ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР «РӮЙХАТИ СИЁҲ»-И ТЕЛЕВИЗИОН?

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Ҳазфи баромади Шабнами Сурайё гумонҳо дар бораи «рӯйхати сиёҳ»-и телевизионҳоро бештар кард. Ҳангоми намоиши мустақими консерти рӯзи 21-уми март, ки дар Наврӯзгоҳ, маҳалли аспрези шаҳри Душанбе, баргузор шуд ва онро Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш кард.

Тамошобинон овозхонии Шабнами Сурайёро диданд. Аммо дар бозпахши барномаи идона баромади ӯ «қайчӣ» шуда буд. Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, сабаби ҳазф шудани таронаи Шабнами Сурайё дар заъфи матн буд, аз ин хотир, барояш дар миёни таронаҳои дигар, ки дар сатҳи олӣ навишта шуда буданд, ҷой пайдо нашуд.

«ТАРОНАИ БЕМАЪНО»

Вай афзуд, «суруди хуб дар ҳама ҷо мақоми худро пайдо мекунад. Агар мо пахш накунем, ягон телевизиони дигар онро пахш мекунад. Суруд суст буд. «Як бача буд, бачаи мардум ёри ман намешавад». Инро оё ягон маъно дорад?»

Дар ҳамин ҳол, Шабнами Сурайё мегӯяд, таронаи ӯ аз қабили ҳамон таронаҳои мардумӣ аст, ки аз нигоҳи шоирон дар матн заъф доранд, аммо ин гуна бархӯрди телевизионҳои давлатӣ бори аввал нест. Вай гуфт, қаблан ҳам телевизионҳои Тоҷикистон аз пахши таронаҳои ӯ худдорӣ мекарданд, аз ҷумла ба он далел ки либосаш ба менталитети тоҷикӣ мувофиқат намекунад.

Хонум Сурайё гуфт, «ростӣ, чанд сол аст, ки маро дар телевизор нишон намедиҳанд. Албатта, ман аз ин бобат парво надорам. Ҳеҷ гап не. Сабаби ин ҳама барои ман рӯшан нест, балки як чизи муқаррарӣ аст. Бигзор маро халқ гӯш кунад ва дӯст дорад.»

АЗ МАНИЖА ТО ШАБНАМ

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё, яке аз ситораҳои дурахшони мусиқии попи муосири Тоҷикистон ба шумор меояд, ки шӯҳраташ фаротар аз марзҳои кишвар то ИДМ, Эрону Афғонистон ва миёни форсизабонони ҷаҳон берун рафтааст. Модари ӯ Сурайёи Қосим низ аз сарояндагони соҳибноми Тоҷикистон аст ва соли гузашта хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед да ду соли зиндон маҳкум шуд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, тайи солҳои ахир мавҷудияти як рӯйхати ба таъбир «сиёҳ» дар телевизионҳои эҳсос мешавад. То Шабнами Сурайё Манижа Давлатова, «ситораи» дигари мусиқии попи кишвар низ дар экрани телевизионҳо зиёд падид меомад, аммо чанд сол ба ин сӯ умуман намудор нест.

Ҳамчунин «ситораҳои» дигари Тоҷикистон, аз қабили Садриддини Наҷмиддин ва Баҳром Ғафурӣ дар телевизионҳо қариб ки дучор намеомаданд. Садриддини Наҷмиддин мегӯяд, ҳоло гоҳ-гоҳ таронаҳои ӯро аз телевизионҳо пахш мекунанд.

«Як бор ним бор нишон медиҳанду хеле хурсандамон мекунанд. Аммо хеле кам. Аммо мушкил дар ин нест. Бояд як телевизиони мустақили мусиқӣ ташкил шавад, ки фақат мусиқӣ пахш кунад. Дигар мо ҳам барои телевизионҳо дарди сар эҷод намекунем. Онҳо ҳам боз имкон меёбанд, ки ба мавзӯҳои дигар бештар машғул шаванд»,-афзуд ӯ.

МЕЪЁРИ ПАХШИ ТАРОНАҲО КАДОМ АСТ?

Баҳром Ғафурӣ ҳам мегӯяд, ҳоло муносибати телевизионҳо бо ӯ тағйир хӯрдаанд ва ӯро гоҳо даъват мекунанд, ки баромад кунад: «Ин ҳама бояд аз дӯстӣ бошад. Бояд миёни мову телевизионҳо дӯстӣ бошад. Ҳунармандон бо телевизионҳо, телевизионҳо бо ҳунармандон бояд ҳамкорӣ кунанд. Нишон додан ё надодани ин ё он кас аз муносибаташ низ вобаста аст.»


Дар ҳамин ҳол, суоле пайдо мешавад, ки оё телевизионҳои Тоҷикистон меъёрҳои муайяни пахши таронаҳоро доранд? Муҳаммад Ғоиб, мудири телевизиони Шабакаи аввали Тоҷикистон гуфт, таронаҳо қабл аз пахш аз назари як кумисюни вижа мегузаранд ва дар ҳоли доштани матни харобу оҳанги номақбул пазируфта намешаванд. Аммо иддае аз коршиносон мегӯянд, меъёрҳои муайяни пахши ин ё он тарона дар телевизионҳои Тоҷикистон ба назар намерасад.

Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори тоҷик, ки дар мавзӯи мусиқии муосир матлаб менависад, мегӯяд, аксаран дар телевизионҳо таронаҳои кӯҳна садо медиҳанд: «Дар онҳо мо ягон навигариеро намебинем. Як суруд такрор ба такрор солҳои дароз пахш мешавад. Сурудҳои мардумиро танзими нав карда, пешкаши мардум мекунанд. Ба назар мерасад, мардуми тоҷик суруди нав надорад ва наметавонад як дигаргунӣ кунад”.

Хонум Ганҷова гуфт, «ситораҳои» муосири мусиқии попи Тоҷикистон, аз ҷумла Шабнами Сурайё, ба санъати тоҷик услубу таронаҳои ҷолиберо ҳадя кардаанд, ки писанди мардум ҳастанд, аммо пахш намешаванд. Вай афзуд, сабаби роҳ наёфтани онҳо ба телевизионҳо шояд ба сабабҳои дигар бошад, ки ба мусиқӣ рабте надорад.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

25 комментариев

  1. Daler:

    Hele hub ham mekunand,ki honum Shabnamro nishon namedihand ,dar televizionho. Ohir az surudahoi Shabnamhon na ma»noi asli hastu na ma»noi majozi. Yak sabki nojoj ham dorand honum Shabnamhon …

    • ХАКЧУЙ:

      Хак бар чониби шумост дусти азиз ДАЛЕР. Бовар кунед, аз будану набуданаш фикр намекунам, ки дар санъати точик ягон камбуди ба вучуд ояд. Бехтар аст, ки аз паси он устодони санъат шавем, ки то санъати точик хамеша ободу равшан бимонад…

  2. ГАРИБИ ВАТАН:

    Кори дигар намондаст. Хай дигар чи кор кунад. хамика хунар дора, ки овозхони мекунад и все. боненуш корша давом диха…Магар ягон фоида ба даст оварден, ки Манижаро рохашро бастеду навбати Шабнам шуд. Ин тавр кор пеш намеравад, чанобон. Ман на мухлиси инашаму на аз онаш. рости хардушон он кадар сароянда шудан наметавонанд. Худо рахмат кунад апаи Нигинара мана вай буд СИТОРАИ САНЪАТИ ТОЧИК. мисли апаи Нигина хастанд бо дигар хофизону навозандагони бенихоят хунарманд. Аммо чи илоч ки ба кадрашон нарасем. Худованд хамаи мову шуморо дар панохи исмати худ нигахбон бошад.

  3. OBODKOR:

    UUUUUFFFFFFFFFF….. DIGAR YAGON KOR NADOREN HA. BA IN MECHASPEDU BA ON. SAD AFSUS MEKHURAM. SHABNAM BEHTARIN SAROYANDA DAR IN VAKT AST. BEHTARIN SURUDHORO MEKHONAD. AZ UHDAI HAMA SURUD MEBAROYAD. MANIJA HAM BAD NABUD, AMMO DAR IN JODAI SAN’AT FIKR MEKUNAM, KI SHIKAST KHURD BA HAMIN KHOTIR KAMNAMO SHUDAAST. SHABNAMJON TU MODARAT VA KHOHARAT BEHTARINED. BA OYANDAI NEK BOVAR KUNED. KHUSHIHO AZ PESHAND.

    • Behruz:

      ба навор нигох кун Хамватан ва худ хулоса гуй!

      • Behruz:

        телевизор барои тарбия кардан аст… агар ягон канали «расвойи»,»лаънати» ё «хайвонот» бошад дар Точикистон, намоиш диханд хато намекунанд….

    • behruz:

      Хамзабон ба фикрам ту аз ин бемадании Шабнам бехабари…
      хуб бубину бахо бидех:

      • admin.tj:

        Behruz >>> Братан мо тарафдори шумо !

      • Taj Duhtar:

        ЧИХЕЛ БО БЕМАДАНИЯТ. БА ГУФТИ ШУМО ДИГА ХАМВАТАНОМОН МАДАНИЯТ ДОРАН. ГАП ДАР СУРАТИ ЗОХИРИ НЕСТ.

  4. Илхом:

    Харки тонад дар намонад, хах

  5. БЕЧОРА:

    Вой бар холи санъати точик….Ин чи бадбахтие сар задаст. Ман нафахмидум, хай ку Шабнамуш суруд хондестаст, ин ду хайвон чи кор кардестан, хаминаш он кадар бемаъни буд, ки даххо маротиба хаккорату дашном кардам. Худованд маро бибахшад… Дилам бар холи санъати точик месузад, вой додеееееееееееееее…..

    • Taj Duhtar:

      БЕЧОРА КИ ТУЯ ХУКУК ДОДАСТ КИ ЯК КАСИ ДИГАЯ ХАЙВОН ГУИ. ДИЛАТ БА ХУДАТ СУЗАД. ОКИБАТАТ ЧИ МЕШАД, ХУКУКЕ НАДОРИ КИ БО ЯК КАСИ ДИГАР ИНХЕЛ ДАШНОМ КУНИ.

  6. AKI:

    хама 100%-зай!!!

  7. БИНАНДА:

    Рости дар инами Точикистон инамика сарояндаи бехтарин аст, ки хамин хам Шабнами Сурайё мебошад. ман намедонум чида дигаро кабулуш намекунан. хай талаби замона хаминай ки стили Европейский мепуша… ШАБНАМ бошида…бовар кун сурудота гуш мекунем, халоват мебарем…. Илтимос аз сайти ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН, ки ин суханони маро чоп кунед….ТАШАККУР!!!

  8. avto:

    Интересный топик, Где-то я уже такое читал, .

  9. Артист:

    товба мегуй киёмат омада боша. хай чи рахут надодан дар тв и доду фигон чи озим. бечораи манижарам хамин хел карда будан неки ита доду фигон намекард ки гушои одамора кар куна. бас будагист и шармандагияй…..

  10. Майкл:

    эй воееее…. точикони навда…хайрият ки аз асри кадим ба асри нав расидему лекин боз хамун рафтору кирдори одамони асри кадим дия. намешуд, ки пеш ба ин асри нав омадан, хама рафтору кирдори асри миёнагиро фаромуш мекардед, чанобон ва хонумон…фикр мекунам, ки кори соз карданд, ки Шабнамро аз ТВ махрум карданд. БЕХТАРИН КОРМАНДОНИ ТВ ТОЧИКИСТОН. Ба фикрум дар хаётон хамика кори хуб кардед… эй бахшиш ду кори хуб карда будед ку. Манижаром рох надодед ку… Молодцы ребята…

  11. Али:

    и шабнама чош зоопаркай да зоопарк да як клеткада махкамш кунану суруд хондан гира да тв точикистон не да тв росия бад нишонш метан ха ха ха обруи кулоба резондай бародарони кулоби шумо бародарони мо хасте меган да кулоб гург бисёр шидай хами шабнама да хамуно супоре на бузтона мехуранду на говтона дигар ма як гармибача аз мулки гариби

  12. Намегум:

    Бестен ки хами Шабнами … таъриф мекна хыдшам ранги … бымырен ай у рузтона ки мо меган пеш рафтестем проста дуругай меган Шабнам зур мехона неа шумо бадбахто фигураи ура тамошо мекнен ку меген Мусалмонем як бор ягон сураи Куръони Карима гуш кынен хуб мекнан ки да тилвизор нишон наметан

  13. Shoira:

    Милая Шабнам! Мы, Твои Преданные Поклонники, всегда будем с Тобой! Мы Любим и Ценим Тебя!

    Обаятельной и Талантливой Девушке нашей эстрады с красивым именем Шабнам, которую мы очень сильно Любим и которой Восхищаемся!

    Милая Шабнам! Мы, Твои Преданные Поклонники, всегда будем с Тобой! Мы Любим и Ценим Тебя! И Желаем Удачи и Успехов в творческой деятельности! Счастья и Любви!

    С радужным днём мы Тебя поздравляем.
    Всё, что Ты делаешь, пусть удаётся,
    Словно мелодия нежная льётся.

    Если взгрустнётся, то лишь мимолётом,
    И чтоб разбег был всегда для полёта.
    Крепким здоровье, стабильны доходы,
    Творческим планам – отличные всходы.

  14. Polniy atstoy!!!!
    Khudsha bo Shakira giriftaye Ha ha hahaaa
    Teloslojeneshba gapnes baroi i

  15. ира замона намеган ира бешарми дар духтари тоцик меган. Аслан ба мо точикон либоси аврупоихо намезебад. Бехтараст,ки хамон либоси миллии худамонро гум накунем.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!