ТАРОНАҲОИ БЕҲТАРИН

Современные пластиковые окна имеют ряд неоспоримых преимуществ, в сравнении со своими деревянными предшественниками…

ДАЛЕРИ ХАЙРИДДИН: «АЗИЗОН АЗ ҒАМУ ДАРДИ ҶУДОӢ…»

Далери Хайриддин

Далери Хайриддин

Далери Хайриддин 15-уми октябри соли 1987 дар ноҳияи зебоманзари Ҳисор ба дунё омадааст. Вай то синфи 7 дар мактаби миёнаи рақами 25-и ҳамин ноҳия таҳсил намуда, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба литсей месупорад.

Далер баъди хатми литсей шомили колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов шуда, онро бо муваффақият хатм намудааст ва ҳоло донишҷўйи Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз рафти таҳсили Далер бармеояд, ки вай аз замони хурдӣ дилбастаи санъат буда, то ҳол талоши омўзиши амиқи ин касбро дорад. Одам, ки машҳур гашт, дар атрофи номаш ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо паҳн мешаванд.

Далери Хайриддин 15-уми октябри соли 1987 дар ноҳияи зебоманзари Ҳисор ба дунё омадааст. Вай то синфи 7 дар мактаби миёнаи рақами 25-и ҳамин ноҳия таҳсил намуда, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба литсей месупорад. Далер баъди хатми литсей шомили колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов шуда, онро бо муваффақият хатм намудааст ва ҳоло донишҷӯйи Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз рафти таҳсили Далер бармеояд, ки вай аз замони хурдӣ дилбастаи санъат буда, то ҳол талоши омӯзиши амиқи ин касбро дорад. Одам, ки машҳур гашт, дар атрофи номаш ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо паҳн мешаванд. Вақтҳои охир номи Далери Хайриддин низ вирди забони мардум аст ва мо барои кушодани гиреҳи овозаҳо Далерро ба сӯҳбат хондем. Мутаваҷҷеҳ бошед!

-Далер сабаби санъатро интихоб намуданатон чӣ буд: ташнаи шӯҳрат будан, орзуи пули калон ё ?

-На ину на он! Маро ишқ ба дунёи ҳунар пайваст- ишқи суруд! Бобою амакҳоям санъаткор буданд ва дар тарбияи онҳо бузург шудан наметавонист ба сарнавиштам бетаъсир бошад. Алифбои зиндагии ман суруд буду бо суруд ба камол расидам. Хушбахтам, ки имрӯз каму беш маро ҳамчун сароянда мешиносанд.

-Сабаби барои фаъолият маҳз ансамбли «Дарё»-ро интихоб карданатон чист?

-Аз замоне, ки муҳаббати санъатро дар ниҳодам эҳсос мекардам, таваҷҷӯҳам ба ин ансамбл дигар буд. Орзуи бо эшон фаъолият кардан лаҳзае оромам намегузошт. Фикр мекардам, ки шомили ин гурӯҳ шудан кори осон нест. Хушбахтона соли 2006 ансамбли «Дарё» барои афзудани сафи сарояндагони лаёқатманду боистеъдод озмун доир намуд. Дар ин озмун ғолиб гаштаму орзуям ҷомаи амал пӯшид.

-Боре хоҳиши ба ягон ансамбли эстрадӣ ворид шудан дар зеҳнатон пайдо нашудааст?

-Барои ман миёни устодони санъат фаъолият кардан хушбахтӣ аст. «Дарё» маконест, ки маро дар худ тарбият намуда шиноварӣ омӯхт ва нозукиҳои ҳунари сарояндагиро бароям ошно сохт. Бовар надорам, ки замоне хоҳиши аз ин ансамбл рафтан дар ниҳодам тавлид гардад.

-Ба нафаре пайравӣ кардаед?

-Аслан ҳар сароянда кӯшиш мекунад, ки сабку услуби худро дошта бошад, вале то пайдо кардани роҳи худ зарурати пайравӣ кардан пеш меояд. Шахсан ман бештар ба Сӯҳроби Маҳмуд пайравӣ мекардам.

-Ҳангоми интихоби матн аз эҷодиёти кӣ зиёдтар истифода мекунед?

-Бештар ашъори Ҷалолиддини Румӣ, Ҳабибуллои Файзулло ва Низом Қосимро варақ мезанам.

-Баҳри бастани оҳанг ба кӣ муроҷиат мекунед?

-Кӯшиш мекунам, ки бештари матнҳоро худам оҳанг бандам. Устод Воҳид низ дар ин кор кӯмакам мекунанд.

-Баъд аз иҷрои кадом сурудатон эҳсоси муваффақ шуданро кардед?

-Сурудҳои «Ёди ту» ва «Қиссаи ғам» тавонистанд шунавандагони зиёд пайдо созанд, вале суруде, ки маро зиёдтар муарифӣ намуд «Резаборон» аст:

Азизон аз ғаму дарди ҷудоӣ,

Ба чашмонам намондаст рушноӣ

-Агар хато накунам ин суруд дар шакли клип пешниҳод шудааст?

-Бале. Клип мазмуни сурудро барои бинанда возеҳтар менамояд.

-Сенарияи клип маҳсули тахаюли кӣ буд?

-Сужети клипро худам тарҳрезӣ кардам ва Бахтовар Сафаров онро такмил доданд.

-Дар клип ончунон бо эҳсос нақш меофаред, ки гӯё ба ҳаёти худатон марбут бошад?

-Ин суруд ба ҳаёти ман умуман наздикӣ надорад, вале зиндагӣ омӯзгори хубест, ки ба воситаи сарнавишти дигарон тамоми мушкилиҳои ҳаётро ба кас қисса мекунад. Мушоҳидаҳо водорам сохтанд, то дар ин мавзӯъ суруде сароида, дигаронро аз таззодҳои роҳи ишқ огоҳ созам. Ҷавонони ба доми фиреби ишқ афтода низ ба мо муроҷиат мекунанд, ки дардашонро тавассути суруд инъикос намоем. Масалан, суруди «Маҷнун» бо хоҳиши ҷавоне, ки маъшуқашро ба шавҳар додаанд, омода гаштааст.

-Чаро маҳз «Маҷнун»?

-Он ҷавон Маҷнуни воқеӣ буд. Қавл дод, ки агар маҳбубааш аз шавҳараш ҷудо шавад, бо вай издивоҷ мекунад.

-Аз ин бармеояд, ки сурудҳоятон бештар аз ҳаёт қисса мекунанд?

-Суруд инъикосгари зиндагист ва бояд тарбиятгари хуб бошад. Инсонҳоро нисбат ба ҳаёт дилгарм созаду касро аз рафтан ба роҳи бад баргардонад.

-Таронаҳои имрӯза аз ӯҳдаи нақши тарбиятгар баромада метавонанд?

-На дар ҳама маврид, вале ҳастанд сарояндагоне, ки масъулиятро хеле хуб дарк месозанд. Агар овозхон масъулиятшинос бошад, сурудаш ба мардум таъсири хуб расонида метавонад.

ҷодиёти ҷавонони ҳамсинну солатро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунӣ?

-Баъзеяшон ончунон садои ширадор доранд, ки шуниданаш касро мафтун месозад, вале дар хусуси интихоби матн ва эътибор додан ба вазну қофияи он, ман ҳанӯз ҳаққи баҳогузорӣ карданро надорам. Далер барои нақши устодиро бозидан ва дарк намудани тамоми нозукиҳои санъат ҳанӯз хом аст.

-Хислати дӯстдоштаи Далер?

-Хоксорӣ.

-Нафаре, ки дӯстдори хоксорист, метавонад зери пироҳани ғурур зиндагӣ намояд?

-Ҳадафатон аз пешниҳоди ин суол дар чист?

-Ман ҷуръати бо шумо ҳамсӯҳбат шуданро надоштам, зеро аз рӯи шунидам Далер дар сари хашм ҳатто дашном ҳам медодааст. Ростӣ, хоҳишу дархостҳои пай дар пайи мухлисонатонро натавонистам нодида бигирам, вагарна ба гумон, ки занг мезадам. Аз забони худатон шунидани он ки хоксориро мепарастед, маро ба ҳайрат овард.

-Медонам, ки ин андешаҳо аз куҷо дар майнаи шумо тавлид шудаанд. Иқрор мешавам, ки бо ҳар кас мувофиқи муносибаташ сӯҳбат мекунам. Аксарият сарояндагонро бесавод мехонанд, лекин ба он андозае бесавод нестем, ки ҳар кас ҳуқуқамонро поймол намояд. Чизе, ки боиси харобии асаб мегардаду хеле таассуфовар аст, ин роҳ ёфтани маводҳои кӯчагӣ ба баъзе нашрияҳост. Масалан, ман ба касе нафрат дораму ба ягон восита ӯро неш задан мехоҳам, аз ин рӯ маводи таҳқиромез навишта, дари идораи ҳафтаномаҳоро мекӯбам.

Мутаассифона, баъзан нафароне, ки чӣ будани мафҳуми журналистикаро намедонанд, маводҳои таҳқиромези худро нашршуда мебинанд. Чунин ҳолатҳо наметавонанд мағрурии касро исбот намоянд. Оддӣ карда гӯем, сароянда қариб, ки вақти сархорӣ надорад, пас магар ӯ мағрур асту кибр меварзад? Албатта не! Аз тамоми нашрияҳо хоҳиш мекунам, ки маводҳои ба зиндагии ҳунармандон ва дигар афроди шинохта тааллуқдоштаро насанҷида қабул ва чоп накунанд.

-Ба дурӯғ чӣ назар доред?

— «Дурӯғ намегӯям»-гуфтан, худаш алакай дурӯғ аст. Кӯшиш мекунам, ки аз ин хислати бад парҳез намоям, вале баъзан мешаванд ҳолатҳое, ки зарурати дурӯғ гуфтан пеш меояд.

ӣ нақшаҳои ҷадид дар фикратон чарх мезанад?

-Алъон нияти дар шакли клип пешниҳод кардани таронаҳоямро дорам ва пас аз ин насиб бошад, ба пешниҳоди консертам, ки бояд ба таври зинда сурат гирад, омодагӣ мегирам.

-Ташаккур! Ба шумо парвози аз ин ҳам баландтари эҷодиро таманно мекунем.

Фарзона Маҳмадиева, «Оила»

Filed under: Сарояндаҳои Тоҷикистон,

Тавзехот / Комментировать

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

24paybank

Обменник

Eco money

ECOmoney

24paybank

Обменник

Гулдухтарон …

Опросы TajMusic:

БА ДИҚҚАТИ ТАМОМИ САРОЯНДАҲО!!!

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@hotmail.com бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

Филми ҳунарии «Беҳуда хорам мекуни»

Таронаҳои иронӣ

Доска объявлений TajMusic

BLOG STATS

Онлайн игры 2016 Играй и зарабатывай

Агар адреси электронии худро дар ин чо сабт кунед, аз матолиби тозаи мо сари вакт огох хохед шуд.

Присоединиться к ещё 1 240 подписчикам

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН

Агар хоҳиши дар сомонаи мо ҷой додани клипҳои беҳтарину тозаэҷод намудаи худро доред, марҳамат ба сомонаи «Таронаҳои беҳтарин» муроҷиат кунед. Лаҳзае фаро расид, ки беҳтарин видеоклипҳои шуморо ба тамоми дунё муаррифӣ кунем. Тамоми дархосту муроҷиатҳои худро бо нишонии tajmusic@list.ru бифиристед. Мо мунтазири ҳамкорӣ бо шумо ҳастем…

Обменник Биткоинов 24/7

Обменник

МЕСТО ДЛЯ РЕКЛАМЫ

«Ruzgor Plast»

 Ruzgor Plast

24paybank

Обменник

Шакли PDF-и рӯзномаи «РӮЗГОР»

Ситора Азими

Shabnam Surayo Full interview nex1 tv

АКСХО АЗ СИТОРАХО…

МАНИЖА: «ОСМОН БОРОНИСТ»

ФИЛМХОИ АМЕРИКОИ

ФИЛМХОИ ИСЛОМИ

ФЕҲРИСТ

Farhad Darya — Dosti

МАНИЖАИ ДАВЛАТ — СИТОРАИ ПИНҲОН

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

Шуҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям "Ҳоида", шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи "Ҳоида" шинохта шуд.

TVK — TAJIKISTAN

Теъдоди ташрифовардагон

Free counters!