ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

СӮҲРОБИ МАҲМУД: «САҲНА ҶОИ ЧАШМАКЗАНӢ НЕСТ»

Сухроби Махмуд
Сухроби Махмуд

Сӯҳроби Маҳмуд-ситораи эстрадаи тоҷик дар муддати ду даҳсола имтиҳонҳои зиёди рақобати саҳнавиро паси сар карда, мавқеи худро то ҳол аз даст надодааст. Таронаҳои Сӯҳроб бештар ошиқонаанду боиси пайдо гаштани ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар бораи ин ҳунарманд мегардад.

Мегӯянд, ки Сӯҳроб дузана асту бо ҳамин сабаб вақтҳои охир барои эҷоди сурудҳои нав вақт намеёбад. Оё ин овоза асос дорад? Мо қарор додем аз худи ҳунарманд дар бораи ин овоза ва розҳои зиндагиву эҷодаш маълумот бигирем.

ӯҳроб! Шунидем, ки дар сафари хориҷӣ будед. Ин чӣ гуна сафар буд ва дар кадом кишвар?

-Аввало дуруд ба ҳама ҳаводорони савту наво. Сипас бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мо ба ҷумҳурии Туркманистон барои иштирок ба Фестивал рафтем.

-Ба кишвари Махтумқулӣ?

-Бале, ба Ашқобод, ба Фестивали «Аваза 2010»

— «Аваза» чӣ маъно доштааст?

-Ба фикрам «овоза» мешавад. Дар он ҷо шаҳре низ будааст бо номи Аваза.

-Киҳо буданд ҳамсафаронатон?

-Аз Душанбе банда –Сӯҳроби Маҳмуд, Олими Маҳмуд, Пенҷӣ Аннаев. Аз вилояти Суғд Ҳасан Камол, Дилноза Каримова ва Ҷамшед Исмоилову Толиб Исмоилов.

-Дар Суғд ҳам Ҷамшед Исмоилов ҳаст?

-Ҳа, ҳаст, санъаткори ҷавонест.

-Фестивал, ки бошад, аз дигар кишварҳо ҳам санъаткорон иштирок кардагистанд?

-Бале, аз 27 кишвари дунё ҳунармандон омада буданд. Аз Ҳиндустон, аз Амрико, аз Хитой, Сенегал, аз Туркия, Озарбойҷон, ӯзбекистон…

-Фестивали ҷаҳонӣ будааст-ку!

-Ҳа! Дар он се кишвар Лауреат шуд, ки мо ҳам дар он миён будем. Он лаҳзаҳоро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Моро беҳад хуш пазироӣ карданд. Туркманҳо нисбати санъати тоҷикон эҳтироми хоса доштаанд.

-Бале, Махтумкулии шоирашон ба забони тоҷикӣ шеърҳо гуфтааст. Ҳофизи номдорашон Бобомурод Ҳамдамов бо забони тоҷикӣ сурудҳои хуше месароид. Ҳоло ҳам бошад Бобомурод Ҳамдамов?

-Бо он кас вонахӯрдаем, аммо дар Фестивал сабташро мешунавонданд.

-Шунидем, ки Пенҷӣ Аннаев сазовори медали тиллоии президенти Туркманистон шудааст?

-Пенҷӣ Аннаев сурудҳои туркманӣ хонд. Ҳамзабон, ки ҳаст, ӯро беҳад хуш истиқбол гирифтанд. Ба сурудҳои тоҷикии мо ҳам кафкӯбӣ карданд.

-Фестивал дар ҳавои кушод гузашт?

-Не, қасре доштаанд ба монанди Кохи Борбади мо. Кушодашавию пӯшидашавии Фестивал дар ҳамон қаср гузашт. Боз Амфитеатр доштаанд, ки як рӯз дар он ҷо баромад кардем. Он театр дар соҳили баҳри Хазар бунёд шудааст. Шаҳр ҳам дар соҳили баҳр аст. Бисёр шаҳри зебост. Он қадар биноҳои замонавӣ сохтаанд, ки кас гумон мекунад на дар Туркманистон, балки дар Дубай аст.

ӣ гуна сурудҳо хондед?

-Сурудҳои лирикӣ хондем.

-Ошиқона?

-Бале. Дар васфи Тоҷикистон ҳам хондем. Умуман, як сафари фаромӯшношуданӣ буд. Ҳасани Камол дар васфи Тоҷикистон як фалаки сағир хонд, ки толорро ба шӯр овард. Вақте Дилноза ба саҳна баромад, ҳар як тамошобин кӯшиш мекард, ки садоқаташро ба вай нишон диҳад. Олими Маҳмудро бошад ҳаммилати худ гумон карданд ва вақте ӯ ба саҳна баромад, толор ба по хест. Магар ин лаҳзаҳоро фаромӯш карда мешавад?

-Баъди ин қадар таассурот чӣ нақшаҳо доред?

-Бисёр мехоҳам, ки ин гуна сафарҳо зиёд шаванд. Ин сафар талаботи моро ба санъат бештар кард.

ӯҳроб, ростӣ мақсади мо аз сӯҳбати навбатӣ дар бораи ҳаёти шахсиат маълумот гирифтан буд. Албатта, агар зид набошӣ?

-Марҳамат.

-Чаро мардум ин қадар дар бораат овозаҳо мебароранд?

-Чӣ овозаҳо?

-Масалан, мегӯянд, ки Сӯҳроби Маҳмуд ду зан дорад?

-Ҳамаи ин гапҳо дурӯғанд. Ман одати духтарбозӣ надорам. Шукронаи хонаю дари ободамро мекунам.

-Пас, дар байни мардум ин ҳангомаҳо аз куҷо пайдо мешаванд?

-Барои он ки мо мухлис дорему дар ҳама ҷо пайгирӣ мекунанд.

-Ба фикрам тарафи ҳамон мухлис-духтарҳо ягон-ягон чашмакӣ мекунӣ?

-Не, не! Саҳна ҷои муқаддас аст. Мухлисонро ҳурмату эҳтиром мекунаму одоби саҳнаро сахт риоя. Саҳна ҷои чашмакзанӣ нест.

-Муваффақ бошед.

У. Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!