ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАМСИДДИН СОДИҚӢ: «ИШҚИ НАВ» ЯК ИШҚИ МАН НЕСТ»

Шамсиддин Содики

Шамсиддин Содики

Шамсиддин Содиқӣ – 1 августи соли 1990 дар деҳаи Моҳинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ во кардааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 таҳсили худро дар колеҷи санъати Аҳмад Бобоқулов давом додааст.

Гарчи хеле ҷавон аст ва дар ҷодаи санъат қадамҳои нахустини хешро мегузорад, аммо он қадамҳо устуворонаанду ӯро хеле зуд байни ҷавонони ҳунардӯст муаррифӣ намудаанд. Дунёи ҷавонӣ, дунёи пур аз меҳру садоқату ишқу зебоӣ аст ва онро Шамсиддини ҷавон месарояду ба дарди аз ишқ захмингаштаи ошиқони навмедгашта дармон мебахшад.

Онҳо дар сурудҳои ин ҳунарманди ҷавон дарди дили хешро эҳсос карда, таронаҳои ӯро бо ташнагиҳои зиёд гӯш мекунанду мепарастанд. Инак бо як сӯҳбати кӯтоҳ тавонистем аз розу ниёзҳои ӯ огоҳ гашта онро ба шумо хонандагони арҷманд пешкаш созем.

– Соли гузашта бароятон чӣ гуна сол буд?

– Соле, ки сипарӣ гашт бароям соли барору комёбиҳо буд. Зеро ба саҳнаи ҳунар ворид гаштам, байни мардум муаррифӣ шудам, мухлисони азизи хешро пайдо кардам. Гумон мекунам барои санъаткор аз ин бахти бузургтаре нест.

– Дар ҷодаи ҳунар киро устоди аввалини хеш меҳисобед?

– Аввалин шахсе, ки маро ҳамчун сароянда кашф намуд , модарам Саидова Муродгул мебошад. Зеро аз кудакӣ дар тамоми ҷамомаҳои мактабӣ маро ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳри суруду мусиқиро маҳз он кас дар қалби ман ҷой доданд. Сипосгузорам аз ин шахси азизу муқаддас, ки маро дар ин ҷода роҳнамо гаштанд. Инчунин Фахриддин Саъдиев дар ин ҷода маро дастгиру раҳнамо ҳастанд.

– Дар мактаб хонандаи фаъол будед?

– Бале, сардори синф будам.

– Кадом рафтори духтари тоҷик шуморо писанд нест?

– Аслан кибру ғуруру худписандӣ хоси духтарон нест. Мехоҳам духтари тоҷикро бо шарму ҳаё ва хоксор бинам . Зеро зан рамзи муҳаббат ва амсоли гулест, ки ҳамаи зебогиҳои ҳаётро дар худ нигоҳ медорад. Зебогии зан дар иффату ҳаё ва нармгуфториву кадбонугиаш зоҳир мегардад .

– Суруди аввалини хешро дар хотир доред?

–Суруди аввалини ман « Бароям гиря кун умре» ном дошт ки таҳиягари он Соҳибқирони Нозим буд. Он суруд маро роҳкушо ба олами санъат гардид.

– Мегӯянд, ки албоми худро таҳия кардаед?

– Бале, бо дастгирии устодон нахусталбоми банда бо номи «Ишқи нав», ки чанде пеш пешкаши мухлисон гардид. Умедворам, ки он аз тарафи ҳаводоронам хуб пазируфта гардид.

-Чаро ишқи нав?

— Зеро дили шахси эҷодкор ҳамеша ҷӯёи ишқи нав аст. Ишқ ба кас болу пар ва нерӯи тоза мебахшад, зиндагиро рангину гуворо месозад ва ниҳоят манбаи илҳом низ ҳаст ишқи зебову арзанда.

– Аз интихоби касби худ боре пушаймон шудаед?

– Шукронаи Парвардигор, ки соҳибҳунарам гардонид ва асло пушаймон нестам, ки дар ин ҷода фаъолият мекунам. Баръакс меболам,аз он ки сурудҳоям писанди мухлисонам ҳастанд ва лаҳзае ҳам бошад қалби озурдаи эшонро хушҳол мегардонам.

– Агар коратон барор нагирад алами онро аз кӣ мегиред?

– Дар ҳолати хастагиҳо фортепиано мададгори ман аст, ки онро менавозаму тамоми андӯҳи дилам бартараф мешавад. Яъне ноомади кори худро аз Худоҷон медонам ва ҳеҷ гоҳ алами онро аз каси дигар намегирам. Зеро ин рафтори нодуруст аст. Ба андешаи банда барои ҳамаи додаву нодода ва омаду ноомадҳо низ шукрона бояд кард, на қасосгирӣ

-Боз кадом асбоби мусиқиро навохта метавонед?

— Навохтани тамоми асбобҳои мусиқӣ аз дастам меояд.

— Шумо бевафоӣ дидаед?

— Не, Худо нишон надиҳад.

— Пас, дар сурудҳоятон чаро ҳамеша аз ишқ нолонед?

— Охир ман дарди мардумро, яъне дарди кулли ҷавонону дӯстонамро аз ҷавшани ҷони хеш мегузаронам ва онро бо суруд ифшо месозам.

— Таманниёти шумо ба мухлисон?

— Ба ҳамаи хонандагони ҳафтаномаи шумо сиҳатмандӣ, пирӯзӣ ва дар рӯзгорашон файзу баракатро таманно намуда орзуманди онам, ки ҳамеша бо «Дилкушо» бошанд.

— Ташакур!

«Дилкушо»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

5 комментариев

  1. Мухлис:

    Бехтарин бародари азиз. Худо кунад, ки дар оянда дар хидмати халку ватани азизамон Точикистон боши. Муваффакият ёрат бод дустам Шамсиддин!!!

  2. Манижа:

    Салом акаи Шамсиддин! Аз сухбататон изхори миннатдори мекунем. Худованд ёру мададгоратон бошад. Як хохиши мухлиси шумо хамин аст, ки имконият дошта бошед, харчи бештар видеоклипхои худро дар ин сомона чой мекардед, мо мухлисон аз дидану шунидани таронахои шумо шод мегаштем. Ташаккур!!!

  3. Парвина:

    Шамсиддинчон салом! Клипхои наватро интизорам. Дустдоштаи ту Парвинаи Вахдати*****

  4. Шамсиддини Содики:

    Салом дустон! Ман Шамсиддини Содики хастам. Аз хамаи шумо миннатдори мекунам, барои ин хама мехрабониятон. Сипас дар мавриди клипу таронахои тоза эчод кардаам, хаминро гуфтани хастам, ки ба наздики пешкаши Шумо бинандаву шунаванда ва мухлисони азиз хохад гашт. Кушиш мекунем, дар ин сайти ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН низ видео-клипхои худро низ чой дихем. Албатта бо кумаки дустон. Боки хар яко-яки Шуморо ба Худованди мехрабон месупорам. Худо хофиз!!!

  5. Шамсиддин Содиќї
    1-уми августи соли 1990 дар дењаи Моинкаљи шањри Вањдат, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 2006 бо дастгирии волидон ва дигар устодон њуљљатшро ба коллељи санъати ба номи Ањмад Бобоќулов месупорад. Аз њамон ваќт ќадамњои аввалини Шамсиддин дар љоддаи њунар оѓоз меёбад. Чандин суруду клипњоро бо мењнату машаќатњо пахш карда байни мухлисони хеш шинохта шудааст. Баъди хатми коллељ дар ин роњ боз њам љидди гардида то њол аз пайи эљодиёт аст.

    Хуш омадед ба мењмонии њафтаномаи « Ману Ту ».
    Саломат бошед! Аввало минатдории худро баён мекунам, ки маро ба мењмонии њафтаномаи « Ману Ту » даъват кардед. Баъдан саломи худро ба њамаи мухлисон ва хонандагони ин њафтанома мерасонам.
    Тули се — чор со ласт, ки рўйи сањнаи њунар њастед ва алакай мухлисони хешро пайдо кардаед, чи чорањо андешидед, ки дар ин роњ муввафаќ шудед?
    Пеш аз оне ки њар як шахси санъаткор мехоњад мухлисони худро дошта бошад, ин зањмату кўшиши бисёрро талаб мекунад. Зеро, барои мувафаќ шудан дар љоддаи санат лозим меояд, ки суруду оњангњои хубро интихоб намуд ва онро пешкаши мардум гардонид то мухлисони хешро пайдо карда тавонї. Ва мухлисони хешро ки пайдо намуди албатта мувафаќ мешавї. Ман ваќте ки мактаби миёнаро хатм кардаму ба коллељи санъат дохил шудам њамеша њушу ёдам ба санату њунар банд буд.Танњо дар фикри эљодиёт будам. Албатта барои ман душвор буд њам тањсил ва њам дар пайи эљодиёт будан, лекин њамин зањмату талошд. Ман дар ин роњ мувафаќ шудам ва аз ин мувафаќият шодам.
    Чаро дар сурудтон њамеша аз ишќ менолед? Ё ин ки дар ишќ шикаст хурдаед?
    Аз ишќ нолидан ин маънои шикаст хурданро надорад. Сароянда мисоли булбулест. Ки њамеша менолад. Ваќтњои дар љодаи санъат ќадам нињоданам албатта ошиќ будам, аммо аз ишќ шикаст нахурдаам. Шояд аз њамин сабаб њамаи сурудњои ман дар бораи ишќ ва мењру вафо аст. Чизи дигар ин ки ишќ фаќат ишќи заминї намешавад. Ишќ чанд хел аст. Танњо миёни ду нафарнест .Имрўзњо њама ошиќ асту аз ишќ менолад. Ва ман натанњо дарди худ дарди мардумро низ месароям.
    Аввалин суруде, ки хондед чї ном дошт ва дар куљо сабт гардид?
    Аввалин суруди ман ин « бароям гиря кун умре » буд, ки оњангашро бо Рустам Галимов ва њамроњи нодирљон тайёр кардем. Коркард ( аранжировка ) – и ин сурудро бењтарин компазитор соњибќирон Нозимов писари шодравон устод Зафар Нозим гузоштааст. Ин суруд дар студияи Алишер сабт гардид.
    Дар љоддаи санъат ба шумо кї бештар кўмак мерасонад?
    Дар ин љодда ба ман бисёрињо кўмак кардаанд. Аввалин кўмакрасон падарам ва баъдан модарам аст. Бештар кўмаки Фахриддин Саъдиев аст ки ин нафар дар њама пастию баландї њамеша дар барии ман мебошад. Ва сурудњое ки ман месароям, шеъртфия Хаётова аст. Лутфия Хаётова нафарест, аз мактаби миёна то њол ба ман сабаќ меомўзад.
    Аз суруду клипњоятон кадомаш бештар ба шумо писан даст?
    Хамаи сурудњоям ба ман хуш меояд. Ман онњоро људо карда наметавонам. Зеро, барои њамааш зањмат кашидаву мењнат кардаам. Барои њамин ман њамаи сурудмро дўст медорам.
    Гуфта метавонед, ки кадоме аз сурудњоятон шуморо байни мардум машњур гардонид?
    Бештар сурудњои Ѓарибам, Ќањ-ќања, Бароям гиря кун умре ва суруди Ѓарибу ошно аз сарояндаи машњури Эрон Гугуш аст, ки байни мардум машњур гардидааст.
    Баъзе аз мухлисонатон чунин ќайд кардаанд, ки суруди Ѓарибу ошноро аз Гугуш дида шумо хубтар сароидаед. Ба ин чи гуфтан мехоњед?
    Ин гап хатто аст. Ман худамро њељгоњ ба гугуш баробар карда наметавонам. Албатта кўшиш кардаам, лекин на ба он дараљае ки Гугуш месарояд. Барои њар мухлис суруди сарояндааш аз дигарон хубтар аст. Шояд он мухлиси ман аз њамин сабаб чунин бањо додааст.
    Саволи яке аз мухлисонатон аст, ки мегўяд: « ман мехоњам дар ягон клипи акои Шамсиддин рол бозам ». Оё шамсиддин ба ин розњаст?
    Бале розиям. Дар оянда наќшаи клипњои нав њаст. Аз ин рў ихтиёр доранд. Онњое, ки чунин хоњиш дошта бошанд метавонанд иштирок кунанд. Ман даъваташон мекунам.
    Чї чиз дар зиндагї бештар шуморо ба фикр кардан водор месозад?
    Ман фаќат дар бораи як чиз фикр мекунам, ки мисоли дигарон боз њам мухлисони хешро зиёдтар пайдо кунам. Танњамин фикрњо дар сари ман аст.
    Клипњои наватон кай дастраси мухлисон мегардад?
    Клипњои нав чуноне, ки дар боло ќайд кардам дар наќша њаст ва иншоаллоњамин соли равон пешкаши мухлисон мегардад.
    Ба мухлисонатон чї таманиётњо доред?
    Ба њама мухлисон ва хонандагони њафтанома инчунин ба мардуми тољик сарбаландию хонаободї хоњонам. Гуфтаниям ки маро фармўш накунед. ( механдад ). Зинда бошед!

    Рухшонаи РУСТАМ
    Хафтаномаи » Ману Ту «

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!