҷро мешаванд, бо арзишҳои исломӣ муғойир нестанд.»

Ҳарчанд бархе аз уламои мазҳабӣ иддаъо доранд, ки шунидани ҳар гуна мусиқӣ мамнӯъ мебошад, вале Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳатто парвардигор иҷрои таронаҳо дар маросими арӯсиро раво донистааст. Вай афзуд: «Шарт нест ҳамаи таронаҳо илоҳӣ бошанд, шунидани таронаҳо дар бораи зебоӣ, табиъат ва арзишҳои дигари инсонӣ низ мамнӯъ нашудааст.»

Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонони мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳоло аз шунидани ҳар гуна мусиқӣ ва таронаҳо худдорӣ мекунанд ва ин корро «ҳаром» медонанд. Вале ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, чунин бархӯрди ҷавононро метавон то ҳадде ифрот ё ҷаҳл номид. Ба ақидаи вай, ин мушкил аз камбуди дониши мазҳабӣ маншаъ мегирад.

Аз оқои Тӯраҷонзода суол кардам, ки агар дар маросиме ширкат дошта бошад ва дар он ҷо таронаҳое иҷро шаванд, ки онҳоро вай мамнӯъ медонад, чи гуна рафтор хоҳад кард? Оқои Тӯраҷонзода гуфт: «Агар манзуратон ҳамон таронаҳои «сӯхтам-пухтам» бошад, ва агар имонам қавӣ бошад, бояд он маҳфилро тарк кунам.»

Фаридун Ҳодизода, коршинос дар умури адён, бар ин назар аст, ки бисёре аз ҷавонони мазҳабии Тоҷикистон аз касе шунидаанд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст ва бидуни далеле аз ин амр пайравӣ мекунанд. Вай афзуд: «Наметавонам бигӯям, ки ин ифрот аст, вале ин нишонаи максимализми мазҳабиёни навпо мебошад.»

Ба гуфтаи вай, дар ислом таронахонӣ ҳеҷ гоҳ мамнӯъ набудааст ва овозхонии Довуд, яке аз пайғомбарон, ки аз садои хуше бархурдор буд, далели ин амр аст. Оқои Ҳодизода мегӯяд, ки инкори мусиқӣ ва овозхонӣ дар ислом баъд аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 оғоз шуд. Вай гуфт: «Он замон Оятулло Хумайнӣ мусиқиро афюн хонд. Вале бо гузашти солҳо дар Эрон аз ин амр даст кашиданд ва ҳоло гурӯҳҳои бисёри мусиқии поп дар ин кишвар фаъол ҳастанд.»

Оқои Ҳодизода мӯътақид аст бархе аз овозхонҳои тоҷик, ки «ҳунари овозхониашон ба марҳилаи поёнӣ ё таназзул расидааст» ва дигар маҳорати бештаре аз ин надоранд, барои рӯйпӯш кардани ин вазъи худ ба ислом рӯй оварданро баҳонаи тарки саҳна мехонанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Фурқати Саид, овозхони тоҷик, мавориде низ вуҷуд дорад, ки овозхонҳо, бахусус ҳунармандони зан, таҳти фишори ҷомеъа ба тарки саҳна водор мешаванд. Ба унвони мисол, оқои Саид гуфт мӯътақид аст, ки пас аз сафари ҳаҷ мардум ба Маликаи Саидзод фишор овардаанд, то вай «тибқи муқаррароти исломӣ» овозхониро тарк кунад кунад ва бояд ҳиҷоб бипӯшад.

Би-Би-Си

Filed under: Ислом ва мусиқӣ,

9 комментариев

  1. джамшед:

    мехрубон фахмид ки окибат надора, барои он ки, хач рафт, кори хуб кад мехрубон, кандша бзана!

  2. Daler:

    Mehruboni Ravshan hud yak hofizi rohnojofta ast va albatta kushish dorad makome darjobad , vale fikr mekunam bo rohi hofizi u durrav nest ,shoyad bo tojiri peshrav gardad. Vale u mazzai oshhoi palabi tujhoro faromush kardanash ba gumon va hamchunin nimchahofiz memonad.

  3. далер. Ту бачое таъриф куни мехрубона боз, хамин хел гапо менависи! Ягом хофизи точик да рохи дину мазхаб рава бояд ту хурсанд шави, ту чихел мусулмони!

  4. Якчохон ташакур ба Мехрубони Равшан, ки мусалмон шуд ва хонаи Худора зиёрат рафт ва ман мехостам ки хамаи сарояндахо аз ин кори бадбахти даст кашан ва думболи ислом гарданд… !

    • Мухлис:

      Салом бародар Мирзо! Агар сарояндаги ин кори бадбахти бошад, чаро ки ту ин бадбахтихоро тамшо мекуни. Магар аз руи мантик аст? Тавба кун ошно, тавба, ки хануз дер нашудааст. Дуввум ин ки Мехрубони Равшан Алхамдулиллох муъмину мусалмон буду хасту мемонад Худо хохад. Бесавод нашав. Бесаводи одамро ба нести мебарад, медони хамира…

      • Ман ба ту саломати комьебихо орзу менамоям. Офарин дар ин замона, дар ин синну сол хар кас сахнаро тарк намекунад, ХУДОИ ТАЪОЛО ТУРО НИГАХБОН БОШАД!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!.

  5. Omar:

    бародар агар дар хакикат нияти холис карда боши пас аз худо мехохем ба максади худ бирасед

  6. hurshed:

    худованд гунохота бубахша мехрбон !!! худованд дигрон хофизхорохам хидоят гардонад омин !!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!