ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САРВИНОЗ ЮСУФӢ: «ҲАМСАРИ БОҶУРЪАТ МЕХОҲАМ»

Сарвиноз Юсуфи

Сарвиноз Юсуфи

Ин бонуи ҳунар маҳз бо ана ҳамин суруди «Намеша аз ту дил биканум» миёни мардум машҳур гашта, мухлисони хешро соҳиб шуд. Ҳатто вақтҳои охир дар бозору мағоза ва дӯконҳои фиттафурӯш клипи ин тарона ба намоиш гузошта шудааст, ки бинандаю шунавандаро ба худ ҷалб месозад.

Воқеан ҳам, Сарвиноз ин таронаро бо тамоми ҳастӣ, бо алам месарояд, ки шунаванда гумон мекунад, аз дарди ӯ қисса дорад. Шояд барои хонандагон муҳим бошад, донистани он ки чаро Сарвиноз бо дард месарояд? Чаро аз ишқ менолад? Магар ӯ дар ин ҷода ноком гаштааст? Умуман, сарчашмаи таронаҳои ғамангези Сарвиноз чӣ ва ё кӣ бошад? Беҳтараш аз худи ӯ мепурсем. Мутаваҷҷеҳ бошед.

ШИКВА АЗ ИШҚ

— Сарвиноз, айни замон ба чӣ корҳо машғулед?

— Пайи омода намудани албоми навам ҳастам.

— Худо хоҳад албоматон бо кадом ном дастраси мухлисон мегардад?

— «Дар кишвари сояҳо»

— Кишвари сояҳо кадом кишвар бошад, Тоҷикистон ва ё…?

— Ин кишвар…оҳ… ту напурсу ман нагӯям…

— Сарвиноз, чаро оҳ мекашед, чаро бо дард сухан мегӯед? Паси ин дарду оҳ чӣ ниҳон бошад? Озод гап занед, дилатонро холӣ кунед…

— Ин кишвар кишварест, ки ӯро танҳо худам медонам.

— Шояд ишқ бошад?

— Бале, ин кишварро «Ишқ» ном аст, ки гоҳо кас ба муваффақиятҳо ноил мегардаду гоҳи дигар аз нокомӣ, аз нобарорӣ хастаю рӯҳафтода ва ноумед аз зиндагӣ мегардад.

— Баъзеҳо мегӯянд, ки ишқ вуҷуд надорад, агар ишқ нест, пас ин ҳама дарду доғ аз куҷо пайдо шуда бошанд?

— Бале, банда низ ин суханҳоро бисёр шунидаам, вале қабул намекунам, зеро ишқ вуҷуд дорад, агар ишқ набошад, пас ин зиндагии мо якрангу дилгиркунанда хоҳад буд. Ишқ аст, ки зиндагии моро маъно ва ранги дигар мебахшад, вагарна…

— Чизеро гуфтан мехоҳеду шояд барои ибрози он ҷуръат намекунед ва ё …

— Рости гап, маро дарди ишқ ба ин роҳ овард, дарду доғ, нокомӣ дар ҷодаи ишқ маҷбурам намуд, ки қадам ба пешаи пурзаҳмати овозхонӣ гузорам. Нафароне ҳастанд, ки якумр дар оташи ишқ месӯзанд, дилашон пур аз дард аст, аммо наметавонанд ба касе роз гӯянду дилашонро холӣ созанд. Банда шукрона мегӯям, ки дарди дили хешро агарчӣ бо сухан гуфта натавонам, бо суруд онро берун карда ва ё ба мардум расонда метавонам.

— Чун зиёд аз ишқ ҳарф задед, бигӯед, ки бори аввал кай ошиқ шуда будед?

— Ҳанӯз 20 сола будаму ишқ чун меҳмони нохонда вориди қалам шуда, маро ошиқ намуд. Шояд нодида, носанҷида, нопурхта ва нофаҳмида буд, ки вориди хонаи қалбам шуду баъди чанде онро тарк намуд, яъне рафт.

— Куҷо рафт, чаро ба ӯ иҷозати рафтанро додед?

— Шояд он ишқ барои ман набуд, ки таркам намуд.

— Сарвиноз, он ишқ аз куҷо пайдо шуд, ки дар хонаи дилатон лона кард ва доғашро ба шумо гузошта худ рафт?

— Худ намедонам он аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд.

БАХТИ НООМАД

— Сарвиноз, аз рӯйи шуниди мо бахти аввал ба шумо омад накарду аз шавҳаратон ҷудо гаштед…

— Воқеан ҳам, банда бо сад умеду орзу вориди хонаи бахт гаштам, вале, мутаассифона, бахт омад накарду мо аз ҳамдигар ҷудо гаштем. Аммо дар вайроншавии зиндагиам касеро гунаҳкор намешуморам ва аз касе низ гилла надорам, хайр, дар сарнавиштам ҷудоӣ навишта шуда будааст. Шукрона мегӯям, ки соҳиби як духтарчаи дӯстрӯ ҳастам.

— Шумо, ки чеҳраи зебо доред, фикр мекунам хостгоронатон низ зиёданд…

— Шояд бошанд, аммо кӣ медонад, ки мақсади эшон чӣ аст? Баъдан барои шахси санъаткор ҳамсари боҷуръате лозим аст, ки ба овозаю ҳангомаҳои мардум тоб ораду зиндагии хешро мустаҳкам нигоҳ дорад, вагарна…

— Нияти дубора хонадор шуданро надоред?

— Холо не, чунки худ як маротиба аз бахт ноумед гаштам, дубора шитоб намекунам, дар урфият мегӯянд, ки: «дер ояду шер ояд».

САРПАРАСТ НАМЕХОҲАМ!

— Сарвиноз, сарпараст доред?

— Не, ман ягон вақт сарпараст надоштам ва доштан низ намехоҳам.

— Чаро?

— Намехоҳам пеши касе қарздор бошам.

— Чӣ хел қарздор? Нафаҳмидам, равшантар гап занед…

— Яъне, мехоҳам бе миннат, бо меҳнати ҳалол кор кунам ва аз пуштам нагӯянд, ки ин кӣ буд, ин чӣ буд, кӣ ӯро одам кард ва монанди инҳо. Бисёри сарпарастон як санъаткорро сарпарастӣ мекунанду аз пушташ миннат карда мегарданд, ӯ бо пули ман одам шуд, ӯ бо пули ман ба саҳна роҳ ёфт, ӯ ҳунар надошт… Агар ҳунар надошт, пас чаро дастгириаш кардӣ, чаро сарпарасташ шудӣ? Санъаткорон низ инсонанд, дилу инсоф доранд, кӯрнамак нестанд.

Кам ҳастанд, сарояндаҳое, ки хизмати сарпарастро накарда бошанд. Аксари сарпарастони мо бо пулу пулчаашон аз худ мераванд, фикр намекунанд, ки дар ҷойи аввал қадру қиммат меистад, на пулу мол…

— Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур.

— Саломат бошед.

Мусоҳиб Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. джамшед:

    овози форам дорад худаш ҳам зебост

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!