ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ҚОТИЛИ СӮҲРОБИ САФАРЗОД МАЪЛУМ ШУД?

Сухроби Сафарзод

Сухроби Сафарзод

Аз марги пурмуаммои як нафар ҳунарманди маҳбуби диламон Сӯҳроби Сафарзод, ки сабку услуби ба худаш хоси нотакрор дошт, чанд моҳ сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол доғу алами он дар дили мост.

Назар ба шунидам Сӯҳроб бачаи бофарҳанг ва беозоре буд, ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонист бо маводи мухаддир сару кор дошта бошад. Сабаби марги ӯро ҳар кӣ ҳар хел муаррифӣ кард. Аз ҳама аламовараш он буд, ки дар рӯзи ҷанозааш ӯро бадном сохтанд. Ин гуна рафтор на ба қонуни шариат рост меояду на ба дигараш. Кадом кас исбот кардааст, ки Сӯҳроб маҳз ба туфайли истеъмоли маводи мухаддир фавтидааст? Оё касе, ки ӯро бо чунин ҷурм айбдор кард дар даст хулосаи экспертизаи ташхиси тиббиро дошт? Дар кадом асос як нафар ҳунарманди шинохтаро тӯҳмат заданд?

Чаро ин маъракаи ҷанозаро сабт карда дар шакли диск ба фурӯш гузоштаанд. Магар ин рафтори дуруст аст? Ин сабтро дар сайти «Озодӣ» низ худи пагоҳи ин ҳодиса гузоштанд ва онро фикр мекунам, ки тамоми дунё тамошо карданд. Оё мо бо бадном кардани ҳунарманди машҳури миллати худ, худи миллатро бадном накардем? Мо чаро миллати худро бадномкунанда ҳастем? Ӯ дар умри кӯтоҳи худ фарҳанги миллати моро муаррифгар буд, вале мо ӯро баъди маргаш чунин гуфтем. Онҳое, ки аз ҷумҳуриҳои дигар ӯро мешиносанд, ба ҳоли мо намеханданд? Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ӯро куштаанд.

Албатта, ҳунарманди машҳур бе душман намешавад. Ман аз рӯҳи поки ин ҳунарманди писандидаам, ки хеле зиёд дӯсташ медоштам, узр пурсиданиам. Ӯро мебоист бо савту навои рӯҳбахшаш ва садои нотакрораш ёдовар шуд. Ҳар гаҳе овози форами ӯро мешунавем дилҳоямон реш-решу ҷигарамон пурхун мешавад. Охир, ӯ хеле ҷавон буд ва вақти масруру ғазалхон гаштанаш буд, на зери хоки сард хуфтанаш. Суруди охирине, ки Сӯҳроб сабт кардан мехост «Санам» (аслан Сӯҳроб дар суруди мазкур саропо дар бораи кадом Санаме қисса мекунад, аммо дар баъзе дискҳо онро «Нозанин» номгузорӣ кардаанд) ном дошт.

Он Санами Сӯҳроб кӣ буд? Оё Сӯҳроб аз дасти ҳамон Санам нобуд нагашт? Ман фикр мекунам, ки сари ӯро ҳамон Санам хӯрдааст, аммо хеле зиёд афсӯс мехурам, ки ӯ ормонӣ буд ва ҳамеша банди андешае мегашт ва дарду ҳасратҳои ниҳонии дилашро бо худ ба зери хоки сард бурд. Мо бетараф будем нисбаташ, ӯро бепарвогии мо кушт. Чаро имрӯз як гурӯҳи корчаллон сабти маргу сабти тӯйи ӯро ба фурӯш гузошта, пул кор карда истодаанд? Онҳо шарм намедоранд, ки сабти ҷаноза ва тӯйи шахсии касе фақат ба хонадонаш ва наздиконаш тааллуқ дорад, на ба бизнеси ду-се тоҷири аблаҳ.

Тоҳири Пӯлодӣ, сокини пойтахт

Модари Сӯҳроби Сафарзод:

– Дар бораи суруди охирини Сӯҳроб, ки «Санам» ном дошт, фақат ҳаминро медонам, ки ӯ хеле зиёд мехост, ин сурудашро сабт намуда, пешкаши ҳаводоронаш гардонад, аммо намедонам, ки он ба кӣ бахшида шуда буд. Инро фақат Сӯҳроб медонисту Худованд, вале ман фикр мекунам, ки ӯ ҳунарманд буд ва аз дили ҷавонон суруди ошиқиро мехонд. Албатта, ин танҳо ба як нафар бахшида нашуда, шояд ба кулли бонувон тааллуқ дошт. Аммо чун имрӯз бачам дар қайди ҳаёт нест, хоҳишмандам дар борааш чизе нанависанд, ки асосе надорад.

Хайр тақдираш будааст, ки зиндагиаш бо ҳамсари аввалааш созгор нашуда ӯ бори дигар хонадор гардид ва журналистон ӯро ба ҳолаш нагузошта ҳамеша дар бораи зиндагиаш пурсон мешуданд, ки ин рафтори эшон писарамро писанд набуд, намехост ба чунин саволҳо посух гардонад. Дар бораи сабаби маргаш бошад, касе ҳақ надошт, ки бе далелу исбот чунин хулоса барорад ва ӯро бадном кунад. Худам инро шунида дар ҳайрат афтодам ва аз тафтишотгари кори бачам суол кардам, ки оё шумо чунин хулосаро ба мулло пешниҳод кардед, ӯ рад кард.

Албатта, худи ҳамон рӯз аз ташхиси тиббӣ гузарониданд ва касе чунин хулосаи дурӯғро набаровардааст. Ин тӯҳмати маҳз аст дар ҳаққи ҷигарбанди ман. Ӯ инкора набуд. Магар аз модар дида каси наздиктар барои фарзанд вуҷуд дорад? Модар хабар надораду шумо, мардум хабар доред? Сӯҳроб касеро озор додан намехост. Ман ҳам хоҳиш дорам, ки бо ҳарфҳои ҳархелаатон рӯҳи ӯро озор надиҳед ва бимонед, ман бо худу дарду алами худ бошам. Моро ба ҳоли худамон гузоред. Ҳар чизе, ки шуд, аллакай шуд ва шарт нест онро варақгардон намуда, алами моро тоза кунед.

Аз идора: Албатта дарди модареро, ки ҷигарбанди азизашро гум кардааст, ба ҷуз худаш каси дигар наметавонад бифаҳмад. Ба модар осон нест, ки тифли нозпарварро ба дунё биёварад, бузург гардонад ва ҳангоме, ки вақти роҳати фарзандро дидан фаро мерасад, модар нури чашмони худро ба хок супорад. Ин ғаму андӯҳи гаронест, ки модари Сӯҳроби Сафарзод бар дӯш доранд. Ҳафт моҳи расо шудааст, ки Сӯҳроби ҳунарманди нотакрор дар байни мо нест ва мо дигар наметавонем аз овози ширину рӯҳнавози ӯ баҳраманд гардем. Ӯро – ҳамон ҷавони ҳунарманди нотакрори сисоларо, ҷавони дилаш пури ҳасрату ормонро дигар танҳо аз сабтҳои нотакрораш метавонем бишнавем ва қалбҳои хунчакони худро таскин бидиҳем. Мо ба модари бузурги ӯ ва аҳли байташ, пайвандонаш сабру таҳаммулро аз даргоҳи Кирдигор дар талабем. Осуда бихоб Сӯҳроб, ту барои мо ҳамеша бо таронаҳои олиат зиндаӣ! Рӯҳат шод бод.

Таҳияи Маҳинбону, «Зан ва мард»

Filed under: Хабар,

9 комментариев

  1. САЛМОН:

    Cалом ба хама…Сар аввал ба бародар Тохири Пулоди гуфтани хастам, ки то шамол нашавад, дарахтнамечунбад.Шояд Сухроби Сафарзод бо дигар иллат чон бохт, аммо суханони муллову дигархо низ фикр мекунам аз хакикат дур нестанд. Бояд инро инкор накунед, чаноби Пулоди. Чи тавре, ки шумо мегуед: «Мо бетараф будем нисбаташ, ӯро бепарвогии мо кушт» — шояд шумо низ аз дигар кору рафторхои ношоями Сухроб бохабар будед, ки ин суханонро гуфтед. Худ казоват кун!!!
    Баъди он муллое, ки сари чанозаи Сухроб мавъиза мекард, хамаи гуфтахои он сад дар сад дуруст ва дар чойи худ гуфта шуда буд. Мулло хатто ном набароварда буд, ки Сухроби Сафарзод, аз дасти нашъа фавтид. Ё чаноби Пулоди, варианти дигар доранд??? Бояд мо касеро ва чизеро зери танкид бигирем, ки дар оянда хам ба дардли чомеа бихурад ва хам ба дарди хамаи мо…Ман низ аз даргузашти Сухроб санг андухгин шудам. Чунки Сухроб як шохчаи санъати точик буд, ки нав дар осмони ситорахо чило мезад. Такдир хамин будааст, ки ин ситора аз замини мо канда шаваду ба он ситорахое бипавандад, ки хар шабона ба осмон бингарему аз он ёд кунем.
    Бо арзи эхтиром САЛМОН…

    • Mehrob:

      mara gush ku ma namedonum tu kiii chii chi mexoxi? nekim tu hak nadori bo pushtii u muloi … bigiri yo pushtii tuhmatchiyoi suxrobi safarzod ! MUloi … ay pushti mavodi muhadir murda bosha Suhrob baroi chi Janoza kadush >>???????

      Hozi da Tojikistoni mo moda shudagiyay kadome ki lishniy shid fark nadora, saroyanda, vazir kase nabosha ostahak mekushanush bad rushona siyo mekunanu ovozavu darvoza meknan ki yo xudsha ay treza partoft ba misli unau bechorae ki da ozodi videosha didem milisa kushtushu bad guftan hudsha ay treza partoft yoki rangi salihov hudshon da ruzi rushan dromadan kushtanush da rui biliardniy stol da pewi duhtarush bad rushona siyo kadan ki ba dasti chapush ay pewonish paron Suhrobi parshikastaram da qapi haromiyo zad ina kushtanush! oli tu da bari suhrob narafti hob narafti yoki qogazi ekspertizasha da dastut nadori ki ika davooo kuni tuhmatush kuni ! Ahmak! Xudta dono nagir ! Xudovand hudush Dono! da xaki odami murdagi tuhmata zadesten oli hami shumo chihali bmbren ma hayron ?? ki medona da vakti gaybatkuni yoki tuhmatkunii ya kasi diga jona ay dast bten ? agar hami gapo dar haki Suhron tuhmat boshan Xudovandi buzurg dar Nomut murum da vakti tuhmat jontona bigira ki davida davida duzaxt barantonayu kundai asosii duzahton kuna! OMin

      • МУХЛИС:

        Салом ба хама… Чавоби бародар Mehrob-ро хондам фикр мекунам, ки хам чавоб аблахона хаст ва хам ин бародар… Аз киёмату Худованд ёд мекуниву худат бехабар аз ин хама. Кани он хама шаъну шарафе, ки он кадар даъвои онро мекуни. Магар айби мулло дар чи хаст, ки онро тахкир кардаед…Вой бар холи чунин афроде, ки чунин суханхо мегуянд. Аслан сири фавти Сухроби Сафарзод як сирриест, ки онро на мо медонему на чаноби Mehrob…. Барои хамин метавон дамта гирифту хар касеро хушат омад, таъкиру маломат макун, ки рузи марданат фаромерасаду хамин тахкирхои кардаат, сархурии чонканиат мешавад. Барои хамин бояд мо коре, ки кардан мехохему наметавонем, хамин кифоя хаст, ки бахри Сухроб як дуо нек дар хаккашон кунему хонаи охираташро обод бинем. Дигар ягон коре кардан намешавад, ки Сухроби Сафарзод, дубора зиндашаваду сабаби маргашро гуяд, то дигарон харчи фикр накунанду дусти кундасаводи мо Mehrob чигархуни накунад….

  2. Ман хеч касро гунахкор кардани нестам, барои фавти Сухроб хама гам хурдем, вале як чизро гуфтаниам, ки бисер аз санъаткорони мо аз оилахои камбизоатанд вакте, ки камтар обруманду пулдор шаванд, аз худ мераванду фохишаву нашъаманд мешаванд ва ояндаашро фикр намекунанд, ки ба чи оварда мерасонад, худоро фаромуш мекунанд, барои хамин мо дар кадом холате набошем, бояд бо худои таъоло бошем. Рухат шод бод Сухроб!!!!!!!!!!!!

  3. Nasimjon:

    Ассалому алайкум! Салмон, Мухроб, Саодат, Мухлис…. дустони азиз ба чизе, ки надидаетон бовар накунетон ва бо дигархои оиди фикри нодуруст (яне ба Шумо маъкул нест) мухориба накунед. Хеч гох хама дар як фикр нашуда буданд ва намешаванд. Чихеле ки мегуянд: «Хар чое, ки як Мухаммади (с) хаст, албатта як Абулахаби хам хаст». Бинобар ин ба фикри худ монед, чи тавре,ки фикр мекунед ин ихтиёри Шумо. Лекин фаромуш накунед, ки дар хакки касе фикри бад кардан хам гунох аст!!!

  4. САЛМОН:

    Бори дигар салом ба хама. Бародари азиз Насимчон дуруст кайд кардед, вале баъзе нодону аблаххон низ хастанд, ки тамоми фикру акидаашон дигар аст. Аммо фикри банда чунин буд, иброз доштам. Ва ин бародари Мехроби бесаводмон бесаводии худро нишон доду гумрох кард худашро назди Худованду бандахои Худо… Наход ту муллоро чунин суханхо гуйи. Аблахи нобакор… Худ чунин боши, дигаронро чунин мапиндор, нобакор….

  5. Hadyatullo:

    Салом ба хама! Ман ба бародари азиз Тохири Пулоди гуфтаниям ки мардуми беинсоф аст халки хозиразамон точик. Барои чи барои он ки барои 2 сомон пул шуда мехезан сабт мекунану баъд гирифта онхоро диск карда дар харчо мефурушанд. Оё одамони аз мо пеш гузаштагиён хамин корро мекардан агар гуед дар он вакт на компютер буду на техника ба ин хам чавоб аст Одамони гузашта барои халки(оилаи) худро паст назадан сирро то мурдан дар танаш нигох медоштанд аммо имруз точик точики худро мефурушад ва мекушад.О чи зуратон омадааст факат Аллох гуй чонат халос! Бахшиш барои гахои сахт!

  6. jmk:

    mo hama mirandaem, ajal ki omad har chiz bahona meshavad! Bas kuned yak digaro tahqir kuniro, suhroba vaqti guzashtanash budaast!

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!