ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ПАРВИН ЮСУФӢ: «БОРҲО ХИЁНАТ ДИДААМ, ВАЛЕ…»

Парвин Юсуфи

Парвин Юсуфи

Борҳо хиёнат дидаю бахшидаам. Охир, инсон бояд ҳамеша бахшанда бошад, набахшидани гуноҳи кас аз хислатҳои хуби инсонӣ нест, аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки гуноҳ ва ё хиёнати онеро, ки нисбат ба банда раво мебинад, ба дил нагирам, бубахшамаш.

— Парвинабону, ишқ аз нигоҳи Шумо?

— Ишқ тӯҳфаи бебаҳои иллоҳӣ ва ганҷинаи нодирест, ки дари дили ҳар як ин¬сонро мекӯбад ва вориди он мегардад. Вақте ишқ меҳмони қалбат мегардад, зиндагӣ ба куллӣ тағйир меёбад, он гуворо мегардад ва ту худро хушбахттарин фарди рӯи олам мешуморӣ. Фикр мекунам, ки дар дунё дили бе ишқ нест, ҳама инсонҳо ошиқанд, дӯст медоранд зиндагиро, зебоиро, суруду таронаро…

— Ба ақидаи Парвин мард бояд чӣ гуна бошад?

— Мард бояд мард бошад, рафтору гуфтор, муносибат ва тарзи суханрониаш мардона бошад, нисбат ба зан – ҳамсари худ ҳалиму меҳрубон бошад, қавиирода ва боҷуръат бошад…

— Пас зан бояд чӣ гуна бошад?

— Пеш аз ҳама сабур бошад, ба тамоми пастию баландиҳои рӯзгор тоб орад, меҳрубон ва кадбонуи хуб бошад.

— Зан ва мард…?

— Дар якҷоягӣ бояд ҳамдигарфаҳмӣ дошта бо¬шанд, эҳтироми ҳамдигарро донанд, зеро мустаҳкамии оила низ аз ҳамин сарчашма мегирад. Зиндагии зан бе марду аз мард бе зан бемаъно ва якранг буда, он дилгиркунанда аст, бинобар ин, онҳо бояд ҳамеша бо ҳам ҳамдарду ҳамроз бошанд, мушкилиҳои рӯзгорро бо маслиҳати ҳамдигар ҳаллу фасл намоянд. Оилае, ки дар он меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмӣ, ҳурмату иззат ҷой дорад, он оила солиму мустаҳкам боқӣ мемонад.

— Оё дар оилаи Парвин ҳамин сифатҳо дида мешаванд? Яъне якдигарфаҳмӣ пойдор аст ва ё…?

— Албатта.

— Бо ҳамсаратон дӯст дошта хонадор шудед ва ё ӯро волидайнатон интихоб карданд?

— Магар касеро, ки дар зиндагӣ ҳамрози якумрии ту мегардад, метавон дӯст надошт? Ё метавон бо оне, ки намехоҳиаш зиндагӣ бикунӣ? Албатта на. Издивоҷи ману ҳамсарам низ аз рӯи ишқу муҳаббат буд, ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем ва имрӯз шукри Худо рӯзгори осуда дорам, соҳиби ду писари гулбарин зебоям, аз рӯзгорам шикоят надорам.

— Хиёнатро чӣ гуна қабул доред? Оё метавонед бубахшед шахсеро, ки ба шумо хиёнат мекунад?

— Борҳо хиёнат дидаю бахшидаам. Охир, инсон бояд ҳамеша бахшанда бошад, набахшидани гуноҳи кас аз хислатҳои хуби инсонӣ нест, аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки гуноҳ ва ё хиёнати онеро, ки нисбат ба банда раво мебинад, ба дил нагирам, бубахшамаш.

— Парвин Юсуфӣ дар зиндагӣ чӣ гуна инсон бошад?

— Акнун ман наметавонам ба худ баҳо диҳам, бигзор дигарон, онҳое, ки берун аз саҳнаи ҳунар маро мешиносанд, хислатҳоямро гӯянд. Танҳо ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки дӯст медорам некӣ карданро ва нисбат ба одамоне, ки бадкору бадхоҳанд, нафрат дорам.

— Чаро аксари санъаткорон дар сурудҳои худ ишқро васф мекунанд?

— Аз ишқ яке вафою дигаре ҷафо мебинад, бинобар ҳамин, сурудҳое, ки дар васфи ишқ суруда шудаанд, тез шунавандаи худро пайдо карда, ба дили мардум роҳ меёбанд.

— Шудааст ҳолатҳое, ки аз санъаткор шудани худ пушаймон гашта бошед?

— Санъат заҳмати сангинро талаб дорад ва вақте ту меҳнат мекунӣ, заҳмат мекашӣ ва ҳунар дорию мехоҳӣ онро сайқал диҳӣ, вале касе дастгириат намекунад, албатта, рӯҳафтода мешавӣ. Имрӯз нафарони зиёде ҳастанд, ки истеъдоди хуби сарояндагӣ доранд, аммо нест нафаре, ки онҳоро дастгирӣ кунад…

— Пас кӣ аст дастгири Парвин дар ҷодаи санъат?

— Нафаре, ки бори аввал маро дар сайқал додани ҳунарам дастгирӣ карда буд, писари нависандаи халқи тоҷик Ҳабибулло Назаров — Рустам Назаров буд.

— Орзуе, ки дар қалб мепарваред…

— Таманно ва орзуи онро дорам, ки ҳамеша кишварамон тинҷу осуда бошад, дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ тӯю хурсандӣ бошад, модарону хоҳарон ва бародарони азизи мо ҳамеша хушҳол бошанд ва табассум дар лабонашон ҳувайдо бошад.

— Зинда бошед.

Мусоҳиб Қурбони Аҳмадзод, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!