ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МАДИНАИ САИДЗОД: «ИНСОНЕ, КИ ДИЛИ БУЗУРГ ДОРАД, ХУШБАХТ АСТ»

Мадинаи Саидзод

Мадинаи Саидзод

Мадинаи Саидзод 9 – уми ноябри соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаи № 50 – и пойтахтро хатм намуда, таҳсили хешро дар Омӯзишгоҳи тиббӣ идома додааст.

Чанд муддат дар беморхонаи Қаряи боло ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб фаъолият намудааст. Меҳри беандозаи санъат Мадинаро ба коми худ кашид ва ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз ду соли таҳсил ба риштаи режиссёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода гузашт. Бо ин духтараки соҳибҳунар сӯҳбат намудем ва фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем, мутаваҷҷеҳ бошед.

— Шумо, ки хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббӣ ҳастед, чӣ сабаб шуд, ки роҳи санъатро пеш гирифтед?

— Агар гӯям, ки бидуни санъат зиндагӣ бароям маънӣ надорад, хато намекунам. Агар инсон истеъдоди хешро пинҳон дошта, ба самти дигар равад ҳам, он зиндонӣ намешавад, як рӯз не як рӯз роҳи худро меёбад. Ҳамин тариқ ман ҳам натавонистам ин ҳунарамро канор гузорам. Охир, аз хурдӣ дилбохтаи суруду мусиқӣ будам. Куҷое садои мусиқӣ ба гӯшам мерасид, дарҳол худро ба ҷойи ҳамон сароянда тасаввур карда, ҳамовоз мешудам. Маҳз ана ҳамин орзуҳои саршорам маро ба роҳи санъат оварданд.

— Аз оғози фаъолият то имрӯз чанд суруд омода ва пешкаши мардум кардаед?

— Зиёда аз 12 суруд ва айни замон кӯшиш карда истодаам, ки эҷодиётамро бо сурудҳои наву тоза боз ҳам вусъат бахшам ва ба мухлисони азизам пешкаш намоям.

— Дар ин роҳе, ки интихоб намудаед, киро метавонед устоди худ номед?

— Овозхони зиндаёд Самандар Мирзоев устоди нахустини ман ҳастанд ва боз чанде дигар устодон дорам, ки саҳми эшон барои сайқали ҳунарам хеле босазо аст, ба монанди Фахриддини Малик ва Саттор Раззоқов, ки эҳтироми ман нисбат ба эшон бениҳоят зиёд аст, зинда бошанд.

— Аввалин сурудатонро ба хотир доред?

— Бале, аввалин сурудам бо номи «Садои дил» дар Соли нави милодӣ тариқи телевизион садо дода буд, ки ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш нахоҳам кард, зеро ин суруд тақдири минбаъдаамро дар саҳнаи тоҷик ҳал намудааст.

— Бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ доред?

— Сурудҳоямро пештар устоди равоншод Самандар Мирзоев оҳанг мебастанд, ҳамчунин, бо Диловари Зуҳуриён низ ҳамкорӣ дорам. Акнун ният дорам, ки минбаъд барои васеъ гардондани эҷодиётам бо оҳангсозони маъруфи кишварамон ҳамкорӣ намоям.

— Ҳар як инсон пеш аз касберо интихоб намудан нафареро идеали худ меҳисобад ва дар пайравии он меҳраш нисбат ба касбаш зиёдтар мегардад…

— Албатта ин фикри шумо дуруст аст, ки маҳз идеали инсон ӯро ба вартаи мурод мерасонад, аммо фикр мекунам, ки агар мо идеал гуфта худ суруд тайёр накарда фақат эҷодиёти дигаронро сароем, ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасем ва шинохта низ намегардем. Дар мақоли халқӣ беҳуда наомадааст, ки: «мушк он ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд…»

— Агар хато нашавад, бештари сурудҳои шумо мавзӯи ишқу муҳаббатро дар бар мегиранд…

— На танҳо дар васфи ишқ, балки дар васфи ватан, модар ва дигар мавзӯҳо низ месароям, аммо ишқ, ки асоси зиндагии мост, бештар онро тараннум мекунам.

— Боре ба ягон мамлакати ғайр сафар кардаед?

— Бале, ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштам ва консертам он ҷо дар сатҳи хеле хуб сурат гирифт, ки худ инро интизор набудам.

— Хуб мавриди эҷодиётатон хеле гуфтугӯ кардем. Биёед дигар паҳлӯи зиндагиатонро бозгӯ кунем…

— Марҳамат!

— Мадинабону, оиладор ҳастед?

— Ҳоло на.

— Дар нақша ҳам надоред?

— Дорам, чаро не? Фикр мекунам, ки ҳама инсонҳо ин орзуро доранд. Охир, кӣ намехоҳад оилаи обод, фарзандони дӯстрӯ ва шавҳари меҳрубон дошта бошад? Албатта, агар Худованд насибам гардонад ҳатман оиладор мешавам.

— Чӣ гуна мардро барои худ ҳамсар интихоб карданиед?

— Аввал он, ки марди Худотарсу боимон ва бо маънои томаш мард бошад. Дар роҳе, ки ман интихоб намудаам монеъ нагардад, дигар он тарафашро вақт ва тақдир нишон медиҳад.

— Агар рафту дар оғоз розӣ шавад дар давоми зиндагӣ аз аҳдаш гардад чӣ?

— (Механдад). Худо аз чунин мард нигаҳ дорад. Рости гап, ман аз чунин мард метарсам ва дар ин роҳ аз Худованд мадад меҷӯям. Худоҷон меҳрубон аст.

— Зебоӣ аз нигоҳи шумо?

— Агар нафаре, ки аз рӯйи либосу ороишот ба зебогии зан баҳо диҳад, ин комилан хато аст. Шахсан ман зебоии инсонро дар одоб, рафтору гуфтор ва муҳаббату самимияташ мебинам. Агар зан поктинату поксириш ва хушзабон бошад, метавон ӯро зеботарин ва хушбахттарин инсони рӯйи дунё номид.

— Кадом инсонро хушбахт меҳисобед?

— Оне, ки дили бузург дорад, оне, ки меҳрубон аст ва оне, ки ёру дӯстони зиёд дорад, фикр мекунам инсони хушбахт аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ҳама ҳолат ҳамеша барои дастгирии атрофиён омода аст. То имрӯз ман андеша мекунам, ки хушбахтии инсон аз худи ӯ вобаста аст.

— Барои сӯҳбат ташаккур!

Мусоҳиб Мавзунаи Муҳаммадалӣ, «зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

2 комментария

  1. Манучехр:

    Салом ба хама. Хами дунё ачоибай да…Духтурхо хам ба сахнаи мусики баромадестан… Апа, хуб мешуд, ки дар хамон сохаи тахсил кардаи хеш кору фаъолият мекардед, хам фоида ба давлат хасту хам ба оила. Бовар кунед, дар айни замон сахнаи точик пур аз ситораву сароянда шудааст, ки фикр мекунам, ночо ба ин даргох пой ниходед. Инро ман аз бахели ба шумо намегам. Хамчун як шахрванди Точикистон ба шумо мурочиат мекунам, ки хамшираи шафкат бехтар аз хазор сахнаи пур аз ситораву осмони холи аз ситора аст. Ба хар хол муваффакияти шумо бурду бохти мост. Обод бошед…

  2. Мухлис:

    Салом апаи Мадина. Агар имконият медоштед, клипхоятонро низ дар хамин сайт чо мекарден, мо мухлисон беягон мамоният тамошо кардан метавонистем.
    ХОХИШ аз сомонаи «ТАРОНАХОИ БЕХТАРИН» имкон бошад, видео клипхои апаи Мадинаро чой медодед, миннатдор мешудем…
    Ташаккур ба хамаи шумо хам хонандаву шунаванда ва кормандони сомона…

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!