ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ШАБНАМИ СОБИРӢ: «БИГЗОР БА ИН САВОЛАТОН ДИГАРОН ҶАВОБ ГӮЯНД…»

Шабнами Собири

Шабнами Собири

Шабнами Собирӣ – чеҳраест, ки ба муаррифӣ ҳоҷат надорад, зеро ӯ кайҳо боз бо таронаҳои дилангезаш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, мухлисони бешуморро соҳиб гаштааст.

Худованд ба Шабнам дар баробари садои форам, овози гӯшнавозу илҳомбахш симои зебо низ додааст. Ӯ на танҳо бо сурудҳои шӯху ҷаззоб, балки бо чашмони хуморӣ, нигоҳҳои самимӣ, хандаҳои ба худаш зебанда ва рақсҳои мавзунаш ҳамаро мафтун кардааст. Сӯҳбате доштем атрофи кору зиндагии ин бонуи зебо, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

— Шабнам, имрӯзҳо саргарми кадом корҳо ҳастед, дар ҳаёту зиндагиатон чӣ дигаргуниҳо дида мешавад?

— Чун пештара саргарми тӯю маърака ва эҷод намудани суруду оҳангҳои нав ҳастам. Барои идҳои дар пешистода омодагӣ дидаистодаам, мехоҳам ба дигар қуллаҳои санъат бирасам. Рӯзгорам бошад, тинҷу осуда ҷараён дорад, дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз камбудӣ надорам, Худованд бароям шавҳари ғамхору меҳрубон ва мефаҳмидагиро ҳадя намуда, ки пайваста ва дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ мекунад, барои сайқал додани ҳунарам ҳамеша кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад. Чашм нарасад, то имрӯз миёни ману ӯ нофаҳмӣ рух надодааст ва орзу мекунам, ки Парвардигор асло муҳаббату самимиятро аз хонадонамон канда нагардонад, доимо хушу хурсанд бошем.

— Ҳар вақте ки бо шумо сӯҳбат мекунам, хеле оддӣ ва хоксорона гап мезанед. Бигӯед, ки бо ҳама ҳамингуна муносибат доред ё танҳо бо рӯзноманигорон?

— Акнун ман наметавонам ба рафтору гуфтори худам баҳо бидиҳам, бигзор ба ин саволатон дигарон ҷавоб бигӯянд, вале ҳавобаландиро дӯст намедорам. Инсон бо вуҷуди он ки касбу кори хуб ё баланд дорад, бояд хоксор бошад, дар ҳама ҳолат сабурӣ пеша кунад, ҳама мушкилоти зиндагию касбу корашро таҳаммул намояд, дар ин сурат ӯ бурд хоҳад кард. Дар дунё ягон касбу кор ба осонӣ ба даст наомадааст, ҳар яки мову шумо дар натиҷаи кӯшишу заҳмат, омӯзиш ва талошҳо ба орзуҳои хеш мерасем ва албатта, барои ба мурод расидан инсонро мебояд, ки ба тамоми камбудиҳо тоб орад…

— Умуман, Шабнам дар зиндагӣ чӣ гуна зан аст?

Шабнами Собири

Шабнами Собири

— Мисли дигарон як зани оддӣ. Дар баробари касбу корам боз ба корҳои хона, руфтану шустану пухтан машғул мешавам. Сарояндаам гуфта, наметавонам нисбат ба зиндагӣ, хонаю дар ва шавҳарам бетаваҷҷӯҳ бошам. Агар зан касбу корашро дӯст дораду нисбат ба он муҳаббаташ самимӣ бошад, барои муваффақ шудан дар он соҳа доимо талош меварзад ва дар баробари ин метавонад корҳои хонаашро ҳам анҷом диҳад. Бубинед, имрӯз занҳои мо бо дониши доштаю маҳораташон ҳам кори давлат пеш мебаранду ҳам кору бори хонаашонро ба сомон мерасонанд, ғайр аз ин як масъулияти вазнин – тарбияи фарзандонро бар дӯш доранд, магар ин кори бад аст?

— Гуфтед, ки тарбияи фарзанд масъулияти вазнинест бар дӯши зан- модар. Ба фикри шумо, зане, ки кор мекунад ва рӯз то бегоҳ дар коргоҳ аст, метавонад фарзандашро тарбияи дуруст диҳад?

— Чаро не? Занҳое ҳастанд, ки рӯз то бегоҳ кори давлат мекунанд, вале фарзандонашонро дида кас ҳавас мекунад. Новобаста аз он ки зан кор мекунад ё на, маълумоти олӣ дошта бошаду саводи кофӣ вай ҳаргиз дар тарбияи ҷигарбандонаш хато намекунад, бо дониши доштааш онҳоро дар рӯҳияи хуб тарбият менамояд. Бинобар ин, фикр мекунам, агар ҳама духтарони мо барои касбу кор аз худ кардану омӯхтани илму дониш кӯшиш намоянд, пушаймон нахоҳанд гашт. Зане, ки маълумоти олӣ дорад, ӯ ҳаргиз дар зиндагӣ хор намешавад, метавонад бо ақли расою ҳунару маҳораташ камбудиҳои зиндагиро ҳал намуда, рӯзҳои некро бубинад.

— Мақсад аз нақш бозидан дар филми «Меҳроб» чӣ буд?

— Мегӯянд, ки ба як зан чил ҳунар кам аст. Албатта, овозхониро тарк карданӣ нестам, зеро дӯст медорам ин пешаро, дӯст медорам мухлисони азизамро ва дӯст медорам суруд хонданро. Мақсади ман тарк кардани овозхонӣ ва рӯ овардан ба синамо нест, хостам худамро санҷам, ки оё аз ӯҳдаи нақш бозидан мебароям ё на.

— Дар филм шумо ба ҷавоне дил медиҳед, яъне ӯро дӯст медоред, ин рашки шавҳаратонро наовард магар?

Шабнами Собири

Шабнами Собири

— Не. Аввал ин ки шавҳарам худ санъаткор аст ва маро мефаҳмад, дуюм ин ки ман бе розигии вай дар нақш бозӣ накардаам, аввал сари ин масъала сӯҳбат карда, ба сенарияи филм шинос шудему баъд нақшро иҷро кардам.

— Яъне ӯ рашк надорад…

— Кадом мард рашк надорад? Рашк мекунад ва бояд бигӯям, ки зиндагиро рашки зану мард ширинтар мегардонад, вале беҳудаю баҳуда рашк карда намегардад.

— Ҳангоми ба тӯю маъракаҳо бо шумо меравад?

— Албатта, ҳаргиз танҳо ба маърака намеравам, доимо ӯ маро ҳамроҳӣ мекунад.

— Кадом сурудатонро бештар дӯст медоред?

— Ҳама сурудҳоямро дӯст медорам, зеро барои омода намудани ҳар кадоми онҳо заҳмати зиёд кашидаам, маблағ сарф кардаам.

— Гуфтании дигар доред?

— Ба тамоми мардуми Тоҷикистон, мухлисони азизам хушбахтӣ таманно дорам.

Мусоҳиб Дилангез Неъмонзода, «Зан ва мард»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

4 комментария

  1. bobo:

    бечора чои гурез надорад

  2. jon:

    дуруг мега ягон хунар гайри ракосаги надора чунки у хофиза нест овоз надора бо зурии суми калли бечора давраша рондос бадридини завкира кидат карди акнун кай суми кал тамом шавад инам бо бадри гардан ба гардан мегира

  3. ссссв:

    як ракосаи туй гард имруз хофиза шидай якумаш савод надорад дигар инки беодоб аст

  4. hakguy:

    рост гуфтен бовар кунен харфро намешиносад ман хайрон ин мусохибхои бечора худшон хам савол медиханду хам чавоб ин гапхои дар боло гуфтаро худи шабнам гуфта наметавонад чунки савод надорад бад инкадар боодоб нест бисёр беодобона сухан меронад умуман хунаре багайр ракосаги надорад ин замони хозираро мебини гуфтахои Хофизи Шерози баёд меояд! давру замони бесаводу беодоб шид дар худованд охираша бахайр кунад

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!