ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҲАБИБА ДАВЛАТОВА: «ТО МУРДАНАМ ОШИҚ МЕМОНАМ»

Хабиба Давлатова

Хабиба Давлатова

Сарояндаи ҷавону хушовозу хушсимо Ҳабиба Давлатова зодаи шаҳри Душанбест. Падару модараш аз аҳли санъат буданд, аз ин рӯ дар дили ӯ меҳри санъат ғолиб баромад. Сурудхонии Ҳабиба  писанди мардум аст.

Мо кайҳо боз мехостем, ки бо Ҳабиба Давлатова дари сӯҳбат кушоем, аммо имконият даст намедод. Инак, мо бо Ҳабиба Давлатова дар сӯҳбати рӯ ба рӯ нишастаем. Мутаваҷҷеҳ бошед:

-Ҳабибабону! Мегӯянд, ки падаратон аъзои ким-кадом ансамбл будаасту суруд ҳам мехондааст. Мехостем дар борааш маълумот диҳед.

-Падарам дар гурӯҳи Хадича Абдуалимова мутриб буданду гоҳ –гоҳе сурудҳои Аҳмади Зойирро месуруданд. Услуби он кас услуби Аҳмад Зойир буд. Лекин сурудхониашон бештар барои худу барои дӯстон буд, бинобар он ба машҳур шудан, ба қавли имрӯзиён ситора шудан кӯшиш накарданд.

-Модаратон чӣ?

-Модарам дар ансамбли «Лола» раққоса буданд, солҳои пеш.

-Солҳое, ки Ғаффор Валаматзода сардори ансамбл буданд?

-Ҳа, ҳамон вақтҳо. Баъди ба шавҳар баромаданашон раққосагиро бас карданд.

-Вақте дар оила муҳити санъат ҳукмфаромост, фарзандҳо ҳам ба он муҳит дода мешаванд. Имрӯз шумою хоҳаратон Моҳира роҳи волидонро идома дода истодаед, аммо шояд дар кунҷи дилатон орзуи касби дигар буду хотири наранҷонидани волидон ғалаба кард?


-Дар ҳақиқат дар хурдӣ ман санъаткор шудан намехостам. Ишқи стюардесса шудан дар дилам ошӯб ангехта буд. Бисёр мехостам, ки дар либоси стюардесагӣ ба кишварҳои гуногун сафарҳо намуда ба сафаракиҳо хизмат намоям. Аммо баъдтар меҳри санъат ғалаба кард. Санъаткорӣ дар хунамон будааст, чӣ кор кунем.

-Имрӯз шумо дар санъат аз падару модар гузаштед. Машҳур шудан дар хуни ҳар як инсон аст. Падаратон ҳам бегуфтугӯ мехостанд, ки машҳур шаванд, аммо шояд чунин имкон наёфтанд. Шумою хоҳаратон орзуҳои дили волидонатонро амалӣ намудед.

-Ташаккур!

-Бо кадом сурудатон мухлисон шуморо шинохтанд?

-Ба фикрам бо суруди «Рӯи ту аз ёд рафта» маро бештар шинохтанд.

-Ин суруд моли кист?

-Моли Зебуннисо аст. Оҳангаш аз шодравон Самандар Мирзоев.

-Баъди ин сурудро хондан чанд нафар ба шумо изҳори муҳаббат карданд?

-Ошиқ пайдо кардам?

-Бале!

-Пайдо шуда буданд. Онҳое, ки азоби ҷудоӣ кашидаанд, занг мезаданд. Лекин мо сурудро барои халқ мехонем, на барои он ки онҳо ба мо ошиқ шаванд.

-Мутаассифона мухлиси мо суруди хуберо аз санъаткоре шунавад, на ба суруд, балки ба санъаткор ошиқ мешавад. Ҳоло мухлиси мо ба суруд ошиқ шуданро наомӯхтааст?

-Дуруст ва мо аз рӯи ин нофаҳмиҳо азоб мекашему боиси дар ҳаққамон пайдошавии даҳҳо овозаҳо мегардад.

-Шумо бо раҳматии Сӯҳроби Сафарзод дуэте хонда будед бо номи «Ошиқӣ, ошиқӣ». Ин тарона чӣ гуна пайдо шуд ва чаро Сӯҳроби Сафарзод барои хондани ин дуэт маҳз шуморо интихоб кард? Дар бораи дӯстии шумо бо шодравон овозаҳо зиёданд, аз ин рӯ ба ҳамин масъала рӯшанӣ меандохтед?

-Бо Сӯҳроби Сафарзод бисёр дӯстии наздик доштем. Вақте дар Ҳиндустон буд, суруди «Ошиқӣ, ошиқӣ» ба вай бисёр маъқул мешавад ва фикр мекунад, ки ин сурудро бурда бо кӣ бихонад. Овози бонувони санъаткорро хаёлан муқоиса карда ба хулоса меояд, ки он сурудро бояд бо ман хонад.

-Овози шуморо мувофиқтар медонад?

-Бале! Вақте аз Афғонистон баргашт наздам омада пешниҳодашро изҳор кард. Ҳамчунин гуфт, ки сурудро бо забони тоҷикӣ мехонем. Ҳар қадар гуфтам, ки матни аслии худашро ба ҳиндӣ хонем, аммо розӣ нашуд, дар гапаш қатъӣ истод. Вақте дуэтро хондем, ба мухлисон маъқул омад.

-Дар консерти рӯзи 22-юм барпомешуда ин дуэт садо медиҳад?

-Бале, садо медиҳад.

-Ба ҷои Сӯҳроб кӣ мехонад?

-Сӯҳроб худаш!

ӣ хел?

-Ман бо овози худам мехонаму дар ҷои Сӯҳроб садои ӯ баланд мешавад.

-Ба фикрам олиҷаноб мешавад! Мо набояд Сӯҳробро фаромӯш кунем.

-Бале, ҷумҳурӣ дар шахси Сӯҳроби Сафарзод як санъаткори хубе, ки дар зинда буданаш «Муини тоҷик» мегуфтандаш аз даст дод. Зиндагиаш пурасрор буд. Ҳатто маргаш ҳам асрорҳо боқӣ гузошт. Чӣ овозаҳое атрофи марги ӯву ба хок супоридани ӯ паҳн шуда буд. Он ки ӯро дар маҳаллаи худашон нею дар масҷиди маҳаллаи «Ҳаёти нав» ҷаноза карданд, боз ҳам овозаҳоро аланга дод.

-Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав», бобою бибияш зиндагӣ мекард. Бачагии Сӯҳроб дар хонаи бобою бибияш гузаштааст. Баъд ҳам бештари вақти худро дар Ҳаёти Нав мегузаронд. Хонаи дӯстдоштааш манзили бобою бибияш буд.

-Ким-кадом студияе маросими дафни Сӯҳробро клип карда ба фурӯш баровардааст. Яъне, кормандони он студия аз ҳисоби ҷанозаю мурдаи Сӯҳроб сарват ҷамъ кардан мехоҳанд. Шумо нисбати ин воқеа чӣ андешаҳо доред?

-Ин кори онҳо хатост. Бояд ин корро намекарданд. Ин кори онҳо ранҷондани рӯҳи Сӯҳроби Сафарзод аст. Кори он муллое, ки дар бораи маводи мухаддир дар ҷаноза гап зад, низ хато буд. Магар то имрӯз кам одамон аз дасти истифодаи маводи мухаддир аз дунё гузаштаанд? Не, пур. Аммо дар ҷанозаи ягон нафари онҳо дар бораи маводи мухадир гап намезананд. Аммо дар ҷанозаи Сӯҳроб гап заданд. Ба фикрам ин кори хато буд аз тарафи он мулло.

-Гуноҳу айби мурдаро дар ҷаноза намегӯянд…?

-Фақат Худо худаш медонад, ки кӣ кист?

-Ишқи аввалини Ҳабиба кӣ буд ва аз он ишқ чи осоре мондааст?

-Ошиқ шудагӣ ҳастам. Ҳо-о! Албатта ва то мурданам ошиқ мемонам. Аммо дар бораи ошиқиҳоям гап задан намехоҳам.

-Яъне, бигзор як саҳифаи умри Ҳабиба зери асрор бимонад?!

-Бале ва дар оянда журналистҳо он асроро фош кунанд.

-Шумо гурӯҳи худро доред ё дар ягон ансамбли давлатӣ фаъолият доред?

-Не, гурӯҳи худро дорам ва бо онҳо ба тӯю маъракаҳо меравам. Як вақтҳо бо апаи Сафаргул дар Филармония кор мекардам, аммо тӯйҳо бисёр шуданду ба кори Филармония рафта натавонистем.

-Дар замони мо ба хориҷа рафтан мӯд шудааст. Оё Шумо ба ягон кишвари хориҷӣ ба сафари ҳунарӣ ё ҳамту барои истироҳату тамошо рафтаед?

-Сафари ҳунариро фақат ба кишвари Россия кардаам.

-Бо даъвати ҳамватанон?

-Бале. Аммо ба кишварҳои дигар барои истироҳат рафтаам.

-Ҳар як инсон, махсусан тоҷирону санъаткорон орзуи ба Дубай рафтан доранд. Магар ин орзу дар шумо нест?

-Орзуи ба Дубай рафтан дорам, аммо кадом вақте Худо онро насиб гардонад.

-Клипҳоятонро дар куҷо сабт мекунед?

-Дар ҳамин Душанбе, аз тарафи студияи сабти овози «Суруш».

-Боре наздам як ҳофизи навкор омаду гуфт, ки як сурудеро ба оҳанг дароварда тайёр кардаму онро ба хондан фурсат наёфта бо даъвати дӯстон ба Россия рафтам. Баъди чанде аз Тоҷикистон занг зада гуфтанд, ки он суруди маро Ҳабиба хонда гаштааст?

-Ҳа, суруди «Чак-чаки борон» буд.

-Ба Тоҷикистон баргашта назди шумо омадааст. Шумо гуфтед, ки он сурудро ба шумо оҳангсоз фурӯхтааст?

-Ҳа, охир! Ман он сурудро аз оҳангсоз харидам. Он бача сурудро нахонда рафтаст, оҳангсоз бошад фурсатро муносиб ёфта он сурудро фурӯхтааст. Ҳоло бисёре аз оҳангсозонамон як оҳангро ба 3-4 санъаткор фурӯхта онҳоро ҷанг андохта мегарданд.

-Он санъаткорон магар зидди ин гуна оҳангҷаллобон коре карда наметавонанд?

-Мутаассифона коре карда наметавонанд.

-Он сурудро ҳоло ҳам хонда мегардед?

-Албатта! Ман он сурудро пул дода харидаам. Он ҷавон даъво дошта бошад, даъвояшро ба оҳангсоз гӯяд. Баъд оҳанги он суруд аслан аз оҳангҳои Сӯҳроби Саид аст. Насиб бошад он сурудро дар ҳамин консерт мехонам.

-Вазъи оилавиатон?

-Шавҳар дорам, соҳиби се фарзанд. Оилаи тинҷ дорам.

-Таманнои шумо ба мухлисон?

-Зиндагиашон обод бошад ва рӯзи 22-юм онҳоро дар Толори Кохи Ҷомӣ интизорам.

-Муваффақ бошед!

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

12 комментариев

  1. мухочир:

    Апаи Хабиба салом. Бовар кунен, шумода гап нест. Красавица Таджикистана. Я вас люблю.

  2. доимо боши саломат дар гирди арча…!

  3. Салмон:

    Салом ба хама. Товба и апамон камтарак аклша хурдаст. Охи у муллои бечора чи гунох дошт, ки хакикатро гуфт. Рост аст, ки хакикат талх аст, аммо фикр мекунум суханони он мулло дар чои даркори ва бо маврид гуфта шуд. Баъдан дар сад дар гуфтан мумкин аст, ки баъди шунидани суханони мулло боз чандта ситорачаи кайфи аз ин кори хатто даст кашидааст. Бовар накунед, ситорахои мухтарам, яко як аз холу ахволи якдигар пурсон шавед, ягон чойи айбуш нест. Баъдан мисли шумо дигар ситорахай звездахай дигар тарафи ягон мулло ин хел сухан намекунад. маълумай ки дар давраи дуняви хастем, вагар на вой бар хоил шумо……..

    • Чонибек:

      Эй ошно, ту хам мисли хами апат бесавод будай неки…Хайфи хамика навиштагиёт. Вакт хайф шуд просто и все. Наход кати хамитари одам вакта хайф куни…Сад афсус…..

  4. Абдурахим:

    Хаминаш намерасид, ки хами хофизон мллохоро боз сарзаниш кунан. вой Худоё ин чи рузест??? Эй бандахои Худованд шукронаи ин хама сулху амонии кишвар кунеду ч……да шинед…Ношукри накунед, ки Худои нохоста ягон балоро сари худ меоред…Дуо кунем, ки Худованд дар кишвари азизамон Точикистони нозанин хамеша чунин тинчиву ободиро пайдор нигох дорад.Омин!!!

  5. ЧАВОД:

    шумо Хабиба! то охири умр ошик мемонед ё фо…..? бо ин фиску фучуратон чи кадар мардумро мехохед ба дузах баред!?
    албатта ин таксири шумо нест! Худованд агар кобили хидоятед хидоятатон кунад……….

  6. Зубайдулло:

    Ман ошики чашми шумо дигар гап надорам..

  7. Майкл:

    Салом. Акаи Зубайдулло кори дигар надори, ки ошики чашмони ин ситора шудай. Худо накунад, ки агар хамсар дошта бошед, пусту мустон мекуна ба ин ошикит ба чашмони ин хонум…

  8. глория:

    бо забони руси: противно на тебя смотреть! ки шмора дар сахнаи точик рох мета, ма хайрон??? дар назди миллатои дагар шармандамон карден. фааахр мекнем ки эстрадаи точик дорем! баъде ки шмо вори бемаънира мебинан ба холмон мееехандан!

  9. Давладмох:

    салом апаи Хабиба ман ба шумо тамоми хушихои руи оламро тамано дорам бигзор доим хущбахт ва зебо боши

  10. Хамаи хамин хофизахо либоспуширо ба эбаш пушед . Тарзи либоспушии аврупоиро намедонеду мепушед , айб аст аз худо тарсед.

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!