ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

РУСТАМИ НУР: НАДИДА ӮРО ДӮСТ ДОШТАМ…

Рустами Нур бо Анди

Рустами Нур бо Анди

Моро телефони хонагӣ ба ҳамдигар ошиқ кард. Як рӯз мехостам ба ҷое занг занам, вале рақам хато шуд. Аз он тарафи гӯшак овози ширини духтаронаро шунидам. Бовар кунед, ин овоз маро мафтуну шайдо намуд.

Минбаъд ба рақамҳои ӯ тез – тез занг мезадам ва аз ишқу ошиқӣ сухан мегуфтам. Аз саҳна дур будани Рустами Нур ҳаводоронашро ба ташвиш овардааст, аз ин ҷост, ки чанд вақт боз эшон ба идораи мо занг зада, хоҳиш менамоянд, ки дар бораи ҳунарманди писандидаашон маълумот диҳем. Азбаски хоҳишу дархости ҳаводоронамон барои мо, аҳли эҷоди «Зан ва мард» дар ҷойи аввал меистад, тасмим гирифтем, бо ин марди ҳунар ҳамсӯҳбат шавем. Инак фишурдаи сӯҳбат, мутаваҷҷеҳ бошед.

— Рустам, мухлисонатон тариқи зангҳои телефонӣ ва номаҳояшон пайваста шуморо мепурсанд, аз хомӯшиатон хавотиранд…

— Ростӣ, чанд вақт боз барои банду басти сурудҳои навам дар Амрико қарор доштам, бинобар ин, имкони ба саҳна баромадану ҳаводоронамро шод кардан набуд. Барои мардуми санъатдӯсти тоҷик, барои мухлисони савту наво якчанд сурудҳои ҳаҷвӣ омода намудам, ҳамзамон албоми навбатиам ба наздикӣ дастраси мардум хоҳад гашт.

— Дар «Рӯзи модар» ва иди Наврӯз, ки ҷашни миллии мо, тоҷикон аст, аксари санъаткорон барномаи ҳунарӣ пешкаш месозанд…

— Воқеан ҳам баҳор як фасли дӯстдоштанист, агар гӯем, ки он фасли ҷашнҳост, хато нахоҳем кард. Ман низ нақша дорам, ки як барномаи консертие дар ин айём барпо созам, то дар арафи идашон модарону хоҳарон ва бонувони Тоҷикистон хушҳол шаванд.

— Чӣ гуна ба саҳна баромадани худро дар хотир доред?

— Бале, он лаҳзаҳоро наметавонам аз хотир берун созам. Пештар дар «Қитиқ компания» фаъолият доштам ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба санъати овозхонӣ маро водор сохт, ки рӯ биёрам ба суруду мусиқӣ.

— Аз касби интихобкардаатон пушаймон нестед?

— На, зеро ҳама муваффақиятҳои ман аз пушти санъат буданду иншооллоҳ ҳастанд. Маҳз суруду мусиқӣ ба ман руҳу илҳоми тоза мебахшад. Бе суруд зиндагии худро тасаввур карда наметавонам.

— Ба ҷуз санъаткор будан касби дигаре доред?

— Мегӯянд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст. Аз ӯҳдаи сурудан, рақсидан ва ҳаҷвнигорӣ ба хубӣ мебароям, аммо ба шумо ваъда медиҳам, ки 37 касби дигарро аз хуб мекунам. (ҳазл мекунад)

— Ба ҳунари кадом санъаткорон баҳои баланд медиҳед?

— Ҳунару истеъдоди овозхони эронӣ Андиро эътироф мекунам, воқеан, садои хуб дорад ӯ. Шӯълаи умед ва меҳри сурудхониро дар қалби ман сурудҳои ин ҳунарманд бедор кардааст. Аз хурдӣ ба ӯ пайравӣ мекардам, таронаҳояшро бештар дар тӯю маърака месурудам ва маҳз ҳамин эҳтиром миёни ману Андӣ равобити дӯстиву самимиятро боз ҳам мустаҳкам намуд. Аз санъаткорони тоҷик бошад, онҳоеро эҳтиром мекунам, ки сабку услуби худро доранд, ҳамеша аз паси эҷод намудани таронаи наванд ва воқеан ҳунар доранд, тақлидкоронро дӯст намедорам. Санъаткор бояд сурудҳои худро дошта бошад.

— То имрӯз чанд албоматон дастраси мардум гардидааст?

— То имрӯз 4 албомам дастраси ҳаводоронам гаштааст, клипҳои бештари он дар Амрико бо дастгирии Ҳоҷӣ Задорӣ ба навор гирифта шудаанд.

— Метавон Рустамро як санъаткори муваффақ гуфт?

— Барои ба қуллаҳои баландтарини санъат расидан заҳмати зиёд кашидан лозим аст, бинобар ин, наметавонам худро санъаткори муваффақ шуморам. Аслан ба ҳунари сароянда баҳо додан вазифаи мухлисон аст, беҳтараш ин саволро ба эшон диҳед, шояд ҷавоби пурра гиред.

— Ишқу муҳаббат шумову янгаро ба ҳам овард ва ё…?

— …Воқеан ҳам ишқу муҳаббати самимӣ буд, ки мо як дигарро дӯст доштем ва оила барпо намудем. Шукргузор ҳастам, ки модари фарзандонам соҳибмаърифат, солеҳа ва кадбонуи хуб аст.

— Ҳамсаратон ҷое кор мекунад?

— Бале, ҳамсарам муаллимаи забони хориҷӣ мебошад, бо забони англисӣ озодона гуфтугӯ мекунад. Ҳангоми сафарҳои ҳунариам ба хориҷи кишвар ӯро ба ҳайси тарҷумон бо худ мебарам.

— Бори аввал янгаро дар куҷо дида будед?

— Моро телефони хонагӣ ба ҳамдигар ошиқ кард. Як рӯз мехостам ба ҷое занг занам, вале рақам хато шуд. Аз он тарафи гӯшак овози ширини духтаронаро шунидам. Бовар кунед, ин овоз маро мафтуну шайдо намуд. Минбаъд ба рақамҳои ӯ тез – тез занг мезадам ва аз ишқу ошиқӣ сухан мегуфтам. Сипас мо бо ҳам вохӯрдем ва ситораҳоямон низ ба ҳам мувофиқ омад ва ҳамин тавр мо издивоҷ кардем. Имрӯз пеши Парвардигор шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин ҳамсарро тӯҳфа намуд.

— Таманниёти шумо?

— Ба ҳама кормандону хонандагони ҳафтавори «Зан ва мард» хонаи ободу тани сиҳат ва хушбахтӣ хоҳонам. Муваффақ бошед.

Мусоҳиб Наврӯзи Хуррамзод, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!