ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

КӮМАКИ НИГОРА БА СУРУШ ЗИЁДТАР АСТ ВА Ё АЗ СУРУШ БА НИГОРА?

Нигора Холова

Нигора: -Замоне, ки дарди қалб азиятам медод, хеле бароям ғамангезу дардовар буд. Вақте барои ҷарроҳӣ ба Маскав бурданд, умедамро аз дунё канда будам. Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдатам рафта тасаллиям доданд …

Фарзона: -Нигорабону ман фикр мекунам ҳанӯз толибаи мактаб будӣ, ки сурудҳоят- «Модар» ва «Ширин-ширин ҷони туям» шӯҳрат пайдо карданд?

Нигора: -Бале, он замон ман дар синфи сеюм мехондам ва меҳрубонию ғамхориҳои барзиёди модарам водорам сохт, ки нахустин сурудамро ба ӯ бахшам.

Фарзона: -Суруш низ аз хурдӣ ба санъат меҳр дошт, вале чаро бо Нигора якҷоя ба саҳна набаромад?

Суруш: -Дертар ба саҳна баромаданам маънои онро надорад, ки ман бо мусиқӣ сару кор надоштам. Ҳамеша бо падар ва хоҳарам ба оҳанг бастани сурудҳо машғул мешудам. Баъзан бо Нигора ҳамовозӣ мекардам. Аммо мехостам замоне вориди саҳна шавам, ки ин ҳунарро ба хубӣ дарк карда тавонам.

Фарзона: -Ҳоло дар куҷо таҳсил доред?

Суруш: -Дар Консерваторияи Миллии Тоҷикистон, дар бахши чорум таҳсил мекунам. Яъне ҳоло ҳам ба хубтар омӯхтани ҳунари сарояндагӣ шуғл меварзам, зеро ин касб дар назар оддӣ намояд ҳам, мушкилиҳои зиёд дорад.

Нигора: -Ман бошам дар Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил мекунам.

Фарзона: -Кӯмаки Нигора ба Суруш зиёдтар аст ва ё аз Суруш ба Нигора?

Суруш: -Ман бисёртар ба Нигора кӯмак мерасонам. Бештари сурудҳояшро худам оҳанг мебандам.

Фарзона: -Яъне оҳангсоз ҳам ҳастед?

Суруш: -Бале, аз хӯрдӣ орзу мекардам, ки сурудҳоямро худам оҳанг бандам. Хушбахтона муваффақ ҳам шудам.

Нигора: -Ман ҳамеша бо бародарам ифтихор мекунам. Суруш натанҳо дар оҳанг бастани сурудҳо, ҳатто дар интихоби матн ҳам бисёр мавридҳо бароям кӯмак мерасонад.

Фарзона: -Чӣ бояд кард, ки суруд ба зудӣ машҳур шаваду дар дилҳо нишинад?

Нигора: -Ҳамкорӣ намудан бо шоирон ва матнҳои хубу дилнишинро интихоб кардан, метавонад сурудро маъруфу касро машҳур созад. Инчунин самимият низ роли муҳим мебозад, зеро чизе, ки аз дил мебарояд, зуд ба дилҳо роҳ меёбад.

Фарзона: -Бо кадом шоирон ҳамкорӣ мекунед?

Суруш: -Ҳабибулло Нозирӣ, Муҳаммад Ғойиб ва Нурулло Орифӣ.

Фарзона: -Ба фикри Шумо кадом сурудатонро мухлисон бештар қадр кардаанд?

Суруш: -Ба андешаи ман суруди «Ай духтар» ва «Ҷонона» маро бештар ба мухлисон муаррифӣ кардаанд.

Фарзона: Кист он «ҷонона»-е, ки Суруш ин қадар бо муҳаббат ҷониби хеш мехонадаш?

-Ин танҳо суруд аст.

Фарзона: -Ин таронаатонро шунида фикр кардам сахт ошиқ шудаед?

Суруш: -Замони дар мактаби миёна таҳсил карданам духтаре, ки як синф аз худам поён мехонд, то андозае мафтунам карда буд, вале ман он ишқро базудӣ аз дил берун намудам.

Фарзона: -Метавонам бигӯям, ки Суруш мағруру худписанд аст?

Суруш: -Не, ишқи он духтаракро аз дил берун намуданам маънои онро надорад, ки ман кибр дошта бошам. Аслан одамони мағрур бароям писанд нестанд. Кӯшиш мекунам, ки ҳамеша хоксор бошаму нафаре аз ман озор набинад.

Фарзона: -Нигора, шӯҳратманд шуданро бисёриҳо орзу мекунанд, вале он кам касонро даст медиҳад. Бо он маҳбубияте, ки доред, лаҳзае дар ҳаётатон буд, ки худро бадбахт эҳсос намуда, навмедӣ вуҷудатонро фаро гирифта бошад?

Суруш ва Нигора

Суруш ва Нигора

Нигора: -Замоне, ки дарди қалб азиятам медод, хеле бароям ғамангезу дардовар буд. Вақте барои ҷарроҳӣ ба Маскав бурданд, умедамро аз дунё канда будам. Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдатам рафта тасаллиям доданд, ки ҳатман шифо меёбам ва ман каме таскин ёфтам. Он кас ба ман кӯмакҳои зиёде карданд. Ман ҳамеша аз он кас сипосгузорам. Шукрона мекунам Худованди меҳрубонро, ки имрӯз сиҳату саломат дар саҳнаи орзуҳоям ҳунарнамоӣ дорам.

Суруш: -Воқеан он рӯзҳо душвортарин санҷиш барои аҳли хонадони мо буданд. Хушбахтона ҳамааш бо хубӣ анҷомид. Ман хоҳараки ягонаамро хеле дӯст медорам ва намехоҳам лаҳзае аз наздам дур бошад.

Фарзона: -Нигора яккадухтар аст?

Нигора: -Бале.

Фарзона: -Нигорабону пас Парвинае, ки дар яке аз сурудҳоят бо муҳаббат васф кардаӣ, апаи воқеият нест?

Нигора: -Не, он кас духтари Ҷаноби Олӣ ҳастанд, вале ман чун фарзанди воқеии падару модарам дӯсташон медорам. Бо ҳам робитаи хеле наздик дорем ва ман хостам меҳрамро ба воситаи суруд барояш расонам.

Фарзона: -Орзуе, ки амалӣ шуданаш хушҳолатон намуд?

Нигора: -Ҳар як консерти нав бароям ид аст.

Суруш: -Тавлиди нахустин албомам бо номи «Дарди ишқ» дар ҳаҷми 12 суруд хушбахттарин рӯзи зиндагиам буд.

Фарзона: -Ошиқ нестам мегӯед, пас дардашро чӣ гуна эҳсос кардед?

Суруш: -Ман дарди мухлисонамро дарк намуда, кӯшиш кардам чизи ба онҳо писанд бударо сароям ва мувофиқи он албомамро номгузорӣ кунам.

Фарзона: -Духтараке ба ман қисса карда буд, ки дар маъракае ба Суруш маъқул шудаасту нияти бо вай хонадор шуданро дорад. Намедонам то кадом андоза ҳақиқат дорад, вале ин гуфтаҳо ошиқ набудани Сурушро зери шубҳа мегузоранд….?

Суруш: -Оҳ, ин овозаҳои беасос ҳеҷ тамомшавӣ надоранд! Агар шунида бошед, худи ҳамин тобистон ману хоҳарам Нигораро дар садамаи автомобилие кушта буданд. Ин овоза дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шуда буд. Агар як хабари хуш бошад, ба ин андоза «шӯҳрат» пайдо намекунад. Ман бо боварии том мегӯям, ки дар хонаамон масъалаи хонадоршавии ман то имрӯз умуман ба миён гузошта нашудааст. Худи ман ҳам ҳоло сари ин масъала фикр накардаам. Ин духтар касе бошад, дар дурӯғбофӣ устухон надоштааст.

Фарзона: -Ба худатон бевосита духтарон изҳори муҳаббат мекунанд?

Суруш: -Мекунанд. Ман намехоҳам духтари тоҷик ба хотири ҳавас шуда аз баҳри шарму ҳаё гузарад. Ҳар касе маро пазируфтан мехоҳад, на суратамро дӯст дораду на сиратамро. Дилбастаи санъатам бошаду ошиқи сурудам.

Фарзона: -Дӯсте доред, ки дардашро дарди худ ҳисобед?

Суруш: -Чунин дӯстон хеле зиёданд. Тамоми дӯстонам кӯшиш мекунанд ҳамеша дар паҳлӯям бошанд. Ман низ дар навбати худ ин меҳрубонияшонро қадр мекунаму мехоҳам дар рӯзҳои шодию ғам ҳампаҳлӯяшон бошам.

Нигора: -Дӯст, рафиқ, умуман ҳама касу ҳама чизам падару модарам ҳастанд.

Фарзона: -Чӣ нақшаҳо доред?

Нигора: -Мо барои баргузор намудани консерти нав омодагӣ гирифта истодаем ва нақшаҳоямон бештар ба ҳамин консерт марбут аст. Мехоҳам бо бародарам якҷоя ба истиқболи мухлисон бароем.

Фарзона: Муваффақ бошед!

Фарзона Маҳмадиева.

Даричаи ошноӣ:

Cуруш Холов 30-юми августи соли 1988 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Таъсири падари санъаткор буд ё чизи дигар, ки аз хурдӣ меҳри суруд дар ниҳодаш тавлид гардид, аз ин рӯ аз синфи якум ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Лутфулло Атоев супорида, дар баробари илмҳои дигар хост аз санъат низ бохабар гардад. Имрӯзҳо аз натиҷаи талошу кӯшишҳояш баҳра мебараду худро миёни мухлисон хушбахт эҳсос мекунад. Ҳамеша дар ҷустуҷӯи сурудҳои наву дилнишин аст.

Даричаи ошноӣ:

Нигора Холова 25-уми декабри соли 1989 ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Рӯдакии пойтахт ба роҳ мондааст. Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ шӯруъ карда, туғёни муҳаббати суруд ӯро ба саҳнаи ҳунар ворид намуд. Садои дилнишину форам ва талошҳои пайдарҳамаш тавонист ахтари Нигораро дар ҷоддаи санъат ҷиллоноктар намояд. Имрӯзҳо низ дар талоши он аст, ки пайваста сурудҳои дилнишину пурмазмунро пешниҳоди мухлисон гардонида, мавқеи худро боз ҳам устувор намояд.

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

6 комментариев

  1. Мухлис:

    Бехтарин сарояндахои Точикистон…Мисли падари бузурговорашон истеъдоди баланд доранд. Худо кунад, ки дар оянда низ чунин пешравихо дар чодаи санъати ин ду гули боги санъат дида шавад.

  2. Abdulkarim:

    nigora va surush mekhostam fahmam oeo shumo namoz mekhoned ??

  3. Эшкул:

    салом ба шумо бародари азиз ва хохари мехрабон саволи ман ба шумо ин аст санъат ин касб аст ёхунар ?Боре нафаре шуморо ранчонидааст?

  4. auto-ru:

    Автор — вы откуда ???

  5. Ahmadshah Masud:

    Дар хакикатан рузи 1-уми май-и соли 2011-ум,дар «Кохи Борбад» консертон ба дарачаи Оли гузашта будааст.Бародарам ва ахли хонадонашон иштирок доштаанд.Бо ман дар тел.тамос гирифта таъриф карданд.Зихед точикикони давр.Ба Суруш ва Нигорабону барори кор хохонам.AHMADSHOHI SAMARKANDI.

  6. Давладмох:

    нигорачон ма барои т тамоми хушбахтихои дунёра хохонам барои суруш хам

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!