ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: «РОЗИ ДИЛАМРО ДАР ХУД НИГОҲ МЕДОРАМ»

Мехрнигори Рустам

Мехрнигори Рустам

Номи ин духтараки маҳинпайкари нозукадо, ки ҷавонтарин ва хушсадотарин сароянда аст, имрӯзҳо байни мардум шӯҳратёр гаштааст. Бисёриҳо мафтуну шефтаи ҳунари ӯ гашта, ба духтарчаҳои навтавлидгаштаашон бо ихлос номи ӯро мегузоранд. 

Чун ӯ ба саҳна мебарояд, садои таҳсину офарин ва кафкӯбиҳои беохири мухлисон барояш нерӯи тоза ва пару бол мебахшанд. Бо вуҷуди хеле ҷавон будан, дар ҷодаи ҳунар мавқеи хешро ёфтаву  санъату ҳунари тоҷикро берун аз мамлакат муаррифӣ кардааст. Ӯ мисли ғунчаи гули пурнакҳату нафису дилкаш бо таровати ба худ хосу нотакрор орамидааст. То синфи 7 дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова таҳсил кардааст. Айни замон Меҳрнигор хонандаи синфи 11 дабистони байналмилалии Тоҷикистон аст. Вале ӯ дар оянда чи нақшаву ниятҳо дорад, оё аз пайи ҳунар меравад ва ё соҳиби касби дигар шудани аст? Ба ин саволи хеш танҳо дар ин сафҳа ҷавоб хоҳӣ ёфт.

-Мехрнигорҷон, имсол, ки мактабро хатм мекунед, чӣ нияту орзуҳо шуморо дар дил аст?

-Ҳамеша орзу дорам, ки думболи пешаи аллакай интихобкардаам биравам. Яъне дар ҷодаи ҳунар  қадам ниҳам. Инчунин мехоҳам дизайнер-стилист шавам.

-Дӯстони худро чӣ гуна интихоб менамоед?

-Рости гап дӯсте, ки ба дилам наздик бошад — надорам. Дӯсти аз ҳама наздикам ва дугонаи меҳрубонам низ модарам мебошанд, ки бароям нозбардору мунису парастор ҳастанд.

-Духтарон асосан рози дили худро ба дугонаи беҳтаринашон мегӯянд?

-Ман бошам, рози диламро дар худ нигоҳ медорам. Яъне онро дар худ дошта метавонам. Намехоҳам бо проблемаи худ азизони худ, пеш аз хама модарҷонамро ташвиш диҳам. Агар проблемаи бузургтар шавад, пас модарам мушкилкушои мананд.

-Модар дар зиндагии шумо?

-Модари азизам – Адибаи Рустам барои мо дар зиндагӣ ҳама чиз, яъне ҳам падару ҳам модаранд. Тамоми ҳастии ҳаёти хешро барои равнақи ҳунари ман бахшидаанд. Агар заҳмату талошҳои он кас намебуд, дар ҷодаи ҳунар ба чизе ноил намегардидам. Агар барои он кас ҳар қадар коре кунам ҳам, кам аст. Ва наметавонам ҷавоби тамоми заҳмату ранҷҳояшро баргардонам. То он даме, ки ҳастам, ӯро дар болои сарам мебардорам. Чӣ қадаре, ки лозим аст, ҳурматашонро ба ҷо меорам. Наздашон бо арзи эҳтиром сари таъзим фурӯд меорам. Хулоса тамоми кору эҷоду пешравиҳоям бо модари азизтаринам сахт марбут аст.

-Аз оғоз мехостед ба кӣ монанд бошед?

-Мехоҳам танҳо ба худам монанд бошам ва сабку услуби хешро дошта бошам.

-Аз ҳунармандон бештар ба кӣ таваҷҷӯҳ доред?

Мехрнигори Рустам

Мехрнигори Рустам

-Ҳамаи бонувони ҳунарро дӯст медорам. Аз ҳама бештар таваҷҷӯҳам ба хонум Гугуш ва Шабнами Сурайё аст. Садои онҳоро хеле зиёд мепарастаму гӯш мекунам. Инчунин сабки Зикриоллоҳ Ҳакимов писандам аст.

-Дар интихоби шеъру оҳанг мададгори шумо кист?

-Албатта модарам. Дар ин соҳа низ маро дастгири мекунанду барои интихоби матну оҳанг кӯмак мерасонанд. Аз овони кӯдакӣ бо оҳангсозон Орзу Орзуев, Шариф Бедаков ҳамкорӣ дорам, ҳоло бошад, бо акаи Даврон ва Амирбеки Мӯсо ҳамкории хешро давом медиҳем.

-Дар толори консертӣ худро озод ҳис мекунед ё дар толори мактаб?

-Ҳар куҷое, ки бошам, саҳна бароям ҷои муқаддас аст, агар як тамошобин дошта бошад ҳам. Ман бо тамоми дил ба он дода мешавам ва дар ҳама ҳолат рӯи он  озодаму дар дунёи худ ворид мешавам.

-Кадом рафтори ҳамсолонатон имрӯз шуморо қонеъ намесозад?

-Ғайбатгӯиву аз пушти якдигар ҳарфҳои носазо гуфтанашон.

-Кадом хислатро дар худ меписандед?

-Ба ҳеч кас кор надорам. Кӯшиш мекунам, аз ҳарфи дағал гуфтан ва вақти пурқиммати хешро ба беҳудагӣ сарф намудан худдорӣ намоям. Ҳар дақиқаи умри инсон ғанимат аст, барои омӯзишу азхуд намудани як ҳунари наве ва мутолиаи китоби пурарзише.

-Ба кӣ эътикод доред?

-Ба Худованд.

-Ба шумо комплиментгўиҳои писарбачаҳо гуворо аст ё ноҳинҷор мешавед?

-Рости гап ноҳинчор мешавам ва худамро хуб ҳис карда наметавонам. Баъзан ҳатто гирён мешавам. Албатта баъзе аз он хушгӯиҳо шояд аз меҳру ихлос ва самимият гуфта мешаванд. Аммо табиати ман чунин аст, ки шарм медорам.

-Муҳаббати ҷавоне дари дили шуморо накӯфтааст?

-Рости гап пешниҳодҳо ҳастанд, вале барвақт аст, барои дари дилро боз кардан.

-Дар як филми барномаҳои наврӯзии телевизиони «Сафина», ки яке аз навовариҳои хеле ҷолиб аст, нақши духтараки ошиқро хеле самимӣ иҷро кардед.

Мехрнигори Рустам

Мехрнигори Рустам

-Пеш аз ин дар якчанд филмҳо даъват гашта будам. Аммо баъди мутолиаи сенарияҳо медидам, ки он нақш ба синну солам мувофиқ нест ва рад мекардам. Аммо ин филми ТВ «Сафина», ки ба гуфти шумо навоварӣ буду аз тарафи бинандагон ва кулли мардуми Тоҷикистон бо як эҳсосу самимият қабул гардид, бо қаноатмандӣ қабул кардам. Барои писанди тамошобинони нуқтасанҷ гаштанаш хеле зиёд ҷидду ҷаҳд намудам ва гумон мекунам барои нақши нахустин буданаш бад набуд. Дар оянда кӯшиш мекунам, агар дар филме нақш офарам, аз ин ҳам ҷолибтару самимитар ба иҷро расонам.

-Ғайри суруд хондан боз кадом ҳунар аз дастатон меояд?

-Мехоҳам тамоми ҳунарҳоро аз худ намоям. Барои либосҳои саҳнавиям худам тарроҳӣ мекунам, яъне расмашро мекашам баъд ба дӯзанда пешниход мекунам. Навохтани гитара, омӯхтани забону рақси классикии ҳиндӣ имрӯзҳо маро сӯйи худ мехонад

-Ба шумо дар ҷодаи ҳунар барору тавфиқро талабгорем.

-Ба кулли мардуми Тоҷикистон тансиҳативу хонаободӣ ва хушрӯзгориро хохонам.

«Дукони пурасрор»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

3 комментария

  1. Салом ба хама. Ба Мехрнигор гуфтани хастам, ки дар он филме, ки накш офаридед, аслан он хам ягон филм ё кино хам набуд. Як девонагари буд, ки режессери телевизион бо хамон махзакa-кино тавонист барномаи худро пурра бисозад. Фикр мекунам, барои шумо холо барвакт аст, ки дар филме ё кинохо накш офарид. Дар айни замон барои шумо зарур аст, ки харчи бештару — бештар дар пайи илму адаб бошед, ки то куллахои баланди санъати точик бирасед.
    Бо як чахон мехру мухаббати бепоён — мухлиси санъати точик Салмон…

  2. Салом Мехрнигор ман ба ту як гап дорам бояд хатман занг зани зарур аст тел 89615551663 ман як шиноси дури шумо

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!