ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАТЛУБА РАҲИМОВА: «МО ТАНҲО РӮИ САҲНА БО ҲАМ ҲАСТЕМ»

Матлуба Рахимова

Матлуба Рахимова

— Пас аз он ки ҳамчун сарояндаи хушсадо ном баровардед, дар ҳаёти шумо чӣ тағйиротҳое ба амал омаданд? Кадомеро писандидед ва аз кадомӣ нороҳатед?

— Пас аз ин, дар ҳаёти ман бисёр тағйиротҳо ба амал омаданд, ки яке аз онҳо соҳиби сарпаноҳ шуданам аст. Соҳиби хона гардидан орзуи ҳар нафар аст. Хонаи якҳуҷрагӣ бо тамоми шароитҳояш. Рахти хоб, таҷҳизоти мебелӣ, умуман, ҳамаи он чизҳое, ки барои рӯзгор заруранд, ҳастанд, барои як нафаре, ки интизораш буд бахти бузург аст.

Барои як нафари маъюбу дардманд, агар касе як ҳарфаки ширине гуфта тавонад, ӯ худро хушбахт меҳисобад. Ман ҳазорон бор ташаккур мегӯям ба падари бузургворамон Эмомалӣ Раҳмон, ки маро миёни дигар инсонҳои пуртаҷрибаву заҳматкашида қадрдонӣ намуданд. Ҳарчанд, ки ҳанӯз коре накардаам сарпаноҳам доданд.

— Ҳамроҳи хоҳаратон зиндагӣ доред?

— Бале, ҳамроҳи хоҳари азизам Гавҳарбону ва додаракам Аброр, ки донишҷӯи соли аввали Коллеҷи санъат ба номи Аҳмад Бобоқулов аст, зиндагӣ мекунем.

— Дар оила чанд нафар фарзанд ҳастед?

— Дар оила 5 фарзанд ҳастем. Бо амри тақдир 3 нафари мо бо ин нишонаи беморӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаем, додарчаам Аброр ва хоҳарчаам Манижаҷон. Чӣ кунем, ки аз дасти бандаи хокӣ коре намеомадааст. Касе аз дасти тақдир гурехта наметавонад, тақдиргурезон ҳам рӯзе ба гарди тақдир мепечанд. Волидонам инсонҳои хубанд. Модари меҳрубонам айни замон хонанишин ва қиблагоҳи бузургам 30 сол собиқаи корӣ доранд дар соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ ва алҳол ба нафақа баромадаанд.

— Дар аксар баромадатон бо ҷавони хушқаду қомате суруд мехондед…

— Бале, дуруст аст, он ҷавон писараммаи ман Умедҷон ҳастанд. Ҳама мепурсанд ва мегӯянд, ки ҳарду ба ҳам зебандаед.

Ростӣ, ман барои издивоҷ намудан бо Умедҷон розӣ нашудам. Нахостам, ки аз мо фарзандони носолим ба дунё оянд. Он кас ҳозир оиладор ҳастанд. Хуб, дигар чӣ меҳру муҳаббате, ки дар қалбамон буд, Худо худ медонад. Мо танҳо рӯи саҳна бо ҳамем, пушти саҳна миёни мо чизе нест. Нафаре, ки дар насиби Умедҷон буд, ҳамтақдирашон гашт. Ба онҳо хушбахтӣ мехоҳам.

— Матлуба, узр мепурсам, шояд суоле дода хотири шуморо озурдам.

— Не, не, ман ҳаргиз аз гуфтани ҳақиқат саркшӣ намекунам ва хотирам озурда ҳам намегардад, зеро ҳар суол посухи худро мехоҳад ва ҳақиқат ҳам бояд ба самти худ бирасад.

— Вожаи зебои муҳаббатро чӣ гуна шарҳ дода метавонед?

— Муҳаббат эҳсоси гувороест аз ҷониби Илоҳӣ, ки бар вуҷуди ҳар як инсон ворид мегардад. Он бузургтарин эҳсос аст, ки як нафарро ба дигаре мепайвандад, ду дилро ба ҳам меорад, лек афсӯс, ки ин тӯҳфаи Худоро на ҳама пок медоранд.

ӣ ҳасрате (орзуе) дар дил доред, агар ифшои он бароятон ногувор набошад?

— Орзу дорам, ки сурудҳои нав ба навамро пешкаши мардум намоям, агар ҳамсадои қалби касе гардам худро хушбахт меҳисобам. Бисёр мехоҳам ягон нафаре бошаду сарпарастиам кунад, то албоми навамро пешкаш созам ва ақаллан як барномаи консертиамро дар ягон толори хурд ва ё бузурги Душанбе барпо намоям.

— Барои сӯҳбати ширин ташаккур.

Мусоҳиб Мавзунаи Муҳаммадалӣ

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!