ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: «МАН ЗАНИ КОМИЛАН ХУШБАХТАМ»

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

– Шояд шумо ҳис карда бошед, ки одамон ҳамеша ба ҳаёти шахсии чеҳраҳои шинохта таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Мехостам дар бораи ҳаёти шахсиатон чанд сухан бигӯед?

– Ман зани комилан хушбахтам. Зиндагии тинҷу осуда дорам ва мехоҳам бигӯям: Шукри Худо мекунам, мисли шумо мухлисони азизро дорам ва ҳамеша мекӯшам барои болидагии табъи шумо дар талошу ҷустуҷӯҳо бошам, таронаҳои ба дили шумо наздикро пайдо намуда, дар базмҳои идонаатон ширкат варзам ва шарики шодиҳои мардуми азизам гардам. Хеле шодам, ки таваҷҷӯҳатон нисбат ба мо, ҳунармандон зиёд аст. Ин гувоҳи фарҳангдӯстиву маърифати баланди шумо аст.

– Айни замон шумо бо савту навои дилпазиратон хотири кадом ҷамоаро шод карда истодаед?

– Субҳи имрӯз, яъне 22 март бо даъвати Ҳукумати шаҳри Истаравшани бостонӣ ба ин диёри куҳанбунёд омадем. Дар варзишгоҳи бузург ва дар ҷашни зебои наврӯзии ин мардуми ҳунарпарвар ва қадршинос, ки ин иди некиву покизагиро аз рӯйи эътиқод ба ниёгон гиромӣ медоранд, иштирок намуда, як ҷаҳон нишот фаро гирифт моро. Мардуми Истаравшан аз қадим нисбати ҳунару ҳунарманд таваҷҷӯҳи хосае доранд. Аз истиқболу пазироии гармашон ва дастурхони пурфайзу баракаташон, ки бо завқи махсус омода намудаанд, баҳраманд гашта, хастагии хешро эҳсос намекунам.

– Омода кардани суманакро яке аз оинҳои наврӯзӣ медонанд ва пухтани он шуморо даст додааст?

– Албатта пухтани суманак кори осон нест ва он завқи махсусу бодиққатӣ ва сабрро талаб мекунад. Дар пухтани он наметавон ба хатогии хурдтарин роҳ дод, то ки таъми он туруш ё талх нашавад. Ман дар алоҳидагӣ онро напухтаам, аммо дар хонадони мо бибиҳои хушзавқам хеле суманакҳои болаззату ботаъм мепазанд. Умуман Наврӯзро дар хонадони тамоми мардуми тоҷик бе суманак тасаввур кардан нашояд.

– Таманнои наврӯзиатон?

– Наврӯз оғози сол, оғози рӯзи нав, оғози умеду орзу ва бахту саодат аст. Он ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Орзу дорам, ки Наврӯзи имсола ва наврӯзҳои дигари зиндагӣ бо қадами некаш кошонаи мардумро пур аз нуру зиё гардонад ва файзу баракатро дар хонадони мардуми азизам арзонӣ дорад ва дар вуҷуди онҳо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор созад. Ҳаргиз рӯйи камбудиву норасоӣ ва ғаму дардро набинад халқи азизи мо.

– Шумо низ ба орзуҳои дили худ бирасед. Ин дуои мо, қаламкашон ва тамоми мухлисони беқарори шумо аст.

– Миннатдории маро ва паёми наврӯзиамро аз вилояти Суғд ба онҳо бирасонед ва гӯед, ки то ба Наврӯзи дигар сиҳатманду сарбаланду комрону пирӯз бирасанд.

Сӯҳбати Шаҳрбону, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

12 комментариев

  1. Jovidon:

    Apai Nigina salom. Hamchunin ba kulli khonandavu shunavandai in sayt. Bisyor ziyod tashakkur az chunin yak musohiba. Mo mukhlison hamesha sarbalandii shumoro khohonem. Zinda boshed….

  2. GARENY:

    salom. HAMI HAMAI SAROYANDAHOI TOJIK NA OVOZI KHUB DORANU NA DIGARU DIGAR. BA IZZATI NAFSI KASE RASIDANI NESTAMU LEKIN HAK HAK AST/ ZINDAVU JOVID BOD USTODONI SAN’ATI TOJIK ZAFAR NOZIM, NIGINA RAUFOVA VA DIGARO…

  3. Артист:

    хами бародари ГАРЕНИ рост мега инами ситорахои нав баромаду тез даромад ба дарди санъати волои точик намеарзанд. ки инора рах мета дар ин чодаи санъат ман хайрон… афсус ки сад афсус….

  4. Савринисо:

    Хакикатан Нигина хушбахт аст, чунки осонакак сохиби хона шуд. Президент хона дод. Кош моро хам ба ин руз расонад. Ман-аспирант-БОМЖ, кори илми нимкора доим дар суроги хона хозир то 30.05.2011 мухлат доданд, ки аз вайронаи мувакати берун шавам, бо фарзанди ноболиг. Чанд бор ба сайти Президент мактуб навиштам чавобе нест. Чанд мактуби дигар бурда почтаи дастгох партофтам, чавоб нест. Кош ягон хучра аз хобгох бо ордер медоданд, хона не, акаллн хобгох медоданд, 20 сол собикаи кори дорам. Кош рузи Нигина ба сари мо ояду мо сохиби сарпанох шавем. Нигина, ки осонакак бе хобгохкобию сарсони (ман аз соли 1991 сарсонам) сохиби хона шуд, бояд шукр кунаду ба бечорахо хайр кунад. Дигар ба вай пул чи лозим? хона хаст.

  5. Савринисо:

    Нигина бояд доим шукр кунад, дар интервю барои чи аз падару модарам миннатдорам мегуяд, аз Президент миннтадор шавад, хона намедошт, сарсон мешуд, ба чои 10 суруд 2 то базур эчод мекард, вакташ ба ичоракоби мегузашт. Кошранги у хушбахт мешудем. Ман аз чонам безор шудам аз сарсонию бехонаги ба марг рози хастам, аммо намехохам худкуши кунам, чунки Худо худкуширо намехохад.Шукр кун Нигина!

    • Овораи диёр:

      Салом апаи Сарвинисо. Но умед шудан даркор нест. Шайтон ноумед аст, аммо бандахои Худованд умед бар Худои худ кунанд, иншоаллох ба муроду максадашон мерасанд. Мо низ дуо гуи он хастем, ки Худованд бар Шумо тамоми неъматхои заминиро арзони бидораду сохиби хона шавед.

    • Daler:

      Savrinisso ba padaru modar hamesha minnatdor boyad bud va Niginahon az ovozi hudashonb niz minnatdorand …

  6. мухочир:

    Салом ба хама. Рости чи сафсатахое наменасисен ёрону бародарон. Бояд аввал инсон аз Худованд миннатдор бошад, сипас аз падару модарашон. Хамун истеъдоде, ки апаи Нигина дорад, Худованд барои у арзони доштааст, на падару модараш. Мо бояд пеш аз гуфтор аввало бидонем, ки чи мегуем ва чи гуфтани хастем. Сипас метавонем ба дуруст ё нодуруст будани ин хама сафтатахое, ки навиштед, мувофик шавем ё нашавем. Худо подшост ва умеди мо аз Худованд аст….

  7. фируз юнусов:

    ТОЧИКОН бахилиро аз даст надихед
    хамин бечораи духтар нав ба сахна баромад овозахои шумо бадномаш мекунад.то кай бахили мекунед.худо гуед то шумо хам ягон коре кунед то зиндагиатона пеш баред.бас будагист ин суханои пучу холии душманон.
    НИГИНА ба ту дар оянда барор хохонам.

  8. Президент гами кадом яктои шуморо хурад, аз кургану, кулобу, помир омада дар шахр кор медароеду даррав аз паси хона мешавадю

  9. Нигина овози мулоиму хуб дошта сурудхои санъаткорони гузаштаро зинда мегардонад.
    Хохишмандам номи Чаноби Олиро ба бади нагиред, худорахматии бобом мегуфтанд, ки подшохро бачем хеч гох бад нагу.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!