ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАНИЖА, БЕҲУДА ХОРАМ МЕКУНӢ…

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Ошиқи Манижа ҳастам, бале, ошиқи симои зебояш, ошиқи таронаҳои дилчаспаш, ошиқи оҳангҳои форамаш, ошиқи нигоҳҳои самимиаш. На шаб хобаму на рӯз, ҳамеша дар фикри Манижаи дилрабоям, аммо…

Наход Манижа нисбат ба мо, ҳаводоронаш ин қадар бепарво ва сангдил бошад? Ё мисли Гугуш нақша дорад, ки пас аз хомӯшии тӯлонӣ ба саҳна барояд? Азбаски мухлис ва дӯстдори таронаҳои сарояндаи хушсадо Манижаи Давлат ҳастам, ҳамеша дар ҷустуҷӯи ин бонуи ҳунарам, то бо ӯ мулоқоти рӯ ба рӯ намуда, ҳаводори ҳақиқии вай буданамро исбот намоям, вале …

Чанд рӯз қабл ба хонаи Манижабону рафтам, мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистам. Садои занги хонаашро зер кардам, аммо дарро касе накушод, аниқтараш аз пушти дар бонуе кӣ будану чӣ хостанамро пурсон шуд. Чун фаҳмид, ки мухлиси Манижа ҳастам, гуфт, ки ӯ дар хона нест. Чанд маротибаи дигар ҳам ба ҷустуҷӯи Манижа рафтам, вале мисли пештара ноумед баргаштам. Намедонам ӯро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо созам, шабу рӯз даст ба дуо бардошта, аз Худо талаб менамоям, ки дидори Манижаи нозанинро ба ман муяссар гардонад, вагарна…

Ҳар субҳ соати 4 аз хоб бедор шуда, аввал Худою Расулро ёд мекунаму баъдан таронаҳои ин бонуи ҳунарро гӯш мекунам, рӯзе садои ӯро нашунавам мисли девона мегардам, гӯё чизе гум карда бошам, куҷо рафтану чӣ кор карданамро намедонам. Шояд шумо, хонандагони азизи «Зан ва мард» ба ман бовар накунед, аммо ин ҳақиқат аст. Вақте сурудҳои оромонаи Манижаро гӯш мекунам, ғарқи андеша мешавам, хаёл мекунам, ки ӯ таронаҳояшро барои ман сароидааст, бале, барои ман. Аз ҷумла сурудҳои: «То ҳастаму то ҳастӣ», «Ёри дилозор», «Овора» ва дигаронро.

Охир, дар ҳақиқат, ман овораам, овораи андешаҳои Манижабону!!! То вақте Манижа ҳасту ман ҳастам агарчӣ воқеан бо ӯ набошам ҳам, хаёлан бо ӯям, ҳамроҳи ӯям, ҳамдарду ҳамрози ӯям. Қиссаи ману Манижа мисли филми «Шаби тӯлонӣ» шудааст. Ҳамон филмеро дар назар дорам, ки Гугуш нақш бозидааст. Агар шумо, ҳаводорони «Зан ва мард» онро тамошо карда бошед, ба хубӣ гуфтаҳоямро дарк мекунед. Дар филм як ҷавон орзуи дидори Гугушро мекунад, ӯро дӯст медорад, ҳамеша дар андешаи ин бону аст, аммо Гугуш нисбат ба ӯ бе таваҷҷӯҳ аст. Вале ҷавон оқибат ба орзуяш мерасад, яъне бо сарояндаи дӯстдоштааш, ки ӯро на ҳамчун ҳунарманд, балки маъшуқа дӯст медошт, вомехӯрад…

Ман низ мисли ҳамон ҷавон ошиқи Манижа ҳастам, бале, ошиқи симои зебояш, ошиқи таронаҳои дилчаспаш, ошиқи оҳангҳои форамаш, ошиқи нигоҳҳои самимиаш. На шаб хобаму на рӯз, ҳамеша дар фикри Манижаи дилрабоям, аммо… Кай Худованд розӣ мешаваду ман бо Манижа рӯ ба рӯ сӯҳбат мекунам? Кай дар сӯҳбати ширини ин бону менишинам? Ин саволҳоеанд, ки ҳеҷ ҷавоб намеёбанд.

Боре дар хоб дидам, ки Манижа суруди «Боз омадам» — и Гугушро месарояд ва инро ба худи Манижа ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ дар як ҳафтанома гуфта будам ва ваъда низ дод, ки ҳатман ин таронаро ба хотири ман месарояд, вале… Аз байн чор сол гузашт, аммо аз суруд хабаре нест. Манижа бо таронаи Гугуш не, ақаллан бо сурудҳои худ ба саҳна барояд, шукр мегӯям, аммо намедонам, ки ӯ чӣ андеша дорад, кӣ ва ё чӣ сабаб мешавад, ки ба саҳна намебарояд. Наход нисбат ба мо, ҳаводоронаш ин қадар бепарво ва сангдил бошад? Ё мисли Гугуш нақша дорад, ки пас аз хомӯшии тӯлонӣ ба саҳна барояд?

Манижаҷон! Беҳуда хорам мекунӣ, охир ба саҳна баро, то садои ширинатро шунаваму қаду қомати барҷастаатро бубинам. То кай хомӯш мешинӣ? Раҳм ба мо, мо мухлисонат намо.

Қаландари Темур, «Зан ва мард»

Filed under: Номаҳои хонандагон,

One Response

  1. manija ba fikri man behtarin saroynda ast.simoysh ovozash dilchasp ast.surudi vatan behtarin.honum manija hamchun muchlis hohish menamoym sahna baroed.mo shumoro dust medorem.umed dorem ruze rui sahna mebaroed

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!