ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

САЪДИИ БӮРИЗОД: «МЕҲРИ САҲНА ДАР ЗАМИРАМ ОШЁН ГУЗОШТ»

Саъдии Буризод

Саъдии Буризод

Саъдии Буризод 26-уми январи соли 1970 дар шаҳри зебоманзари Ваҳдат ба дунё омадааст. ӯ аз овонӣ хурдӣ меҳри санъатро дар замираш эҳсос намуда, талоши муваффақ шуданро мекунад.

Орзуҳои қашангу наҷибаш Саъдиро водор месохт, ки барои фатҳ намудани қуллаи мурод талош намояд. Ҳамин самимияту муҳаббати комил нисбат ба саҳна, ӯро дар ҷоддаи ҳунар муваффақ намуд. Инак, Саъдии Буризодро ҳамчун ҳунарманди асилу хушсадо мешиносанду санъаташро қадр мекунанд. Ҳоло ба хотири маълумоти бештар пайдо кардан аз фаъолияти  Саъдӣ, метавонед ба сӯҳбати мо таваҷҷӯҳ намоед.

— Рост аст, ки Саъдӣ ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намудан, дар сар тоқичае гузошта, барои ҳамсинфонаш суруд месароид?

— Оре, сад дар сад дуруст аст. Меҳри маро нисбат ба санъат, танҳо худам метавонам эҳсос намоям. Чӣ қуввае маро ба пеш тела медод ва торафт қавӣ гардидани муҳаббати саҳнаро ҳис мекардам. Аз ин рӯ барои ман муҳим набуд, ки атрофамро киҳо иҳота кардаанд, муҳим комил шудани садо буд.

— Муҳаббати санъат аз куҷо дар ниҳоди шумо маъво гирифт?

— Ба воситаи садо ва симо ҳунарнамоии беҳтарин сарояндагонро, ки мутаассифона имрӯз бархеашон аллакай аз дунё гузаштаанд, дида, меҳри саҳна дар замирам ошён гузошт. Талош мекардам, ки лаҳзае ҳам бошад ба дунёи пурасрори онҳо ворид гардам. Хушбахтона, ин орзуям ҷомаи амал пӯшид ва кунун рӯи саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунам.

— Ман аллакай шуморо дар ҷоддаи санъат хеле пешрафта мебинам, чун суруди орӣ аз маънӣ бударо ба кулбори  ҳунаратон роҳ намедиҳед. Дар дастрас намудани матну оҳанг чӣ гуна муваффақ шудед?


— Дастрас намудани матн аз ашъори баландмазмуну шоирони боистеъдод манфиати бештар дорад. Аз ин рӯ зиёдтар бо устодон Низом Қосим, Муҳаммад Ғойиб, Назри Яздон ва Хайрандеш ҳамкорӣ мекунам. Оҳангҳоро бошад аз шодравон Талабшо Сатторов ва Фаттоҳ Одинаев дастрас мекардам. Ҳоло аз оҳангҳои Амирбек Мусоев, Саидқул Билолов, Диловари Зуҳуриён ва Зикриоллоҳ Ҳакимов истифода мебарам.

— Замони нахустин сурудатонро тавлид намудан чӣ эҳсос доштед?

— Хеле шод будам. Эҳсосам ширину гуворо буд. Агар амалӣ гаштани ҷолибтарин орзуятонро ба хотир оред, шояд тавонед эҳсоси он лаҳза доштаи маро тасаввур намоед. Ҳатто худи ҳамон суруд ҳар лаҳза вирди забонам омада, маро ба замзама кардан маҷбур месозад.

— Чаро барои фаъолият маҳз ансамбли «Дарё»-ро интихоб намудед?

-Ансамбли «Дарё» бонуфузтарин ансамбл аст. Бонуфуз гуфтани ман низ бесабаб нест, зеро аҳамият дода бошед, ҳар ҳунарманде, ки ба ин ансамбл ворид мешавад, масъулияти касбиашро хуб дарк менамояд. Ҳамин кӯшишҳо санъати сарояндаро дурахшонтар менамоянд. Яъне, ҷиддӣ будани назорат нақши муҳим мебозад ва ҳамин чиз дар ансамбли «Дарё» хеле хуб ба мушоҳида мерасад.

— Санъати ҷавононеро, ки имрӯз дар ҷодаи ҳунар гом мебардоранд, чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Миёни ҷавонони нав ба саҳна воридшуда касоне ёфт мешаванд, ки қобили эҳтироманд. Аммо санъати онҳое, ки «шеъри худам, оҳанги худам»,-гуфта суруд месароянд, оянда надорад. Барои санъаткори хуб шудан, робитаи наздик доштан бо ҳунармандони асил кӯмак менамояд. Хуллас, ҳар касе, ки санъатро дӯст медорад, ман ӯро эҳтиром мекунам.

— Ба ҳама маълум аст, ки аксари овозхонон дар такмил додани садо аз фонограмма истифода мебаранд. Ин чиз ба фаъолияти санъаткор чӣ таъсир мерасонад?

— Сарвари давлатамон таъкид карда буданд, ки фонограмма бардошта шавад. Агар он манфиат медошт, ҳаргиз барои аз байн рафтанаш талош намекарданд. Фонограмма санъаткорро муттаҳам мекунад. Вай қобилияти зинда сароидану бо садои воқеӣ мухлисашро шод карданро аз даст медиҳад. Ҳамин тавр эътиқод нисбат ба  ҳунарманд коҳиш меёбад.

— Муваффақиятеро, ки сароянда ба воситаи фонограмма соҳиб мешавад, метавон шӯҳрат номид?

— Ҳаргиз. Зеро ин муваффақият умри дароз надорад. Ҳадафи ҳунарманд набояд шӯҳратпарастӣ бошад. Вай бояд ба ҷуз фаъолият кардан, заҳмат кашидан ва суруди хубу дилнишинро пешниҳод намудан, андешаи дигаре надошта бошад. Ҳар қадар овозхон аз паси шӯҳрат давад, шӯҳрат ба ҳамон андоза аз ӯ дур мешавад. Аз ин рӯ, бояд бикӯшем, ки худи шӯҳрат аз пайи мо биёяд, на мо аз паси он.

— Саъдии Буризод кадом лаҳза эҳсос кард, ки аллакай муваффақият думболаш мегардад?

— Муваффақият ба даст овардан охири ҳунар аст. Ҳар нафаре, ки аз пешравиҳояш бо ифтихор ҳарф мезанад, вай ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Зеро одамӣ дар кадом соҳае, ки фаъолият кунад, ҳеҷ гоҳ бояд аз муваффақияти худ қонеъ нагардад ва ҳамеша барои комил намудани ҳунараш талош намояд. Ман фикр намекунам, ки аллакай дар ҷоддаи санъат муваффақам. Барои ин гуна муваффақиятро соҳиб шудан солҳои тӯлонӣ лозим.

— Мухлисоне доред, ки бо тамоми ҳастӣ шефтаи садои шумо ҳастанд ва мехоҳанд дар тӯйи арӯсӣ ё шояд домодиашон маҳз Саъдии Бӯризод ободкунандаи базм бошад? Имконияти иқтисодӣ барояшон даст надиҳад, ки ин орзуяшонро амалӣ намояд, бе пул хизмат мекунед?

— То имрӯз хушбахтона ҳеҷ кадом аз мухлисонамро дар чунин ҳолат танҳо нагузоштаам. Аз меҳр ва таклифи самимонаашон хеле шод мегардаму талоши баровадани ниёзашонро мекунам. Агар навозандагоне, ки дар гурӯҳи ман фаъолият мекунанд, ин таклифро рад намуданд, худам танҳо ҳам ки бошад, ба тӯйи эшон рафта бо истифодаи як асбоби масиқӣ, ҳамчун ҳадя чанд суруд барояшон тақдим медорам. Намехоҳам нафаре дар дунё аз чизе ноумед бошад. Ин камтарин хизматест, ки ман барои  фарзанди одам анҷом медиҳам.

— Лаҳзае, ки ҳаргиз фаромӯш карда наметавонед?

— Соли 2007, ҳангоми иштирок дар суруди сол, таҳти унвони «Таронаи дил» ман соҳиби ҷоиза гаштам. Лаҳзаи хеле бароям ҳаяҷонбахш буд.

Лаҳзаи дигаре, ки тавонист ниҳоди маро аз шодӣ лабрез намояд, ширкат варзидан дар фестивал-озмун буд. Ин фестивал дар шаҳри Уфа баргузор гардид ва ман дар он ҷо низ соҳиби ҷоиза гаштам.

— Агар дар ниҳоди писари шумо хоҳиши идома додани касби падар тавлид шавад, чӣ кор мекунад.

— Зид нестам. Бо тамоми ҳастӣ кӯмакаш мекунам ва барои амалӣ гардидани орзӯяш ҷонамро дареғ намедорам.

— Имрӯз, яъне 23-юми феврал, рӯзи Артиши миллӣ аст. Ба ҳомиёни Ватан чӣ ҳадяе омода намудаед?

— Ба ҷо овардани хизмати Ватан-модар вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст. Худи ман низ замоне дар Артиши миллӣ пайи хизмат будам. Дар ҳифзи Ватан будан воқеан шарафу ифтихор аст. Аз ин рӯ барояшон беҳтарин хушиҳоро таманно мекунам.  Ҳадяи мо танҳо метавонад суруд бошад ва ҳатман бо ин дастовез ба табрикашон хоҳам рафт.

— Ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

-Натанҳо ба мухлисон, балки ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша тансиҳатию хонаободиро орзу мекунам.

-Ташаккур! Саломат ва муваффақ бошед.

Фарзона Маҳмадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!