ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СОБИРӢ: «ШУКРИ ТАҚДИРИ НЕКАМ, КИ…»

Шабнами Собири

Шабнами Собири

Филми нави «Меҳроб», ки зери коргардонии Абдулҳай Зокиров ва муаллифи сенария Баҳриддини Аҳтамзод рӯи навор омадааст, фарогири мавзӯи рӯз аст. Яке аз масъалаҳои асосие, ки мавриди таваҷҷӯҳи муаллиф қарор гирифтааст, дарди ишқи ҷигарсӯз аст.

Ишқи нобарор инсонро бемору ранҷур месозад. Касро ба сӯи навмедиҳо бурда, аз зиндагӣ дилсард месозад, аммо шахси сабур ва ботамкин метавонад тамоми душвориҳоро ба осонӣ паси сар кунад. Яке аз нақшҳои асосӣ, яъне Суманро сарояндаи хушадо Шабнами Собирӣ бозидааст. Инчунин нақшҳои дигари марказиро ҷавони донишҷӯ Ромиз Қурбонов ва донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Гулрӯ Сафарова бозидаанд. Мо тасмим гирифтем дар мавриди филми мазкур бо яке аз иҷрокунандагони нақши асосӣ Шабнами Собирӣ ҳамсӯҳбат гардида, ба саволҳои худ посух бигирем.

— Шабнамбону, ин нақши нахустини шумост дар синамо?

-Бале, нақши аввалин, вале ман хеле ҷидду ҷаҳд намудам, ки онро самимона иҷро кунам.

— Дар чунин як филми муосир нақш офаридан шояд боиси рашки шавҳаратон гардида бошад?

-Шукри тақдири некам, ки шавҳари маданию мефаҳмидагӣ дар насибам будааст. Рости гап, шавҳарам аввал намехост, ки ман дар ин филм нақш офарам ва чун аз сюжети сенария огаҳӣ пайдо намуд, розигии хешро дод.

-Ба андешаи худ шумо ба мақсади дар пеш гузоштаатон ноил гардидед?

-Пеш аз он ки ба чизе ноил гардӣ, бояд назди худ мақсаде гузошта бошӣ. Ин филм ба осонӣ рӯи навор наомадааст. Ҳадаф аз чанд сатреро сиёҳ кардан ва заҳмат кашида ин корро анҷом додан он буд , ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо кам касон ба қадри ҳамдигар ва ба қадри ишқи пок мерасанд. Бо кӯшишу заҳматҳои коргардони бомаҳорат Абдулҳай Зокиров кам бошад ҳам, ба фикрам ба мақсади хеш расидем, аммо баҳои ҳаққониро тамошобин хоҳад дод. Филми мазкур то чӣ андоза онҳоро мутаассир месозад, пешакӣ бароятон чизе гуфта наметавонам.

— Мазмуни филм ба зиндагии шумо иртиботе дорад?

— Албатта, хеле кам аст монандии сюжети филм ба зиндагии ман. Дуруст аст, ки қаҳрамони офаридаи ман дар филм нақши як нафар бонуи ҳунармандро мебозад. Ӯ дар муҳаббат ноком мегардад дар филм, аммо ман баръакси Суман дар зиндагӣ хушбахтам ва бо маҳбуби дили хеш – Мансур Неъматов бо муҳаббат оила барпо кардаем ва хеле зиёду самимона ҳамдигарро дӯст медорем.

— Каме дар бораи филм маълумот медодед?

— Қаҳрамони асосии филми «Меҳроб» асосан Меҳроб (нақши ӯро Ромиз Қурбонов бозидааст) ном ҷавони деҳотӣ, ки дар деҳа маҳбуба дорад ба шаҳр барои таҳсил дар Донишгоҳи исломӣ меояд. Аммо ӯ аз беэҳтиётии духтари дар сари чанбараки мошин нишаста, яъне Сумани сароянда ба садама дучор гардида, муддати муайяне дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ мехобад. Дар ин айём Суман ба ин ҷавони бемори хобида ғоибона ошиқ мешавад.

Духтар мебинад, ки дар дафтарҳои ҷавон бо хатти арабӣ навишта шудааст, ба хотири ишқи ӯ ва барои ба Меҳроб писанд афтодан сатр ба сар карда, рӯ ба дину оин меорад. Аммо онҳо дар муҳаббат муваффақ намегарданд. Ба чӣ хотир онҳо аз ишқ комёб намегарданд, инро хонандаи азиз метавонад баъди тамошои ин филм бифаҳмад.

— Аслан зиндагии шумо аз дигарон бо чӣ фарқ мекунад?

— Зиндагии мо, ҳунармандон мисли ҳамаи инсонҳо оддиву хоксорона аст, аммо дар зиндагии мо ба ғайр аз корҳои рӯзғордорӣ, инчунин кӯшишу талошу чустуҷӯҳо хеле зиёданд ва мисли ҳама мо наметавонем соатҳои фароғати бештаре дошта бошем. Мо барои фароғати дигарон заҳмат мекашем, то ки бо савту навои дилангези бо хуни дил пайдонамудаи хеш хотири мардумро шод гардонем.

— Ба андешаи шумо як нафар бонуе, ки дар ҷодаи санъат муваффақ аст, боз шарт аст ки аз ҳунарҳои дигаре ба мисли дӯзандагию пазандагӣ бархурдор бошад?

— Албатта, барои ҳар як бону новобаста аз касбу кораш хеле хуб донистани тамоми ҳунарҳо танҳо ба фоидаи худаш аст.

— Дар рӯзи ошиқон ба азизи дили худ чиро тӯҳфа карданӣ ҳастед?

— Барои азизи дилам, яъне шавҳарам Мансур Неъматов дар рӯзи ошиқон як тӯҳфае тақдим карданиам, ки барояш хеле азиз асту гуворо. Аз ӯ низ чунин тӯҳфаро интизорам, ки ҳам бароям хуш бошаду ҳам маро хушбахт гардонад. Мехоҳам меҳри ошиқон дар ин рӯз аз пештарааш дида даҳчанд зиёдтар гардаду муҳаббаташон низ пойдортар, зеро ишқ асоси зиндагӣ аст. Бе он ҳаёт маъное надорад.

— Ташаккур, барои сӯҳбати самимӣ!

Сӯҳбаторо Шаҳрбону Тошева

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. behtarin.fikr mekunam film ba mo tamoshobinon pisand meoyd.sarbaland хона обод бимонед

  2. shabnamjon zinda boshi bo 4unin hunari zebo…!

  3. Шабнам хофизаи сунъи нест.Хофизаи табии аст

  4. google:

    Bovar kuned 1 duxtaru ya zanaka ovozush mahkulay ki onho Noziyavu in xonumi xushovoz ast

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!