ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

АНИСА: «АНАС БАХТИ МАРО КОМИЛ ГАРДОНД»

Аниса

Аниса

Чаро ин бонуи ҳунарманд ошиқи Арабистон аст? Аниса 13-уми октябри соли 1986 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба дунё омада, таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 60 ба охир расонидааст.

Ба омӯзиши илм таваҷҷӯҳи махсус дошт, аз ин рӯ баъди хатми мактаб ба хотири омӯзиши забони арабӣ ба давлати Сурияи Араб сафар мекунад. Аниса имрӯз матнҳои арабиро ба тоҷикӣ ва тоҷикиро ба арабӣ тарҷума мекунад.

Сабаби ба саҳнаи ҳунар ворид шуданашро мухлисонаш ҳанӯз ҳам намедонанд, чунки Аниса то имрӯз дар ин хусус ба касе маълумот надодааст. Аз ин рӯ, мо кӯшидем ташнагони садои Анисаро аз дарёи муҳаббати ӯ сероб гардонем.

Чеҳраи сафеди барфмонанд ва чашмони бодомию нигоҳи афсункораш, навобаста аз духтар буданам маро шефтаи худ карда буд. Шефтагони ҳунари ин духтараки сарвқомат низ бо зангҳои пай дар пай ва номаҳояшон моро водор менамуданд, ки ҳарчи зудтар Анисаро пайдо намуда, дар бораи розҳои зиндагии ин бонуи ҳунарманд барояшон маълумот диҳем. Аммо зиёд Анисаро ҷуста пайдо накардем. Дастнорас буданаш ӯро дар тасаввури ман духтари мағруру ҳавобаланд нишон медод, аз ин рӯ шахсияташро ҳамеша манфӣ баҳо медодам, агарчи ҳақ надоштам.

Рӯзе меҳмони Матлуба Раҳимова шудему ногаҳон Моҳирабону бо Аниса ташриф оварданд. Тарзи либоспӯшӣ ва сӯҳбати хоксоронаи Аниса маро ба тааҷҷуб овард. Ӯ бо ман мисли дугонаи наздикам ҳарф мезад, гӯё солҳо маро мешинохта бошад. Фурсатро ғанимат шуморида, худро яке аз мухлисонаш муаррифӣ намудаму рақамҳои телефонашро гирифтам. Инак, ба фишурдаи сӯҳбати мо таваҷҷӯҳ намоед.

-Анисабону, ростӣ, то замони аз наздик бо шумо шинос шудан нисбататон назари манфӣ доштам, аз ин рӯ мабодо суоли бемавриде диҳам, намеранҷед?

-Баҳодиҳандаи хислати инсонҳо танҳо офаридгор аст. Вай аз мо ҳамеша некиро талаб мекунад, аз ин рӯ бемалол.

-Дар тааҷҷубам, ки чаро шахсиятатонро аз мухлисон пинҳон медоред? Дӯстдорони садоятон ҳамеша шикоят мекунанд, ки чаро дар ягон нашрия ё маҷалла оид ба ҳаёту фаъолияти Аниса маълумоте пайдо карда наметавонанд.

-Аз онҳое, ки суроғи маро мегиранд, сипосгузорам. Ман ҳаргиз нияти худро аз касе пинҳон карданро надоштам. Мухлисонамро дӯст медораму ба хотири хушҳолияшон месароям. Сӯҳбат накарданам дар матбуот сабаб дорад. Ман бо баъзе журналистон риштаи дӯстӣ дорам, вале кӯшиш накардаам, ки бо ман ҳамчун санъаткор сӯҳбат намуда, пешниҳоди мухлисон созанд.

Фикр мекунам, дар санъат чизҳои зиёде ҳастанд, ки ман ҳанӯз дарк накардаам. Ситора шудан талошу заҳмати зиёдро талаб мекунад. Аслан худи ситора ҳам ташбеҳест, ки мухлисон ба санъаткорони писандидаи хеш раво мебинанд. Ситора танҳо дар осмон медурахшад, лекин ман кӯшиш мекунам, ки дурахши ҳунарам ба равшании ахтарон наздикӣ дошта бошад.

-Ба санъат ворид шуданатонро чӣ сабаб гашт?

-Ҳангоми дар Арабистон таҳсил карданам, ба Хайфа ном сароянда муҳаббати зиёд бастам. Лаҳзаҳои фориғ аз дарс сурудҳояшро шунида, ҷонамро ғизои маънавӣ мебахшидам. Ҳамин тавр меҳри санъат дар замирам маъво гирифту қадамҳои нахустини худро дар ин ҷодда гузоштам. Талоши муваффақ шуданро дорам.

-Фикр мекунам, суруде, ки Анисаро муаррифӣ намуд, «Беҳтаринӣ» буд?

-Муаррифӣ шудану нашуданамро намедонам, лекин ин суруд нахустин дастоварди ман буд. Матнашро аз забони арабӣ тарҷума кардаам. Оҳангаш моли Хайфа аст.

-Шумо духтари таҳсилдида ва хеле босавод ҳастед, чаро оҳангҳоеро интихоб мекунед, ки равиши тӯёна доранд?

-Мехоҳам худро ҳамеша дар муҳити тӯй тасаввур кунам.(механдад) Тоби дидани чеҳраҳои ғамафгорро надорам, аз ин рӯ кӯшиш мекунам бо воситаи таронаҳоям лаҳзае ҳам бошад одамонро аз дунёи дард берун созам.

-Мавзӯи асосии аксари сарояндагонро ҷудоӣ ташкил медиҳад. Аниса орзуи дар ин мавзӯъ суруданро накардааст?

-Ман дар мавзӯъҳои зиёд таронаҳо сурудаам ва ҷудоӣ ҳам дар ин миён хаст, вале то имрӯз сурудҳоямро ба пуррагӣ пешниҳод накардаам. Аслан овозхон бояд аз ӯҳдаи сароидани ҳама гуна суруд баромада тавонад.

-Дар дастрасии матну оҳанг бештар бо киҳо ҳамкорӣ мекунед?

-Орзу Исоев, Баҳодури Ғафурзод, Бахтиёри Бегиҷон, Фарҳод Зикиров, Диловари Зуҳуриён ва Даврону Ёқуб сурудҳоямро менависанд, оҳанг мебанданд ва такмил медиҳанд.

-То имрӯз чанд суруд омода кардаед?

-Ҳаждаҳ сурудам омода аст. Чанд таронаам наворбардорӣ нашудаанд, лекин кӯшиш дорам, ки дар наздиктарин фурсат интизориҳои мухлисонамро интиҳо бахшам.

ӯсте, ки эътимодатон нисбаташ комил аст?

-Ман дӯстони зиёд дорам, вале нафаре, ки дар ҳама гирудори зиндагӣ дар паҳлӯям қарор дорад, Моҳира Тоҳирӣ аст.

-Лаҳзае, ки ҳаргиз фаромӯш карда наметавонед?

-Рӯзе, ки сазовори номи пуршарафи модар шудам, фаромӯшношуданист. Анас бо ба дунё омаданаш бахти маро комил гардонду Ёсир зиндагиамро ширинтар сохт. Бахтро дар симои фарзандонам мебинаму Худоро шукрона мегӯям.

-Аз номҳои фарзандонатон бӯйи давлати Араб меояд, ба ин макон зиёд сафар кардаед?

-Оре, солҳои зиёд дар Арабистон будаму ҳоло ҳам орзу дорам, ки сурудҳои оҳангҳои арабӣ доштаамро дар онҷо клип намоям. Давлатҳои зиёдеро сафар кардаам. Ҳар кадоме зебогии махсуси худро доштанд, лекин ҳеҷ кадоме натавонист мисли Арабистон маро тасхир намояд.

-Писандидатарин хислат барои Аниса?

-Хоксорӣ.

-Бузургтарин орзуи Аниса дар зиндагӣ?

-Мехоҳам суруде сароида клип намоям, ки зиндагиамро ба пуррагӣ барои мухлисон қисса намояд.

-Нақшаи консерт доданро надоред?

-Консерт додану ба истиқболи мухлисон баромадан нақшаест, ки ҳамеша мавқеи аввалро ишғол мекунад. Бо даст додани имконият онро амалӣ хоҳам кард.

-Мо низ ба қуллаи мурод расиданатонро орзу мекунем. Саломат ва муваффақ бошед!

Фарзона Маҳмадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

8 комментариев

  1. Шохрух:

    Салом Анисачон. Ман мехохам, ки бо шумо сухбат дошта бошам. Агар рози бошед, метавонем бо хамдигар вохурем. Рости ман шуморо бенихоят дуст медорам. Мехохам, ки зани ман шави. Ягон гапи шухи нагуфтестам. Ошикам ба ту….Чони ШирИн….

  2. ВИДЖАЙ:

    Салом ШОРУХ… Ман ВИДЖАЙ аз МУМБАЙ…Ман итминон дорам, ки ин давои дарди шуморо ба пурраги табобат карда метавонам. Ногуфта намонад, ки ин касалии шумо сирояткунанда мебошад, агар харчи тезтар табобат накунед, ин касалатон ба саги хонатон гузаштанаш мумкин аст. Фурсатро аз даст надихеду омада табобат гиред, дар ин муддат пишаки хамсоя низ аз ин бемори эмин мешавад. Зинда бошед…

  3. Shai Darvoz:

    Салом ВИДЖАЙ ман ба гапи шумо сад фойз рози ва дастгири мекунам ба рои он ки пишаки ман аз ин касали сирояткунанда дур бошад…. охир агар гирифтор шавад пас мушхои хонаи хамсояро ки мехурад…. ))))

  4. |{:

    хах можно я тоже встречу назначу?=)

  5. umeda:

    апаи анисачон авал шуморо бад сурудхоятонро дуст медорам аз шумо хохиш дора суратхои фарзандони дуструякатонро бо хамин сурога фиристед илтимос umeda-1993@mail.ru бисёр мехохам бубинам!!

    • АбуАли:

      Умедачон намеша, ки ман суратои худма роит кунум бини…лек бо ошик нашави, ки мана дар бало намони бо… агар хохи мархамат. чавоб навис, мефиристам…

  6. Kayumars:

    ANISAJON TAI PODA NAGZ BUDIYAN

  7. Kayumars:

    ANISAJON TAI PODA NAGZ BUDIYAN,LEKIN HAIFA WHAHBI NAGZTARAI

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!