ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САДРИДДИН: ҲАМАИ ШУМОРО 21–УМИ МАРТ ДАР КОХИ БОРБАД ИНТИЗОРАМ!

Садриддини Начмиддин

Садриддини Начмиддин

Садриддини Наҷмиддин: Ҳамаи шумо, мухлисони азизамро рӯзи 21 – уми март, соати 16:00 дар Кохи Борбад интизорам. Ваъда медиҳам, ки бо тозатарин сурудҳоям шуморо шод мегардонам.

— Хуб, аз сафари Русия бо чӣ дастовез баргаштед?

— Ман аз ин сафарам хеле хушҳол гаштам, зеро беҳтарин сафар буд бароям. Бори аввал ба он ҷо рафтам ва дар Новосибирску Ростов ҳамроҳи сарояндаи маҳбуби Ӯзбекистон Севинҷхонум ҳунарнамоӣ кардем. Боз моро ба Барнаул низ даъват карданд. Хеле хушҳол шудам, ки дар тӯли солҳои эҷодиам ақаллан як маротиба ба ман муяссар гашт, то бо ҳамватанони дур аз ватанам рӯ ба рӯ гардам. Вақте толор пур гардид нафарони зиёде паси дар монданд, барои даромадан маблағ надоштанд ва кӯшиш намудем, ки ягон нафар аз бародарон ё хоҳарони мо аз консерти ман бенасиб намонанду ноумед нагарданд.

Ҳатто аз ноҳияҳои дурдаст низ омада буданд. Барои қадрдонӣ ва эҳтирому эътирофашон сипосгузорам. Илоҳо зинда бошанд, дуо мекунам, ки вазъияти кишварамон аз пештара ҳам хубтар шаваду барои мардуми мо ҷойи кору маоши хуб ташкил намоянд ва ҳеҷ гоҳ мӯҳтоҷи ёрии давлатҳои дигар нагардем. Агар лаҳзае ҳамсадои дили нафаре аз муҳоҷирон гашта бошам ва лаҳзае эшонро аз дарди фироқ ва дурӣ аз ватан раҳо сохта бошам, бароям бахти бузург аст.

— Ҳамроҳи Севинҷ якҷоя суруд хондед?

— Ростӣ, бо хонум Севинҷ бори аввал барномаи консертӣ баргузор намудем ва мутаассифона, якҷоя суруд нахондем. Шояд агар вақт имкон медоду пешакӣ маслиҳат мекардем, ягон суруд тайёр мекардем. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш бадеҳа хонд, хеле хуб ҳам буд.

— Барои шумо ҳамкорӣ кардан бо сарояндаи зан чӣ бартарият ва чӣ мушкилӣ дорад?

— Бо мард кор кардан осон аст, аммо бо зан… Занон бисёр ҳам табъи нозук доранд, ҳар сухан ва ҳар рафторро тоқат карда наметавонанд, зуд меранҷанд. Вақте бо ягон ҳунарманди зан ҳамкорӣ карданӣ мешавам, кӯшиш мекунам, эҳтиёткорона рафтор намоям, зеро намехоҳам, ки аз ман ранҷад.

— Кадом лаҳзаи сафаратон хотирмонтар буд?

— Вақте дар саҳна ҳунарнамоӣ мекардам, дар ҳар гӯшаи толор байрақи Тоҷикистонро мебардоштанд ва баробари ман суруд мехонданд. Ғайр аз ин ҳангоми сурудхонӣ духтарони рус наздики ман меомаданд ва ман андеша мекардам, ки агар суруди рӯсӣ хоҳиш кунанд, хиҷолат мешавам, зеро дар репетруари ман сурудҳои рӯсӣ ҷой надоштанд.

Аммо аҷоибӣ кор он буд, ки баръакс онҳо аз ман суруди «Бибӯсам» — ро хоҳиш карданд, вақте ин сурудро хондам боз суруди «Ошиқӣ» — ро мехостанд хонам. Ҳамин тавр русдухтарон аз ман сурудҳои тоҷикиро талаб мекарданд, ки ин бароям беҳтарин ва хотирмонтарин лаҳзаи сафар ба шумор меравад.

Сӯҳбаторо Мавзунаи Муҳаммадалӣ, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!