ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

БАҲРОМ БО КӢ ДУЭТ МЕХОНАД: ШАБНАМ, МАНИЖА ВА Ё…?

Бахром Гафури

Бахром Гафури

Аксари санъаткорон кӯшиш мекунанд, ки дар рӯзҳои ид барномаи ҳунарӣ пешкаш созанд. Чаро шумо маҳз рӯзи 23 –юми апрелро интихоб кардед? Шояд рӯзи зодрӯз, тӯй ё ягон хурсандии дигаратон бошад?

-Ин як рӯзи махсус нест, аммо бароям хеле муҳим мебошад, чунки дар ин рӯз ду албоми худро ба мухлисонам пешниҳод месозам ва бояд бигӯям, ки ҳама таронаҳоям дар як соли охир омода шудаанд.

-Мақсад аз «Фарёди дил» унвон додани барномаатон чист?

-Таронаҳо воқеан ҳам, фарёди дили ман ҳастанд. Онҳо фарёдҳои мананд, ки дар дилам буданд ва ҳоло тарона шуда, ба дигарон низ мерасанд.

 —Мегӯянд, ки ҳунармандон пас аз баргузор кардани барномаи консертӣ қарздор мешаванд, оё Баҳром аз ин ҳарос надорад?

Иншооллоҳ ин тавр намешавад, зеро онҳое, ки консерти маро барпо мекунанд, хароҷоташро ҳам ба зимма гирифтаанд.

-Яъне ба шумо фоида нест?

-Ба умедем, ки ба мо ҳам ягон чӣ мерасад.

Зангҳои бешумори духтарони «фанат» ба рӯҳияи бонуи хонадонатон чӣ таъсире мерасонад?

Ростӣ, пештар рашк мекард, вале чун аз зиндагии якҷояи мо солҳои зиёд гузаштааст ва дар ин муддати тӯлонӣ мо ҳамдигарро хуб омӯхтем, ҳамсарам ба зангҳою мактубҳои чунин нафарон беаҳамият шуд, аммо ин маънои онро надорад, ки ман дар ҳузури ӯ бо «фанат» — ҳо сӯҳбат мекунам. Бо онҳо танҳо дар консертҳоям вомехӯрам, он ҷо эшонро мебинам, ки аз ман пазироӣ мекунанд.

-Мулоқоти нахустини хешро ёд доред?

-Қабл аз рӯзи арӯсиамон ва як як мулоқоти оддӣ буд.

Агар зиндагӣ ба қафо мерафт ва шуморо бори дигар имкони изҳори ишқ кардан пайдо мешуд, ба маҳбубаатон ҳангоми изҳори муҳаббату пешниҳоди издивоҷ чӣ мегуфтед?

-Хайрият, ки зиндагӣ қафо намеравад, вагарна ҳоло ҳам намедонистам, ки чӣ гӯям. Ҷиддӣ мегӯям.

Эҷодкор, умуман аҳли ҳунар будан чӣ дарде дораду чӣ роҳате?

-Дар ин бора агар гап занам, чанд газета гап мешавад. Овозхон барои омода кардани як суруд хеле заҳмат мекашад, маблағи зиёд харҷ мекунад, ҳатто қарздор ҳам мешавад. «Санъат қурбонӣ мехоҳад» — мегӯянд, ки дуруст аст. Аммо вақте мебинӣ, ки мардум дар кӯчаву бозор таронаҳоятро гӯш мекунанд, бароят дар консертҳо қарсак мезананд, ошиқон бо сурудҳои ту роз мегӯянд, хушҳол мешавӣ. Вале баъд аз ин боз азоб сар мешавад: боз таронаи нав бояд омода кард, то ба мухлисон пешкаш кунӣ.

Бароятон дар зиндагӣ боз чизи муҳимтаре ҳаст, ки эҷодкории шуморо иваз намояд?

-Аҳли оилаам. Мехоҳам, ки бештар дар канори онҳо бошам. Пушти кору бор шуда, аксар вақт аз онҳо дур мешавам. Зиндагӣ бо аҳли оила зебост.

Оё ягон маротиба сурудҳои эҷодкардаатонро ҳисоб кардаед?

-Не, ростӣ, ин фикр ягон маротиба ба сарам наомадааст.

-Тахминан чӣ қадар суруд хондаеду эҷод кардаед?

-Сурудҳои зиёди дигаронро ҳам хондаам, аммо фақат дар тӯйҳо. Таронаҳои худам тахмин аз 200 — дона гузаштаанд.

-Ҳамаашро худатон хондаед?

-Не чаро? Дигарон ҳам хондаанд. Масалан, Садриддини Наҷмиддин, Манижаи Давлат, Сӯҳроби Маҳмуд, Рустами Нур, Осони Азиз, Низоми Қутбиддин, Диловари Саидзод ва дигарон.

Бештар бо чӣ пайванди рӯҳонӣ доред?

-Бо ҳама чизу ҳама кас. Ҳама чиро мекӯшам рӯҳан дарк кунам. Масалан, ягон кас гап назада, мефаҳмам, ки ӯ чӣ мехоҳад. Агар эҷодкор бо дил кор накунад, ӯ эҷодкор нест. Мисли як мошини беҷону берӯҳ аст.

Чаро эҷодиёт ё маҳсули аксарияти ҳунармандони тоҷик ғамангез ва зиқкунанда аст? Чаро чунин фикр доред?

-Агар таронаҳоро дар назар дошта бошед, мумкин, ки ҷавонон мехоҳанд мушкилашонро ба воситаи суруд сабук кунанд. Шояд ошиқи ноком ҳастанд. Агар сифати пасти техникии сурудҳоро дар назар дошта бошед, ман ба ин фикр розӣ нестам, зеро суруди хуб ба чӣ тавре, ки тайёр нашавад, хуб аст. Тилло дар ахлотҷо ҳам медурахшад.

Субҳони Саид, овозхони тоҷик ҳафтае пеш дар сӯҳбате ба нашрияи Озодагон гуфтааст, ки бархе аз дискоклубҳо сабаби нашъамандии ҷавонони истеъдодманди тоҷик шудааст. Тавре ӯ мегӯяд: «Ҷавонони боистеъдод барои дарёфти маблағе соатҳо дар дискоклубҳо овозхонӣ мекунанд ва барои рафъи хастагӣ ба истеъмоли маводи мухаддир даст мезананд.» Шумо ҳамчун сарояндаи ҷавони тоҷик андешаи Субҳони Саидро қабул доред?

 -Ман аз номи худам ҷавоб мегӯям. Маводи мухаддир ба овозхон фоида надорад, чун ки ӯ бояд аз тарона кайф кунад, аз хондани суруд. Бовар кунед, кайф ё ҳаловати тарона аз нашъа ҳам зӯр аст.

Ҳамчун сароянда аз дороии худ барои мактабе, дастаи футбол, ё ягон кӯдакистон кӯмаки молӣ кардаед?

-Мекунам, аммо инро барои касе намегӯям.

Дуруст аст, ки тамоми ромишгарону композиторон ҳангоми эҷод аз маводи мухаддир, аниқтараш нашъаву банг истеъмол мекунанд?

Ин комилан гапи хато аст. Дар боло гуфтам ва боз илова мекунам: Таронаи хуб вақте тавлид мешавад, ки одам дар ҳолати кайфи рӯҳонӣ аст. Арақ, нашъа инҳо одамро аз пой мезананд, яъне сараш кор намекунад, дилаш ҳис намекунад. Агар ин гуна эҷодкорҳо бошанд, оянда надоранд, баръакс, худашонро мекушанд.

-Оё Баҳром дар ҷодаи санъат устовар аст ва то ба охир ин роҳи мушкилгузарро паси сар мекунад?

-Ин роҳро Худо ба ман насиб дидааст, то зинда ҳастам, бо ҳамин роҳ меравам. Ба додаи Худо набояд беэҳтиромӣ кард.

Сабаби вайроншавии оилаҳоро дар чӣ мебинед?

-Набудани ишқи самимӣ дар оила, беҳурматӣ ва беақлӣ. Зану мард бояд якдигарро фаҳманд, дар ҳолатҳои мушкили зиндагӣ якдигарро дастгирӣ кунанд, ҳаргиз барои пулу мол бояд зиндагӣ накунанд.

Мегӯянд, ки санъаткорон духтарбозанд…

-Набошанд хуб аст.

-Дар барнома суруди бадеҳа ҷой дорад? Агар ҳа, пас бо кӣ?

-Дуэт ҳаст, якто не, чандто. Бо чанд нафар. Агар биёед, мебинед.

— Ҳамчун хонанда ба ҳафтавори мо чӣ баҳо медиҳед?

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. Майкл:

    Салом ба хама! Рости баъзе вакт хайрон мемонам, ки ин сароянда ба кавли дигар ситорахо чи муроду максади дар пеш будаи худро намедонанду боз ким-чи хели гапхои сафсата гуфтанда хун надоранеее… Чи тавре, ки дар урфият гуфтаанд: Аввал андеша, баъд гуфтор… Хайхот ин гапора ман ба ки гуфтеста бошум…Хай Худо кунаду ба дарди яке аз хамин ситорахо бихурад. Боки Худованд хамаи мову шуморо дар панохи исмати хеш нигох дорад….

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!