ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲРОМ ҒАФУРӢ: «БЕАҲАМИЯТИИ МО ӮРО АЗ БАЙН БУРД»

Бахром Гафури

Бахром Гафури

Марги дӯстам Сӯҳроби Сафарзод қалбҳои моро реш-реш кард. Гумон мекунам марги ӯ барои аҳли ҳунар ва пайвандонаш гароние овард ва талафоти бузургест барои санъати тоҷик.

Беаҳамиятиамон нисбат ба ҳунарманд буд, ки ӯ бармаҳал олами ҳастиро тарк гуфт, вагарна… Тавре ба шумо хонандагони азиз маълум аст, Баҳром Ғафурӣ ба наздикӣ дар филми «Сукут-и Сироҷиддини Ғафурӣ нақш офарид. Дар филм ӯ нақши худро самимиву ҳунармандона бозид. Мухбири мо бо Баҳром дар ин хусус сӯҳбат намуд.

— Баҳромҷон, пеш аз ҳама ин муваффақият бароятон муборак бошад. Шояд худро дар ҷодаи синамо низ санҷиданӣ шудед?

— Шумо хуб медонед, ки ман дар соҳаи синамо ҳунарманди касбӣ нестам ва барои он кӯшише ҳам накардаам. Суруду мусиқӣ бароям ҳамеша дар ҷои аввал аст.Маро дар ин филм даъват карданд ва хоҳиши коргардон ва муаллифи он Сироҷиддин Ғафуриро пазируфта, нақш офаридам.

— Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки ӯ бародари шумост…

— Кош чунин мебуд ва як бародари ҳунарпешаи дигар медоштам. Мо дар зиндагӣ дӯст ва бародар ҳастем. Ӯ инсони хуб ва ҳунарманди комил аст.

— Нақше, ки дар ин филм офаридаед, ба зиндагиатон иртиботе дорад ва худатон ҳамчун як тамошобин аз он нақш қонеъ гардидед?

— Аввал ин ки он танҳо нақш аст ва ба зиндагиам наздикие надорад. То рӯзи нахустнамоиш онро надида будам ва мисли ҳамаи тамошобинон бори аввал онро дидам. Албатта ягон коре нест, ки дар оғоз камбудӣ надошта бошад. Он камбудиеро, ки ҳис кардам мекӯшам, ки дар филми дигар ислоҳ намоям.

— Яъне агар дар филми дигаре барои нақшофаринӣ даъват намоянд, қабул хоҳед кард.

— Албатта баъди огаҳӣ ёфтан аз мазмуну мундариҷаи сенарияи филм метавонам розигиамро диҳам, зеро ҳар як коргардон бо умед ва ихлоси нисбати кас дошта чунин пешниҳодро мекунад ва наметавонам касеро озурда созам ва ё навмед гардонам.

— Чун шумо суруди шӯхе ҳам хонед гумон меравад, ки дар он дарде ниҳон аст. Чӣ дард аст он?

— Мусиқӣ ҳам мисли шеър аслан зодаи дард аст. Мусиқӣ танаи ҷон аст. Вақте ки дард намешавад, он ба шунаванда таъсире ҳам надорад, зеро шунавандаи асил, ки аслан ба қадри шеъру суруд мерасад, наметавонад як оҳанги сабуки холӣ аз эҳсосотро қабул намояд.

Ҳолате, ки инсонро фаро мегирад, фазои андешаҳояш бекарон аст ва дар ихтиёри эҷодкор нест он. Шояд дар ихтиёри Худованд бошад. Ҳунарманд бо тавоноии худ ва дарёфти оҳангҳои беҳтарин, ки ҳам муносибу ҳам мутаносиб буда, он лаҳзаҳо касро фаро гирифтааст ё ягон дарде, ки ӯро ҳамон лаҳза дарёфтааст, эҳсосоти дилашро ҷамъбаст намуда, бо мусиқӣ баён месозад.

— Соле, ки даргузар шуд дар рӯҳияи шумо чӣ нақше гузошт?

— Ҳар сол хубию бадии худро дорад. Соли гузашта, аниқтараш чанд рӯзакак пеш андӯҳи гаронеро дар қалбҳои мо ғунҷонд. Марги дӯстам Сӯҳроби Сафарзод- ин ҳунарманди тавоною асил қалбҳои моро реш-реш кард. Гумон мекунам марги ӯ барои аҳли ҳунар ва пайвандонаш гароние овард ва талафоти бузургест барои санъати тоҷик. Ба андешаи ман аз ғафлати мо, аз нодонӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ӯ натавонист, ки тамоми истеъдоди худро барои мардум пешниҳод кунад. Беаҳамиятиамон нисбати ҳунарманд буд, ки ӯ бармаҳал олами ҳастиро тарк гуфт.

Танҳо як чиз маро таскин медиҳад, ки ҷисми ӯ зери хоки сард бошад ҳам, номи ӯ, ҳунари нотакрораш дар лавҳи дили мо ва ҳаводоронаш ҷовидонӣ хоҳад монд. Аммо бо истиснои ин воқеаи таъсирбахш соли гузашта бароям бобарор буд. Эҷоди сурудҳои нав ва иҷрои нақш дар ин филми олӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои соли гузашта буд. Шукри онро дорам, ки Тоҷикистони азизи мо тинҷу обод аст ва мардум озодона зиндагиву эҷод мекунанд.

Фарзандонамон низ дар ин замони соҳибистиқлолӣ озодона аз донишҳои дунявӣ бемонеа баҳраманд мешаванд. Танҳо моро лозим аст, ки барои онҳо шароити хуберо муҳайё созем. Сарвари мамлакатамон хеле бамаврид ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд, зеро агар тифлони мо аз донишу адаб дар канор монанд, гуноҳест азим ва назди фарзандон қарздор мемонем.

— Барои сӯҳбат ташаккур.

Сӯҳбаторо Маҳинбонуи Исрофиля, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. агар бародар Бахром ягом шеъри исломи эчод мекард бисертар дар дили мухлисон чой мегирифт!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!