ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲОДУРИ ҒАФУРЗОД: «САБКУ УСЛУБИ ХУДРО ДОРАМ»

Баходури Гафурзод

Баходури Гафурзод

Баҳодури Ғафурзод 21-уми декабри соли 1981 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 59 ба роҳ монда, онро бомуваффақият хатм намуд. Баҳодур аз хурдӣ орзуи санъаткор шуданро дошт.

Ва ин орзуро дар ниҳодаш бо муҳаббат парвариш менамуд. Пас аз кӯшишу талошҳо вай тавонист ин қуллаи муродро фатҳ намояд. Инак, Баҳодурро ҳамчун ҳунарманди ҷавону боистеъдод мешиносанду эътироф мекунанд. Мехоҳед бо ҳаёти афсонабори Баҳодури Ғафурзод хубтар ошно бошед? Пас, ба сӯҳбати мо таваҷҷӯҳ намоед.

— Ба мушоҳида расидани чӣ чиз Баҳодурро ба санъат моил кунонид?

— Ростӣ, ҳангоме дар мактаби миёна таҳсил мекардам, мекӯшидам, ки дар озмунҳои мусиқавӣ ширкат дошта бошам. Пайваста бо мусиқӣ будану робита доштан, ногаҳон меҳри санъатро дар замирам тавлид намуд. Худам ҳам бехабар мондам.

— Ҳанӯз замони нав ба саҳна ворид шуданатон то имрӯз бештар дар мавзӯи ҷудоию бевафоӣ суруд месароед. Чаро?

— Ҳамин жанри сурудхонӣ ба ман писанд аст. Ором  сароиданро хеле дӯст медорам. Инчунин ин мавзӯъро бидуни шубҳа метавон доғи рӯз гуфт. Зеро ҷавонони зиёди мо ба қадри ишқ нарасида ба номи поки он иснод меоранд ва ҳамин тавр ҷудоӣ ба вуҷуд меояд. Ман бошам ба воситаи суруд фаҳмонидан мехоҳам, ки ҷудоӣ дарди сахт аст ва ҳаргиз худро ба ин дард мубтало насозанд. Яъне, бештар мушоҳидаҳо водорам месозанд, ки ин мавзӯъро васф намоям.

— Дар ҷодаи санъат ба касе пайравӣ кардаед?

— Фикр мекунам санъат бе пайравӣ намешавад. Дар аввал ба сарояндаи хушсадову зиндаёд Кароматуллои Қурбон пайравӣ мекардам. Баъдан ба  бародар ва устодам Садриддини Наҷмиддин. Ҳоло бошад сабку услуби худро доштан мехохам.

— Аз эҷодиёти киҳо бештар истифода мекунед ва бо кӯмаки кӣ матнҳоро оҳанг мебандед?

— Шоири ҷавон Ҳасан Чилаев бароям бештар мадад мекунанд. Инчунин, аз ашъори Лоиқи бузургвор низ истифода мекунам. Аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ ҳам сурудҳои нав дорам. Оҳангҳоро бошад, худам таҳия месозам.

— Агар нафаре ба кӯмаки шумо эҳтиёҷ пайдо кард…?

— Ҳатман кӯмакаш мекунам. Иқдоми нахустине, ки барояш тасмим мегирам, ҳадяи як оҳанг аст. Ба ин восита метавонам ӯро ба санъат дилгарм сохта меҳрашро ба ҳунар афзоиш диҳам. Касеро дилшикаста дидан намехоҳам.

— Имрӯзҳо қисме аз сарояндагони мо ҳатто ба намуди зоҳирии овозхонони хориҷа тақлид мекунанд. Баҳодур низ кӯшиши ба касе монанд шуданро карда буд?

— Не, ман инро ҳатто орзу накардаам. Мехоҳам Баҳодур бошам на каси дигар. Чаро мо бояд ҳамеша ба хориҷиён тақлид кунем ва ба онҳо монанд будан хоҳем? Бигзор онҳо орзуи ба мо монанд шуданро намоянд.

— Ҳамчун овозхони ҷавон, санъати ҷавонони кунун ба ҷодаи санъат қадам ниҳодаро чӣ гуна қабул мекунед?

— Аслан ман ҳоло барои баҳогузорӣ кардан ҳақ надорам. Чун ҳанӯз ҳам санъати худро рушдкардаву камолёфта намебинам. Нафароне ки дар ин ҷодда алакай баландтарин қуллаҳоро фатҳ кардаанд, иҷозати баҳо додан ва интихоб карданро доранд. Аммо ба ҳар ҳол ҳамчун ҷавон ман онҳоро хуб қабул мекунам. Кор бидуни камбудӣ намешавад. Ҳар эроде, ки дар ҳунари онҳо ба мушоҳида мерасад, иншоолоҳ ислоҳшаванда аст.

— Идеяе доред, ки то ҳол дар саҳна ба мушоҳида нарасида бошад?

— Оре, нақшаҳоям хеле зиёданд, вале мехоҳам баъд аз муваффақ шуданам бароятон муждагонӣ диҳам.

— Бо кӣ дуэт хонданро меписандед?

— Ният дорам бо ҳама гулдухтарони санъаткори тоҷик дуэт хонам. Кӯшиш карда истодаам, шояд дар наздиктарин фурсат ин орзуям низ ҷомаи амал пӯшад.

— Аз овозхонони тоҷик кадомеро ҳамчун ҳунарманди асил эътироф мекунед?

— Ҳамаи онҳоро самимӣ дӯст медорам ва намехоҳам миёнашон тафриқа гузорам.

— Дар рӯзномае хонда будам, ки ғурури Баҳодури Ғафурзод аз меъёр зиёд аст. Ҳақиқат дорад?

— Медонам кадом рӯзномаро дар назар доред. Ростӣ маводи чопкардаи онҳо худи маро ҳам дар ҳайрат гузошта буд. Онҳо ба ман занг заданд ва хоҳиши сӯҳбат намуданро карданд. Он рӯз корам хеле зиёд буд. Дар баробари санъат, боз бештари вақтам дар кори хона мегузарад. Албатта кӯдакбонӣ не.(механдад) Хуллас натавонистам худи ҳамон лаҳза ба идораашон ворид шавам ва ваъда додам, ки фардо ҳатман ташриф меорам.

Фардо дар тақдир ба хона семент оварданд ва ман бояд ба таъмир машғул мешудам. Чун онҳо дубора занг заданд, ман ҷавоб додам, ки «додарҷон, ҳоло сару рӯям пур аз гилу лой аст. Бубахшед, ки натавонистам, вале фардо кӯшиш мекунам хоҳишатонро иҷро намоям». Вай ҳамин гилу лойи гуфтаи маро масхара фикр карда, мақолаи танқидӣ навиштааст. Аммо ҳақиқат надошт, зеро ман ҳаргиз кибр кардану ғурур варзиданро дӯст надоштаам ва нахоҳам дошт.

— Воқеан шинохти инсон хеле мушкил аст. Яке шуморо бо кибр мешиносад ва нафаре ки дар сӯҳбататон мешинад, метавонад ба зудӣ аз хоксориятон огоҳ гардад. Вале донистан мехоҳам, ки нақш ва мавқеи шумо дар оила чӣ гуна аст?

— Дар оила як инсони муқаррариям. Кӯшиш намекунам, ки дар хона маро ҳамчун санъаткор шиносанд. Мехоҳам фарзанди хубу боахлоқ, шавҳари меҳрубон ва падари ғамхор бошам. Ҳоло ки лоиҳаи қонун оид ба тарбияи фарзанд пешбинӣ шудааст, талош дорам, ки дар тарбияи дурусту комили фарзандонам ҷиддитар бошам.

— Ба андешаи шумо дар тарбияи фарзанд саҳми кӣ бештар аст, падар ё модар?

— Ҳарду. Фарзанд бештар аз муҳити солим тарбият мегирад. Агар модар ҳамеша бо онҳо бошад, падар баҳри хуб намудани вазъи иқдисодии ҳамон хона талош мекунад. Дар сурати хуб будани шароит ва тарбиятдида будани худи волидон, фарзандон низ хуштамизу бомаърифат ба воя мерасанд.

— Санъаткор хеле вақти камро дар ихтиёр дорад, дар баробари серкорӣ имкони ба аёдати наздикон рафтанро низ пайдо карда метавонед?

— Мутаассифона ба ҳамин чиз кам мерасам. Вале ин маънои онро надорад, ки ман дар ёди эшон нестам. Агар ин лаҳза сӯҳбати маро ба воситаи нашрияи писандидаашон «ОИЛА» мутолиа мекунанд, донанд ки ман хеле дӯсташон медорам ва минбаъд барои аёдаташон талош мекунам.

— Кадом лаҳза дар санъат хушҳолии воқеиро эҳсос намудед?

— Ҳангоме соли 2009, нахустин консерти зиндаи худро пешниҳоди мухлисонам намудам, он лаҳза хеле шод будам ва худро хушбахттарини хушбахтҳо меҳисобидам.

Ҷиддӣ буданро меписандед ё ҳазлу шӯхиро бештар дӯст медоред?

— Муҳитро дида муносибат мекунам. Ҳам шӯхиро дӯст медорам ва ҳам мехоҳам ҷиддӣ бошам.

— Дар одамон чӣ гуна хислатҳоро дӯст медоред?

— Пеш аз ҳама ростиро. Агар роҳи мерафтаи мо рост бошад, сухани мегуфтаамон рост бошад ва интихоби мекардаамон бо ростӣ робитаи хеле ва хеле наздик дошта бошад, пас он гоҳ мо як инсони беозору хоксору меҳрубонем. Ин гуна шахсиятҳоро кӣ дӯст намедорад?

— Нақшаҳои ҷадиди шумо.

Зиндагӣ чист? Хуни дил хӯрдан,

Зери девори орзу мурдан.

Воқеан домани орзуҳо фаррох аст ва интихоб кардани ширинтарини он низ кори осоне нест. Намедонам то кадом андоза дар дунёи пурасрори онҳо муваффақ мешавам. Ҳамин ки амалӣ шуданашонро эҳсос кардам, аввалан ба шумо хабар медиҳам.

— Таманнои шумо ба мухлисонатон.

-Ҳамеша шоду сарбаланд ва хушбахту хушрӯз бошанд. Ҳеҷ гоҳ дарду ғам вориди қалби ҳассосу нозукашон нагардад.

— Ташаккур барои сӯҳбати хеле самимӣ ва таманиётҳои ҷолибатон. Ҳамеша муваффақ ва ҳамингуна хоксор бошед.

Фарзона Маҳмадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. Артист:

    чура хафа нашаву неки зеби хофизи надори. бехтаруш ки АРА ВАЙ-ВАЙ гуфта ай пушти ягон кори неку пурсавоб шави бехтарай. боки Худованд ба хамаи мову шумо тавфик дихад…

  2. Майкл:

    Эхееее на самом дело рост мегуй бародари АРТИСТ. ман сад дар сад ба гуфтаи шумо розиям. Акаи Баходур рости бисёр кушиш мекуниву аммо…Барои хамин тагйири вазифа куну бурдборихо комёбат шаванд. Муваффакият ёратаон бод…

  3. salom barodaron va bakhshishu bad ba bisyori hofizoi tojik man in guna unvon meguzoram: duzdon man dar nazar doran bisyortan sadriddin , b. gfuri. shabnai s va digarom sadriddin va bahrom ino duzdoni bisyor zirrakkand surudhoi ahmad zohirro badigar ohang saroida sharm nadoshta mekhonand ! khai balo bapasi hamaatu khai yak sukhan kardem

  4. Taj Duhtar:

    Chi kor doren. Osh shavasha, nagz mekhona. Kandta zan akai Bahodur. Gapi hichkara gush nakun. Panoshon ba khudo. Dar jodai hunar burdboriho hohonam!!!! Hudo nigahbonat!!!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!