ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ ТОҶИДДИН: «ҶАВОНМАРДЕРО ДӮСТ МЕДОРАМ»

Шабнами Точиддин

Шабнами Точиддин

Фикр мекунам, шахси эҷодкор новобаста аз он ки кадом фасли сол аст, пайи тавлиди чизи наве талош меварзад. Банда низ чун эҷодкорам имрӯзҳо аз паси омода намудани таронаҳои нав ҳастам.

Кӯшиш дорам, ки дар наздиктарин рӯзҳо сурудҳои ба тозагӣ эҷодкардаамро пешкаши дӯстдорони санъати асил, суруду мусиқӣ ва мухлисони азизу дӯстдоштаниам гардонам. Агар бо пешниҳоди таронаяке тавонам дили эшонро шод созам, пас ман низ сарфароз хоҳам гашт.

— Хеле хуб аст, ки барои мухлисонатон ҳамеша талош меварзед ва бо пешкаш намудани сурудҳои нав ба нав эшонро аз банди хаёлот, мушкилоти зиндагӣ ва садҳо фикрҳои дигар берун сохта, ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза мебахшед. Албатта, натиҷаи заҳматҳоятон аст, ки онҳо низ дар навбати худ ҳамеша ба дастгирии шумо камар мебанданд.

— Дар ҳақиқат, мухлисонам ба ман ва ҳунарам таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд, самимӣ рафтор мекунанд, дар тамоми чорабиниҳо бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳо истиқболам мегиранд, ки ин бароям хушбахтист. Аз он ки чунин мухлисон дорам, шукрона мегӯям, онҳоянд, ки маро дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоянд.

— Шабнамбону, биёед сӯҳбатро сари мавзӯи сурудҳоятон идома диҳем…

— Марҳамат.

— Дар оғози сӯҳбат гуфтед, ки пайи эҷоди таронаҳои нав ҳастед. Метавонед дар бораи онҳо каме қисса кунед, яъне сурудҳои наватон фарогири кадом мавзӯҳоянд?

— Ишқ.

— Чаро ишқ?

-Ман, ки худ ошиқам мехоҳам ҳамеша аз ишқ қисса кунам. Баъдан бояд бигӯям, ки тариқи таронаҳои ошиқонаам на танҳо аз ишқи худ, балки аз дарди дили дигар ошиқон низ месароям, нола мекунам, шикоят менамоям…

— Ошиқи кӣ ҳастед?

— Нисбат ба ҷавонмарде дар дил меҳру муҳаббати зиёд дорам, мо ҳамдигарро самимона дӯст медорем…

— Кӣ бошад он ҷавонмард?

— Наметавонам ному насаби ӯро ошкоро бигӯям, вале тавре гуфтам дӯсташ медорам, ӯ низ маро дӯст медорад.

— Оне, ки шумо дӯсташ медоред ва оне, ки шуморо дӯст медорад, санъаткор аст ё…

— Санъаткор нест, касбу кори дигар дорад.

— Як сол қабл ҳангоми сӯҳбатамон гуфта будед, ки оянда оиладор мешавам, ин масъала чӣ шуд?

— Пас аз фикрҳои зиёд ба хулосае омадам, ки беҳтар аст, шавҳар накунам, пурра ба санъат машғул шавам, ҳунарамро боз ҳам такмил диҳам, ба дигар қуллаҳои баланди санъати тоҷик бирасам. Охир, ку марде, ки зан – санъаткорро бифаҳмад, ку марде, ки садди роҳи санъати зан – сароянда нашавад? Боварӣ дорам, ки аксари мардони мо намехоҳанд ҳамсарашон сароянда бошад, ҳунару истеъдод ва шавқу завқи сарояндаро нисбат ба касбаш танҳо худаш медонаду халос, дигарон дарди ӯро дарк намекунанд.

— Агар пайдо шавад марде, ки дарди дили шуморо дарк кунад, пас барои издивоҷ розӣ мешавед?

— Не.

— Чаро?

— Чун як маротиба бахт ба рӯям нахандид, дигарбора намехоҳам дар ин масъала андеша кунам. Тавре мегӯянд, бахт бахти аввал аст, чун бахти аввалат омад накард, пас дар бахти дуюму сеюм низ рӯз намебинӣ.

— Нияти баргузор намудани барномаи консертии хешро надоред?

— Албатта нақша дорам, фикр мекунам ин орзуи ҳар як ҳунарманд аст. Иншооллоҳ ҳамин, ки таронаҳои навам пурра омода шуданд, аз паси консерт хоҳам шуд.

— Гуфтании дигаре доред?

— Ба шумо, аҳли эҷоди ҳафтавори «Зан ва мард», ба мухлисонам ва тамоми мардуми кишварамон сарбаландӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ таманно дорам, саломат бошед.

— Ташаккур.

Меҳрафрӯз Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

One Response

  1. САЛОМ АПАИ ШАБНАМИ ТОЧИДИН ТАШАКУР БАРОИ СУРУДИ ОШИКИ ШУМО ЧАРО ДИГАР БА САНА НАМЕБАРОЕД

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!